ҲАЗИНАМ, КИ ИМШАБ ҲАЗИН АСТ ХОРУҒ

Нигини Бадахшонзамин аст Хоруғ,

Ба тоҷи Бадахшон нигин аст Хоруғ.

Агар рӯҳ бо кӯҳ ҳамсанг бошад,

Ҳамин аст, оре, ҳамин аст Хоруғ.

Ба ҳар чор фаслаш фалак нилгун аст,

Зи ҳар чор сӯ нозанин аст Хоруғ.

Ба шамшоди ӯ лонаи моҳтоб аст,

Ва бо ахтарон ҳамнишин аст Хоруғ.

Ҳама чиз ин ҷо наҷибу баланд аст,

Ки наздики чархи барин аст Хоруғ.

Сафедораш аз осмон об гирад,

Агарчанд худ дар замин аст Хоруғ…

Вале чун нагӯям зи суги бузургаш,

Агарчанд шаҳре матин аст Хоруғ.

Ба қурбони қурбониёни азизаш,

Ҳазинам, ки имшаб ҳазин аст Хоруғ.

Total Views: 65 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.