ЧАРО ИН ҚАЗОҚИСТОН ДИГАР ОН ҚАЗОҚИСТОН НЕСТ?

ЧАРО ИН ҚАЗОҚИСТОН ДИГАР ОН ҚАЗОҚИСТОН НЕСТ?

 

15 ТЕЗИС ДАР БОБИ ПАЙОМАДҲОИ АМИҚИ
ДОХИЛӢ ВА МИНТАҚАВИИ ҲОДИСАҲОИ АХИРИ ИН КИШВАР

Дар даҳ рӯзи охир ҳамарӯза чанд занг мерасад, ки дар бораи ҳодисаҳои Қазоқистон назар гӯям ва дар ҳар мулоқот низ ин тақозо садо медиҳад. Зоҳиран, дӯстон бо шоиршавии банда созиш карданӣ нестанд ва ҳамоно аз равандҳои сиёсӣ мепурсанд. Гарчӣ фазои иттилоотию маҷозии мо ҳоло барои гуфтану шунидани фикри солим ҳеҷ муносиб нест, аммо бе навиштани таҳлилу мақола, чанд тезиси худро дар ин мавзӯъ мустақиман ба миён мегузорам.

Дар бораи сабабу омилҳо ва раванду рӯзшумории ин ҳодисаҳо бисёр гуфтаву навишта шудааст, ки такрори он шоиста намебуд. Аз ин рӯ, маводи зерин назаре ба пайомадҳои дохилӣ ва берунии ин буҳрон буда, нишондиҳандаҳои асосии марҳилаи пас аз буҳрониро барои ин кишвар ва ин минтақа арзёбӣ мекунад. Бо таъкид ба ин, ки Қазоқистони нав ва минтақаи навин чи гуна хоҳад буд ва сабақҳои он барои дигарон чист?

                                                               ***

1.Тағйироти муҳимтарине, ки пас аз буҳрони ахир ва маҷмуаи пайомадҳои он барои Қазоқистон пеш омад ё меояд, то ҳадди муайяне осеб дидани истиқлоли давлатӣ ва сиёсии ин кишвар аст, ки дар оянда ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷиро фаро мегирад. Зеро новобаста аз омилу ҳолатҳо ва далелу заруратҳо, худи маълум гаштани осебпазирӣ, зери савол рафтани худкифоии амниятӣ, ба нерӯҳои даъватӣ вобаста гаштани “ба эътидол овардани вазъият” ва пайванди пойдории ҳукумат ба омили берунӣ ва ғ. пайомадҳои муҳимме дар самти самтгириҳои хориҷии сиёсию амниятию иқтисодии ин кишвар хоҳанд дошт. Хоса дар шароити инак набудани роҳбарияти мустақиллу бонуфӯзи сатҳи милливу минтақавӣ ин ҳолат боз ҳам амиқтар мегардад, зеро бо вуҷуди зуҳури хеле қудратманду ҷасуронаи ахираш, президент Қ.Тоқаев на ба шахсияту на ба салоҳият ва на ба вазну на ба миқёс дар сатҳу нақши Назарбоев буда наметавонад.

 

Албатта, ин тағйири вазъу вазн барои мавҷудияти давлатдории Қазоқистон ҳоло то сатҳи ҳаётӣ хатарнок нест, аммо дар ояндаи наздик дар муқоиса ба даврони то буҳрон, қобили мушоҳида ва эҳсос хоҳад буд.

Ин ҳолат нишон медиҳад, ки дар шароити феълӣ камтарин буҳрону бесуботӣ ва талоши барҳам задани амният дар кишварҳои осебпазир чӣ пайомадҳои дуру амиқе барои сарнавишти онҳо доранд, ки шарҳи он дар бандҳои дигар омадааст.   

2.Дар пайи ин буҳрон ҷойгоҳи амалии Қазоқистон дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ низ зарбаи ҷиддӣ дида, на танҳо озодиҳои тасмимгирӣ, балки таъсиру нуфӯзи баланди ин кишвар бар низоми минтақавӣ сиёсию иқтисодию амниятии низ хеле камранг мегардад. Аввалан он аз мақоми як “қудрати минтақавӣ” поин омада, сониян сиёсати “дарҳои боз”, ки доктринаи марказии сиёсати хориҷии Қазоқистон аст, акнун ногузир то ҷое “баста” шуда, самтгириҳои сиёсӣ ва геополитикии ин кишвар то ҷое “такмил” меёбанд. Қазоқистон, ки бо такя ба зарфиятҳои азими сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳудудии худ ва бо доштани роҳбари муътадили бонуфӯзу пуртаҷриба дар муносибатҳои хориҷии худ таъодули робитаҳо байни тамоми қутбҳову самтҳоро беҳтар аз ҳар кишвари дигари минтақа нигоҳ дошта, хусусан бо Русия, Чин, Ғарб ва Шарқ муносибатҳои ҳамзамон хуб пеш мебурд, инак ба ҳифзи амалии ин тавозун ё баланс чун пешина қодир нахоҳад буд. Дар марҳилаи нав куллиёти рафтори хориҷии он бо Русия ва шарикони пасошӯравии он ҳамоҳангтар шуда, муносибаташ бо кишвару созмонҳои ғарбӣ то ҷое коҳиши сифатию миқдорӣ хоҳад ёфт.

Дар сатҳи минтақа низ ҳам ҷойгоҳи маънавию психологӣ ва ҳам сатҳи таъсиргузории амалии ин кишвар ҳамчун “лидери минтақавӣ” ва “пайвандгари минтақа” амалан камранг гашта, шояд ба ҷойи он нақши Ӯзбекистон ва роҳбарияти он дар минтақа фаъолтар шавад. Умуман, вазъияти нави ин кишвар акнун имкони идомаи татбиқи озодонаи “сиёсати бисёрсамтӣ” ва “дарҳои боз”-ро чун пештар намедиҳад. 

3.Аз назари сиёсию маънавӣ низ, бо рух додани буҳрон ба обурӯю эътибор ё имеҷи Қазоқистон ҳамчун давлати бузург, қавӣ, босубот, амн, мустақил, фаъол, соҳибташаббус, “қалби Авросиё”, “пайвандгари Шарқу Ғарб”, “саҳнаи муколимаи адёну эътиқодҳо”, “татбиқкунандаи модели муваффақи мудирият” ва низ, ҳамчун ҷомеаи нарм, бофарҳанг, таҳаммулпазир, воҳид, “кишвари ҳамзистиҳо” ва ғ., ки дар тӯли даҳсолаҳо бо заҳмату сармоягузориҳои бисёр зиёди роҳбарияти он шакл гирифта буд, ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ зарбаи ҷиддӣ ворид гашт. Инак дар солҳои наздик бо ин сифатҳои баланду эҳтиромбарангез ёдоварӣ кардани ин кишвар ё барқарории ин имеҷи бисёр мусбати он чандон осон нахоҳад буд.

4.Пас аз ин ҳодисаҳо ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷии Қазоқистон хатту рӯҳияи миллигароӣ ба тадриҷ паст шуда, хусусан “савтҳои туркӣ” дар он то муддати зиёде камранг хоҳанд шуд. Он зарфияту истиқлоле, ки Назарбоев барои пешбурди назария ва амалияи таъсиси давлати миллии қазоқҳо ва низ иҷрои нақши калидӣ дар ҳаракати ҳамгароии кишварҳои туркзабони ҷаҳон дошт ва он истиқлоле, ки дар замони ӯ барои фаъолият дар самти татбиқи нақшаҳои пантуркистии “Турони бузург”-у “Шӯрои давлатҳои туркзабон” мавҷуд буд, акнун дар он сатҳ идома ёфта наметавонанд.

Шароити нав татбиқи унсурҳои дигари миллигароии қазоқию ҳамгароии туркӣ, аз ҷумла ҳатмияти корбурди забони қазоқӣ, тангсозии ҷойгоҳи унсурҳои русӣ, гузариш ба алифбои лотинӣ ва ғайраро низ дар ин кишвар кунд хоҳад кард. Умуман, акнун бинобар омилҳои дохиливу хориҷӣ нақши Қазоқистон дар ҳаракати ҷаҳонии туркгароӣ коҳиш ёфта, худи ин ҳаракати тавсеаталаб низ латмаи бисёр ҷиддӣ дид. Ин таҳаввул на танҳо маънои фарҳангию тамаддунӣ, балки пайомадҳои дуру ҷиддии сиёсию геополитикӣ низ дорад. Аз ин рӯ, аз диди хунсардонаи тавозунҳои тамаддунию геополитикӣ, дар натиҷа дар ин вазъият қарор гирифтани як ҳалқаи занҷири туркгароии байналмилалӣ барои манфиатҳои Русия ва баъзе кишварҳои ғайритурки минтақа таҳаввули манфӣ шуморида намешавад.

 

5.Дар вазъияти нав худи ягонагии ҳудудии Қазоқистон нисбатан осебпазиртар ва масъалаи ҳифзи он ҳассостар мегардад. Дар натиҷаи як шанси беназири таърихӣ, ҳоло қазоқҳо соҳиби сарзамини паҳноваре буда, кишварашон аз назари ҳудудӣ ҳаштумин давлати бузурги ҷаҳон ба шумор меояд. Аммо дар қалби Авросиё идораву нигаҳдории чунин сарзамини бекарон ва чунин сарватҳои азим бе доштани давлати қавии мутамаркиз, сиёсати хориҷии муътадил ва роҳбарияти тавонманди мустақил бисёр мушкил хоҳад буд.

Аз ин рӯ, агар дар ин кишвар миллигароёни эҳсосию ифротӣ ё доираҳои хоми сиёсӣ ба қудрат оянд (ё агар дар пайи ин буҳрон меомаданд), масъалаи ягонагии ҳудудии Қазоқистон ба суръати баланд рӯзмара мегашт. Муносибат бо Украина нишон дод, ки ҳамсояи бузурги Қазоқистон бо ин гуна тағйири самтгирӣ дар тӯли марзҳои худ созиш карда наметавонад ва аз ин рӯ, Қазоқистон низ дар оянда иҷозати чунин гардишро нахоҳад дошт. Ин масъала барои давлат ва амнияти миллии Русия дар ҳақиқат аҳаммияти ҳаётӣ дорад ва тафсири ибораҳои “Казахстан не отдадим!” ва “Мы не допустим…” низ ҳамин аст.

Дар зимн, баҳси “ҳақиқати таърихӣ”-и сарзаминҳои шимоли Қазоқистон ҳоло аз “доираҳои илмӣ” ба доираҳои калони миллигарои сиёсӣ расидааст, ки баҳси чанд вакили порлумон дар соли гузашта ва изҳороти ахири В.Жириновский намунаи он аст. Н.Назарбоев маҳз бо пешбинии дурандешонаи ин эҳтимол, дар як иқдоми бесобиқа ва бо харҷи миллиардҳо доллар пойтахти кишварро ба саҳроҳои сарди шимол интиқол дода буд, аммо имрӯз дигар он “девори Бухоро” нест ва ин тадбири ҳакимонаи ӯ аз сӯи баъзе миллигароёни ҳамсоя бо савол рӯбарӯст.

6.Омили дигаре, ки инак ба ояндаи Қазоқистон ҳамчун “кишвари ба суръат рушдкунанда” таъсири бисёр манфӣ мегузорад, коҳиши эътимоди умумии минтақавӣ ва байналмилалӣ ба вазъияту дурнамои рушду суботи ин кишвар хоҳад буд. Дар натиҷаи ин эҳсос, кишвар бо пайомадҳои манфие чун коҳиши ҷиддии сармоягузории хориҷӣ, фирори тадриҷии сармояҳо, хусусан, сармояҳои ғарбӣ, фирори истеъдоду мағзҳо дар аксари соҳаҳо, аз ҷумла соҳибкорӣ, саноату технология, маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коҳиши туризми хориҷӣ ва ғайра рӯбарӯ мегардад, ки ин ҳолатҳо дар умум, боиси рукуд ё таназзули ин соҳаҳо мешаванд. Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон дар масъалаҳои ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, рушди сайёҳӣ, омодасозӣ ва ҳифзи кадрҳои муосир, модернизатсияи низоми идорӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, банкӣ, коммуникатсионӣ ва ғайра дар фазои ИДМ дорои нишондиҳандаҳои беҳтарин буд.

Илова бар ин, озодии сиёсати иқтисодии хориҷии Қазоқистон низ эҳтимолан то ҷое халал ёфта, болои самтгирии содироти умдаи нафту газу металҳои рангаву арзишманди он фишорҳои нав пеш меояд. Ин ҳолат ҳам истиқлоли тасмимгирии иқтисодӣ ва сиёсии ин кишварро зери таъсири муайян мегузорад.

7.Дар натиҷаи ин буҳрон ва сабақҳои баргирифта аз он, вазъияти сиёсӣ ва сиёсати дохилии Қазоқистон ба таври эҳсосшаванда тағйир ёфта, пеш аз ҳама, сатҳи озодиҳои умумӣ, аз ҷумла озодиҳои сиёсӣ, динию эътиқодӣ, шаҳрвандӣ, озодии андеша, баён, ҳамоиш, расонаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра дар ин кишвар нисбат ба ҳолати тобуҳронӣ поинтар хоҳад рафт. Дар шароити нави “мубориза бо терроризм” ҳам зарурати барқарории дубораи назми устувор(1), ҳам зарурати ҳифзи манфиатҳои калони миллӣ(2), ҳам зарурати пешгирии таҳдидҳои воқеӣ(3), ҳам фишору ишоратҳои берунӣ(4) ва ҳам захми равоние, ки низоми ҳоким аз ин буҳрон бардоштааст(5), маҳз танзими ногузир ва қатъии ин самтҳо аз сӯи ҳукуматро талаб мекунанд.

Бо вуҷуди нақдҳои сирфан сиёсии мухолифонаш, ба истиснои Қирғизистони тоҷабборовӣ, Қазоқистон аз рӯи ин нишондиҳандаҳо озодтарин ва либералитарин кишвари Осиёи Марказӣ ва яке аз пештозҳо дар фазои пасошӯравӣ буд, ки инак чунин нахоҳад буд. Ҳоло ин кишвар ногузир вориди як давраи пасобуҳронии боздоштҳо, муҳокимаҳо, ҳукмҳо, поккориҳо, бастанҳо, мамнуъиятҳо, маҳдудиятҳо, ёдбудҳо, тафсирҳо, тафтишҳо, ошкорсозиҳо, таблиғотҳо ва ташвиқотҳои шадиде хоҳад шуд, ки дар маҷмуъ муддате тӯл кашида, ба воқеияти нав шакл, мазмун ва машруият мебахшанд. Супоришҳои расмӣ дар бораи бозсозии куллии сохторҳои қудратӣ ва эълонҳои расмӣ дар бораи кушта шудани даҳҳо кас ва боздошти беш аз 10 000 нафар дар рӯзҳои охир оғози чунин марҳиларо рақам мезанад…

Ин ҳолати ногузиру ногувор низ на хостаи маҳзи давлати Қазоқистон, балки пайомади табиӣ ва ногузири чунин таҳоҷуму буҳронҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҷо низ зарбаи ҷиддии чунин буҳрону нооромиҳо ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти як ҷомеаи осуда ба таври рӯшан дида мешаванд, ки ҷойи андешаи амиқ  аст.

8.Ҳодисаҳои мазкур нишон доданд, ки дар шароити гузариши таърихию арзишии кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ, сиёсати нарму либералӣ нисбат ба ифротгароии динӣ на танҳо натиҷаи дилхоҳ намеорад, балки метавонад барои худи давлату миллат таҳдиди ҷиддӣ офарад. Тавре рӯшан аст, шароити бисёр озодонаи рушди равияҳои ғайрианъанавии динӣ, аз ҷумла салафия, ихвонигарӣ, ҷамоати таблиғу даъват, равияҳои идеологии ташайюъ ва ғайра дар Қазоқистон боис гаштаанд, ки дар солҳои охир дар ин кишвар ҳалқаву шабакаҳои васеи ошкору ниҳони ифротгароии динӣ шакл гирад. Хоса дар радаҳои болои давлатию қудратӣ ва ҳатто аз миёни аъзои оилаи Президенти Қазоқистон ва шахсони наздик ба ӯ пайравону “сарпарастон”-и худро пайдо кардани баъзе аз ин равияҳои ифротии динӣ боис гашт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар пешгирии густариши ошкори онҳо иқдоми ҷиддие карда натавонанд. Ин мақомот нисбат ба маблағгузориҳои азиме, ки аз сӯи баъзе кишварҳои идеологии Ховари Миёна ба ҳалқаҳои динии Қазоқистон мешуд, на танҳо саҳлангорӣ карданд, балки бо амалҳои коррупсионӣ худашон дар судҷӯйӣ аз он шарик гаштанд. Хусусан, дар шароити ночиз будани таъсири “исломи анъанавӣ”, ки дар ин маврид чун дар Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши пешигирикунанда медошт, доираҳои васеи ҷавонони шаҳру деҳаҳои Қазоқистон ба ин равияҳои тунду ғайрианъанавӣ боз ҳам бештар гароиш ёфтанд.

Бале, дар ин масъала шояд бахше аз суханони роҳбарияти Қазоқистон дар бораи “гурӯҳҳои терористӣ”, “20 000 террорист”ва “бандаҳои дар хориҷа хуб омӯзишдида” ва ғ. хондани эътирозгарон баҳснок бошад. Аммо, аз ин фурсати муносиб сӯиистифода намуда, бо амиру ҷамоату панҷгонаву ҳафтгонаҳои худ аз хандакҳо берун омадани ҳастаҳои нуҳуфтаи ифротгароёни динӣ, бо сабки ошнои доишӣ аз сӯи онҳо анҷом шудани амалҳои мусаллаҳу даҳшатноку хушунатомез, ҳаракати касбию ҳамоҳангшуда дар ишғоли идораву мақомоти давлатӣ, фурӯдгоҳҳо, марказҳои алоқа ва қисмҳои ҳарбӣ ва талошҳои ба даст гирифтани идоракунии оммаи худҷӯши эътирозӣ аз тарафи онҳоро ҳама мушоҳида намуданд. Ин падида, хоса дар ҷануби ин кишвар бисёр қавӣ буда, ба сарпарастии шахсони бонуфӯзи давлатӣ ба сатҳи хатарнок расонида шудани он барои аксари коршиносони соҳа то оғози ин буҳрон низ маълум буд. Аз ҷумла, банда солҳои пеш борҳо шоҳиди ин ҳолат дар ҷануби он кишвар гашта, дар ин бора назару ҳушдори худро баён дошта будам. 

Намоиши қудрати барқосои ифротгароёни динӣ дар тӯли ин буҳрон боис мешавад, ки акнун ҳам Қазоқистон ва ҳам кишварҳои дигари минтақа сиёсат ва муносибати худро бо ин омил басе ҷиддитар намоянд. Мутаассифона, дар ин раванд баъзе озодиҳои умумии диндорони оддӣ низ осеб мебинанд, аммо ин маҳдудиятҳо низ аз “баракатҳо”-и ифротгароён дар аксари ҷомеаҳои мусулмоннишин аст. Аммо кишварҳои минтақа дар роҳи таъмини амният ва наҷоти давлати худ дар ин самт ба ҷуз пешгирии ҷиддии ифротгароӣ чораи дигаре надоранд.

Дар натиҷаи ин сабақ, пешбинӣ мешавад, ки муносибати нарми мақомоти Қазоқистон, аз ҷумла бо равияҳои салафия ва ҷамоати таблиғ ва баъзе ташкилоту бунёдҳои динии хориҷӣ дар дохили кишвар ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, бархӯрди нописандонаи онҳо нисбат ба “хатари ифротгароӣ” ва муносибати хушбинонаи онҳо бо гурӯҳи ифротии “Толибон” дар Афғонистон низ ҳатман бознигарӣ мешавад. Онҳо дар ниҳоят хоҳанд дарёфт, ки яке аз омилҳои рӯҳиягириву далерии бепешинаи унсурҳои ифротгароӣ дар ҳаводиси охир низ таъсирпазирии онҳо аз пирӯзии “Толибон” будааст.

9.Ҳодисаҳои Қазоқистон бори дигар дар шароити минтақа ноком ва бисёр харобиовар будани назария ва даъвати “қиёми мардумӣ”-ро нишон доданд. Гарчӣ як хезиши воқеии мардумӣ бо талаби ҳуқуқу зиндагии шоиста дар тамоми асру замонҳо дар асли худ машруияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дорад, аммо инак бори дигар собит шуд, ки дар ҳолати набудани заминаи воқеӣ, шароити дохиливу хориҷӣ ва набуди ҳеҷ эҳтимоли ба беҳбуди вазъ овардани он, чунин “қиём” як ҳаракати навмедонаи наздик ба худкушии мардумӣ ва сиёсӣ буда метавонад. 

Зеро, аввалан, чунин “қиём”-ҳо ҳаргиз хезиши умумии миллат ва ифодагари иродаи умумии миллӣ набуда, тибқи омору таҷрибаи дақиқи фазои пасошӯравӣ, дар болотарин ҳолатҳо танҳо то 1-2% аз аҳолӣ ё 4-5% аз аҳолии фаъол ба он дода мешавад. Пас он ҳаргиз “хестани халқ” ба маънои ростини калима нест.

Сониян, дар кишварҳое, ки дар онҳо раванди ташаккули миллати сиёсӣ ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст, ин “қиём”-ҳо ҳатман хусусияти минтақавӣ, маҳаллӣ, қавмӣ, мазҳабӣ, идеологӣ, синнӣ ё соҳавӣ ва ғ. меёбанд, ки аксарияти миллат ба таври табиӣ аз онҳо берун қарор мегиранд. Чунин вазъият метавонад оғози ихтилофи калонтари миллӣ ё ҷангҳои дохилӣ дар ин кишварҳо гардад, ки намунаи Тоҷикистон, Либия, Сурия ва ғ. инро рӯшан нишон додааст.

Севум, нерӯҳои гуногун, аз ҷумла ифротгароёни динӣ, ифротгароёни ғарбӣ, мафияҳои сиёсию иқтисодию ҷиноӣ ё кланҳои маҳаллӣ дар ин ҳолатҳо даст ба кор шуда, ин “қиём”-ро ҳатман ба нафъи худ истифода мекунанд, ки тамоми таҷрибаҳо низ ба ин ишорат доранд. Ҳамин тавр, моҳияти мардумӣ ё иҷтимоии ин шӯришҳо ҳатман “дуздида шуда”, ин ҳодисаҳо дар асл ба воситаи интиқоли хашини қудрат аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигари на беҳтар аз пешин табдил мешавад…

Масалан, ба назари муқоисавии худи коршиносони қирғиз, бо гузаронидани чаҳор “инқилоб” Қирғизистон ҳоло камсаводтарину бесалоҳияттарин ҳукумату роҳбари худро дар тамоми давраи истиқлолият дорад. Роҳи пуринқилобе аз сатҳи академик то сатҳи муаллими физкултура, ки инак бо барқарории ҳокимияти мутлақ тамоми ормонҳои инқилобҳои аввалро ба ҳошия ронд…

Чорум, дар шароити феълии минтақа омили геополитикӣ рӯи  таҳаввулоти ин кишварҳо таъсири ҳалкунанда гузошта, иштирокчиёни бонуфӯзи раванди геополитикӣ талош мекунанд, ки моҳияти “қиём”-ҳоро ҳатман ба нафъи худ тағйир диҳад. Дар ин рӯзҳо дар мавзӯи Қазоқистон дар муқобили ҳам якбора фаъол шудани доираҳои сиёсии ИМА, Чин, Русия, Иттиҳодияи Аврупо, ҳатто “Толибон” ва ғ. нишонгари набарди шадиди геополитикӣ дар атрофи ин масъала буд. Табиист, ки дар ин набард омили бештар таъсиргузор ҳаргиз иҷозати тағйири самтгирии сиёсию байналмилалии кишварҳои ҳошияи худро надода, он таҳаввулотро ҳатман барои ҳифзи нуфӯзи худ дар ин давлатҳо истифода менамояд. Ё дар сурати аз даст рафтани назорату вазъият, он кишварро пора ё “муҷозот” мекунад… Мутаассифона, ҳамаи намунаҳо дар фазои пасошӯравӣ ба ҳамин воқеият далолат доранд.

Бинобар ин, бо назардошти маҷмуаи омилҳои зикршудаву зикрношуда, дар шароити феълии минтақаи мо “қиём”-у “инқилоб”-и мардумӣ ҳамчун роҳу таҳаввулоти мусбати иҷтимоӣ, ки ҷомеаро аз як марҳилаи рушди сиёсию иҷтимоӣ ба марҳилаи беҳтари он расонад, амалан номумкин аст. Танҳо коре, ки гурӯҳҳои мухолиф дар ин минтақа шояд ба он қодир буда тавонанд, дар натиҷаи таблиғоти васеъ ва нафратангезии тӯлонии зиддиҳукуматӣ ва заъфи дастгоҳи идеологии ҳукуматҳо ба вуҷуд овардани эътирозу бетартибиҳои харобиовари оммавӣ мебошад. Чунин бетартибиҳо асосан тибқи сенарияи нокоми “шӯриши ғуломон” ва дар шакли “тӯфони ғазаб” амалӣ шуда, ба ғайр аз таҳдиду шикастану харобию сӯхтану куштану ғорат натиҷаи дигаре нахоҳанд дошт. Ҳаракате, ки пирӯзии он оғози бадбахтиҳои азими давлату миллат ва нокомии он боиси боз бадтар шудани шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии зиндагии ҷомеа мегардад. Ва новобаста аз хоҳиши мо воқеият чунин аст.

Яъне, таҷриба низ мегӯяд, ки чунин “инқилобҳо” ва “қиёмҳо”-и сохтаву безамина дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ аз назари таърихӣ ноком ва барои давлату миллатҳо маргбор буда, маҳз пас аз вуқуи онҳо мо ҳоло Гурҷистону Молдову Украинаву Арманистони варшикаставу пора-порашуда ва Белорусу Қирғизистону инак Қазоқистони сарбаставу вобастаро дорем. Тоҷикистон низ ҳанӯз дар оғози истиқлол маҳз дар чунин “инқилоб”-е заминаи дахолатҳои бунёдии хориҷиро фароҳам оварда, бузургтарин фурсатҳои таърихии худро барои рушду истиқлоли бештар бохтааст, ки имрӯз ҳатто таҳлилу баёни он номумкин аст…

Ҳамин тавр, метавон дид, ки ҷомеа ва минтақаи имрӯз як вакууми таъсирнопазир нест, ки касе хоҳаду гираду “инқилоб” кунаду “миллатро хушбахт созад”. Дар чунин муҳити дохиливу хориҷии ин кишварҳо ин як тасаввури хаёлӣ хоҳад буд…

Аз ин рӯ, новобаста аз далелу вазъият, бо андаке огоҳии сиёсӣ, дар чунин шароити бохти саддарсадӣ ба қиёми ом даъват намудани мардуми бечора камоли бераҳмӣ хоҳад буд. Бераҳмӣ нисбати худи мардум, нисбати ояндаи онҳо, нисбати кишвару миллат. Агар чизе ба ман вобаста мебуд, ҳатто илтимос мекардам, ки ба хотири ин мардуми азиятдида ин корро ҳаргиз накунем…

Албатта имрӯз кишварҳои пасошӯравӣ ба ислоҳоту таҳаввулоти амиқ ниёз доранд ва ҳеҷ ақли солим зарурати ислоҳотро инкор намекунад. Аммо ҳодисаҳои Қазоқистон чун “инқилоб”-ҳои дигари ин ҳавза бори дигар ҳушдор доданд, ки танҳо роҳи дурусти рушди ин кишварҳо интиқоли солими қудрат, татбиқи ислоҳоти идорашаванда ва мусолиматомези сиёсию иқтисодӣ ва риояти тавозуну воқеиятҳои минтақавию байналмилалии атрофи худ мебошад. Равише, ки дар Озарбойҷон ва Ӯзбекистон феълан баъзе натиҷаҳои мусбат дода истодааст…

Ва ниҳоят, ин гуфтор дар боби “қиём”-ҳо як сухану даъвати сиёсӣ нест, балки хулосаи касбӣ ва мавқеи инсонист.

10.Дар умум, акнун ҳукумати нави Қазоқистон талоши ҷиддӣ мекунад, ки дар кӯтоҳмуддат бо баргузории ислоҳот ва додани баъзе имтиёзҳои иҷтимоӣ ба минтақаҳо ва қишру соҳаҳои осебпазири ҷомеа вазъияти иҷтимоӣ ва ташаннуҷи сиёсиро нармтар намуда, барои эҷоди чеҳраи мусбати низоми нави сиёсӣ талош кунад. Ин кишвар барои татбиқи чунин барномаҳои фаробуҷавӣ захираву имкониятҳои хеле бузург дорад ва таъсиси бунёди бисёрмиллиардии “Барои халқи Қазоқистон” аз аввалин иқдомҳои ҳукумати нав дар ин самт аст.

Аммо бо вуҷуди тағйири ҳукумат ва татбиқи чораҳои зикршуда, дар дарозмуддат вазъияти иҷтимоии Қазоқистон ва хоса қишрҳои эътирозгар нисбат ба даврони Н.Назарбоев ба таври бунёдӣ ва доимӣ беҳтар намешавад. Балки омилҳое чун маҳдудиятҳои нави сиёсию иқтисодӣ, тағйири элитаҳо, тақсими нави сарватҳо ва нуфузҳо, фирори бузурги сармояҳо, фирори мағзҳо, афзоиши қимматҳо ва умуман, кундтар шудани рушди кишвар боиси печидатар гаштани вазъияти иҷтимоии аҳолии он мегардад. Фишори иловагии маъмурӣ ва молиявӣ болои бизнеси калон ва талоши бо роҳи маъмурӣ аз нав тақсим кардани сарватҳои ҷомеа, ки акнун бо қарорҳои ҳукуматӣ оғоз гаштааст, раванди фирори сармоя аз Қазоқистон ва заифшавии иқтисоду соҳибкориро метезонад.

Умуман, ҷомеаи Қазоқистон ва хоса қишрҳои осебпазири он ба наздикӣ хоҳанд дарёфт, ки бо ин “қиём” на танҳо дар самти озодиҳои сиёсию ҳуқукӣ, балки дар самти шароиту имтиёзҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ низ шансу имкониятҳои бузургеро аз даст додаанд. Ин як ҳақиқати талх, вале бисёр воқеӣ хоҳад буд. Аммо дар чунин сурат низ, бо таваҷҷуҳ ба фарҷоми хунину фоҷеавии эътирозҳои ахир ва сабақҳои дардноки он, то сипарӣ шудани як марҳилаи дигари психологӣ, акнун эътирозҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ замина, шакл ва истиқболи васеи мардумӣ намеёбанд.

11.Дар шароити набудани Қазоқистони назарбоевӣ, вазъияти сиёсӣ ва бофту тавозуни геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ тағйири амиқ меёбад. Он ҳамчун минтақаи ягона хеле заифтар шуда, дар баробари тарҳҳои калони нуфӯз ё ҳамгароӣ аз шимолу ҷанубу шарқу ғарб хеле осебпазир гашта, дар ҳифзи мустақилонаи мавқеъ ва манфиатҳои худ бо мушкилоти нав рӯбарӯ мешавад. Масалан, маҳз истодагии нарму устувори Қазоқистон, яъне истодагии Н.Назарбоев, дар баробари шакли аввалаи лоиҳаи “Иттиҳоди Авруосиё”, ки моҳияти як иттиҳоди сиёсиро дошт, боис гашт, ки муҳандисони он ногузир тарҳро феълан ба “иттиҳоди иқтисодӣ” табдил намуда, аз ташкили сохторҳои идорию сиёсии фародавлатӣ дар чорчӯби он худдорӣ намоянд. Аммо дар шароити нав Осиёи Марказӣ дар баробари чунин иқдомҳо осебпазиртар шуда, дар чунин лоиҳаҳои калон фурӯ бурдани ин минтақа нисбатан осонтар мегардад.

12.Иштироки нерӯҳои низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар ҳалли буҳрони Қазоқистон низ раванди наверо дар минтақа оғоз мениҳад.

Аввалан, гарчӣ вуруди онҳо дар асоси дархости расмӣ ва дурусти худи роҳбарияти қонунии Қазоқистон сурат гирифтааст, аммо бинобар набудани собиқаи ин кор, ин амал дар мавзӯъҳое чун нақши ин ташкилоти низомӣ дар минтақа, имкони иштироки он дар ҳалли буҳронҳои дохилии кишварҳои узв, таърифи мафҳумҳои “ҳуҷуми хориҷӣ” ва “хатари террористӣ” ва ғайра саволҳои ҷиддиеро эҷод мекунад. Зеро ду сол пештар дар мавриди интизориҳои Белорус ва соле пеш дар мавриди дархости Арманистон нисбат ба дарёфти чунин дастгирӣ кишварҳои узв мулоҳизакории бештар нишон дода буданд, ки албатта, он низ мантиқи худро дошт.

Дуввум, ин иштирок ё “рисолати сулҳофарӣ” таҷрибаи нахустини корбурди нерӯҳои ин созмон дар ҳалли низоъҳои дохилӣ дар кишварҳои узвро ба миён меорад, ки то имрӯз ба ин мақсад ва дар ин вусъат амалӣ нашуда буд. Ин таҷриба ва корбурд буҳрони таъйинотии СПАД-ро, ки солҳои охир аз он зиёд гуфта мешуд, то ҷое бартараф месозад.

Сеюм, ҳолати нави корбурди нерӯҳои мусаллаҳи СПАД дар ҳимояи давлати Қазоқистон эътимоди нафси кишварҳои узви ин созмон дар пешбурди сиёсатҳои дохилии худро афзоиш дода, ба роҳбарони ин кишварҳо паёми рӯшан медиҳад, ки дар “рӯзи мушкил” метавонанд ба ин омили пуриқтидор такя намоянд. Ин ҳолат устувории низомҳо ва амнияти минтақавиро сифатан дигар мекунад.

Чорум, нақши нави нерӯҳои дастаҷамъии СПАД бар меҳварияти Русия, ҳам барои иштирокчиёни равандҳои сиёсии дохилӣ дар кишвраҳои узви созмон ва ҳам барои кишварҳои хориҷии ҳомии тағйирот ва “қиём”-у “инқилоб”-ҳо дар ҳавзаи СПАД паёми ҷиддиеро мерасонад, ки онҳо онро минбаъд ҳатман ба назар хоҳанд гирифт ва ё дар ниҳояти кор, бо он рӯбарӯ хоҳанд шуд. Албатта, таҷриба нишон медиҳад, ки қудратҳои бузург дар сурати тақозои манфиаташон дари “инқилоб”-ҳои ҳамоҳангшударо ҳамчунон боз нигоҳ хоҳанд дошт…

Панҷум, албатта, дар шароити оғози таблиғоти шадиду манфии берунӣ алайҳи нақшу ҳузури нерӯҳои СПАД дар Қазоқистон ва талошҳои аз сӯи мухолифонаш ҳамчун “ишғоли хориҷӣ” шарҳ намудани он, комёбии рисолати онҳо на танҳо ба тарзи амали худи нерӯҳо, балки ба тарзи қабули онҳо дар ҷомеаи Қазоқистон низ вобаста хоҳад буд. Бинобар ин, кишварҳои узви СПАД дар ин буҳрон бо зарурати муборизаи на камтар муҳим дар ҷабҳаи иттилоотӣ низ рӯбарӯ мебошанд.

Умуман, дар сурати комёбӣ ва хотимаи сазовору саривақтии рисолати неруҳои СПАД дар Қазоқистон, эътибору нуфӯзи ин ташкилоти сиёсию низомӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ якбора меафзояд.

13.Буҳрони Қазоқистон ва сабабу омилҳои он нишон доданд, ки дар дар сиёсати давлатӣ сари вақт ислоҳу бартараф нашудани падидаҳои манфие чун коррупсия, маҳалгароӣ, гурӯҳгароӣ, мансабдорони камсалоҳияту камобурӯ, риоят нашудани қонунҳо, набуди шаффофият, ҳалношудагии мушкилоти иҷтимоӣ ва ғ. на танҳо боиси мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, балки боиси хасташавии равонии ҷомеа аз ин ҳолатҳои бардавом мегардад. Тибқи равандшиносии ин буҳронҳо, аз пайи ин хасташавии равонии ҷомеа ҳатман ҳолатҳои манфие чун ноумедӣ, фосилагирӣ, бетафовутии ом ва ҳатто нафрат ба миён меоянд, ки он метавонад вобаста ба вазъият дар минтақаҳо, ҳавзаҳо, қишрҳо, соҳаҳо ё гурӯҳҳои синни алоҳида ҳолати барҷастатар пайдо кунад.

 

Ва тавре маълум аст, масъалаҳо ва эътирозҳои иҷтимоӣ ҳамчун нуктаи заъфи ҷомеа, ҳамеша заминаи муносиберо барои сӯиистифодаи сиёсии гурӯҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ аз ин вазъият фароҳам меоранд. Доираҳои мухолифи ин давлатҳо маъмулан маҳз аз даричаи “мушкилоти иҷтимоӣ” вориди раванд шуда, дар асл на ба сӯи ҳалли воқеии онҳо, балки ба сӯи ҳадафҳои маълуми қудратию гурӯҳию сиёсию идеологии худ роҳ мегиранд… Дар натиҷа ҳукумат тағйир меёбаду вазъият тағйир намеёбад…

Пас, вазъияти Қазоқистон бори дигар нишон медиҳад, ки дар шароити муосир амнияти ҷомеаҳо, суботи сиёсӣ ва устувории давлатҳо низ ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, аз ҷумла таъмини адолати васеи иҷтимоӣ вобастагии зич пайдо кардааст. Зеро агар ин дарича бозу ин дастак дастрас набошад, доираҳои феълии мухолиф бо ҳукуматҳои минтақа то имрӯз тарҳҳои беҳтар ё алтернативаи бартаре барои ҷалбу таҳрики мардум дар муқобили низомҳои имрӯзаи сиёсии он ба миён нагузоштаанд. Пас, зарурати дарки робитаи мустақими шаклгирифта байни таъмини адолати иҷтимоӣ ва суботу амнияти миллиро метавон яке аз муҳимтарин сабақҳои ин ҳодисаҳо барои ҳукуматҳои минтақа донист.

14.Албатта, дар чунин навишта аксари дӯстон аз сабақҳои ин буҳрон барои Тоҷикистон низ хоҳанд пурсид. Бале, шакке нест, ки мо бояд ин ҳодисаҳоро амиқ омӯзем ва аз онҳо барои худ дарсҳои рӯшан бардорем.

Аммо дар як ҷумла, муҳимтарин дарси ин ҳодисаҳо ва муҳимтарин сабақи пайомадҳои мудҳиши онҳо барои мо ин аст, ки ба ҳамон хатоҳои ҷиддии зикршуда, ки дар Қазоқистон роҳ дода шуданд, роҳ надиҳем. Ҳам дар сиёсат, ҳам дар мудирият, ҳам дар масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳам дар муносибат бо мардум, ҳам дар идеология, ҳам дар сиёсати хориҷию дохилӣ… Ҳам ҳукумат, ҳам мақомот, ҳам нерӯҳои сиёсӣ, ҳам ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳам мардум, ҳам мухолифандешон ва ҳам ҳар фарди огоҳу ватандӯсти ин кишвар.

Ва муҳимтар аз ин, қадри суботу ваҳдат, зиндагии осуда ва истиқлолу амнияту ватану давлати худро бидонем. Сухане, ки дар шароити осудагии мутлақи имрӯза такрорию обшуста менамояд, вале назди огоҳон муҳимтар аз ҳар сабақу сухани дигар аст…

15.Нақшу хидматҳои Н.Назарбоев дар таърихи давлатдории муосири қазоқҳо ниҳоят муҳим буда, ҳеҷ “инқилоб” ё таблиғоти сиёҳи сиёсию иттилоотӣ наметавонад ин воқеиятро инкор намояд. Таърих гувоҳ аст, ки оммаҳои эҳсосии фиребхӯрда метавонанд паёғамбаронро сангсору бадарға кунанд, чӣ расад ба роҳбарони хидматкарда, ки инсони оддиянд… Аммо ин ҳақиқат рӯшан аст, ки маҳз сиёсати муътадил ва хирадмандонаи дохилӣ ва хориҷии Н.Назарбоев боис гашт, ки дар ин 30 сол қазоқҳо ҳамчун миллат ва Қазоқистон ҳамчун давлат, ки дар давраи пасошӯравӣ ҳар ду аз муқаддимаи бисёр осебпазире оғоз карда буданд, амалан ташаккули устувор ёбанд.

Таъмини волоияти арзишҳои миллӣ, тақрибан дар “ҷойи холӣ” сохтани модели давлатдорӣ ва идеологияи миллӣ барои миллати худ, ба аксарият расонидани аққалияти қазоқ дар давлати худ, таъмини зарифонаи ҷойгоҳи забону арзишҳои миллӣ дар кишвари асосан русзабон, истифодаи оқилона аз зарфияту имкониятҳои Русия дар рушди кишвараш, интиқоли пойтахти кишвар ба шимол ҳамчун кафили ҳифзи ягонагии ҳудудии давлати паҳновар, бунёди муосиртарин зерсохторҳои саноативу иртиботӣ, таъмини сатҳи беҳтарини зиндагии иҷтимоии мардум дар минтақа, таъмини ҳамзистии мусолиматомези ҷомеаи бисёрмиллат, истодагарии нарму устувор дар баробари таъсирҳои бузурги геополитикии берунӣ, таъмини ҷойгоҳи махсусан муҳимми ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташаккули симои мусбати миллати қазоқ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷалби болотарин ҳаҷми сармоягузории мустақим дар фазои пасошӯравӣ, таъмини заминаҳои рушди иқтисодию технологии кишвар ва ғайра номи ӯро барои ҳамеша дар таърихи ин миллат мегузоранд. Албатта, омилҳое чун боқӣ мондани коррупсия, боло рафтани нуфӯзи аъзои оила, ҳудуди 5 сол таъхир кардан дар интиқоли солими қудрат, таъсири атрофиёну олигархҳо ба равандҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, танзими сахтгиронаи фаъолияти нерӯҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, боқӣ мондани ҳавзаҳои осебпазири иҷтимоӣ дар ҷануби кишвар ва ғайра низ ҳамчун камбудҳои кори ӯ барои ҳамагон рӯшананд. Аммо бе ягон шубҳа, ӯ дар маҷмуъ, барои халқу давлаташ хизмати азими таърихӣ анҷом дода, дар ҳақиқат бунёдгузори давлатдории навини қазоқҳо мебошад.

Вале бар хилофи тасаввурҳои ормонии мо, таърих ҳамеша ба ҳақиқат устувор нест ва инак чунин таҷрибаи барои ин кишвар ва барои ин шароит муфиду беназир, ки ба фарҷоми барӯмандонаи худ наздик шуда буд, низ бо чунин беандешагӣ шикаста шуд. Бо дасти худи мардум, бо ғафлату хиёнати худи масъулон, бо сӯиистифодаи нерӯҳои фурсатталаб, бо таҳрику ҳимояти доираҳои берунӣ…

 

Акнун дигар Қазоқистони назарбоевӣ нест. Албатта, Қазоқистон ҳаст ва хоҳад буд, аммо он Қазоқистони дар сатҳи пешина қавию мустақиллу муътадилу босуботу боэътибори рушдкунандаи назарбоевӣ акнун аз даст рафт. Бинобар ҳамаи ин омилҳо, Қазоқистони “нав” чизе басе дигар ва бо ҷойгоҳу сарнавиште басе дигартар хоҳад буд…

Ва ҳеҷ шакке нест, ки рӯзҳои буҳронӣ мегузаранд, суботу оромиш барқарор мешавад, аммо дар ин кишвар ва дар ин минтақа даврони роҳбарии Нурсултон Назарбоевро ҳамчун яке аз беҳтарин давраҳои таърихи муосири Қазоқистон ёдоварӣ хоҳанд кард…

Total Views: 1003 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.