БЕ ТУ ХУРШЕД ҲАМ ЭҲСОСИ ЯТИМӢ МЕКАРД..

Бо салому эҳтиром,
ду ғазал аз маҷмӯаи ҷавонии «Оғози дӯстдорӣ» (Душанбе, 2003)

Бомдодон, ки саропои ту нуронӣ буд,

Олам аз файзи нафасҳои ту рўҳонӣ буд.

Баракоти ту ба офоқ парешон мешуд,

Ба насиме, ки ҳама накҳати райҳонӣ буд.

Эй хуш он дам, ки зи хубии ту огаҳ гаштем,

Оҳ, то омаданат даҳр чӣ зулмонӣ буд!

Бе ту хуршед ҳам эҳсоси ятимӣ мекард

Ва ҳаво низ дар андуҳи ту боронӣ буд.

Шояд аз баъди ҳазорон шаби ашкафшонӣ,

Шаби милоди ту як ҳадяи раҳмонӣ буд,

Бе ту ин қавм ба гумгаштани худ бовар кард,

Сарнавишташ чӣ нависем, ки сарсонӣ буд…

Ё Раб, ин байт чӣ розест, ки ифшо омад,

Ё ки тафсири кадом ояи раббонӣ буд.

Ишқ аз синаи хунгаштааш эҳё мешуд,

Раҳнамо ташнаи як бўсаи ирфонӣ буд,

Бомдодон, ки саропойи ту нуронӣ буд…

Чу ёдҳои ту биншаст дар гулӯ имшаб,

Шароб мешаваму медарам сабӯ имшаб.

Майи фурӯғ ба ҷомам бирез, ай хуршед,

Ки дар сиёҳии ғам меравам фурӯ имшаб.

Чӣ сахт зистам ин чанд рӯзи гетиро,

Магар раҳо кунадам дасти орзу имшаб.

Саре баландтар аз ҳар чӣ буд, моро буд,

Ба дор медиҳадаш қавми ҳоюҳу имшаб.

Зиҳӣ умед чу мӯйи шумо дароз имрўз,

Зиҳӣ хаёл чу руйи шумо накӯ имшаб.

Биёву бо лаби нӯшини худ хамӯшаш кун,

Ки Раҳнамо нанишинад зи гуфтугў имшаб,

Чу ёдҳои ту биншаст дар гулў имшаб…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.