ЧОҲ НАБОЯД КАНАМ…

Ман, ки дар андӯҳи шаб як шафақи рўшанам,

Тӯшаи роҳе бибар аз таби нурафганам.

Баски зи файзи саҳар ғарқи ҳузури туям,

Даст набардоштам вақти дуо карданам.

Қиссаи ман бо Ватан бофтаи зинда буд,

Аз нахи гарми вуҷуд тори вафо метанам.

Қасди ман аз зиндагӣ фалсафаи рӯшан аст:

Дом набояд ниҳам, чоҳ набояд канам.

Бо ҳама тобандагӣ гар нашиносам туро,

Ҳайф зи ҳангомаам, вой ба фазлу фанам!

Ҷисми қадими маро нест рагу устухон,

Риштаи шамъе наҳиф монда ба пироҳанам.

Ҷони гиромӣ ба каф сўйи ту пар мекашам,

Марг набояд шумурд соати пайвастанам…

Афкори мўмиёӣ

Бар ошно нависам пайғоми ошноӣ,

Зеро тамаъ надорам аз дев порсоӣ.

Риндию растагорӣ бо хуни дил харидам,

Бо теғ ҳамнишин аст андешаи раҳоӣ.

Эй сарзамини ҳастӣ, ҳастам аз он, ки ҳастӣ,

Қадрат расида будам рўзи ватангадойӣ.

Сад бор гуфта будам таркат кунам, валекин

Дар ҷавҳарам надорам хуни гурезпойӣ.

Гуфтӣ, ки адл бошад бунёди офариниш,

Рўзи ҷафои қисмат, эй осмон, куҷойӣ?!

Худро ба рӯйи роҳат ҳамчун гиёҳ киштам,

Эй нозанини рафта шояд ки боз ойӣ…

Бар пайкарат навиштам, эй Мейҳани шикаста,

Ашъори иҷтимоӣ, афкори мӯмиёӣ…

 427 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 411 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.