ШУКӮҲИ ИШКОШИМ

Зи Ишкошим омӯзем оини ватандорӣ,

Ки шабро рӯз месозад ба ҳушёриву бедорӣ.


Ватанро дидбонӣ мекунад ҳар теғаи кӯҳаш,

Ва сангаш мекунад марзи ватанро сангдеворӣ.


Зиҳӣ, эй пири сарҳад, пири пуртадбири Ишкошим,

Ки дар сад соли умрат марзро холӣ набигзорӣ.


Зу рӯи хатти номуси ту ҳаргиз нагзарад душман,

Набошад бим агарчи нест ин ҷо хатти симхорӣ.


Зиҳӣ, эй моҳи кишвар, духтари маъсуми Ишкошим,

Зи ҳар офат нигаҳбони ту бошад Ҳазрати Борӣ.


Ту ҳам ҳамшираи ҳамшири сарбози Ватан ҳастӣ,

Ки ӯро ширчой овардайӣ рӯзи парасторӣ.


Дар ин ҷо хатти марзи хонаю марзи Ватан якҷост,

Ва сарҳад нест як мафҳуми номафҳуми пиндорӣ.


Дар ин ҷо душману таҳдидро бо чашм мебинанд,

На аз барномаҳои иттилоотию ахборӣ.


Дар ин ҷо ҳар зану ҳар мард ҷузъи марзбонон аст,

Ва ҳар кӯдак ба кори марзбонӣ мекунад ёрӣ…


Ва рўди Панҷ ҳам сар мекашад аз қалби Ишкошим,

Барои марзбонӣ, қад-қади марзи Ватан ҷорӣ.

Total Views: 56 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.