МАҚОМИ ВАХЁ

Дубора аз алиф оғоз кардам ман алифборо,

Варақгардон намудам чордаҳ ҷилди Авасторо,

Пайи таъбир кардам вирд оёти муҷаллоро,

Ривоятҳои Мўсорову таърихи Масеҳоро,

Ки дарёбам ва бинвисам мақоми мулки Вахёро.

 

Гаҳе ҷустам зи махзанҳои дерини Хуросонаш,

Гаҳе аз вожаномакҳои Суғду аҳди Сосонаш,

Гаҳе аз лобалои дафтари ховаршиносонаш,

Гаҳе зону задам дар маҳзари пирону хосонаш,

Ки шояд дар кушояд мушкили маънии осонаш.

 

Шукуфтам бо шукуфтанҳои мавзуни гули хораш,

Фишурдам аз муҳаббат панҷаи сабзи сафедораш,

Гиёҳи маърифат мехӯрд нахчири фидокораш…

Сухан меларзад аз ҳайбат, ки то бошад сазовораш,

Ки гӯям достони Сангвору рӯҳи бедораш.

 

Замини ҳикмату таъриху асрори ниҳон ин ҷост,

Ки ҳар санге сарою сангари як қаҳрамон ин ҷост,

Ниҳоди қуллаи Исмоили Сомониён ин ҷост,

Равоқи хостгоҳи офтоби ховарон ин ҷост,

Ба эъҷозе, ки пиндорӣ, ки оғози ҷаҳон ин ҷост.

 

Дар ин ҷо аз булури дастҳо файзи саҳар хезад,

Дар ин ҷо аз қиёми лолаҳо мавҷи шарар хезад,

Дар ин ҷо бо гули ҳар бом фарҳангу ҳунар хезад,

Дар ин ҷо қад-қади рӯди равон аз рег зар хезад,

Зи ҳар як шона номуси Ватан хезад, зафар хезад.

 

Дар он ҷо, рўйи айвони баланди гунбади гардун,

Фарози саргаҳи Хингобу лозури зумуррадгун,

Нишеман карда марде аз ҳаёҳӯи хирад берун,

Ки рӯҳаш обро бо рӯшноӣ мекунад афсун,

Ва рӯҳаш мешавад Норак, ва рӯҳаш мешавад Роғун…

 

Бале, Вахё чунин як интихоби хоси Яздон аст,

Бале, Вахё чунин як сарзамини родмардон аст,

Ки ҳар бурҷи баландаш меҳвари гардуни гардон аст,

Биҳишти аввали Одам, мадори рӯҳи Инсон аст,

Ки Вахё модари Вахшуру моми Тоҷикистон аст!

Total Views: 67 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.