Абдуллоҳи Раҳнамо барои адабиёти муосири тоҷик номи ошно буда, навиштаҳои аввалини ӯро ҳанӯз солҳои 90-ум устодон Бозор Собир ва Гулрухсор бо арзёбии баланд муаррифӣ намудаанд. Маҷмӯаи шеърҳои овони ҷавонии ӯ «Оғози дӯстдорӣ» соли 2003 ва маҷмӯаи дуюми ӯ «Ту дар гуфтан намеойӣ…» соли 2015 ба нашр расида буданд. Ҳамчунин, дар солҳои охир ҳаҷми зиёди осори назмию насрии Раҳнамо аз тариқи матбуоти даврӣ ва расонаву шабакаҳои маҷозӣ пайваста дастраси ҷомеа гаштаанд.
Китоби «Дӯст дор зистан» маҷмӯаи сеюми шеърҳои ӯ буда, ба муносибати 50-солагии муаллиф интихоб ва тадвин шудааст. Аз ин рӯ, он силсилаи шеърҳои нави муаллиф ва низ гулчине аз маҷмӯаҳои пешини ӯро дар бар мегирад.
Умедворем мавриди истиқболи аҳли шеъру адаб ва хонандагони хушзавқ қарор гирад.
Сухане чанд дар муаррифии китоби «Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?»
Бо салому эҳтиром,
Солҳои 2013-2015, ки гурӯҳи фаромиллии даҳшатафкани «ДОИШ» қудрат гирифта ва даста-даста ҷавонони тоҷик низ ба сафҳои он мепайвастанд, ҷомеаи мо дар баробари чолиши ҷиддие қарор гирифта, масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва пешгирии ин раванд ба масъалаи рақами яки кишвар табдил шуда буд. Гарчи имрӯз низ таҳдиди он хатар ва аҳаммияти ин набард коҳиш наёфтааст, аммо хушбахтона, қуввати он раванд заиф гашта, сатҳи гароиши ҷавонони мо ба он фурӯкаш кардааст.
Ҳамон замон аз ширкату суханронӣ дар даҳҳо чорабинии ин мавзӯъ дар саросари кишвар бардоштам ин буд, ки бештари гӯяндагони азизи мо дар боби ифротгароӣ ҳамчун тафаккур ва равия огоҳии камтар дошта, аксари дониши онҳо бар пояи ҷамъоварии маълумоти шабакаҳо ва болотарин тасаввури онҳо аз хатари ифротгароӣ эҳтимоли эҷоди бесуботӣ аз сӯи онҳо буд. Яъне, мо аз эҳтимоли аз сӯи гурӯҳи ифиротгарое инфиҷор ёфтани як истгоҳ ё бино сахт дар ҳарос будем, аммо аз эҳтимоли аз сӯи тафаккури ифротгароӣ инфиҷор ёфтани фарҳангу арзишҳо ва завол ёфтани миллату давлати мо камтар меандешидем.
Маҳз бо ин дарк, дар ҳамон айёми корзор рисолаи ҳозир, яъне китоби «Хатари гурӯҳҳои ифртгароии динӣ дар чист?»-ро навишта будам, ки аз анбуҳи маводҳои ин мавзӯъ бо чанд вижагии худ фарқ дошт:
Аввалан, ин рисола на маҳсули пажӯҳиши интернетӣ дар боби «экстремиз ва терроризм» ва на маълумотномаи омориву такрорӣ дар бораи кӣ ва чӣ будани шахсу гурӯҳҳои ин сел, балки хулосаи таҷрибаи тӯлонии кор бо ин мавзӯъ ва бардошти тамоси зинда бо ин муҳит буд. Он метавонист мантиқи фикрӣ ва ҳолати ҳиссию равонии як ифротгаро ва ҷаҳони ботинии ӯро барои хонандаи худ бозкушоӣ кунад, ки дар амри муборизаи саҳеҳ бисёр зарур буд.
Сониян, ин рисола ифротгароиро танҳо ҳамчун хатар ба амният ва субот намедид, балки онро ҳамчун тафаккури таҳдидгар ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳастии ҳувиятӣ, эътиқоду мазҳабу адаб ва истиқлоли давлатии мо матраҳ мекард. Зеро ҳамин, ки дар харитаи хилофати ормонии «ДОИШ» ному нишоне аз Тоҷикистон набуд, барои ҳар тоҷики ватандор метавонист паёме ҷиддӣ бошад.
Сеюм, рисола ба бозкушоии бунёдҳои фикрию идеологӣ ва корбурдҳои сиёсию геополитикии мавҷи нави бунёдгароии ховаримиёнагӣ таваҷҷуҳи хоса нишон дода, рӯшан менамуд, ки акнун гурӯҳҳои ифротагрои динӣ на мухолифини низому ҳукуматҳои мо, балки мухолифини ҳастии давлатҳои мо мебошанд, онҳо акнун ҳатто на тағйири низом, балки маҳз маҳви давлатро дар барнома гузоштаанд. Ва мантиқан, муборзаи феълӣ бо онҳо дигар на мубориза барои қудрат, балки мубориза барои ҳифзи давлат ва бақои миллат аст. Ин бардошт мазмуни мубориза ва миқёсу фарогирии умумимиллии онро усулан тағйир медод.
Ва ниҳоят, гарчи мазмуну хулосаҳои ин рисола санҷидаву таҷрибиву илмбунёд буд, аммо равишу забони он бисёр содда ва оммавию осонхон буда, метавонист моҳияти чунин масъалаи мураккабро барои хонандаи оддӣ низ дастрасу рӯшан кунад. Бале, бинобар зарурати кори пешгирии гароиши ҷавонон ба ин раванди маргбор, рисола аз лаҳзаву равишҳои таблиғотии суханварӣ низ орӣ набуд.
Пас аз нашри аввалияи он дар соли 2014 рисола барои касоне, ки дар ҷабҳаи муборизаи фикрию сиёсию таблиғотӣ бо ифротгароӣ қарор доштанд, ба яке аз муҳимтарин маводу дастурамалҳои кори таблиғотӣ табдил гашта, истифодаи ниҳоят васеъ ёфт. Ҳатто дар бисёр маҳфилу нишастҳо дӯстоне, ки паҳлӯи муаллиф нишаста буданд, бахшҳое аз рисоларо матни суханронии худ карда буанд ва расонаҳо низ пора-пора аз онро бо имзоҳои «муаллифон» нашр мекарданд. Илова бар ин, соли 2018 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба матни ин китоб маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои барномавии давлатӣ дар ин самтро афзуда, онро ҳамчун китоби муштараки муаллифон нашр намуд. Ҳамон сол аз сӯи Марказ рисола ба забонҳои русию англисӣ низ чоп гашт, ки албатта, он ҳарорату рехтагии матни тоҷикиро надошт.
Ҳамин тавр, ин китоб дар кори муборизаи миллӣ бо ифротгароӣ нақши ҷиддии худро гузошта, рисола рисолати худро то ҷое ба ҷой овард. То ҷое, ки нақши мазмуниву равишии он рӯи аксари маводи баъдии таълифшудадар ин мавзӯъ рӯшану ҳувайдост.
Бо гузашти ҳафт сол инак дар ин мавзуъ на танҳо пажӯҳишҳои арзишманд, балки санаду барномаҳои ҷиддие низ ба вуҷуд омадаанд, ки баъзе аз он дар сатҳи шоистаи назариявию амалгароӣ қарор доранд. Аммо, бо вуҷуди ба таърих рафтани ин китоб, имрӯз низ моҳе нест, ки чанд донишҷӯю пажӯҳишгару афсару корбар аз банда ин китобро, ки акнун ҳеҷ нусха надорам, дархост накунад.
Бо таваҷчуҳ ба ин тақозоҳо, матни аввалияи ин китобро пешкаши дӯстон намуда, танҳо ҳамин нуктаро меафзоям, ки омӯзиши ҷиддии матни он метавонад натанҳо барои фаҳми моҳият ва тафаккури ифротгароии динии мавҷи нав(1), балки барои фаҳми мантиқу фалсафаи навини муборизаи давлатиию ҷамъиятии мо бар зидди ин андешаи тахрибгар(2) низ бисёр муфид бошад.
Ва агар умр вафо кунад, бо ҳазму афзудани маълумоту таҷрибаи нодири солҳои охир, дар ин мавзӯи бунёдӣ рисолаи ҷиддитари илмию таҳлилӣ тадвин хоҳам намуд. Аммо аз назари манбаъшиносӣ, қимату аҳаммияти шакли аввалияи рисола ҳамчунон боқӣ хоҳад буд.
Бо камоли эҳтимом,
Абдуллоҳи Раҳнамо
Бо салому эҳтиром,
Имрӯз нусхаи сабтшудаи китоби «АФҒОНИСТОН ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ: моҳият ва дурнамои таъсирпазирӣ»-ро барои дӯстон мегузорам, ки пештар бо тақризи устодони ин мавзӯъ ва тавсияи Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расида буд. Зимни ошноӣ бо ин асари калонҳаҷм (400 саҳ.), таваҷҷуҳи дӯстон ба нуктаҳои зерин муфид ё зарур мебуд:
1.Китоб бо ин ҷумла оғоз мешавад, ки «ҳар касе дар бораи моҳияти буҳрони Афғонистон ва дурнамои он ба таври қатъӣ изҳори назар мекунад, шахсияту ҳайсияти илмии худро зери хатар мегузорад, зеро ин масъала то ҷое печида аст, ки дарку пешгӯии дақиқи ояндаи он дар асл номумкин мебошад.» Бо вуҷуди ин, дур аз баҳси ҳайсияти илмӣ ва бо нектарин нияти саҳмгузорӣ дар дарки дуруст ва ҳалли сареъи ин мушкилаи минтақавӣ, муаллиф таҷриба, таҳқиқ ва хулосаи холисонаи худро самимона ба миён гузоштааст.
2.Китоб талоши колбадшикофии буҳрони Афғонистон, дарки моҳияти таҳаввулоти сиёсӣ, фарҳангӣ ва амниятии ин кишвар дар матни минтақа ва таъсирпазирии мутақобили он бо Осиёи Марказиро то ташкили “Ҳукумати ваҳдати миллӣ” дар бар мегирад. Аммо аксари равандҳои ин кишвар имрӯз низ бо ҳамон қонунмандиҳо идома дорад, ки ин ҳолат аҳаммияти китобро ҳамчунон ҳифз кардааст.
3.Гарчӣ ҳануз аз замони шуравӣ мо дар Тоҷикистон мактаби хуби афғонистоншиносии касбӣ дорем, ин асар навъе гузор аз афғонистоншиносии классикии таърихнигорона ба афғонистоншиносии муосири сиёсатшиносона буда, аз назари методологӣ марҳилаи навини ин мактабро ифода мекунад. Аз ин рӯ, хонандаи огоҳ дармеёбад, ки бештари масъалагузориҳо ва натиҷабардориҳои он аз навиштаҳои анъанавии ин самт тафовути ҷиддӣ доранд. Муҳимтарин талоши равишшинохтии асар аз бори гарони мероси истеъморӣ озод намудани афғонистоншиносии ватанӣ ва бо нигоҳи худиву минтақавӣ нигаристан ба ин кишвари наздиктарин ва ин масъалаи мушкилтарин аст.
4.Бо вуҷуди печидагии буҳрони Афғонистон, мутолиаи амиқи ин китоб метавонад муқаддимаи хубе барои афғонистоншиносии ҳар мутахассис ва коршиносу сиёсатшиносу сиёсатмадор бошад. Зеро он талош кардааст, ки ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, қавмӣ, геополитикӣ ва иҷтимоии ин буҳрони азими асрро бо диди нав ва забони содда ва “бе тарҷума” рӯшан намояд.
5.Китоб ҳаргиз таҳқиқи дафтарӣ ва фосилавӣ набуда, дар асоси маводи китобию интернетӣ таълиф ва тадвин нашудааст, балки муаллиф солҳои зиёд бо омӯзиши бевоситаи мавзӯъ машғул буда, диду таҳлили таҷрибӣ ва зиндаи худро аз андаруни равандҳо берун додааст. Бинобар ин, хулосаву мавқеъҳои ироашудаи он ба худи муаллиф тааллуқ доранд ва бояд бо ҳамин унвон ба назар гирифта шаванд.
6.Боби дуввуми ин китоб, ки ба маҷмуаи равобити Тоҷикистон ва Афғонистон бахшида шудааст, шояд муҳимтарин бахши он аст, ки дидгоҳи тозаеро барои такмили назария ва амалияи сиёсатгузории мо дар ин самти муҳимми стратегӣ ироа намудааст. Он на танҳо зарурати таҳаввули нигоҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки зарурати бознигарии дидгоҳи арзишӣ ва равонии мо нисбат ба ин кишвар ва нисбат ба моҳият, аҳаммият ва буҳрони ин кишварро ба миён мегузорад. Ба ибораи дигар, дар он тарҳи муаллифии нигоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти “ҷануб” бар пояи манфиати ҷонибҳо ва ҳамарзишиву некӯҳамсоягӣ ироа шудааст.
7.Нусхаи ҳозир матни чопи расмию оммавии китоб буда, ба таври табиӣ тамомии дониставу хулосаву пешниҳоду мулоҳизаҳои муаллифро дар ин самт дар бар намегирад, балки дар он матлабҳо дар ҳадди зарфияти фазои иттилоотӣ ва ҳассосияти муҳити сиёсии минтақавӣ ба миён гузошта шудаанд.
8.Дар поёни китоб матни комили ду ҳуҷҷати бисёр муҳими таърихӣ, яъне «Мувофақатнома миёни ду тими интихоботӣ дар мавриди сохтори Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон» ва «Қарордоди ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ баргардон, вожанависӣ ва замима шудааст, ки омӯзиши муҳаққиқонаи сабку ҷузъиёти онҳо барои таърихнигорону сиёсатшиносону сиёсатмадорони тоҷик аҳаммияти фавқулоддаи илмӣ, сиёсӣ ва таҷрибӣ хоҳад дошт.
9.Китоб барои хонандагони тахссусманди риштаҳои таърихиву сиёсию амниятӣ ва низ барои доираи васеи хонандагони алоқаманд ба ин мавзӯъи мубрами аср пешбинӣ шудааст.
Бо умеди нигоҳи некназар ва илммеҳвари Шумо,
Абдуллоҳи Раҳнамо
ДАР ҚАЛАМРАВИ БЕДИЛ: БАРРАСИИ ТАЪСИРИ САБКУ АНДЕШАИ БЕДИЛ БАР ҲАВЗАҲОИ АДАБЁТИ ФОРСӢ
Абдуллоҳи Раҳнамо, Душанбе – 1997
Бо салому эҳтиром
Яке аз рисолаҳои тадқиқотии даврони ҷавонӣ дар мавзӯи бедилшиносиро бо номи “Дар қаламрави Бедил” пешкаш менамоям. Он навиштаи сода аст, вале аз диди мавзӯъ бисёр ҷолиб буда, сарчашмаҳои васеъ ва дақиқро фаро гирифтааст ва ошноӣ бо он аз фоида холӣ нест. Барои дӯстдорони фарҳангу адабиёт тақдим мегардад.
ШАРҲИ ОСОНБАЁН БАР ДЕБОЧАИ
«ГУЛИСТОН»-И ШАЙХ САЪДИИ ШЕРОЗӢ БА ЗАБОНИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ
Абдуллоҳи Раҳнамо, соли 2010
Дӯстони гиромӣ,
Бо салому эҳтиром.
Шарҳи осонбаёни дебочаи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ ва 100 ҳикояти ин асари бузургро ҳануз соли 2010 маҳз ҳамчун маводи таълимӣ барои истифодаи наврасони тоҷик таълиф карда будам. Он аз назари мазмун басе муҳимму муфид ва аз диди таркиб басе дақиқу заргарист. Бо хоҳиши чанде аз дӯстон имрӯз матни бахши аввали онро пайдо карда, дар ихтиёри Шумо мегузорам. Пеш аз ошноӣ бо рисола, фақат ба чанд нуктае таъкид мешавад:
1.Ин матни даҳ соли пеш аст ва ҳоло он мадори тасҳеҳу такмили дубораи он пайдо нест, бинобар ин агар дар матн хатое гузашта бошад, Шумо низ бо лутфи худ аз он бигзаред.
2.Истифодаи таълимии ин рисолаи адабӣ ва хоса бахши шарҳии он, дар нексозии ахлоқу равонии забони наврасон басе корсоз аст. Аз ин рӯ, хусусан, дар рӯзҳои таътилии ҷорӣ, ки вақти холии онон бештар аст, омӯзиши дарс ба дарси ин барояшон аз фоида холӣ намебуд.
3.Хусусан барои тоҷикони азизе, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебаранду фарзандони наврасашон аз муҳити мактабии фарҳангӣ ва забонии тоҷикӣ берунтар мемонад, таълими ҷиддии ин матн ва хоса, ҳифзи матни асосии он барои тақвияти забон ва пойдории ҳувияти фарзандон басе муфид хоҳад буд.
4.Бе ҳеҷ шубҳа, «Гулистон»-и Саъдӣ ва дебочаи зебои он яке аз шоҳкориҳои фарҳангу забону адабиёти мост. Матни он, пеш аз ҳама як асари адабӣ, ахлоқӣ, ҳунарӣ ва бадеист, мисли як наққошии рамзӣ ё муҷассамаи зебои ҳувиятсоз. Аз ин рӯ, шоиста аст, ки вақти омӯзиш дар он пайи баҳсу мазҳабу сиёсату идеология нарафта, бештар рӯи ин ҳикмату ахлоқу ҳунару зебоиву зебоишиносӣ таваҷҷуҳ намоем, то таъсираш барои фарзандон созандаву мондагор бошад.
Бо эҳтиром,
Абдуллоҳи Раҳнамо
1,902 – Мақоларо хонданд, 4 – Имрӯз хонданд