ЯК НУКТА

ЯК НУКТА

(Нимшухиву нимҷиддӣ)

Вазъ сангин асту аммо мо сабукӣ мекунем,

Бе тааммул постҳои фейсбукӣ мекунем.


Бе ибо аз дуру аз наздик оташ мезанем,

Бар бинои ваҳдати тоҷик оташ мезанем.


Гарчи аксар бехабар ҳастем аз асли хабар,

Аз барои лайк месозем мавҷи шӯру шар.


Бо навори фаҳшу баҳси “пахшҳои мустақим”,

Халқро девона кардему ҷамоатро ду ним.


Масти изҳороти хому масти истиқболи ом,

Не таҳаммул, не тааммул, не адаб, не эҳтиром.


Ҳеҷ марзе нест дар таҳқири шахси ҳамватан:

Не ҳарими духтару модар, на фикри марду зан.


Ку ҷавонмардию тоҷикию инсонии мо?

Ку ҳаёву шарму ахлоқи мусулмонии мо?


Гоҳ дар тик-току гоҳо дар твит чат мекунем,

Ҷойи таҳлилу хабар таҳдиду нафрат мекунем.


Бо ҳазорон ном дар ю-туб канал бикшодаем,

Бар ҷавонони ватан доми аҷал бикшодаем.


Зиндагонии ҳақиқиро маҷозӣ мекунем,

Бо шууру сарнавишти халқ бозӣ мекунем.


Лайф карда, кайф карда муштарӣ ғун мекунем,

Оқибат рўзе ватанро ғарқ дар хун мекунем…


Гоҳ-гоҳе об мебояд, ки бар оташ занем,

То булури сарнавишти ин Ватанро нашканем.

Total Views: 132 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.