ҲИСОР: ДИДЕ АЗ БАЛАНДОИ ТАЪРИХ

Рӯзи рухсатиро ба боздиди хонаводагӣ аз диёри Ҳисор ва қалъаи бостонии он гузоштем ва як олам таассуроти амиқу зебо бардоштем.

Хоса нигоҳе аз авҷи баландии қалъа, ки тамоми таҳҷои ин осори таърихӣ ва манзараи атрофи шаҳри қадимро то дурдаст ба намоиш мегузорад.

Ба ин муносибат, 20 акси пешину навин ва як ғазали деринро пешкаш месозам, ки шояд мавриди таваҷҷуҳи дӯстон гардад.

Шаҳсутуни арш бошад кӯҳсорони Ҳисор,

Кокули хуршед бошад обшорони Ҳисор.

Баски рӯи гарм дорад мардуми бекинааш,

Файз меборад ба рӯи рузгорони Ҳисор.

Дар кафи нозаш Душанберо чу ҷон

                                                              мепарварад,

Гард мешӯяд зи рӯи шаҳр борони Ҳисор.

Чун нишони пойдорӣ пойдор истодааст,

Тоқу айвони баланди шаҳриёрони Ҳисор.

Рӯди Алмосӣ биёвардаст то Кофарниҳон,

Накҳати мушки насими кӯҳи торони

                                                               Ҳисор.

Моҳ хирман мезанад дар даштҳои

                                                             Хирманак,

Шир меполад ба тӯри киштзорони Ҳисор.

Хоки Охунди Шарифу хоки Эшони Калон’,

Осмон паст аст пеши хоксорони Ҳисор.

Бо гули наврӯз ороянд дар наврӯзгоҳ,

Ёли симини саманди шаҳсаворони Ҳисор.

Кӯҳҳо дар интизори рӯҳи Турсунзодаанд…

Номдори номдори номдорони Ҳисор.

1.Ду қутби рӯҳонӣ ва орифи бузурги ин диёр

Total Views: 153 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.