АВВАЛИН МАВОДИ СИЁСӢ ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

Моҳҳои охири соли 1924, ки Осиёи Миёнаи шуравӣ бояд ба ҷумҳурию вилоятҳо миллӣ тақсим мешуд, гурӯҳи калони сиесиёну низомиёну олимони шарқшиносу ҷомеашиносу иқтисоддону заминшиносони Шуравӣ вазифадор гаштанд, ки ба минтақа омада, марзу ҳудуд, обу замин, иқлиму сатҳ, зарфиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бофти миллию инсонӣ ва нишондиҳандаҳои дигари ҳар ҷумҳурию вилояти таъсисшавандаро ба таври бисёр дақиқ муайян созанд. Дар ин раванд гурӯҳе аз ин олимону масъулон Ҷумҳурии навтаъсиси мухтори Тоҷикистонро ҳам дар моҳҳои декабри 1924 то апрели 1925 пурра “рӯйхат карданд”.

Ин нахустин омӯзиши фарогири Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо бо равиши муосир буд, ки акнун маводи он, ки дар ҳамаи бахшҳо, ҳатто саршумори аспу ҷуфти гову ҳаёти деҳоту захираҳои табиию зиндагии қавмҳо, таҳия шудаанд, барои илму таърихи минтақа ва хоса илми тоҷик аҳаммияти фавқулодда муҳим дорад.

Маҳз дар ҳамин марҳила аз тарафи узви ин комиссия, афсар ва ховаршиноси рус А.В.Панков АВВАЛИН ГУЗОРИШИ СИЕСӢ ДАР БОРАИ ҶМШС бо номи “Положение, границы и административное деление Таджикистана” таҳия гашт, ки дар он ҷойгиршавӣ, ҳудудҳо, сарҳадҳо, сохтори дохилӣ ва маъмурии Тоҷикистонро дар лаҳзаи таъсис ба таври бисёр муфассал ва ҷолиб баён шудааст.

Чун таъкиди мо ба масъалаи сарҳадҳост, бояд гуфт, ки дар ин гузориш тамоми хатти сарҳадии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо дар лаҳзаи таъсиси ҷумҳурӣ қадам ба қадам навишта шудааст. Ва аз ин назар, ин навишта, хоса бахши сеюму чоруми он, маводе беназир аст.

Ошноӣ бо навиштаҳои дигар дар бораи ҳудуду сарҳадҳои Тоҷикистон дар ин давра нишон медиҳад, ки аксари муаллифони баъдӣ маҳз маълумоти ҳамин мақоларо (ва низ маълумотномаи Раиси Ликвидком И.П.Магидович, 1925) чун сарчашма ба таври васеъ истифода ва такрор намудаанд. Яъне, ин мақола яке аз модармаводҳои ин мавзуъ мебошад.

Барои он, ки чун маводи пешина дар боби алифбо, боз саволҳо пеш наояд, таъкид мешавад, ки ин мавод ҳоло моҳияти махфӣ надошта, ҳамин шакли кушодаи он ҳануз соли 1925 чопи расмӣ шудааст. Аз ин рӯ, онро на ҳамчун кашфиёт, балки танҳо ҳамчун адабиёт барои корбурди пажӯҳишгарон ва истифодаи маърифатии алоқамандони ин давраи ҳассоси таърихи Ватан пешниҳод менамоям.

Чун мутолиаву муқоисаи он барои банда ниҳоят ҷолиб омад, бовар дорам, ки барои дӯстони гавҳаршинос низ бисёр ҷолибу судманд хоҳад буд.

Total Views: 72 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.