ДАР БОБИ БАДАХШОН

Имрӯзҳо дӯстон пайиҳам ишора доранд, ки чаро дар боби Бадахшон хомӯшед? Албатта банда дар бораи ҷойгоҳи ин диёри осмонӣ сухани худро дар китоби “Нурест дар ҷабини Бадахшон” (нашрҳои 2016 ва 2021) ба таври муфассал гуфтаам. Бинобар ин, дар ин мавзӯъ на бетафовутаму на беназар. Назаре арзишӣ, инсонӣ, фарҳангӣ, отифӣ, миллӣ ва давлатмеҳвар…

Дар бораи вазъи имрӯзи он бошад, чун каме ба худ оям, назари фардии хешро хоҳам гузошт.

Ҳоло аз он китоб таронаеро дар тасвири ин сарзамини баланд мегузорам.

Бо як навори мавзун аз роҳи сафар: https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=349408439766427&id=100040918215563


ТАРОНАИ БАДАХШОН

Нурест дар ҷабини Бадахшон,

Файзест дар замини Бадахшон.

Оби равону сеҳри мубин аст,

Гуфтори шаккарини Бадахшон.


Шаҳри баланди отифаҳоӣ,

Ҳам дар замину ҳам ба самоӣ,

Як пора аз биҳишти худоӣ,

Хоруғ, эй нигини Бадахшон.


Дашти Басиду водии Бартанг,

Чангу дафу таронаву оҳанг,

Ҳар хонавода – хонаи фарҳанг,

Рӯшони нозанини Бадахшон.


Эй модари шаҳомати Помир,

Хоки ҳакиму равзаи шоир,

Шуғнонзамини Чашмаи Носир –

Мавлои покдини Бадахшон.


Ишкошим, эй даричаи гардун,

Моми забону марзи тамаддун,

Оби шифою ганҷи ҳумоюн,

Девори лаълчини Бадахшон.


Эй Роштқалъа, қалъаи ҷовид,

Айвони моҳу хонаи хуршед,

Нахли баланду меваи тавҳид,

Себе дар остини Бадахшон.


Мурғоб, эй қаламрави ҷоду,

Оғози Панҷу модари Ому,

Бурҷи уқобу хонаи оҳу,

Шоҳини тезбини Бадахшон.


Некусиришту моҳҷабинӣ,

Ҳаргиз хазони умр набинӣ,

Эй Ванҷ, эй биҳишти заминӣ,

Меҳроби мармарини Бадахшон.


Дарвоз, эй таровати оғоз,

Дарвоз, эй ниҳояти парвоз,

Дарвоз, эй қаламрави эъҷоз,

Эъҷози аввалини Бадахшон.


Қадде, ки ҳеҷ гаҳ нашавад хам,

Қадре, ки ҳеҷ гаҳ нашавад кам,

Биншаста панҷ қудрати олам,

Чун дев дар камини Бадахшон…


Нурест дар ҷабини Бадахшон,

Файзест дар замини Бадахшон.

Оби равону сеҳри мубин аст,

Гуфтори шаккарини Бадахшон…

Total Views: 144 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.