БАҲОРИ ПОЙТАХТ

Ин қадар гул, ин қадар гул, ин қадар гул дар Душанбе,

Зоғ ҳам бояд шавад имрӯз булбул дар Душанбе!


Бо ҳарири атргардони сабо печида ояд,

Атри ёсу атри мушку атри кокул дар Душанбе.


Бўи боруту рутубат дошт ин шаҳри шикаста,

Бингар акнун мавҷи тағйиру таҳаввул дар Душанбе.


Аз чароғи лола месозад аломатҳои роҳаш,

Аз хами садбарг хамгашти таҷаммул дар Душанбе.


Офарини офарини офарини боғбонаш,

Офарида фасли фарҳанги таҳаммул дар Душанбе.


Аз тамоми ин гароишҳои динию сиёсӣ,

Ман ба ҳизби лолаҳо кардам тамоюл дар Душанбе.


Эй ҷавониям куҷоӣ, инқилоби рангҳо шуд,

Нест дигар соати хобу тағофул дар Душанбе!


Гулруху Гулнозу Гулрухсору Гулбаргу Гуландом,

Ин қадар гул, ин қадар гул, ин қадар гул дар Душанбе…

Total Views: 38 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.