“ИНҚИЛОБИ РАНГА” ДАР ТАНГНОИ ГЕОПОЛИТИКӢ

“ИНҚИЛОБИ РАНГА” ДАР ТАНГНОИ ГЕОПОЛИТИКӢ


Ё дар боби як омили нокомии назарияи “қиём” ва “инқилоб” дар фазои пасошӯравӣ

Авҷи нави буҳрони калони сиёсию геополитикӣ дар атрофи Украина ва дар остонаи як ҷанги бузург қарор гирифтани ҷаҳон бори дигар нишон медиҳад, ки муборизаи қудратҳо барои таъсиргузорӣ дар фазои Шӯравии собиқ ҳанӯз ба поён нарасидааст. Дар айни замон, аз ин вазъият метавон дид, ки “қиём”у “инқилоб”-ҳои ранга дар ин ҳавзаи осебпазири геополитикӣ барои кишварҳои он чи пайомадҳое дошта метавонанд.

Чун ин мавзӯъ барои давлат, ҷомеа, муҳити илмӣ ва доираҳои сиёсию иттилоотии мо низ аҳаммияти назариявию амалӣ дорад, ёддоштеро дар боби таъсири таъйинкунандаи “омили геополитикӣ” бар сарнавишти “инқилобҳои ранга” дар фазои пасошӯравӣ пешниҳод мегардад.

Албатта, коршиносон бо ин масъала мушкили ҷиддӣ нахоҳанд дошт, аммо аз дӯстоне, ки сиёсию инқилобӣ меандешанд, хоҳиш доштам, ки дар мутолиаи ин навишта дар пайи он набошанд, ки муаллиф то куҷо “ҷонибдор” ё “мухолиф”-и чизест, балки бар он биандешанд, ки чунин гузориши мавзӯъ то куҷо воқеъбинона ва прагматикист. Он гоҳ дарки дурусти он муяссар мегардад.

                                                                ***

Моҳият, миқёс, омилҳо, технология, ҳадафҳо ва пайомадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятии “қиёмҳои мардумӣ” ва “инқилобҳои ранга” дар фазои Шӯравии собиқро дар навиштаҳои дигар ба таври муфассал таҳлилу баррасӣ намудаем. Аммо агар ба ин мавзӯъ аз назари калони минтақавӣ ё геополитикӣ нигарем, рӯшан аст, ки чунин таҳаввулот на дар шароити озоду халалнопазири ваккум, балки маҳз дар матни фазои печида ва пуртаъсири геополитикии ин ҳавза мегузаранд. Аз ин рӯ, дар канори омилу воқеиятҳои дигар, “инқилобу инқилобчиён”-и ин фазо ногузир бо “омили геополитикӣ” низ рӯбарӯ хоҳанд буд, ки гоҳо барои сарнавишт ва самтгирии ниҳоии таҳаввулот таъсири ҳалкунанда дорад. Таъсири ин омил ба рӯи ташаккул, раванд ва натиҷаю пайомадҳои “инқилоби ранга” то ҳадде ҷиддист, ки аксари коршиносон худи онро асосан як тарҳ ё падидаи геополитикӣ медонанд.

Агар дар бораи таърифи ин падида дар дидгоҳи сиёсӣ ва гуфтумони ҷории қудратҳои ҷаҳонӣ нигарем, ба рӯшанӣ метавон дид, ки онҳо дар мавриди “инқилобҳои ранга” дар фазои пасошӯравӣ андешаву муносибати комилан гуногун ва ҳатто мухолифи ҳам доранд. Аз ҷумла, таҷриба нишон медиҳад, ки дар фазои пасошӯравӣ ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ИМА ва баъзе кишварҳои ҳампаймони ғарбии он ташкил ё дастгирии “қиём” ва “инқилобҳои ранга”-ро ҳамчун роҳи нашри арзишҳо, идеология, тарзи зиндагӣ ва манфиатҳои худ ва ҳамчун механизми фишор рӯйи ҳукуматҳо ва роҳбарони барояшон номуносиб, тағйири низомҳои сиёсӣ, аз доираи таъсири Русия берун овардани кишварҳо ва тағйири самтгирии хориҷии онҳо истифода менамоянд.

Албатта, ҳамаи қиёмҳо ва “инқилобҳо” ҳатман аз берун тарроҳӣ ва сохта намешаванд ва бахше аз онҳо дар заминаи мушкилоти дохилӣ сар зада, сипас аз тарафи кишварҳои ҷонибдори тағйири вазъият дастгирӣ ва мудирияти берунӣ меёбанд. Барои ташкил ва дастгирии чунин “қиёмҳо” ва “инқилобҳо” дар кишварҳои мавриди назар марказҳои гуногуни сиёсӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии ИМА ва баъзе шарикони он фаъолияти мудовим дошта, аз ҷумла дар ин самт роҳнамо ва дастурамалҳои мушаххас низ таҳия ва нашр менамоянд. Машҳуртарини онҳо 200 тавсияи Бунёди Энштейн (профессор Ҷим Шарп) барои ташкили “инқилобҳои ранга” аст, ки дар аксари “инқилобҳо” чун ретсепти амал истифода мешавад. Ҳамчунин, дар даҳсолаҳои охир шабакаҳо ва давраҳои васеи омӯзиши фаъолони “ҷомеаи шаҳрвандӣ” ва расонаҳои кишварҳои пасошӯравӣ барои омодагӣ ба ин гуна амалҳо, яъне таёр кардани шӯришгарон ва инқилобчиёни касбӣ ба роҳ монда шудаанд, ки онҳо низ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Аз таҳлили “инқилобҳо”-и рухдода метавон дид, ки дар ин раванд, пеш аз ҳама мавҷудияти мушкилоти дохилии худи кишварҳо ва сар задани низоъҳои дохилӣ истифода гашта, дар айни замон, бо мақсади фазосозии мусбат дар атрофи ин ҳодисаҳо арзишу мафҳумҳои муҳимме чун «демократия», “озодӣ” ва «ҳуқуқи башар», “адолати иҷтимоӣ”, “мубориза бо диктотура” ва ғайра ҳамчун афзор ба кор гирифта мешаванд. Албатта, шояд ҷавонони майдону фаъолони инқилобҳо ба ин мафҳумҳо самимона бовар дошта, барои расидан ба онҳо ба пой хеста бошанд, аммо рӯшан аст, ки дар чунин ҳолат аз тарафи кишварҳои манфиатдору маблағгузор демократия на ҳамчун озодию ҳуқуқу арзиш, балки маҳз ҳамчун воситаи таъсиру дахолату манфиат истифода мегардад. Ин ҳолат низ як воқеияти борҳо собитшуда мебошад.

Ҳоло метавон дақиқан мушоҳида намуд, ки дар тангнои набардҳои геополитикии қудратҳо, дар даҳсолаҳои охир моҳият ва таркиби арзишию идеологии худи “инқилобҳои ранга” низ ба таври ҷиддӣ таҳаввул ёфтааст. Аз ҷумла, солҳои охир ҷанбаи арзишию идеологии онҳо бисёр коҳиш ёфта, ин падида аслан шакли урёни муборизаи сиёсӣ, амниятӣ ва манфиатии дохилӣ ва хориҷиро гирифтааст. Масалан, агар дар инқилобҳои “махмалин”-и Аврупои Шарқӣ дар охири солҳои 80-уми асри гузашта ҳадафҳои калони сиёсию идеологию башарие чун “мубориза барои раҳоӣ аз лагери сотсиалистӣ”, “бунёди ҷомеаи озод”, “барқарории демократия”, “таъмини ҳуқуқу озодиҳои башарӣ” ва ғ. ҳадафҳои воқеӣ ва пешбарандаи инқилоб бошанд, дар “инқилобҳо”-и ахир бо дасти як гурӯҳи хурди одамон барканор кардани роҳбари давлати мушаххас, ба даст овардани ҳокимият, дастрасӣ ба сарватҳо ва татбиқи манфиатҳои мушаххас дар як кишвар низ ҳадаф ва мавзӯи “инқилоб” мешавад. Масалан дар ду инқилоби ахири Қирғизистон баҳси идеология ва арзишҳо умуман нақши асосӣ надоштанд. Ба маълумоти манбаъҳои расмию ҷамъиятии худи Қирғизистон, дар ин кишвар фасоди молию идорӣ бо ҳар инқилоб ба авҷи нави худ расида, “инқилобҳо” акнун асосан ҳамчун кӯшиши аз нав тақсим намудани сарватҳои миллӣ ва соҳаҳои судманди иқтисоди кишвар байни гурӯҳҳои манфиатдор тафсир мешаванд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, яке аз “инқилобшиносон”-и шинохта, сафири ИМА дар Русия М.Макфол ба ин назар аст, ки инқилоби ахири Қирғизистон умуман ба категорияи “инқилобҳои ранга” дохил намешавад. Ба ин ҳисоб, “инқилобҳои ранга” акнун на барои тағйири вазъият ва татбиқи ормонҳои баланд, балки бештар барои тағйири қудрат ва тақсими манфиат низ ташкил мешаванд.

Аммо дар муқобили ин фаҳмиш ва ин муносибати манфиатию абзории кишварҳои ғарбӣ нисбат ба “инқилобҳои ранга”, бозигарони дигари геополитикии ин ҳавза ҳамчун Русия ва Чин, ки вазъияту самтгириҳои мавҷудаи кишварҳои пасошӯравиро ба нафъи худ медонанд, бо тамоми тавон талош мекунанд, ки аз ин «инқилобҳо» ва тағйирот пешгирӣ намоянд. Хоса мавқеи Русия дар баробари “қиёмҳо” ва “инқилобҳои ранга” дар фазои пасошӯравӣ бисёр равшан ва қатъӣ буда, мухолифат бо ин падида дар санадҳои расмии давлатии он сабт гаштааст.

Аз ҷумла, Стратегияи амнияти миллии Русия, Доктринаи ҳарбии Русия, Доктринаи ҳарбии Давлати муттаҳидаи Русия ва Белорус ва ғайра “инқилобҳои ранга”-ро ҳамчун хатар таъриф намуда, давлатро барои муқобила бо онҳо вазифадор менамоянд. Президенти ин кишвар В.Путин “инқилобҳои ранга” дар кишварҳои атроф ва сарнавишти фоҷеавии онҳоро “сабақи ҷиддӣ барои Русия” дониста, мухолифати шадиди худ бо ин падидаро борҳо эълон кардааст. Ӯ таъкид мекунад, ки Русия на танҳо дар ҳудуди худ, балки минбаъд дар ҳудуди шариконаш дар доираи СПАД низ ба татбиқи чунин инқилобҳо иҷозат нахоҳад дод.

Дидгоҳи Русия дар изҳороти расмии Вазорати мудофиаи ин кишвар низ ба таври возеҳ равшан аст, ки дар он “инқилоби ранга” ҳамчун механизми “зери пушиши демократиясозӣ ва бо истифода аз мушкилоти иҷтимоию-иқтисодӣ ва сиёсӣ низомҳои номатлубро ба низомҳои аз хориҷа идорашаванда иваз кардан” таъриф карда шудааст. Вазири корҳои хориҷии Русия С.Лавров бошад ин мавқеъро сареҳтар баён карда, “инқилобҳои ранга”-ро “шакли нави ҷанг” меномад. Ба таври муфассал ва дақиқ баён кардани таъриф ва мавқеи Русия дар ин масъала аз ин назар муҳим аст, ки маҳз ҳамин дидгоҳ чигунагии амал ва вокуниши эҳтимолии роҳбарияти он дар баробари кӯшишҳои “инқилоб” дар кишварҳои ҳамшарикашро муайян мекунад.

Чин ҳам “инқилобҳои ранга”-ро “фитна” эълон намуда, нашри ҳама гуна иттилооти ҷонибдорона дар ин мавзӯъро дар фазои иттилоотии худ манъ кардааст.

Ҳамин тавр, дар шароити имрӯз, ҳар бозигари бонуфӯзи геополитикӣ дар “инқилоб” манфиат ё зарари худро мебинанд ва кишварҳои «инқилобгар» хоставу нохоста ба майдони набарди манфиатҳои онҳо табдил шуда. Аммо дар ин набарди бузурги қудратҳои бузург маҳз кишварҳои инқилобӣ бозандаи асосӣ буда, дар натиҷа бо мушкилоти бузургтари сиёсию амниятии миллию давлатӣ рӯбарӯ мешаванд. Ин ҳолат тамоми бахшҳои ҳаёти дохиливу хориҷии ин кишварҳоро пурра ба зери таъсири “омили геополитикӣ” мебарад. Масалан, агар Украина дар чунин набарди байни абарқудратҳо пораву шикаста намешуду имкон меёфт, ки ба маънои томи он давлат шавад, он ҳоло рушд ёфта ба як қудрати минтақавӣ табдил мешуд: бо мавқеи ҷойгиршавии стратегӣ (1), қудрати сеюми атомӣ (2), артишу неруи ҳавоии муқтадир (3), иқтидори азими иқтисодию саноатӣ, аз ҷумла металлургия, ҳавопаймосозӣ ва саноати ҳарбӣ (4), аҳолии босаводу баландтаҳсил (5) ва худмеҳварии сиёсӣ (6). Аммо аввал силоҳи ҳастаияш маҳз аз тарафи «омили геополитикӣ» гирифта шуд, сипас иқтисодаш ғорат шуд, сипас минтақаҳои саноатию стратегияш тарака шуданд, акнун қаламраваш пора шуд ва истиқлолаш низ нима гашт. Ҳамин тавр, дар ин ихтилофи дохиливу рӯёрӯйии байни қудратҳо Украинаи қавию ҳастаиву саноатию стратегӣ ба давлати заифи фақири вобастаи пароканда табдил шуд. Сарнавиште, ки дар ин шароит метавонад ҳар кишвари дигари пасошӯравиро низ интизор бошад.

 

Бинобар ин, вақте дар боби дастовардҳои “инқилоби ранга” ва демократияи Гурҷистону ислоҳоти М.Саакашвили чун намунаи мусбат сухан гуфта мешавад, дар баробари он порашавии ҳудуди Гурҷистон ва аз даст рафтани дурдонаҳои он – Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро низ чун воқеияти талх бояд пазируфт. Ё демократӣ шудани Украинаро улгу оварда, ба чор бахш пора шудани ҳудуди он ва хоса аз даст рафтани нигину хазонаи ин кишвар – Қрим ва Донбасс ва танҳо дар як бахши аз назари саноатӣ ва стратегӣ дуюмдараҷаи Украина татбиқ шудани “демократия”-ро ёдрас накардан низ авомфиребӣ мебуд. Ва дар ҳар кишвари дигари ҳавзаи пасошӯравӣ чунин таҳаввулот, ҳатто дар сурате, ки моҳиятан адолатхоҳона бошад, маҳз дар матни ҳамин воқеияти сарду оҳанини геополитикӣ ва таъсири шадиди омилу манфиатҳои фаротар аз тавони ин ҷомеаҳо мегузаранд.

Арманистон низ ҳоло чунин пайомадҳои “инқилоби нарм”-и худро таҷриба мекунад. Маҳз “инқилоб”, роҳбарияти бетаҷрибаву бетадбир, сиёсати зиддирусӣ ва оғози тамоюл ба Ғарб, яъне кӯшиши тағйири самтгирии геополитикӣ, дар ин кишвар боис шуд, ки Русия ба Озарбойҷон барои бозпас гирифтани Қарабоғи Кӯҳӣ аз Арманистон дар ниҳоят “чароғи сабз” нишон диҳад. Дар натиҷа ин кишвар ногузир дубора ба доираи нуфӯзи Русия баргашта, акнун дар ҳолати пораву вобаста ва дар рӯбарӯи ояндаи тирае қарор гирифтааст. Вазъи он акнун то ҷое таҳқиромез аст, ки дар тангнои бетараҳҳуми геополитикӣ “роҳбари як инқилоби мардумӣ”, Сарвазири Арманистон Н.Пашанян болои тамоми арзишу даъвоҳои инқилобию демократии худ, яъне болои худ по гузошта, ҳамчун роҳбари кишвари раисикунандаи СПАД ногузир роҳбарии амалиёти пешгирии “инқилоби мардумӣ” дар Қазоқистонро ба дӯш гирифт…

Қирғизистон ҳам пас аз озмудани чанд «инқилоб» акнун маҷбур гашт, ки «демократия»-ро «танзим» карда, низоми қавии сахтгири марказиро эҳё кунад, ки бар хилофи тамоми ормонҳои инқилобҳои рангини он аст. Дар ин ҷо низ “роҳбари инқилоб”-и дирӯза барои саркӯби “инқилоб” дар кишвари ҳамсоя нерӯи низомӣ фиристод, зеро дар тангнои геополитикӣ дигар илоҷе надошт. Ҳоло ҳифзи ҳукумат ва суботи сиёсии ин кишвар акнун ба қабули бечунучарои шартҳои берунӣ сахт вобаста гаштааст, ки он низ ба баҳси истиқлол ишора дорад. “Инқилоб”-и шикастаи ахири Қазоқистон низ истиқлоли давлатии ин кишварро амалан заифтар карда, шансҳои бузурги таърихии онро аз байн бурда, дурнамои давлатии онро тиратар сохт.

Тоҷикистон бошад ҳанӯз дар оғози истиқлоли худ бо сабаби чунин қиёму “инқилоб”-е заминаи дахолатҳои бунёдии хориҷиро фароҳам оварда, бузургтарин фурсатҳои таърихии худро барои рушду истиқлоли бештар бохтааст, ки имрӯз ҳатто таҳлилу баёни он номумкин аст...

Илова бар вазъияти анъанавӣ, бояд гуфт, ки дар моҳҳои охир Русия ҳамчун як омили таъсиргузори геополитикии ин ҳавза бисёр фаъолтар шуда, ба таври сареҳ эълон доштааст, ки ҳама гуна талошҳо барои тағйири самтгирии кишварҳои ҳошияи худро ба таври қотеъ пешгирӣ мекунад. Ҳам дар замони ҳодисаҳои Қазоқистон ва ҳам дар мавзӯи буҳрони ахири атрофи Украина президенти ин кишвар В.Путин расман эълон кард, ки Русия ба ташкили “инқилобҳои ранга” дар қаламрави СПАД ва ба узвияти Украина ба созмони НАТО ҳаргиз иҷозат нахоҳад дод. Табиист, ки ин кишвар дар нисбати талошҳои дигари “қиёму инқилоб” дар ҳавзаи пасошӯравӣ низ таъсир гузошта, худи имконпазирӣ ва хусусан, неканҷомии онро бори дигар зери саволи ҷиддӣ мегузорад. Хоса, ба ин муомила ворид шудани нерӯҳои низомии СПАД воқеиятҳоро боз ҳам ба таври ҷиддӣ тағйир додааст.

Ҳамин тафсир ва фаҳмише, ки ҳукуматҳои имрӯзи давлатҳои пасошуравӣ аз моҳият, ҳадаф ва пайомади “инқилобҳои ранга” доранд, ба онҳо иҷозати комил медиҳад, ки аз истифодаи васеи нерӯ барои ҳифзи худ ва ҳифзи вазъияти мавҷуда худдорӣ нанамоянд. Албатта, ҷонибдорону тарроҳони “инқилоб”-ҳо ин ҳолатро ҳамчун “истифодаи зуроварӣ ва силоҳ аз тарафи режим бар зидди халқ” шарҳ хоҳанд дод, аммо “режимҳо”-и зикршуда низ барои ин амал шарҳу мантиқи худро доранд, ки он ҳам беасос нест. Онҳо ҳоло дар бораи “инқилобҳои ранга” таҷрибаю иттилоотӣ васеъ дошта, ҳадафу пайомадҳои он, моҳияти нерӯҳои воқеии пешбарандаи он, моҳияти доираҳои ҳидоятгару маблағгузори он ва оқибатҳои имконпазири он барои худ ва барои давлату миллати худро хуб медонанд. Ва низ медонанд, ки дар чунин “инқилоб”-ҳо дар майдони эътироз на “халқ” ё “миллат”, балки як гурӯҳи мушаххаси пайравони доираҳои мушаххас ҳузур доранд. Аз ин рӯ, дар зеҳни ҳукуматҳо ё низомҳои сиёсӣ пешгирии як “қиёми сӯзанда” ё “инқилоби ранга” дигар на маънои “саркуб кардани халқ”, балки пешгирии бетартибӣ, ҳифзу ҳимояти мардум, пешгирии суқути давлат, пешгирии дахолоти хориҷӣ, ҳифзи амнияти миллӣ ва манфиатҳои миллиро дорад. Ин аст, ки онҳо бо чунин фаҳмиши масъала дар ин кор аксаран қотеона амал мекунанд.

Бо чунин фаҳмиши масъала, вақте президенти Қазоқистон К.Тоқаев дар рафти ҳодисаҳои январи соли 2022 фармони қатъии истифодаи нерӯ барои ба назорат гирифтани вазъиятро дод, ӯ дар зеҳни худ на ба “саркӯби мардум” ё на ба “ҳифзи қудрати шахсӣ”, балки ба “ҳимояи мардум аз гурӯҳҳои тахрибӣ” ва “наҷоти кишвар” аз як фитнаю табаддулот меандешид. Пешгирии қатъии “қиёми мардумӣ” аз тарафи роҳбарияти Белорусия ва истифодаи қатъии нерӯ дар баробари шӯриши мухолифин аз сӯи мақомоти Русия, ки соле пештар рух доданд, аз тарафи ин низомҳо ҳаргиз ҳамчун “саркуби мардум” фаҳмида намешавад, балки онҳо ҳоло эҳсоси қаноат доранд, ки давлат, миллат, низом, арзишҳо ва суботу амнияти кишварашонро дар баробари гурӯҳҳои харобкори дастнишонда ва дахолати хориҷӣ ҳимоят карда тавонистанд. Ҳамин дирӯз, 19.02.2022 президенти Белорус А.Лукошенко дар конфронси матбуотии муштарак бо В.Путин бо ифтихор (мазмунан) изҳор дошт, ки мо касеро саркуб накардаем, балки мо кишвар ва мардуми худро аз ин фоҷеаи мудҳиш наҷот додем, мехостанд моро низ мисли Украина бадбахт кунанд ва мо ба он роҳ надодем. Ба эҳтимоли зиёд, роҳбарону ҳукуматҳои дигари минтақа низ дар чунин шароит чунин хоҳанд андешид ва чунин амал хоҳанд кард.

Албатта, шахсан банда мухолифи ҳама гуна хушунат дар равандҳои сиёсӣ буда, ҳеҷ ҳодисаи зуровариро ҳаргиз тавҷеҳ намекунам, аммо мехостам дар ин ҳолатҳо хаёлпардоз набошему ба воқеияти сарди ин раванд таъкид намоем. Ва табиист, ки ин ҷо низ сухан на дар бораи ҳусни таваҷҷуҳ ба ин ё он омили “геополитикӣ”, балки дар бораи новобаста аз эҳсосоти нерӯҳои сиёсӣ як воқеияти бебаҳс будани он меравад. Воқеияте, ки ба назар нагирифтани он барои давлату миллатҳои ташаккулёбанда бисёр хатарбор хоҳад буд.

Бинобар ин, дар шароити пешомада доштани чунин тасаввур, ки касе ё гурӯҳе дар фазои пасошӯравӣ “худсарона” қиёму инқилоб ташкил мекунад ва ба ин восита вазъиятро ба хостаи худ иваз мекунад, як тасаввури ҷиддӣ ва воқеъбинона нест. (Албатта, абарқудратҳо дар ростои манфиатҳои худ шояд ҳамеша роҳро барои “инқилобҳои ҳамоҳангшуда” боз гузоранд, ки он як баҳси комилан дигар аст…)

Нуктаи дигаре, ки зимни баррасии пайомадҳои геополиткии “инқилобҳои ранга” таъкид бар он муҳим аст, тағйири куллии сиёсати хориҷӣ ва фазои муносибатҳои берунии кишварҳои инқилобдида мебошад. Дар ин раванд кишварҳои мухолифи “инқилоб” муносибати худро бо низоми нав қатъ ё маҳдуд карда, кишварҳои ҷонибдор дар сиёсати хориҷии он мақоми болотар мегиранд. Ин таҳаввул ҳамзамон робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангӣ, башарӣ ва ғайраро дар бар мегирад ва кишвари пасазинқилобӣ маҷбур аст, ки барои сохтани сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои нави сиёсию иқтисодию амниятӣ бо самтҳои нав ва барқарории он бо самтҳои анъанавӣ солҳо ва хазинаҳои бисёр зиёдеро сарф намояд. Дар ҳолати муваффақ нашудан ба чунин барқарорию ҳамоҳангӣ, муборизаи қудратҳо дар атрофи ин кишварҳо муташанниҷ боқӣ монда, манфиатҳои миллии онҳо бо хатар рӯбарӯ гашта, худи кишвар ва давлат дар вазъияти бисёр осебпазир қарор мегирад.

Буҳрони сиёсати хориҷии Украина ва набарди шадиди геополитикии қудратҳо дар атрофи самту гароиши ин кишвар, ки инак даҳсолаҳо идома дорад, ба ҳамагон рӯшан аст. Илова бар ин, зарбае, ки ин кишвари славянию пасошӯравӣ аз шикасти робитаҳои амиқи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инсонии худ бо Русия дидааст, барои мардум ва давлати он чун бохте ҷуброннопазир боқӣ мемонад. Аммо баъзе санадҳои нашршуда аз раванди сиёсии кишвари ҳамсоя нишон медиҳад, ки пас аз набардҳои шадидтарини геополитикӣ дар атрофи самтгирии хориҷии Қирғизистон, танҳо пас аз эътирофи воқеияти геополитикӣ ва мувофиқаи усулии қоидаҳои ҳаракат бо Русия тавозуни феълии шахсияту нерӯҳои сиёсӣ дар ин кишвар ҳосил шуда, замонати ҳифзи ҳукумат ва вазъият гирифта шуд. То ҷое, ки ҳоло Қиғизистон пас аз чор инқилоб як даври комили калавишҳои геополитикиро паймуда, нисбат ба ҳар давраи дигар дар наздиктарин ва вобастатарин ҳолат ба Русия қарор дорад, ки ин омил ҳамзамон ҳамчун кафили суботи ин кишвар ва устувории ҳокимияти роҳбарони феълии он дониста мешавад.

Бале, ҳангоми баррасии таъсири омили геополитикӣ дар ин раванд, баъзе дӯстон ёдрас мекунанд, ки сабаби нокомии ин “инқилобҳо” ва ба мушкилоти бузург рӯбарӯ шудани кишварҳое чун Украина, Гурҷистон, Арманистон ва ғайра на худи “инқилоб”, балки маҳз сиёсат, мухолифат, дахолат ва манфиатҳои Русия аст; агар Русия дахолат намекард ва ба ҷудошавии бахшҳое аз ин кишварҳо мусоидат наменамуд, ин кишвраҳо пора намешуданд ва рушд меёфтанд. Оре, ин андешаро то ҷое метавон ба ҳисоб гирифт, аммо саволи асосӣ ин аст, ки ҳамон Русияе, ки аз он ҳамчун омили шиканандаи “инқилобҳои ранга” сухан меравад, магар ҳоло ҷое рафтааст? Баръакс, ҳоло нисбат ба даҳ соли пешин бо таърифи ҷиддитар аз манфиатҳои миллии худ, бо мавқеи қотеътар ва бо имкону таҷрибаи бештар дар ин самт зуҳур намудааст, ки мисоли он дар буҳронҳои ахири Қазоқистону Украина зикр шуд. Пас, чаро бояд чунин пиндошт, ки ин “омили геополитикӣ” дар нисбати “қиёму инқилобҳо”-и баъдӣ дар кишварҳои баъдии фазои Шӯравии собиқ низ маҳз чунин амал намекунад?

Аз ин рӯ, новобаста аз мусбат ё манфӣ донистани ин омил, то замони боқӣ будани ҳамин тавозуни геополитикии атрофи минтақа ва то замони дар ҳамин сатҳи қудрат ва таъсир боқӣ мондани “омили геополитикӣ”, дар назар нагирифтани ин воқеият камоли бемасъулиятӣ дар баробари на танҳо сарнавишти “инқилоб”, балки сарнавишти миллат ва давлати худ хоҳад буд.

Total Views: 325 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.