ҶАДИДОНИ БУХОРО ВА МАСЪАЛАИ ҚУДРАТ

ҶАДИДОН ВА МАСЪАЛАИ ҚУДРАТ

 

«… ҳамагӣ ним соле пештар… шахсияти амир барои бухориён муқаддас ҳисоб мешуд ва танқиди ӯ бо эҳтиёт ва пӯшида сурат мегирифт. Акнун  ҳамин ки чанд сарт дар бозор ё хонае ҷамъ шаванд, бо калимаҳои қабеҳ дашном додани амир сар мешавад…»

Фишурда аз пажӯҳише дар моҳияти дидгоҳҳои ҷадидони Бухоро дар масъалаҳои назарӣ ва амалии ҳокимияти сиёсӣ, камони таҳаввули андешаи онон дар ин самт, баҳси истиқлоли Бухоро дар муҳити ҷадидон  ва тақсиму ихтилофҳои дохилии онон дар масъалаи қудрат

Ҳаракати ҷадидон дар Осиёи Марказии оғози садаи ХХ-ум яке аз падидаҳои мураккабтарини таърихи фарҳангӣ ва сиёсии мардумони ин минтақа буда, бо вуҷуди гузаштани беш аз як садсола, баҳсу мунозираҳо дар атрофи он анҷом намеёбад. Омӯзиши таърихи омӯхта шудани ҷадидия дар даврони шӯравӣ нишон медиҳад, ки ин мавзӯъ ҳамеша зери таъсири вазъияти сиёсию идеологии замон қарор дошта, вобаста ба он, назару дидгоҳи муҳаққиқон нисбат ба моҳият ва фаъолияти ҷадидон пайваста тағйир кардааст [14. -С.65-152]. Аз ин рӯ, агар дар назари аввал, фаровонии адабиёти илмӣ дар мавзӯи ҷадидия ҳамчун омили осонкунандаи шинохти ин ҳаракат ба назар расад, вале моҳияти мутазодди ин адабиёт ва хулосаҳои ҳамдигарро инкоркунандаи муҳаққиқон шинохти ҷадидонро барои пажӯҳишгарони имрӯз бисёр печида намудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ пас аз истиқлол дар ҷадидшиносии тоҷик мавриди баҳс боқӣ мемонад, назари ҷадидон ба сиёсат ва ҳокимияти сиёсӣ мебошад. Дар доираи ин мавзӯи васеъ омӯзиши масъалаҳое чун раванди аз як ҳаракати маърифатию фарҳангӣ ба як ҷунбиши сиёсӣ табдил шудани ҷадидия, аз дидгоҳҳои томиллӣ ба дидгоҳҳои миллӣ гузаштани онҳо, назари ҷадидон ба моделҳо ва вазифаҳои ҳокимияти сиёсӣ, аз ҷонибдорони монархия ба пайравони платформаи ҷумҳурӣ таҳаввул ёфтани мавқеи ҷадидон ва дар ин равандҳо ба шохаю шӯъбаҳо тақсим шудани онҳо имрӯз низ аҳамияти илмию назарӣ ва амалии худро аз даст надодаанд. Рӯшан намудани воқеияти ин масъалаҳо аз як сӯ, метавонанд дар боз шудани баъзе муаммоҳои таъриху таълимоти ҷадидон мусоидат бикунанд ва аз сӯи дигар, метавонанд дар раванди ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва такмили давлатдории миллии тоҷикон истифодаи огоҳона ёбанд.

Баррасии адабиёти дастрас дар мавзӯи ҷадидия нишон медиҳад, ки кӯшишҳои ба таври яклухт арзёбӣ кардани ин ҷараён ва хулосабарориҳои умумӣ дар бораи дидгоҳи ҷадидон дар масъалаҳои фарҳангию сиёсӣ ҳаргиз натавонистаанд моҳияти воқеии ин ҳаракатро баён намоянд, зеро ҷадидия ҳамчун ҳаракати фикрӣ ҳамеша дар таҳаввулу такомул буда, дар тӯли мавҷудияти худ марҳилаҳои гуногуни рушдро аз сар гузаронидааст. Чунончӣ, ҷадидон дар марҳилаи аввал мақсадҳои сирф фарҳангиро пеш гузошта [2.-С.23, 5.-С.88] (мисли ислоҳи мактабу маориф, маҳви бесаводӣ), ба тадриҷ ба аҳдофе чун ислоҳоти тарзи тафаккури динӣ (мисли даъват ба худшиносии динӣ, ислоҳи тарзи ҳаёти рӯҳониёни исломӣ, баргузории маросимҳои динии камхарҷ), ислоҳи вазъияти иҷтимоӣ (ҳимояти моликияти мардум, ободонии кишвар), тағйири вазъи иқтисодӣ (таъсиси биржаҳо, танзими масъалаи об, танзими бозори истеъмолӣ) ва ниҳоятан, ислоҳ ва тағйири низоми мавҷудаи сиёсӣ ва эҷоди низоми нави ҳокимияти сиёсӣ гузаштаанд. Аз ин рӯ, шояд муҳимтарин талабот барои шинохти дурусти ҷадидия он аст, ки ин падида бояд дар ҳолати таҳаввулу ҳаракати доимӣ мавриди омӯзиш қарор гирад, зеро прагматизми сиёсӣ ё таҳаввулу такомул ва ислоҳи воқеъбинонаи мавзеъҳояшон яке аз хусусиятҳои асосии ҷунбиши ҷадидон будааст. 

Ба назар гирифтани хусусияти динамикӣ ё такмилёбандаи таълимоти ҷадидон ҳангоми омӯзиши назари онҳо ба сиёсат ва ҳокимияти сиёсӣ низ хеле муҳим аст, зеро дар марҳилаи фаъолияти сиёсӣ низ андешаи ҷадидон яксон набуда, бо гузашти чанд зинаи фикрӣ ба тамоюлу шохаҳои алоҳида тақсим шудааст. Чун омӯзиши раванди таҳаввулу такомули дидгоҳҳо ва мавқеъҳои сиёсии ҷадидон як масъалаи васеъ ва хориҷ аз зарфияти ин навишта аст, ин ҷо фақат бо дар назар гирифтани ҳамин хусусияти ҷаҳонбинии онҳо, дидгоҳҳои бевоситаи ҷадидон дар бораи баъзе масъалаҳои ҳокимияти сиёсӣ баррасӣ мегарданд.

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки бо тафовут аз таълимоти маорифпарварон, дар таълимоти сиёсии ҷадидон масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои назариявӣ ва фалсафии қудрат ва ҳокимияти сиёсӣ ҷойгоҳи асосӣ надоранд. Намунаи он аз тарафи ҷадидон ба таври муфассал баррасӣ нашудани масъалаҳои фалсафию риторикие чун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, асосҳои машрӯъият ё қонунияти қудрати сиёсӣ, таснифи навъҳои ҳокимият, моҳияти маънавию идеологии он ва ғайра мебошад. Албатта, шояд ҷадидон ҳамчун идомадиҳандаи мактаби маорифпарварон [17.-С.13] бозгашт ба ин масъалаҳоро зарур надониста бошанд, вале аз сӯи дигар, ин хусусияти таълимоти сиёсии онҳоро метавон ҳамчун хуруҷ аз қолабҳои анъанавӣ ва афлотунии ҳокимиятшиносӣ ва гузор ба марҳилаи афкори амалгароёна (прагматизм) фаҳмид.

Аз миёни масъалаҳои назариявии ҳокимияти сиёсӣ дидгоҳи ҷадидон нисбат ба моҳияти идеологии ҳокимият нисбатан рӯшан аст. Осори расидаи ҷадидон ва мулоҳизаҳои муҳаққиқони осори онҳо нишон медиҳад, ки дар давраҳои оғозини ташаккули мавқеи сиёсияшон, ҷадидон дар ин масъала, пеш аз ҳама ба ду асл ё принсип таваҷҷуҳ доштаанд:

  1. Таъмини адолат аз тарафи ҳокимият
  2. Мутобиқати амалияи ҳокимият бо шариат

Мувофиқат ва ҷавобгӯӣ ба ин ду талабот ҷанбаи маънавию идеологии таълимоти ҷадидони насли аввал дар бораи ҳокимияти сиёсиро ташкил менамояд.

Масъали адолат ҳамчун унсури маънавии машрӯъиятдиҳандаи ҳокимияти сиёсӣ дар таълимоти ҷадидон ҳам дар мавриди касб кардану ташаккули ҳокимият ва ҳам дар мавриди мавҷудият ва фаъолияти он дар назар гирифта мешавад. Дар назари онҳо фақат ҳокимияте, ки одилона ба даст омада бошад ва одилона амал мекарда бошад, қобили қабул ва дорои машруият (лигитимность) аст. Дар бораи намунаи амалии адолат дар кори ҷомеадорӣ ва ҳокимияти сиёсӣ баҳс намуда, ҷадидон пеш аз ҳама адолати замони ҳукумати Паёмбари ислом(с), халифаҳои рошидин ва ҳамчунин, амирони Сомониро намунаи олии он ҳисоб мекарданд. Ҳизби ҷавонбухориён ҳатто дар барномаи худ халифаи дуввуми мусулмонон Умар ибни Хаттобро чун намунаи ҳокими одил зикр намуда, ғайриодилона ва ғайриисломӣ будани кирдорҳои амири Бухороро дар муқоиса бо ӯ нишон медиҳад [16.-С.78]. Симои адлгустари амирони Сомонӣ бошад, чун «идеал»-и ҷадидон дар сар то сари осорашон намудор аст [14.-С.34-37]. Аз он ҷо, ки масъалаи адолат як мавзӯи анъанавии афкори сиёсии халқи тоҷик буда, гузориш ва фаҳмиши ин масъала дар таълимоти ҷадидон бо гузориши он дар таълимоти маорифпарварон бисёр наздик аст, дар ин қисмат аз бозкушоии муфассали он худдорӣ мешавад [15.-С.232-251].  

Талаботи ҷадидон дар бораи зарурати мутобиқати фаъолияти ҳокимият бо шариат дар осори худи онҳо ва сарчашмаҳои зиёди илмию тадқиқотӣ таъкид гаштааст. Аз ин осор бармеояд, ки хусусан дар марҳилаҳои аввали фаъолияташон яке аз муҳимтарин хусусиятҳои ҳаракати ҷадидия такя бар фарҳангу меъёрҳои динӣ ва миллии худӣ будааст. Ба назари муҳаққиқи тоҷик М.Раҷабӣ, умуман «идеологияи ҷадидия ислом» буда, он «калидест, ки моҳияти иҷтимоиву таърихӣ, фарҳангӣ, маънавиву ахлоқии ин падидаро мекушояд ва равшан менамояд» [14.-С.48].  Ин аст, ки дар мавриди моҳият ва рӯбинои идеологии ҳокимият низ дар чорчӯби арзишҳо ва шариати исломӣ фикр кардани ҷадидон як амри табиӣ мебошад. 

Яке аз назарияпардозони асосии ҷадидон А.Фитрат дар саросари осори худ, хусусан, дар «Мунозира» ва «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» талош намудааст, ки барои муайян намудани мавқеи худ дар масъалаҳои гуногун, пеш аз ҳама шариат ва талаботи онро меъёри асосӣ қарор дода, ҳам андешаҳои ислоҳӣ ва ҳам назарияи сиёсиашро бо он мутобиқ гардонад. М.Раҷабӣ, ки мавзӯи муносибати ҷадидон бо исломро ба таври ҷудогона омӯхтааст, дар навбати худ чунин хулоса мегирад, ки «ҳар талабе, ки ҷадидия аз амиру аморат кардааст, аз дархостҳои Қуръон сар задаанд, мувофиқи фармудаҳои онанд. Бо як гармию саркашӣ пардохтани ҷадидия ба ислоҳотхоҳӣ низ ба он вобастааст, ки дархостҳояш бевосита ба дин асос ёфтааст» [14.-С.27].   Дар ин замина, шахсияти дигари барҷастаи ҷадидон Мирзо Муҳиддин низ ба ҳукумати аморат пешниҳод намуда буд, ки бояд «ислоҳоте мувофиқи шаръи шариф иҷро карда шавад» [2.-С.99].   

Таваҷҷуҳ ба дин ҳамчун як унсури аслии фарҳангӣ ва сиёсӣ дар осори тоинқилобии чеҳраи дигари ҷадидон С.Айнӣ низ басе ҷиддӣ мушоҳида мешавад. М.Имомов ҳангоми баррасии масъалаи «Таълимоти исломӣ ва ҷаҳонбинии Садриддин Айнӣ» чунин ишора мекунад, ки «Айнӣ ва ҳаммаслакони ӯ ҷомеаи Бухороро бидуни ислом тасаввур карда наметавонистанд» [9.-С.25] ва осори муҳими тоинқилобии Айниро китобҳои омӯзишии динӣ ташкил медиҳанд. Ба назари ин муҳаққиқ, «Айнӣ… бо ҳамин ҷаҳонбинӣ ва тафаккур инқилобро пешвоз гирифт ва дар ҷамоати кишварҳои Осиёӣ бунёди як давлати исломиро интизор дошт» [9.-С.31].   

Масъалаи зарурати пайванди сиёсат ва ҳокимият бо шариат дар таълимоти ҷадидон пас аз ташкили ҳизбҳои сиёсии ҷадидон ва хусусан, дар барномаи ҳизби ҷавонбухориёни инқилобӣ низ боқӣ монд. Онҳо ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ҳатто дар муқаддимаи барномаашон сабт намуданд, ки «дин ва шариат таъминкунандаи адолат ва ҳомии фақирон мебошад» ва ҳизб истифодаи онро дар мубориза бо ҳокимияти феодалӣ ва сармоядорӣ зарур медонад [17.-С.38]. Умуман, ҳизби ҷавонбухориёни иинқилобӣ дар барномаи худ ба масъалаи шариат борҳо муроҷиат намуда, аксари мавқеъҳои фарҳангию сиёсии ҳизбро аз назари меъёрҳои он андозагирӣ намудааст.

Матни барнома нишон медиҳад, ки ҷавонбухориён кӯшидаанд, то аввалан, ғайришаръӣ ва хориҷ аз доираи таълимоти исломӣ будани фаъолиятҳои ҳукумати аморати Бухороро нишон дода, сониян, ҳомӣ ва пайрави шариат будани худро изҳор намоянд. Дар ин маврид дар барномаи ҷавонбухориён аз ҷумла чунин омадааст: «Ҳукумати Бухоро худро ҳомии шариат ҳисобида, чунин нишон медод, ки гӯё ҳамеша тибқи шариат рафтор  менамуд, вале агар фаъолияти онро дуруст таҳлил намоем, комилан маълум мешавад, ки ҳеҷ як амали он ба шириат мувофиқат намекунад» [16.-С.145]. Сипас дар барномаи ҳизб аз амалкарди ҳукумати амирӣ намунаҳои мушаххас оварда шуда, ба таври мисол, гирифтани аминона, мусодираи ҳосили замин, закотгирии чандинкарата, ғорати корафтодагон дар додгоҳҳо, ташкили ҳарамҳо аз ҳисоби фарзандони мардум, ривоҷи фисқу фасоди ахлоқӣ ва молӣ миёни мансабдорони амир, ришвахориву ришвадиҳии қозиёни аморат ва ғайра ҳамчун намунаи амалҳои мухолифи шариат нишон дода шудаанд. Ин қисмати барномаи ҷавонбухориёни инқилобӣ чунин анҷом меёбад: «Охир дар куҷо дида шудааст, ки чунин аъмоли разилона аз номи шариат анҷом шавад!» Дар қисмати баъдии барнома онҳо овардаанд: «ҷавонбухориён… наметавонанд бо ҳалоки кишвару миллат ва таҳқири гӯшношуниди шариат созиш намоянд… Пас аз инқилоби Русия ҷавонбухориён дар масъалаҳои маориф, ҳаёт ва қонунҳои асили шариат боз ҳам ҷиддитар назар кардаанд…» [16.-С.122].

Ҳамин тавр, чуноне ки муҳаққиқи таъриху ҷаҳонбинии ҷадидон Н.Ҳотамов  низ хулосагирӣ мекунад, дар масъалаи ҷанбаи идеологии ҳокимияти сиёсӣ ҷадидони насли аввал «шариатро асоси сохти ҷамъият ва давлат ҳисоб мекарданд»[18.-С.19].

Вале дар марҳилаҳои миёна ва охири фаъолияти ҷадидия дар канори масъалаи дину шариат масъалаи миллату ватан низ дар назарияҳои сиёсии онҳо мақоми хоса пайдо менамояд. Муҳаққиқи тоҷик А.Турсон Абдуррауфи Фитратро воридкунандаи  мафҳумҳои нави миллат ва ватан ба таълимоти ҷадидия ҳисобида, мегӯяд: «Фитрат бори нахсут мафҳуми ватан ва миллатро ба унвони омили ҳамоиши мардум ба кор бурд ва ҳамин мафҳуми ватан, ки Фитрат кор фармуда аст, минбаъд бар асоси ҷаҳонбинии наҳзати ҷавонбухориён замина шуд» [3.-С.50]. Рӯ овардани ҷадидон ба мафҳумҳои ватан ва миллат ба маънои имрӯзии онҳо навъе нишондиҳандаи гузариши тадриҷии ҷадидия аз марҳилаи томиллии панисломистӣ ба марҳилаи миллӣ ва миллигароӣ мебошад. Акнун ҷои мафҳумҳои фаромиллии ватани исломӣ ва миллати мусулмонро дар баъзе навиштаҳои ҷадидон Тӯрони Бузург ва миллати турк мегирад [3.-С.51]. Ин марҳила, ки хусусан, дар солҳои аввали ҳукумати Шӯравӣ ба авҷ мерасад, ҳамчун марҳилаи ба ҷараёни пантуркизм гароиш ёфтани аксари ҷадидони Бухоро шинохта мешавад.  

Масъалаи муносибати ҷадидия ва пантуркизм яке аз баҳсҳои асосӣ ва печидатарин дар шинохти ин ҷараён мебошад. Омилҳои пеш омадани ин гароиш, сатҳи нуфузи пантуркизм дар ҷадидия, оқибатҳои тамоюли пантуркистӣ барои худи ҳаракати ҷадидия ва умуман, барои мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ баҳсҳое ҳастанд, ки аз тарафи муҳаққиқони гуногун таҳлилу баррасӣ шудаанд ва гузориши онҳо аз зарфияти ин навишта берун аст [6.-С.257-259, 5.-С.94, 3.-46-54-57, 17.-С.24]. Вале дар ин ҷо қайд намудани таъсири гузариш ба марҳилаи миллӣ ва таъсири тамоюли пантуркистӣ ба назарияи сиёсии ҷадидон ва хусусан, ба таълимоти онҳо дар мавриди ҳокимияти сиёсӣ муҳим аст. Бо вуруди ҷадидия ба давраи шӯравӣ назарияи панисломистии ҳокимият, ки ташаккули онро бар мабнои усулҳои исломӣ пешбинӣ менамуд, дар таълимоти ҷадидон ба тадриҷ камранг гашта, назарияи сарзамину миллат ҳамчун маншаъ ва асоси ташаккули давлат ва ҳокимияти сиёсӣ ҷойгузини он мешавад. Қобили зикр аст, ки чунин гароиши қисмати аслии ҷадидон дар таркиби ҳаракат бӯҳрони васеъро ба вуҷуд оварда, онро аз як зумра нирӯҳои фаъоли зеҳнӣ маҳрум намуд. [3.-С.50].

Сиёсати миллии ҳукумати шӯравӣ, ки ташкили воҳидҳои нави сиёсӣ бар асосҳои этникро пешбинӣ менамуд, тамоюлоти миллигароёнаро дар Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, дар дохили ҳаракати ҷадидия авҷ дод. Ба назари М.Абдуллоҳ дар ин давра: «такяи болшевизм ба идеологияи миллӣ, умуман масъалаи миллатҳо ва худмуайянкуниву ҳуқуқи онҳо барои пантуркизм шароити мусоиди рушд ба вуҷуд овард» ва «панисломизм ба ғурӯб рӯбарӯ гашт»[3.-С.58]. Яке аз фаъолтарин роҳбарон ва назарияпрадозони ҷадидия Абдулқодир Муҳиддинов баъдан дар бораи дараҷаи таъсирпазирии аъзои ин ҳаракат аз таълимоти пантуркистӣ сухан ронда, зикр мекунад, ки мо «замоне дар таҳти таъсири куллии мафкураи пантуркизм ва панисломизм будем» ва «дар таҳти таъсири ин мафкура… мо душмани забони тоҷикӣ будем»[21].  

Чунон, ки дида мешавад, дар давраи зикршуда дар таълимоти ҷадидон ҳокимияти сиёсӣ сарчашма ва моҳияти миллӣ гирифта, мансубият ва аломати миллӣ ҳамчун асли ташкилдиҳандаи ҳокимияти сиёсӣ пазируфта мешавад. Ин таҳаввули назари ҷадидон дар масъалаи сарчашма ва моҳияти ҳокимияти сиёсӣ нишонгари фаро расидани марҳилаи наве дар таълимоти ҷадидон оид ба ҳокимияти сиёсӣ мебошад. Дар миёнаи солҳои бистум дар ин мавзеъ қарор доштани ҷадидон ва хусусан, эътиқоди онҳо ба мақоми хосаи миллати турк, дар тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Марказӣ таъсири бисёр амиқ гузошт[11].

Бо устувор шудани низоми шӯравӣ ва ҳоким гаштани таълимоти марксизм, аз охирҳои солҳои бистум дар Осиёи Марказӣ низ назарияи синфии ҳокимият ғолиб шуда, ҳамчун таълимоти асосӣ дар бораи ҳокимияти сиёсӣ пазируфта мешавад. Дар ин марҳила, аз ҷумла назарияҳои миллигароӣ низ расман маҳкум шуда, аксари намояндагони барҷастаи ҷадидон бо ҷурми «миллатчии буржуазӣ» маҳв карда шуданд. Акнун ҷадидизм ҳамчун «идеологияи миллатчигии буржуазияи маҳаллии Осиёи Миёнаи мустамликавӣ» муаррифӣ шуда, ба он айбдор мегашт, ки «дар замони болоравии ҷунбиши инқилобии пролетариат ва ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ аз оммаи мардум канда шуда, бо иттифоқчии тсаризм ва буржуазияи рус табдил гашт» [20]. Дар ин давра дар идеологияи ҳоким сарчашмаи ташкилдиҳанда ва машруиятбахши ҳокимияти сиёсӣ на шариат ё миллат, балки маҳз синфи иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт. Вале аз он ҷо, ки бо фарорасии ин гузариши ақидатӣ ва ғалабаи назарияи синфии ҳокимият ҷадидия ҳамчун ҷараёни фикрӣ қариб ба пураргӣ нобуд шуда буд, дар бораи марҳилаи ба назарияи синфии ҳокимияти сиёсӣ расидани ҷадидия сухан гуфтан чандон дуруст намебошад.

Ҳамин тавр, дар масъалаи таълимоти ҷадидия оиди сарчашма ва моҳияти идеологии ҳокимияти сиёсӣ метавон ба чунин хулоса расид, ки аз оғози ташаккул то солҳои 20-ум ҷадидия дар мавқеи ташкили ҳокимияти сиёсӣ дар асоси таълимоти  шариати исломӣ қарор дошт, вале аз солҳои 20-ум қисми асосии ҷадидон ба тадриҷ ба назарияи ташаккули ҳокимияти сиёсӣ бар асоси миллӣ гузаштанд.

Масъалаи муҳими дигар дар шинохти таълимоти ҷадидия дар мавриди ҳокимияти сиёсӣ омӯзиш ва мушаххас намудани назари онҳо ба моделу ҷанбаҳои сохторӣ ва коркардҳои (функсияҳои) иҷтимоии ҳокимият аст. Ин масъала дар осори худи ҷадидон борҳо баррасӣ гашта, аз назари тадқиқоти илмии мавҷуда низ берун намондааст. Дар шинохти ин масъала низ ба назар гирифтани хусусияти пӯёӣ (динамикӣ) ва таҳаввулпазирии доимии таълимоти сиёсии ҷадидия хеле муҳим аст, зеро дар ҳамаи марҳилаҳо ва шароити мушаххаси таърихӣ модели сохтории ҳокимият дар таълимоти ҷадидия яксон набудааст. Чуноне, ки аз осорашон бармеояд, ҷадидон дар давраҳои гуногуни фаъолияташон ба моделҳои сиёсие, чун низоми монархияи мутлақ (аморат), монархияи конститутсионӣ, низоми ҷумҳурӣ (аз ҷумла ҷумҳурии халқӣ-демократӣ), низоми идории шӯроӣ, низоми федералӣ, ҳокимияти ҳизбсолории модели коммунистӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Аввалин намуна ва модели ҳокимияти сиёсӣ дар таълимоти сиёсии ҷадидон низоми монархии амирӣ ё аморатӣ мебошад. Модели амирӣ дар андешаи ҷадидия пеш аз ҳама бо таъсири ду омил ҷойгоҳи бисёр устувор пайдо карда буд:

  1. Омили ақидатӣ, яъне мувофиқати шакли солими сохтори аморатӣ бо анъанаи таърихии давлатдорӣ дар ҷомеаҳои мусулмонӣ.
  2. Омили психологӣ, яъне дар тӯли асрҳо барои ҷомеаи Бухоро бисёр маъмул ва пазируфта гаштани аморат ҳамчун анъанаи маҳаллии давлатдорӣ ва воқеияти таърихӣ.

М.Раҷабӣ «дар мисоли давлати Сомониён собит шудани зарфияти бузурги модели амирӣ»-ро ҳамчун омили дигари дилбастагии ҷадидон ба ин шакли давлатдорӣ зикр менамояд. Ба назари вай, ба зинаи баланди тараққиёту шукуфоӣ расидани тамоми соҳаҳои ҷомеа дар аҳди Сомониён ҷадидонро ба имконпазир будани шукуфоӣ дар чорчӯби низоми аморатӣ мӯътақид карда буд [14.-С.35].

Дар ҳақиқат, ҷадидон ҳамвора ба замони Сомониён ҳамчун давраи идеалӣ нигариста, ба дастовардҳои он давра баҳои баланд додаанд. С.Айнӣ шукӯҳи Сомониёнро бо як дилгармии хос чунин тавсиф менамояд: «Дар замони шавкати Сомониён Бухоро ранги Бағдоди дуюмро гирифт, аз ҳар тараф олимон ба ин дарбор рӯ оварданд, донишмандони маҳаллӣ расиданд ва дар шаҳри Бухоро китобҳои нодири дунё ғун гардиданд»[9.-С.86].

  Ҷамъи ин омилҳо боис шуда буданд, ки низоми аморат дар таълимоти ҷадидон ҷойгоҳи устувор касб кунад ва онҳо ба осонӣ аз баҳри он нагузаранд. Дар тамоми иқдомот ва барномаҳои ислоҳхоҳонаи давраҳои аввали фаъолияти ҷадидон ҳама гуна ислоҳот фақат дар чорчӯби низоми амирӣ дар назар гирифта шуда, тағйироти сиёсиву давлатии пешниҳоднамудаи онҳо тағйири вазъияту ҳокимияти худи амирро шомил намегаштанд [20]. «Ҳатто норозиёни созмони «Тарбияи атфол»… фикр намекарданд, ки сохти аморат бояд дигар карда шавад» [3.-С.38]. Муҳаққиқони ин мавзӯъ чун М.Шакурӣ [3.-С.41] ва М.Имомов [9.-С.45-47] низ қайд кардаанд, ки ҷадидон аз ибтидои фаъолияташон нияти сарнагун кардани сохти амириро дар сар надоштанд. 

Яке аз фаъолони шинохтаи ҷадидия Мирзо Муҳиддин чунин мешуморид, ки ислоҳот дар ҷомеаи Бухоро бояд аз ҷониби амир гузаронида шуда, «зери ҳимояти ҷаноби олӣ ва назорати арбоби ҳукумати олӣ» амалӣ гардад [2.-С.99]. Онҳо ба нирӯи амир барои гузаронидани ислоҳот ва ободонии ҷомеа боварии комил дошта, маҳз аз ӯ беҳбудии вазъиятро интизор буданд. А.Фитрат дар «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» ин эътиқоди худро чунин овардааст, ки «як амири одили рӯшанзамир ва як вазири худотарси ботадбир метавонанд ҳамаи ин корҳоро ислоҳ намоянд»[19]. М.Имомов низ қайд кардааст, ки дар фаъолият ва осори пеш аз инқилобии С.Айнӣ «даъват ба сарнагун кардани сохти амирӣ ва бунёди ҷомеаи нав ба назар намерасад» [9.-С.24]. Ба назари ин муҳаққиқ «идеали иҷтимоии Айниву ҳаммаслаконаш дар ибтидо ислоҳи сохти амирӣ ва бунёди ҷомеаи бомаърифате буд, ки дар он шоҳи мусулмону маърифатпарвар ва бо адлу дод сарварӣ мекунад» [9.-С.24].

Дар марҳилаи аввал ҷадидон чунин амири рӯшанзамирро дар симои амирони манғитии Бухоро меҷустанд. Хусусан, дар оғози ба тахт нишастани Саид Олимхон(1911-1920), ки нисбат ба падараш шахси замонавитар буд, ҷадидон аз ӯ ҳимоят намуда, ин воқеаро бисёр мусбат арзёбӣ карданд. Тамоюли амири нав ба ислоҳот аз ҷониби қушбегии аморат Насрулло-бӣ, ки ба қавли С.Айнӣ «беҳтарини маъмурони бузурги аҳди Олимхон буд» ва дар ҳодисаҳои Бухоро дар даҳаи дуввуми асри ХХ нақши бисёр муҳим дошт, дастгирӣ ва ташвиқ мешуд [2.-С.71-72]. Олимхон дар рӯзи ба тахт нишастани худ фармони махсусеро дар бораи ислоҳот содир намуд, ки он асосан масъалаи манъ кардани ришвадиҳии қозиён ба дарбор (тортуқ), кам кардан хироҷ ва баланд бардоштани маоши ходимони давлатӣ ва низомиёнро дар бар мегирифт [1.-С.86]. Гарчӣ дар ин фармон тағйироти низоми сиёсӣ ва ислоҳоти маориф ҷой надоштанд, боз ҳам он аз тарафи ҷадидон истиқболи васеъ ёфт [2.-С.64].

 

Бо омадани Олимхон ҷадидон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамдигарро бо «ҷулуси амири тараққипарвар» табрик мегуфтанд. Ба таври мисол, яке аз бузургони ҷадидия Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим таърихи ба тахт нишастани Амир Олимхон, яъне соли 1329 ҳиҷриро ба ҳисоби абҷад ба назм кашида, онро бо ҷумлаи «тарақӣ миллати ислом ёбад» ифода кард. А.Фитрат бошад, хушию истиқболи худро аз рӯи кор омадани Олимхон бо байте баён намуда, аз Истамбул ба Бухоро фиристод: «Таърихи даври салтанататро мунавварон, Асбоби интибоҳи Бухоро навиштаанд» [2.-С.64]. Ин буд, ки онҳо то муддатҳо шахси амирро аз фасоду ноадолатии ҷомеа орӣ ва пок дониста, чунин ба қалам медоданд, ки ӯ марди одил буда, сабабгори зулму ҷаҳолати Бухоро фақат атрофиёни вай мебошанд [19].

Дар ин давра агар ҷадидон дар масъалае низоми сиёсиро танқид кунанад ҳам, мувофиқи усули «шоҳ хубу атрофиёнаш бад», ба шахси амир намерасиданд. Ин рӯҳия аз ҷумла дар осори ҳамондавраи А.Фитрат ва С.Айнӣ ба хубӣ ба чашм мерасад. А.Фитрат дар ҳамон вақт менависад: «Оре, ҳазрати амири мо одиланд, лекин аксарияти хидматгоронаш номи адолатро намедонанд. Ин аст, ки мамлакати мо то ҳол обод нашудааст ва аминем, ки агар ҳамин ҳолати мо боқӣ бошад, абадан обод нахоҳад шуд» [19]. С.Айнӣ низ ҳатто дар соли 1918 навишта буд: «амир аз ҳеҷ кадоми ин разолатҳои аҳли дарбор хабар надорад, ва илло риққати қалбаш иҷоза намедод, ки дар аҳдаш ҳамин қадар бедод аз аҳли дарбор ба ибодуллоҳ равад» [2.-С.70].

Вале сиёсатҳои ҳукумати амирӣ ин некназарии ҷадидонро нисбати аморат ба тадриҷ шикаста, ба ноумедӣ табдил менамуд. Албатта, ба назари А.Турсон тағйири мавқеи ҷадидон нисбати амир ҳанӯз аз солҳои 1914, яъне аз ҳодисаҳои баста шудани мактабҳои нав ва бадарға шудани баъзе намояндагони ҷадидон оғоз шуда буд [3.-С.42]. Вале ноумедӣ аз шахси амир ҳануз ҷадидияро ба зуддӣ ба инкори худи низоми аморатӣ ҳамчун сохтори ҳокимияти сиёсӣ нарасонд. Баъзе муҳаққиқон қайд кардаанд, ки дар ин давра ҷадидия муқобили аморати Бухоро бошад ҳам, «вале зидди феодализм ба сифати як сохт нест, зеро имкониятҳои онро (бо далел аз гузаштаи он) чун омили нашъунамои илму дин эътироф менамояд»[14.-С.29]. Тавре ки Ҷ.С.Киракосян ишора мекунад, чунин марҳиларо дар поёни асри Х1Х ҷадидони Туркия низ аз сар гузаронида буданд: дар ин давра онҳо «барои сарнагунии султон Абдул Ҳамиди II талош кунанд ҳам, аммо ба низоми султонӣ ҳамчун як институт даст намебардоштанд ва дудмони Усмониро барои ҳамаи туркон муқаддас меҳисобиданд» [10.-С.71]. Мувофиқи нишондоди Н.Ҳотамов, ҳатто пас аз инқилоби февралии Русия дар соли 1917 ҷавонбухориён аз Ҳукумати муваққатии Русия хоҳиш намуда буданд, ки бо ҳифзи низоми амирӣ ва ҳокимияти амир дар таркиби ҳукумати ӯ ислоҳот гузаронида, унсурҳои иртиҷоӣ аз он хориҷ ва баъзе намояндагони ҷадидон ба ҳукумат ворид карда шаванд [17.-С.33].

Вале ин марҳила дар хатти тафаккури ҷадидон асосан бо ҳодисаҳои хунини апрели 1917 ва марти 1918 ба поён расид. Симои муқаддаси амир ва назарияи имкони ислоҳу тараққӣ дар қолаби аморат бо ин ҳодисаҳо куллан шикаста шуда, ҷадидон ба мавқеи мухолифати комил бо амир ва умуман низоми аморатӣ гузаштанд. Таъсири манфии ин ҳодисаҳо бар эътибори шахсии амирро ҳатто намояндаи гумрукии Русия дар Бухоро мушоҳида намуда, дар як гузориши худ чунин сабт кардааст: «ҳамагӣ ним соле пештар… шахсияти амир барои бухориён муқаддас ҳисоб мешуд ва танқиди ӯ бо эҳтиёт ва пӯшида сурат мегирифт. Акнун  ҳамин ки чанд сарт дар бозор ё хонае ҷамъ шаванд, бо калимаҳои қабеҳ дашном додани амир сар мешавад…»[5.-С.38]. Аз ҷумла ба ҳамин ҳодиса марбут будани ин гардиши қатъӣ дар мавқеи худ нисбат ба амиру аморатро худи ҷадидон низ дар матни барномаашон зикр кардаанд [16.-С.32].

Аз ин ба баъд, ҷадидон дар масъалаи сарнагунии амир ва аморат ба яқин расида, асоси ҳамаи ислоҳотро дар ислоҳи низоми ҳокимияти сиёсӣ диданд [2.-С.97]. Аз ҷумла назари С.Айнӣ низ дар ин давра тағйири ҷиддӣ ёфта, ӯ «аз идеяи қаблиаш, ки бидуни аз байн бурдани сохти амирӣ ба он ислоҳот дароварда, ҷомеаро пеш бурдан буд, билкул даст мекашад» [9.-С.72].

Илова бар оштинопазирии амир, инкишофи раванди инқилоб дар Русия ва хусусан, ба марҳилаи октябрии худ расидани инқилоби болшевикии соли 1917 омили дигаре буд, ки ҷадидонро ба андешаи «гузаштан аз баҳри амир ва низоми аморатӣ» наздик намуд. Қисмати асосии ҷадидон, ки дар натиҷаи таъқибҳои ҳукумати Бухоро ба ҳудуди Туркистон фирорӣ шуда буданд, дар он ҷо гурӯҳҳои гуногуни сиёсии худро таъсис дода, барои ҳалли «масъалаи аморат» тадбирҳо меандешиданд. «Дар миёни ҷавонбухориён ҷустуҷӯи самтҳои навини ҳаракат, ки ба воқеиятҳои навин мутобиқ бошанд,  ба таври пайваста идома дошт» [16.-С.86].

Дар ин давра хусусан, пирӯзии ҳокимияти Шӯравӣ дар Туркистон ва барқарор шудани робитаву ҳамкориҳои ҷадидон бо болшевикон дар шаклгирии гароиши фикрии навин дар миёни ҷадидия нақши ҳалкунанда бозид. Таъсири ҷараёну гурӯҳҳои инқилобию сиёсии Русия ба ҷадидони Бухоро дар ин давра пеш аз ҳама дар ташкили ҳизбу гурӯҳҳои сиёсии «типпи русӣ» дар байни онҳо мушоҳида мешавад. Бахше аз ҷадидони Бухоро дар аввал зери таъсири сотсиал-револютсионерҳои рус (эсэрҳо) дар Тошканд ҳизби ҷавонбухориёни сотсиал-инқилобчиро таъсис намуданд. Онҳо изҳор медоштанд, ки бино бар хусусияти иҷтимоӣ доштани аксари мушкилоти Бухоро, барномаи ҳизби эсэрҳо барои шароити Бухоро муносибтар аст. Вале пас аз ихтилофи болшевикон ва эсэрҳо дар Русия ва аз ҷониби ҳукумати Шӯравӣ дар соли 1918 маҳв шудани эсэрҳо, ҳизби ҷавонбухориёни сотсиал-инқилобчӣ низ барҳам хӯрда, 25 сентябри соли 1918 аз ҳисоби аъзои он дар Тошканд Ҳизби коммунистии Бухороро (ҲКБ) таъсис гашт [3.-С.49]. Тибқи навиштаи Ф.Хоҷаев, дар ин марҳила «вазъияти Туркистони Шӯравӣ, фаъолияти муҳоҷирон дар сафҳои артиш, аз курсҳои кӯтоҳмуддат гузаштани аксари ҷавонбухориён ва муҳимтар аз он, афзудани сафи аъзоёни ташкилот аз ҳисоби коргарон ва сарбозони фирории амир, барои ташаккули гурӯҳи коммунистӣ дар дохили ҷавонбухориён заминаи муносиб муҳайё карда буд…» [16.-С.67].

Вале сареҳан ба фирқаи коммунистӣ пайвастанро қисмати зиёде аз ҷадидон дар он давра пазируфта наметавонистанд. Агар аз як тараф, ақидаи онҳо ба дидгоҳҳои коммунистӣ мувофиқат накунад, аз тарафи дигар, бо чунин унвон ворид шудан ба саҳнаи сиёсии Бухороро муносиб намедонистанд. Ин буд, ки таъсиси ҲКБ дар ҳаракати ҷадидон навъе рахна ба вуҷуд овард. Гурӯҳи калони намояндагони бонуфузи ҷадидия аз пайвастан ба ин ҳизб худдорӣ намуда, баъдан дар ҳизби ҷавонбухориёни инқилобӣ ҷамъ омаданд, ки ба он Файзулло Хоҷаев роҳбарӣ мекард [16.-С.133].  Дар ҳамин давра қисми сеюми ҷадидон муддате аз фаъолияти бевоситаи сиёсӣ дур шуданд, ки Мӯсо Саидҷонов, Ҳоҷӣ Ҳамро, Мирзо Изатулло, Абдувоҳид Бурҳонов ва Абдуррауфи Фитрат аз ҷумлаи онҳо мебошанд [16.-С.111].

Тавре ки дида мешавад, дар ин раванд ҷадидон на танҳо аз назари хатти таҳаввули фикрӣ ба марҳилаи дигар мегузаранд, балки аз назари нигоҳ ба оянда ва роҳи интихобкарда, аз ҷумла дар мавриди ояндаи Бухоро ва моҳияту сохтори низоми сиёсии он низ то ҳадде шохабандӣ мешаванд. Акнун дар ин марҳила на танҳо дар мавриди хатти график ё камони таҳаввулоти фикрии ҷадидон, балки дар бораи спектр ё рангинкамони тамоюлҳо ва гурӯҳбандиҳои дохилии ҳаракати ҷадидия низ сухан гуфтан зарур аст. Аз омӯзиши тақсимбандиҳои ҳаракати ҷадидия дар ин замон метавон хулоса гирифт, ки дар даруни ин ҳаракат асосан се бӯҳрон ё се хатти тақсим пеш омада, ҷадидияро пора намуд:

  1. Дар масъалаи ҳизбият, яъне таъсис додан ё надодани созмони сиёсӣ.
  2. Дар масъалаи инқилоб, яъне рӯ овардан ё худдорӣ аз муборизаи мусаллаҳона ва инқилоб.
  3. Дар масъалаи ақида, яъне пазируфтан ё напазируфтани таълимоти коммунистии болшевикон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати Шӯравӣ.

Хулоса, раванди бисёр босуръат ва ғайриинтизори ҳодисаҳо дар ин марҳила ҳаракати ҷадидияро ба ҳолати шитобзадагӣ ва «бӯҳрони мавқеъгирӣ» рӯбарӯ сохта, боиси шохабандии он гардид.

Бо таваҷҷуҳ ба ин бӯҳрон, намояндагони болшевикон дар симои Турккомиссия талош намуданд, ки дар остонаи ишғоли Бухоро ва сарнагунсозии аморат ҳадди аққал ду гурӯҳи асосии ҷадидон, яъне ҲКБ ва ҳизби ҷаврнбухориёни инқилобиро, ки ҳар ду мақсади сарнагунсозии аморатро доштанд, дар як созмон ба ҳам оваранд. Бо ташаббуси Турккомиссия аллакай 10 августи соли 1920 аз ҳисоби ҷадидони ин ду ҳизб ҳукумати ояндаи Бухоро ташкил ёфт, ки дар он вазифаи роҳбарии Кумитаи инқилобии Бухоро ба души Аҳмадҷон Абдусаидов (Ҳамдӣ) ва вазифаи раиси Шӯрои нозирони халқӣ ба уҳдаи роҳбари ҷавонбухориёни инқилобӣ Ф.Хоҷаев гузошта шуда буд. Ҳайати нахустдавлати Бухорои шӯравӣ асосан аз ҳисоби ҷадидон ташкил шуда, ба он А.Абдусаидов М.Аминов, А.Юсупов, Ҳ.Иброҳимов, Ф.Хоҷаев, К.Пулодов, А.Муҳиддинов, М.Саидҷонов, У.Пулодхуҷаев, М.Бурҳонов, Б.Шаҳобуддинов, Н.Хусаинов шомил буданд [17.-С.47-48].  Пас аз ба ҳокимият расидани ҷадидон 11 сентябри соли 1920 таҳти назорати намояндагони Русия Ҳизби ҷавонбухориёни инқилобӣ худро пароканда эълон намуда, ба таркиби ҲКБ, ки  ҳамчун ташкилоти ягонаи сиёсӣ боқӣ мемонд, шомил гашт.

 

Ҳамин тавр, дар тӯли ин таҳаввулоти босуръати солҳои 1917-1920 ва «ҷустуҷӯи доимии самтҳои нави ҳаракат» [16.-С.47]  модели монархия ё аморат ҳамчун сохтори идеалии ҳокимияти сиёсӣ ба тадриҷ аз барномаҳои сиёсии ҷадидон хориҷ шуд. Ҳизбҳои навташкили ҷадидия акнун зарурати вуҷуди низоми аморатиро инкор карда, эҷоди шаклҳои наву муосиртари ҳокимияти сиёсиро дар нақша гирфта буданд. Дар соли 1920 ҳизби ҷавонбухориёни инқилобӣ барномаи навини худро қабул кард, ки он тағйири куллии мавқеи ҷадидон дар масъалаи ҳокимияти сиёсиро ба хубӣ инъикос менамуд.

Аз мулоҳизаи мазмуни бандҳои ин барнома метавон чунин хулоса гирифт, ки дар ин марҳила модели дилхоҳ ва идеалии ҳокимияти сиёсӣ барои ҷадидон низоми ҷумҳурӣ будааст [20]. Онҳо таъсиси низоми ҷумҳурият ва ё ақаллан, таъсиси органҳои халқии назораткунанадаи корҳои давлатӣ дар баъзе кишварҳои мусулмонии Шарқ мисли Туркия, Эрон ва Афғонистонро ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ карда, акнун  сарнагунии сохтори аморатӣ ва таъсиси ҷумҳуриятро ба таври расмӣ дар садри барномаи сиёсии худ қарор додаанд. Ф.Хоҷаев низ қайд мекунад, ки «пас аз инқилоби февралӣ ва намоишу ҳодисаҳои мартӣ дар Бухоро ҷадидон мушаххасан ба платформаи ҷумҳурӣ гузашта буданд» [16.-С.108].

 Низоми ҷумҳурӣ дар таълимоти сиёсии ҷадидон сохторест, ки дар он ҳокимияти сиёсӣ аз тариқи интихоботи умумӣ таъсис мешавад. Ҳаққи интихоботи умумӣ барои шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳуқуқҳоест, ки зарурати таъмин шудани онро ҳизби ҷавонбухориёни инқилобӣ дар барномаи худ сабт ва таъкид намуда буд. Вале бино бар шиддате, ки дар он давра дар муносибати ҷадидон бо амир ва намояндагони низоми ҳокими Бухоро вуҷуд дошт, ҷадидон дар барномаи худ амир, атрофиёни ӯ ва умуман, аксулинқилобиёнро аз ин ҳуқуқ маҳрум донистаанд [16.-С.131].  

 

Ҳокимияти қонунгузор дар ҷумҳурияти ҷадидон аз тариқи Маҷлиси муассисон амалӣ мегардад,[16.-С.185]  вале дар бораи тариқи ташаккул ва вазифаҳои ин маҷлис дар барномаҳои онҳо ҷузъиёти бештаре дида намешавад. Аммо масъалаи ҳокимияти судӣ дар маркази барномаи ҳизб қарор гирифта, дар он боби алоҳидаеро ташкил медиҳад. Ислоҳоти низоми қазоӣ ё қувваи судӣ, ки зарурати он дар аморати Бухоро ҳануз дар таълимоти маорифпарварон ба таври ҷиддӣ пеш гузошта шуда буд, дар андешаи  сиёсии ҷадидон низ ҷойгоҳи муҳим дошт. Зеро ҳокимияти судии Бухоро фосидтарин шохаи ҳокимияти аморат буда, дар тӯли фаъолияти худ ҷадидон пеш аз ҳама бо намояндагони иртиҷоии ин шохаи ҳокимият рӯбарӯ мешуданд. Фасоди ҳокимияти судии аморат ҳатто намояндагони ҳукумати Русияро маҷбур сохта буд, ки аз амир ислоҳоти фаврӣ дар ин соҳаро хостор шаванд [2.-С.92].

Дар қисмати муқаддимавии барномаи ҷавонбухориён фаъолияти ҳокимияти судии аморат шадидан танқид гашта, дар қисмати пешниҳодҳои амалӣ андешаҳои муфассале дар масъалҳои ислоҳоти судӣ оварда шуда аст. Дар он аз ҷумла қайд мешавад, ки «ҳизб талаб мекунад, ки судҳо бояд фақат ба қонун тобеъ буда, аз ҳама гуна дахолати шахсони бегона бар кори онҳо дар амон бошанд. Судҳо қарору ҳукми худро танҳо дар асоси қонунҳое содир менамоянд, ки аз тарафи Маҷлиси Муассисон қабул шуда бошад. Додгоҳҳои ҷиноӣ ба судҳои дараҷаи якум, ки судяҳои онҳоро мардум интихоб мекунад ва додгоҳои дараҷаи дуввум, ки оиди қарорҳои судҳои дараҷаи аввал хулосаи худро медиҳанд, тақсим мешаванд»[16.-С.13].

  Гарчӣ дар таълимоти ҷадидия дар ин давра масъалаи тақсими шохаҳои сегонаи ҳокимият ба таври мушаххас зикр намешавад, аммо ишораи онҳо ба хусусияти мустақили ҳокимияти қонунгузор ва судӣ нишон медиҳад, ки онҳо назарияи тақсими шохаҳои ҳокимиятро пазируфта, бар амалкарди мустақилонаи ҳар шохаи он таъкид доранд.

Марҳилаи ба низоми ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудани ҷадидон ба давраи ба ҷаҳонбинии миллӣ гузаштани онҳо мутобиқ омад ва онҳо дар барномаи худ боби махсусро ба масъалаи миллӣ ҷудо намуда, дар он хусусан, ба зарурати баробарҳуқуқӣ ва ҳамзистии миллияту қавмҳои сокини аморат таъкид намудаанд. Дар ҷумҳурии онҳо миллияти шаҳрвандон ҳамчун яке аз меъёрҳои муҳими иштирок ва намояндагии онҳо дар ҳокимият мебошад ва мувофиқи барномаи ҷадидон, дар ҳукумати мавриди назари онҳо бояд намояндагони тамоми халқҳои сокини аморати Бухоро мувофиқи таносуби шумораашон ширкат медоштанд [16.-С.152].

Мулоҳизоте, ки то ин ҷо оиди назари ҷадидон дар боби ҳокимияти сиёсӣ дар солҳои 1917-1920 гуфта шуд, бештар ба  мавқеи ҳизби ҷавонбухориёни инқилобӣ марбут буданд. Вале барои инъикоси ҳарчӣ дақиқ ва комилтари дидгоҳи ҷадидон дар ин маврид нишон додани мавқеи гурӯҳи дигари ҷадидон, ки дар атрофи ҲКБ ҷамъ омада буданд, низ зарур мебошад, зеро дар масъалаи ҳокимияти сиёсӣ мавқеи ҳизбҳои ҷадидия яксон набуданд. Дар остонаи сарнагунии амир, ки намояндагии ҳукумати Шӯравӣ дар Туркистон барои ваҳдати ду ҳизби ҷадидон кӯшиш менамуд ва ҳизбҳои мазкур мавзеи худро нисбатан мушаххас ба миён гузошта буданд, умумият ва тафовутҳои  дидгоҳи онҳо дар масъалаи ҳокимият низ  рӯшан гашт. 

Нуктаҳое чун барҳам додани сохти аморатӣ, барпо намудани низоми ҷумҳурӣ, ҷорӣ намудани тарзи ҳокимияти шӯравӣ ва ғайра нуктаҳои муштараки мавзеи сиёсии ҳизби коммунистии Бухоро ва ҳизби ҷавонбухориёни инқилобӣ буданд. Албатта ҷавонбухориён ба ҷумҳурияти худ сифати «халқӣ» [16.-С.9] ва гоҳо «халқӣ-демократӣ» [17.-С.56] -ро илова менамуданд ва намояндагони ҲКБ ба сифати «шӯравӣ» таваҷҷуҳи бештар доштанд. Вале дар як қатор масъалаҳои назарӣ ва амалӣ дидгоҳи онҳо комилан мухолиф буд.

Мувофиқи маълумоти Ф.Хоҷаев роҳбарияти ҳизби ҷавронбухориёни инқилобӣ дар остонаи ҳамроҳшавии ҳизбҳо ҳуҷҷати созишиеро омода намуд, ки дар он тамоми тафовутҳои назари ду ҷониб қайд гашта, зарурати кор карда баромадани мавқеи муштарак дар ин масъалаҳо ба миён гузошта шуда буд [16.-С.111]. Гарчӣ матни он ҳуҷҷати муҳим дастрас нашуд, аммо аз мазмуни баҳсу мунозираи ҷадидон дар он давра ва сарчашмаҳои мавҷудаи таърихӣ чунин бармеояд, ки муҳимтарин ихтилофҳои ду шохаи ҷадидия пеш аз ҳама рӯи се масъалаи ҷиддӣ, яъне истиқлолияти сиёсии Бухоро, хусусияти синфии ҳокимияти оянда ва нақши дин дар ҷомеаи навин будааст.

Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин марҳила масъалаи истиқлолияти давлатии Бухоро муҳимтарин нуктаи ихтилофи ҲКБ бо ҳизби ҷавонбухориёни инқилобӣ гашта будааст. Намояндагони ҲКБ, ки бештар зери таъсири болшевикон монда, наздикии бештаре бо Русия эҳсос менамуданд, дар барномаи худ Ҷумҳурии Бухороро ҳамчун «ҷузъи таркибии Туркистон» дар назар гирифта буданд, [17.-С.48] ки он амалан маънои аз даст додани истиқлолияти сиёсии Бухороро дошт. Вале ҷавонбухориёни инқилобӣ истиқлолияти давлатии Бухороро аз мақсадҳои аслии худ қарор дода, барномаи ҳизбии худро бо шиори «Зинда бод Бухорои озод ва мустақил!» хотима дода буданд.

Масъалаи истиқлолият дар андешаи ҷадидон пешинаи тӯлонӣ дошта, онҳо аз аввалин давраҳои ташаккулашон ин мавзӯъро дар шакли мухолифат бо дахолати бегонагон дар корҳои Бухоро пеш гузошта буданд ва ҳануз дар соли 1908 масъалаи озод намудани Бухоро аз дахолати хориҷиён яке аз чор ҳадафи аслии ҷадидон будааст [16.-С.21].  С.Айнӣ низ сиёсати хориҷии ҷадидонро истиқлолиятхоҳӣ «бар зидди тамоми ҷаҳонгирони олам» муаррифӣ кардааст [1.-С.229]. Дар барномаи соли 1920 бошад, ҷавонбухориён тобеи мустамликадорони аврупоӣ шудани кишварҳои Шарқ, ба муқобили империалистони Рус ҳеҷ чора наандешидани амирону бекони Бухоро, сарфаҳм нарафтани онҳо ба моҳияти ин муборизаҳо ва ҳатто дар замони аз тарафи русҳо ишғол шудани кишварҳояшон қатъ нагаштани ҷангҳои маҳаллии байнихудии хонигариҳои Осиёи Марказиро навъе мусоидат ба мустамликадорони Русияи подшоҳӣ номида, шадидан маҳкум кардаанд [16.-С.167].

Аз ин рӯ, онҳо фурсатро муносиб дониста, баробари сарнагунии амир бо қарори махсуси Кумитаи инқилобии умумибухороӣ Бухороро ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ эълон карданд. Мухтор ё соҳибистиқлол эълон шудани Бухоро боло гирифтан ё ғалаба кардани мавқеи ҷавонбухориёни инқилобӣ дар ин масъала буд [17.-С.48].  Илова бар ин, бо кӯшиши онҳо 6-8 октябри 1920 аввалин Қурултойи умумибухороӣ баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро чун давлати мустақил ба расмият шинохта ва расман эълон карда шуд. Дар ҳамин иҷлосия истиқлолияти Бухоро аз тарафи намояндаи Русия низ эътироф гашт.

Дар солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ ҷадидон ҳануз бовар доштанд, ки  метавонанд дар масъалаҳои сиёсӣ мустақилона рафтор кунанд. Дар ҳамин давра С.Айнӣ бо як боварӣ навишта буд: «Мо имрӯз метавонем дар боби сиёсати хориҷӣ фикри худро иҷро кунем. Кадом сиёсатеро, ки дар ҳаққи умуми мусулмонони дунё ва аҳолии машриқзамин нофеъ медонем, ба ҳамон ҳаракат кардан аз ҳукумат талаб намоем» [9.-С.31]. Аммо, онҳо ба зуддӣ дарк намуданд, ки истиқлолияти онҳо мафҳуми нисбӣ дошта, ҳукумати Русияи Шуравӣ Бухороро ҳаргиз раҳо карданӣ нест.

 Сиёсатҳои давлати Шӯравӣ дар ин давра бо сиёсати ҷавонбухориён дар бораи истиқлолияти давлатии Бухоро мувофиқат намекарданд ва кӯшиши  пурра ба даст гирифтани идораи корҳо аз тарафи намояндагони ҳукумати Русия дар Бухоро бо суръат идома меёфт. Ҳамин тавр, ҷадидон ночор дар сиёсати расмии худ аз масъалаи истиқлолият дур шуданд ва ҳатто Ф.Хоҷаев баъдтар он ҳамфикрони собиқи худро, ки «аз инқилоб сабақ нагирифта», аз фикри истиқлолият барнагашта, дар натиҷа «аз ҳаёт берун монданд», мазаммат намуда, мегӯяд: «Онҳо ҳануз ҳам орзуи барпоии давлатҳои мустақил, конститутсионӣ ва шояд ғайрисоветиеро дар сар мепарваранд, ки ҳудуди он ба ҳудудҳои Бухоро, Хива ва Туркистон рост ояд» [16.-С.62].

Дар масъалаи моҳияти синфию табақотии ҳокимият низ ихтилофи назари ҲКБ ва ҷавонбухориёни инқилобӣ амиқ буд. Ҷадидони ҳизби коммунистии Бухоро бо таъсири назарияҳои марксистӣ дар бораи моҳияти табақотӣ доштани ҳукумати сиёсӣ, изҳор медоштанд, ки дар раванди инқилоб ва дар идораи ҷомеа ширкат доштани табақаҳои буржуазия ва рӯҳониёни исломӣ мувофиқи мақсад нест. Ҷавонбухориёни инқилобӣ бошанд, ин масъаларо басе муҳим ҳисобида, ба иштироки қишрҳои зикршуда дар ҳаёти ҷомеа ва идораи давлат назари мусбат доштанд. Ба назар мерасад, ки ҷонибдории ҷавонбухориён аз иштироки тамоми қувваҳо дар инқилоб ва ҳукумати оянда пеш аз ҳама ба ду омил вобаста буд:

Аввалан, дар назарияи аслии ҷадидия таълимоти синфӣ дар шакли марксистии он дида намешавад. М.Раҷабӣ бо далелҳои гуногун нишон додааст, ки бо вуҷуди дар адабиёти илмии шӯравӣ ҳамчун «намояндаи синфи буржуазия» маъруф шудани ҷадидон, ҳаракати онҳо дар асл моҳияти синфӣ надоштааст. Дар таълимоти ҷадидия бартариву нуқсони ҳамаи табақоти ҷамъият таҳлилу танқид шуда, барои ҳар қишри ҷомеа дар таҳаввули он нақши муҳим пешбинӣ мешавад [14.-С.43-64].  С.Айнӣ низ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» боби ҷудогонаеро таҳти унвони «Назаре ба ҷавонбухориён аз ҷиҳати синфият ва миллият» ба ин масъала бахшида, нишон додааст, ки ҷадидия хусусияти хоси табақотӣ надошт. Гарчӣ ӯ дар оғоз ҷадидонро «ба эътибори аксарият мансуб ба синфи камбағал (ва) соҳибони касбу корҳои гуногун» меномад, вале дар поинтар мушаххасан нишон медиҳад, ки «дар байни ҷавонони Бухоро мулло ва муллозодагон шумораи муҳимеро ташкил медоданд.» Тибқи рақамҳое, ки С.Айнӣ дар ин маврид меоварад, дидан мумкин аст, ки то 50% фаъолони ҷадидия аз ҷумлаи рӯҳониёни динӣ будаанд [1.-С.232].

Сониян, ҷавонбухориёни инқилобӣ дар роҳи сарнагунии амир истифодаи тамоми имконот ва қувваҳои мавҷударо зарур дониста, ба масъалаи иштироки намояндагони қишрҳои гуногун дар инқилоб аз ҳамин назар менигаристанд. Роҳбари онҳо Ф.Хоҷаев дар посух ба талаботи ҷадидони ҲКБ чунин шарҳ медиҳад, ки пеш гузоштани назарияи синфӣ дар ин марҳила бисёре аз қувваҳоеро, ки дар сарнагунии амир нақши муҳим бозида метавонад, аз раванди инқилоб дур мекунад [16.-С.66].  

Дар масъалаи нақши дин дар ҷомеъа низ ҷавонбухориёни инқилобӣ назари аввалияи ҳаракати ҷадидияро пайгирӣ карда, ба он аҳамияти ҷиддӣ қоил буданд. Онҳо ба дин аз назари ислоҳгароёни динӣ нигариста, байни худи таълимоти дин ва аъмоли номуносиби баъзе аз ходимони динии аморати Бухоро тафовут мегузоштанд [14.-С.45]. Аз сӯи дигар, бо дар назар гирифтани фарҳанг ва рӯҳия ҷомеаи Бухоро ба аҳамияти масъалаи дин дар таҳкими ҳокимияти навин бо чашми воқеъбинона менигаристанд. Аз ин рӯ, дар оғози барномаи ҳизбии худ сабт намуданд, ки «дин ва шариат ҳамеша мухолифи истисмори мардуми бечора мебошад» [16.-С.43].  Вале дар ҷаласаи ҳамроҳшавии ҳизбҳо ин нуктаи барномаи ҷавонбухориёни инқилобӣ аз ҷониби ҲКБ «мухолифи ақидаҳои коммунизм ва монеаи бартарафнашаванда дар роҳи иттиҳоди ин ду гурӯҳ» номида шуд [16.-С.42].

Чунин таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба дин ва истифодаи он дар бедории миллӣ ба аксари ҳаракатҳои ислоҳии кишварҳои мусулмонӣ мисли Туркия, Эрон, Афғонистон ва ғайра низ хос будааст [13.-С.35].  Ҷадидони Бухоро низ талош намудаанд, то мавқеъҳои худ, аз ҷумла мавзеъҳои сиёсиашонро бевосита аз таълимот ва усулҳои исломӣ асоснок намоянд [14.-С.27].   Бо вуҷуди он, ки баъдан масъали истифодаи табақаҳои гуногун, аз ҷумла буржуазия дар инқилоб ва эътирофи нақши дин дар ҷомеаро ҷавонбухориён масъалаҳои тактикӣ ва барои ҳамон вақт зарур номида, [16.-С.132] дар ин мавзӯъҳо худро «ислоҳ» карданӣ шудаанд, вале масъалаи истиқлоли сиёсии Бухоро барояшон ҳамчун масъалаи стратегӣ боқӣ монда буд. Талошҳое, ки ҷадидон минбаъд низ дар ин самт доштанд, ниҳоят яке аз сабабҳои қурбонӣ шудани ҷиноҳи рости ҷадидия ва умуман, тамоми ин ҳаракат гардид.

Марҳилаи ниҳоии фаъолияти ҷадидон ба ду даҳсолаи аввали замони шӯравӣ рост омад. Дар ин давра бино бар маҷбурияти таърихӣ ва баъзе мулоҳизаҳои тактикӣ ҷадидон дар барқарории ҳокимияти Шӯравӣ ба таври фаъол иштирок карда, «оҳиста-оҳиста ба корҳои идораҳои шӯроӣ мудохила намуданд» [8.-С.42]. Дар ин марҳила дар масъалаи ҳокимияти сиёсӣ дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ акнун ба ҷои усулҳои шариат ва миллияти ҷадидон усули марксистии синфияти ҳокимияти сиёсӣ ва ба ҷои моделҳои аморату ҷумҳурияти онҳо модели болшевикии низоми давлатии якҳизбӣ пурра ҳоким гашта буд. Вале, аз он ҷо, ки ин назария ва таълимот дар минтақа аз берун ва ба тариқи маҷбурӣ пирӯз ва ҷорӣ гашта буд, расидан ба усули синфияти марксистӣ ва модели якҳизбии болшевикиро марҳилаи навбатии таҳаввули дарунии афкорӣ ҷадидия донистан мушкил аст. Дар ниҳоят бо ин назарияи сиёсӣ ва бо ин модели давлатдорӣ мутобиқ нагаштан ва аз тарафи ҳукумати шӯравӣ радд шудани ҷадидия низ ба ҳамин воқеият ишорат дорад.     

Аз миёнаи солҳои 20-ум дар як низоми сиёсӣ нағунҷидани ғояҳои болшевикон ва ҷадидон ошкоро гашта, дар оғози солҳои сиюм ҷадидия аллакай ҳамчун нирӯи иртиҷоӣ ва мухолифи низоми шӯравӣ муаррифӣ мешуд ва ҷадид будан ҳамчун ҷурм ва хатои сиёсӣ маҳкум гашта буд. Ҳамин тавр, бо вуҷуди хизмати бузургашон дар бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ, [7.-С.107] то нимаи дуюми солҳои 30-юми асри ХХ аксари чеҳраҳои шинохтаи ҷадидон ва хусусан, пешвоёни онҳо, ки дар вазифаҳои роҳбарии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон қарор доштанд, ба таври ҷамъӣ боздошт ва нобуд карда шуданд [14.-С.80].  Бо пирӯзии назарияи синфияту ҳизбияти марксистӣ, барпоии сохти сотсиалистӣ ва парвариши насли коммунистони маҳаллӣ, барои ҳукумати Шӯравӣ ҷадидия нақши таърихии худро иҷро намуда, дар ин низом ба таълимоту андешаю моделҳои сиёсии онҳо ҷойгоҳ ва зарурате набуд.

                                                         *******

Бо омӯзиши таълимоти ҷадидони Бухоро дар баъзе масъалаҳои ҳокимияти сиёсӣ ва моҳияту хусусиятҳои он метавон хулосаҳои зеринро ироа намуд: 

  • дастрас набудани бештари осори илмию сиёсии ҷадидон ва ҳамчунин, дар адабиёти мавҷудаи илмӣ ҷой доштани хулосаҳои мухталифу мутазодд оиди моҳияту фаъолияти ҷадидия, омӯзиш ва муаррифии дидгоҳҳои воқеии ҷадидон дар масъалаи ҳокимияти сиёсиро низ то ҷое мушкил гардонидааст;

  • дар масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои фалсафию ақидатии ҳокимияти сиёсӣ ҷадидон асосан таълимоти маорифпарваронро  идома дода, дар осори худ ба баррасии масъалаҳои назариявие чун сарчашмаи қудрати сиёсӣ, моҳияти ҳокимият, таснифи навъҳои ҳокимият ва ғайра ба таври алоҳида ва муфассал напардохтаанд;

  • дар масъалаи сарчашмаи ташкилдиҳанда ва моҳияти идеологии ҳокимияти сиёсӣ ҷадидон дар марҳилаҳои аввал бар пайванди ҳокимият бо адолат ва шариати исломӣ таъкиди асосӣ доштаанд, вале дар марҳилаҳои баъдии фаъолияташон, хусусан, дар солҳои бистум, асосан ба назарияи ташкили давлат ва ҳокимияти сиёсӣ бар асоси миллат гузаштаанд;

  • таълимот ва фаъолияти сиёсии ҷадидия ҷанбаҳои сохторӣ, коркардӣ (функсионалӣ) ва амалии қудрати сиёсиро ба таври васеъ фаро гирифта, бо сатҳи баланди амалгароии худ дар таърихи афкори сиёсии тоҷикон марҳилаи хосеро ташкил медиҳад; ин ҳаракат аввалин бор мафҳуму падидаҳои муҳими сиёсӣ ҳамчун маҳфили сиёсӣ (кружок), ҳизби сиёсӣ, барномаи ҳизбӣ, ҳаракати созмонӣ, таблиғоти сиёсӣ, нашрияҳои ҳизбӣ, нақди сиёсӣ, намоиши (митинги) сиёсӣ, инқилоби сиёсӣ ва ғайраро истифода ва роиҷ намуда, таърихи афкору фаъолияти сиёсии тоҷиконро ба марҳилаи навини муосир ворид намудааст;

  • дар марҳилаҳои аввали фаъолияташон модели матлуб ё идеалии ҳокимияти сиёсӣ дар таълимоти ҷадидон низоми монархии аморатӣ буда, тамоми барномаҳои ислоҳоти фарҳангию сиёсию идории онҳо дар чорчӯби аморат ва бо назардошти ҳифзи ин сохтор тарҳрезӣ шудаанд;

  • дар давраҳои баъдии фаъолияташон, пас боварӣ ба ислоҳнопазирии ҳукумати аморатии Бухоро ва хусусан, пас аз саркубии ҷадидия аз сӯи амир, онҳо дар мавқеи мухолифати комил бо амир ва модели монархӣ қарор гирифта, асосан ба мавқеъ ё платформаи ҷумҳурӣ гузаштанд.

  • дар низоми ҷумҳурии пешниҳоднамудаи ҷадидон шохаҳои ҳокимияти давлатӣ хусусияти мустақил дошта, дорои ихтиёроти васеъ мебошанд: дар ҷумҳурии онҳо роҳбарияти иҷроияи кишвар аз тарафи Шӯро интихоб шуда, ҳокимияти қонунгузор аз тариқи Маҷлиси муассисон ва ҳокимияти судӣ аз тарафи судҳои интихобӣ амалӣ мешавад; хусусан, интихобӣ будани судяҳои дараҷаи якум дар таълимоти ҷадидон нишондиҳандаи дидгоҳҳои пешқадами онҳо дар ин масъала мебошад.

  • гарчӣ дар марҳилаҳои охири фаъолияташон бахши муҳиме аз ҷадидон зери таъсири пантуркизм қарор гирифта, хусусан, дар давраи тақсимоти милливу маъмурии солҳои бистум ба сарнавишти таърихии миллати тоҷик зарбаи сахт ворид карданд, дар айни замон, мубориза барои ҳифзи ҳуввияту ҳастии тоҷикон ва таъсиси давлати миллии тоҷикӣ дар ҳамин давра низ аз тарафи намояндагони огоҳи ҷадидия пеш бурда шуда, назарияи навини тоҷикон ҳамчун миллати муосир тарҳрезӣ ва давлатдории миллии тоҷикон бори дигар эҳё гашт;

  • барои шинохту муаррифии дурусти дидгоҳҳои ҳаракати ҷадидия бояд моҳияти динамикӣ ё таҳаввулёбандаи таълимоти онҳо дар назар гирифта шуда, назари онҳо ба масъалаи ҳокимияти сиёсӣ дар ҳар марҳилаи мушаххаси рушди ин ҳаракат ба таври ҷудогона омӯхта шавад: аз ин рӯ, барои ифодаи моҳияти динамикӣ ва таҳаввулёбандаи дидгоҳҳои онҳо истифодаи мафҳуми график ё камони таҳаввули фикрии ҷадидон ва барои ифодаи гуногунии ҳамзамони мавқеъ ва дидгоҳҳои шохаҳои мухталифи ин ҳаракат истифодаи мафҳуми спектр ё рангинкамони афкори сиёсии ҷадидон муносибтар мебошад.  

Адабиёти истифодашуда:

  1. Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. // Мураттиб Р.Ҳошим.- Душанбе: Адиб, 1987.- 240 с.
  2. Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.- Теҳрон: Суруш, 1381 ҳ.ш.-226 саҳ. (ба алифбои форсӣ)
  3. Аюбзод С. Тоҷикон дар қарни бистум: 100 ранги 100 сол.- Прага: Пост Скриптум Имприматур, 2002.- 350 с.
  4. Гасратян М.А., Орешкова, С.Ф., Петросян, Ю.А. Очерки истории Турции.-  Москва: Наука, 1983.- 392 с.
  5. Гафаров Н. История культурно-просветительской деятельности джадидов в Бухарском эмирате.- Худжанд: Государственное издательство имени Рахим Джалил, 2000.- 176 с.
  6. Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна.- Душанбе: Ирфон, 1998.- 917 с.
  7. Зокиров Г. Сиёсатшиносӣ.-  Душанбе: Матбуот, 2003.- 616 с. 
  8. Ибни Қурбон Фавоҳиш ва раҳоиш.- Душанбе: Эр-граф, 2003.- 200 с.
  9. Имомов М. Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ.- Душанбе: Матбуот, 2001.- 119 с.
  10. Киракосян Д. Младотурки перед судом истории.-Ереван: Айастан, 1989.- 496 с.
  11. Масов Р. История топорного разделения.- Душанбе: Дониш, 1990.- 190 с.
  12. Проблемы укрепления национальной независимости республики Таджикистан.-  Душанбе: Дониш, 2006.- 255 с.
  13. Просветительство в литературах Востока. Сборник статей.- Москва: Наука, 1973.- 317 с.
  14. Раҷабӣ  М. Ислом: ҷадидия ва инқилоб.- Душанбе:  Дониш, 1997.- 242 с.
  15. Хаким, А. Модели политического управления в учениях таджикских просветителей и их значение в условиях государственной независимости Республики Таджикистан. // Проблемы укрепления национальной независимости Республики Таджикистан.- Душанбе: Дониш, 2006.- С.232-251
  16. Ходжаев Ф. К истории революции в Бухаре и национального размежевания Средней Азии. Часть первая. // Избранные труды в трех томах. Т. 1.- Ташкент: Фан, 1970
  17. Хотамов Н. Бухарские Джадиды и основные этапы их деятельности.- Душанбе: АН РТ, 2000.- 56 с.
  18. Ҳотамов, Н. Инъикоси револютсияи халқии советии Бухоро дар асарҳои Садриддин Айнӣ. Душанбе: Дониш, 1980.
  19. Маҷаллаи «Садои Шарқ», №6, 1988
  20. Журнал «Центральная Азия и Кавказ»,  №1,  1998
  21. Газетаи муаллимон, 26 ноябри  соли 1988

Total Views: 769 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.