РАХТ БАСТАНД…

(Дар ҳошияи гузориши расмии мақомот аз муҳоҷирати 2000 омӯзгор ва 160 табиби Хатлон дар соли пешин ва идомаи ин мавҷи фарогир)

Зи базми мо ҳабибон рахт бастанд,

Ҳабибон чун ғарибон рахт бастанд.

Куҷо гӯем дигар дарди дилро?

Ки гулчини табибон рахт бастанд.


Ба ҳӯш оед охир, ҳӯшёрон,

Муҳоҷир мешаванд омӯзгорон.

Чу меандешам аз фардои миллат,

Нигаҳ пар мезанад дар тӯри борон…


Шабе пурсидам аз абри баҳорӣ,

Чаро бар сарнавишти мо наборӣ?

Ҳама занҳои мо мардони хона,

Ҳама мардони мо дар мардикорӣ.


Ба Сосонию Сомонӣ бинозӣ,

Ба чашмат ҳеҷ бошад турку тозӣ,

Вале дидам, ки дар метрои Маскав,

Барои рус ҳоҷатхона созӣ…


Фақат фарҳангу номусу адолат,

Раҳо сазад туро аз ин хиҷолат.

Касе ҷуз илму фан дастат нагирад,

На таъриху на таърифу на миллат.

Total Views: 142 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.