БОБОИ РАҲНАМО

Дар як моҳи бистарӣ риш ҳам дамидааст, аммо ин бор САФЕД!

Чун қосиде аз фарорасии айёми ниёиш…

                             ***

                         НИЁИШ

Эй раҳнамову раҳбари яктои Раҳнамо,

Эй сояи Ҳумой ба болои Раҳнамо.


Ёдат умеди гармии ин рўзгори сард,

Зикрат чароғи хилвати шабҳои Раҳнамо.


Гирди ҷаҳон бирафтаму ҳаргиз раҳо нашуд,

Занҷири ёдҳои ту аз пойи Раҳнамо.


Дирӯз ҳам ту будиву имрӯз ҳам туӣ,

Дар дасти туст риштаи фардои Раҳнамо.


Дорӣ хабар, ки хушку тарам пок сўхтӣ?

Эй оташи фитода ба саҳрои Раҳнамо.


Аз чок-чокҳои дарун медиҳад нишон,

Ожангҳои руста ба симои Раҳнамо.


Чун партаве зи рӯйи накӯят насиб нест,

Бўят магар расад ба мудовои Раҳнамо.


Валлаҳ, ба ҳафт баҳр қаноат намекунад,

Имшаб наҳанги ташнаи дарёи Раҳнамо.


Аз шарми рӯбарӯии рӯйи муборакат,

Меларзад ин вуҷуди тавонои Раҳнамо.


Чун пойи қудрати ту набӯсам, ки дар ду рӯз,

“Оқои Раҳнамо” шуда “Бобои Раҳнамо”…


Дар имтиҳони мӯйи сафедам раҳо макун,

Эй раҳнамову раҳбари яктои Раҳнамо.

 

Total Views: 144 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.