МАШҚИ ҚАСИДА
Дилам бигуфт дигар мисраи гарон нанависам,
Зи Панҷшер нагӯям, зи «Толибон» нанависам.
Вале сиришт садо зад, ки сарнавишти ман он ҷост,
Хиёнат аст агар баъд аз ин аз он нанависам…
Дилам бигуфт дигар ваҳдату субот нагӯям,
Зи давлату ватану халқу ошён нанависам.
Ба марзи Исфараву кӯҳи Чоркӯҳ нанозам,
Анори Нораку устураи Вахон нанависам.
Дигар зи дард нагӯям, салоҳи кор наҷӯям,
Сухан зариф нависам, калон-калон нанависам.
Ба ҷуз фасонаи зебои дарди ишқ нахонам,
Ба ҷуз таронаи зебои ошиқон нанависам.
Ки шеър ҳисси наҷиб асту шеър фанни латиф аст,
Ба номи шеър дигар ғулғулу такон нанависам…
Миёни ақлу дилу ҷони ман ҳамеша набард
аст:
Ки инчунин нанависам, ки ончунон
нанависам…
Вале чӣ гуна аз ин гуфтугӯ фурӯ бинишинам?
Вале чӣ гуна ман аз фитнаи замон нанависам?
Муҳити мо ҳама гирдоби домҳои бузург аст,
Чӣ гуна чашм бипўшам аз ину з-он нанависам?
Чу абрҳои сияҳ метанад ба даври диёрам,
Чӣ сон зарурати таъмири новдон нанависам?
Бинои ваҳдати мо гоҳ мисли бед биларзад,
Чӣ сон хамӯш нишинам ва ё чӣ сон нанависам?
Чу ишқи ин Ватан инак ба ҷойи ҷон бинишаста,
Чӣ гун ишқи Ватанро ба килки ҷон нанависам?
Ҷаҳон зи рашки Бадахшони ман ба хеш нагунҷад,
Чи сон бузургии ин «фитнаи ҷаҳон» нанависам?
Даме, ки маст шавам аз насими мушки баҳораш,
Чӣ сон ба чарх наоям, чу орифон нанависам?
Даме, ки хӯшаи ангури ишқ бор нишинад,
Чӣ сон зи ҳурмати дастони деҳқон нанависам?
(Ва ҳар гаҳе, ки маро дӯстон ба муфт фурўшанд,
Чӣ сон зи содфурӯшии дӯстон нанависам?
Ва ё чӣ гуна ба виҷдони хеш сар ба сар оям,
Ки рост бошаму аз кажжии кажон нанависам?…)
На фикри ҳаққи қалам кардаму на қиссаи унвон,
Ман устуғон, ки нахоям, зи устуғон нанависам.
Барои санъату вазни ҳарир шеър нагӯям,
Хаёли хом набофам, зи каҳкашон нанависам.
Ба ҳар навиштаи ман ҳӯшу ҳӯшдор ниҳон аст,
Ки беҳадаф насароям, ба ройгон нанависам.
Зарурату ҳадафу дардро ба назм кашидам,
Ҳазор узр агар мисли дигарон нанависам.
Ҳазор узр агар шеъри шоирона нагуфтам,
Ҳазор узр агар чун Шумо равон нанависам…
…
Ғазалқасдаи худро ба сад баҳона буридам,
Зи бими он, ки зи дарди ту достон нанависам…
Бо иҷозату сипос аз бародари ҳунарвар Неъматуллоҳи Акбар, ки бар як байти ин қасида ин наққошии зеборо офаридааст.