БУРҶИ БАДАХШОН

(Барои дӯсти қадимам Муҳаммадрозиқ Неъматов, ки умре дар “биҳишти Дубай” зисту аммо дил аз ёди Ватан наканд)

 

Ҳама дар фикри Амороту Дубай,

Ту ҳамоно ба ғами Ванҷу Бунай.

 

Ҳама дар фикри халиҷу соҳил,

Ту ҳамоно ғами Меҳан дар дил.

 

Дар Пшихарв ягон санг намонд,

Ки дар он аз ғами ту ранг намонд.

 

Дар Пшихарв ягон об нарафт,

Ки зи чашмони ту дар хоб нарафт…

 

Ту ба ҳар як нафасат медонӣ,

Ки чӣ дилгир шуд ин меҳмонӣ.

 

Бурҷ ҳарчанд чароғон нашавад,

Ҳеҷ гаҳ бурҷи Бадахшон нашавад…

 

Ин саҳар низ бирав бар соҳил,

Ва бирез он чӣ ки дорӣ дар дил.

 

Ва дар оинаи чашмони ҳазин,

Зери ин манзара бинвис чунин:

 

«На Амороту на Бурҷу на Яман,

Нагирифтанд ба дил ҷойи Ватан.

 

Охирин дард, ки дар ҷону тан аст,

Ҳаваси дидани рўйи Ватан аст…»

Total Views: 67 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.