ГУНОҲ, ҲУКМНОМА ВА ТАРЗИ АЗ РОҲБАРИИ ТОҶИКИСТОН БАРКАНОР ШУДАНИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ

 (Ҳуҷҷат)

Пас аз гузоштани матни Қарори Нусратулло Махсум дар бораи ҳатмӣ шудани корбурди забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон дар соли 1926 ва таъкиди бар ин ки ҳамин қарор ва татбиқи он оғози раванди ба “миллатчигӣ” айбдор шудан ва маҳкумияти баъдии ӯ гашт, баъзе дӯстони алоқаманди таърихи Ватан ҷузъиёти ин масъаларо пурсон шудаанд.

Барои рӯшантар шудани мавзуъ, ба ҷойи шарҳ, матни ҳуҷҷати муҳимми дигаре аз маҷмуаи ҳуҷҷатҳои Бойгонии Марказии Иттиҳоди Шуравӣ пешниҳод мешавад, ки он дар асл АЙБНОМА Ё ҲУКМИ БАРКАНОРИИ Нусратулло Махсум аст. Зеро, пас аз шикоятҳои пайдарпайи рақибони дохилӣ (хоса намояндагони миллтҳои дигар) ва ҳарифони минтақавии Нусратулло Махсум, ки дар солҳои 30-юм дар тамоми сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ ба як шахсияти шинохтаву бонуфӯз табдил шуда ва ҳатто ба мақоми Раиси КИМ ИҶШС расида буд, Бюрои сиёсии Кумитаи марказии ВКП(б) парвандаи ӯро муҳокима намуда, 1-уми декабри соли 1933 ин қарори ниҳоят ноодилонаро содир намуда, ниҳодҳои дигарро вазифадор кард, ки бо ҳамин мазмун қарорҳо содир намоянд ва ӯро аз тамоми вазифаҳои давлатӣ барканор созанд.

Тавре аз матни Қарор (банди 3) дида мешавад, яке аз “гуноҳ”-ҳои асосие, ки роҳбари маҳбуби Тоҷикиистонро ба он айбдор карданд, миллатчигии буржуазӣ ва риоят накардани усули дӯстии байни халқҳо буд. Яъне талошҳои бардавоми Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум барои баргардонидани ҳудуду шаҳрҳои тахрихии тоҷикон, рушди забону фарҳанги тоҷикӣ ва таҳкими давлатдории милли тоҷикон аз тарафи бадбинони давлати тоҷикон чунин баҳо дода шуд… Ва онон кори худро карданд ва қазия то қатли Қаҳрамон расид…

Ин ҳукм нисбати тамоми миллати тоҷик ва давлатдории он буд.

(Далели муҳимми сохта ва туҳмат будани ин “айбномаҳо” ин аст, ки соли1957 бо Қарори Додгоҳи Олии ИҶШС (15.12.1957) ва соли 1964 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шуравӣ (26.06.1964) Нусратулло Махсум пурра бегуноҳ дониста шуда, ҳамаи он айбномаҳо бе асос эълон шуда, номи покаш барқарор карда шудааст.)

Total Views: 68 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.