ҲАКИМ АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО

сиёсатшинос ва ходими ҷамъиятӣ

Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо 10-уми марти соли 1971 таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна, давраҳои таҳсили олӣ ва такмили ихтисоси худро дар риштаҳои муҳандисӣ, сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, ИМА ва Русия гузаронида, соли 2007 пас аз хатми аспирантури ДМТ дар мавзӯи «Масъалаи ҳокимият дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир» аз рӯи ихтисоси сиёсатшиносӣ рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст.

Солҳои 1999-2005 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, солҳои 2005-2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сардори раёсатҳои таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ва мушовири директор фаъолият намудааст. Аз соли 2021 масъули бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

 

А. Раҳнамо муаллифи беш аз 20 китоби илмию таҳлилию оммавӣ, аз ҷумла китобҳои эътирофгаштае чун «Дидгоҳи давлатмеҳвар» (2021), «Хатари гуруҳҳои ифротгарои динӣ чист?» (чопи сеюм,2021), «Дӯст дор зистан» (2021), «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон: ҷамъбасти назариявӣ» (2018), «Мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ» (2016), «Эмомалӣ Раҳмон–Пешвои миллат: ҷанбаҳои назарӣ ва амалии мавзӯъ» (2016), «Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ» (2015), «Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?» (2015), «Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ» (2012), «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» (2010), «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» (2009), «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ» (2008) ва ҳамчунин, муаллифи беш аз 100 мақолаи илмию таҳлилӣ дар масъалаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ ва байналмилалӣ мебошад ва навиштаҳои ӯ илова бар Тоҷикистон, дар нашрияҳои илмии кишварҳои Русия, ИМА, Чин, Олмон, Британия, Шветсария, Шветсия, Эрон, Индонезия, Туркия, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ғайра ба чоп расидаанд.

 442 – Мақоларо хонданд,  4 – Имрӯз хонданд

Total Views: 375 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.