ДУ ШЕЪР ДАР САБКИ ҒАЗАЛҚАСИДАҲОИ СУННАТӢ
Дар набарди зиндагӣ умри ҷавон аз даст рафт,
Гавҳари ганҷинаи мо ройгон аз даст рафт.
Хоб медидам, ки фардо ин кунам ё он кунам,
То шудам бедор, дидам корвон аз даст рафт.
Дар ҷавонӣ каҳкашони орзуҳо доштам,
Тӯдаҳои коҳ монду каҳкашон аз даст рафт.
Хун бинол, эй булбули мастон, ки аз ҷаври фалак,
Гул ятими боғ монду боғбон аз даст рафт.
Гуфта будам давлати ҳар ду ҷаҳон орам ба каф,
Ин ҷаҳон бар каф наёмад, он ҷаҳон аз даст рафт.
Як ҳамин Одам фақат қурбонии гандум набуд,
Умри мо ҳам дар талоши қурси нон аз даст рафт.
Баски ин гардун миёни нозанинон бишканад,
Эътимод аз синаи хурду калон аз даст рафт.
Давлати дунё қиморе буд к-онро бохтем,
Инчунин омад ба дасту ончунон аз даст рафт.
Дар салиби ҷаҳл имонро ба дор овехтем,
Обҳо хушкиду файзи осмон аз даст рафт.
Зулм агар сомон бигирад, мулк бесомон шавад,
З-ин фалокат давлати Сомониён аз даст рафт.
Гоҳ дар дину сиёсат, гоҳ дар ҷоҳу ҷалол,
Нақди умрам дар ҳавои ину он аз даст рафт.
Чашмро бикшой то рози раҳойӣ гўямат,
То нагўӣ Раҳнамои роздон аз даст рафт.
***
Оқил аз нодон биранҷад, во аҷаб,
Одам аз ҳайвон биранҷад, во аҷаб.
Мард к-аз номард ранҷад, мард нест,
Кўҳ аз тўфон биранҷад, во аҷаб.
Шамъро чун тоби як маҳфил набуд,
Аз маҳи тобон биранҷад, во аҷаб.
Боз кун он чашмаи хуршедро,
Шамс аз кўрон биранҷад, во аҷаб.
Аз азал сахт аст роҳи ростӣ,
Муддаӣ аз он биранҷад, во аҷаб.
Бас, ки пайванд аст ҷони авлиё,
Хизр аз Луқмон биранҷад, во аҷаб.
Зоҳиде, к-ў лофи ирфон мефурўхт,
Дар талоши нон биранҷад, во аҷаб!
Орифе, к-ў хеш дарё гуфта буд,
Инчунин осон биранҷад, во аҷаб!
Бо фиреби чанд гурги дар камин,
Миллат аз султон биранҷад, во аҷаб.
Ҳар чи дидем аз Ватан, болои чашм,
Юусуф аз Канъон биранҷад, во аҷаб.
Мо, ки бар пояш сарафшон омадем,
Ёр дастафшон биранҷад, во аҷаб.
Сабр бошад раҳнамои Раҳнамо,
Ҷон, ки аз ҷонон биранҷад, во аҷаб.