РӮЗИ ШУҶОАТУ ВАТАНДОРӢ МУБОРАК!

                                                 БАР САНГАРАТ САЛОМ!

                                                           (Тарона)

Чун бод тезрав, чун барқ тезкор,

Чун санг пойбанд, чун кўҳ пойдор.

Бо тору пуди ҷон, бо тору пуди тан,

Пайванд мешавад бо пайкари Ватан.


Аз тангаи Вахон, то Бешаи паланг,

Аз Регари Ҳисор, то марзи Исфаранг,

Дар имтидоди шаб бедор марзбон,

Дар сангари Ватан ҳушёр марзбон…


Аз Модари Ватан бар сангарат салом,

Аз сангари Ватан бар Модарат салом!


Таърихи мулки мо андарзнома аст,

Ҳар зарра хоки мо як марзнома аст.

Ҳар нахл як шаҳид, ҳар санг як мазор,

Ҳар насл як набард, ҳар дашт корзор.


Ҳафтод пушти мо дар марз шуд ҳалок,

Ў хок хўрда буд, аммо надод хок.

Ҳаргиз ба зиндагӣ сангар набохтем,

То сар набохтем, кишвар набохтем…


Аз кишвари азим бар сангарат салом,

Аз сангари азим бар кишварат салом.


Тифлони ин Ватан чун аввалин сухан,

Бо шир хўрдаанд ин ҳикмати куҳан:

«Чун ман калон шавам, ман қаҳрамон шавам,

То бар диёри худ, ман посбон шавам!»*


Як мулки нозанин андар паноҳи ту,

Як миллати азим узви сипоҳи ту.

Андар паноҳи ту ин хандаи лабаш,

Андар паноҳи ту тифлони мактабаш.


Аз миллати бузург бар сангарат салом,

Аз минбари Ватан бар лашкарат салом!


Аз Модари Ватан бар сангарат салом,

Аз сангари Ватан бар Модарат салом!


*Мазмун аз шеъри машҳури устод Миршакар

Total Views: 128 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.