ДАР ВОДИИ ВАХОН

Шаб ришта-ришта аст дар водии Вахон,

Одам фаришта аст дар водии Вахон.

Наврўзи ҳафтранг дар тахтаҳои санг,

Фирдавс киштааст дар водии Вахон.


Ҳар шеваи сухан, чашму лабу даҳан,

Аз гул сириштааст дар водии Вахон.

Номуси марду зан дар қалъаи куҳан,

Бо хун набиштааст дар водии Вахон.


Дар нури моҳтоб, дар мавҷпўши об,

Шаб ришта-ришта аст дар водии Вахон.

Бо рўҳи содааш, рўйи кушодааш,

Одам фариштааст дар водии Вахон…

Total Views: 62 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.