БАРОИ МУҲАҚҚИҚОН ВА АЛОҚАМАНДОН…

Ин ҳафтаҳо, ки бо пажӯҳиши хатти марз дар бойгониву китобхонаҳо ба сар мебарам, гоҳо маводу санадҳои ҷолибе пеш меоянд, ки мехоҳам танҳо барои огоҳӣ бо дӯстону алоқамандон ба миён гузорам. Ҳоло гузоришеро аз соли 1928 дар бораи чаро ва чӣ тавр тағйир ёфтани алифбои форсӣ дар Тоҷикистон пешниҳод мекунам. Дар он маълумоти ҷолибе дар ин мавзӯъ омадааст.

Аммо гузоштани ҳуҷҷатҳои пешин нишон медиҳанд, ки на ҳама моҳияти ин амалро дуруст дармеёбанд.

Зеро, дар ҳоле, ки мақсад аз пешниҳоди мавод огоҳӣ аз рӯҳу муҳити он замон ва корбурди пажӯҳишии мавод аст, даҳҳо нафар бо исро талаб доранд, ки мавқеъ ва ҳукми худро дар ин масъалаҳо гӯед! Яъне дар муҳите, ки қазовату ҳукмро бисёр дӯст мдоранд, ироаи ҳуҷҷат ё мавод барои огоҳӣ қонеъкунанда наменамояд.

Аз ин рӯ, дар унвони ин ва постҳои баъдӣ менависам: Барои муҳаққиқон ва алоқамандон! Аммо қазоватро ҳар кас худаш дар доираи ҷаҳми худ мекунад.

Албатта, банда низ дар ин масъалаҳо назари худро дорам, аммо ин ҷо мурод танҳо пешниҳоди ин маводи таърихӣ барои алоқамандони мавзуъ аст. Муҳаққиқони воқеӣ ҳатман қадри чунин маводҳоро медонанд.

Total Views: 114 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.