ЧИ ГУНА КОМРОНШОҲ УСТОПИРИЁН САНГИ ОСМОНИРО БАРДОШТ!

Ёддоште дар зодрӯзи ҷаҳонпаҳлавон Комроншоҳи Устопириён бо аксу наворҳои муаллифӣ

…Тобистони гузашта сафари зебову пурборе ба диёри осмонии Кӯҳистони Масчоҳ доштем. Азамату каромату сафову шукӯҳи ин диёр ва мардуми азизи он қиссаи дигарест, ки тасвираш чун қарзу фарзе бар дўши ман ҳанўз овезон аст. Ба сухани устод Олимхон Исматӣ:

Бӯи ҷаннат ояд аз ҳар кӯи Кӯҳистони Масчоҳ.

…Сафар ба рӯзҳое рост омад, ки дар деҳаи биҳиштии Ланглиф мусобиқаи бузурги куштии устоди варзиши кишвар Устопир Устопириён баргузор мешуд. Мактаби ҷавонмардӣ ва ҷашнвораи азими мардумие, ки дар доираи он дар канори варзишу озмоиш, ҳам шукўҳи нангу номус, ҳам дунёи адабу маърифат, ҳам фарҳангу ҳунар ва ҳам зиёфату зиёрату самимияти мардуми ин диёр ба ҳам меоянд…

Дар тўли ҷашнвора бо сулолаи паҳлавонони номвари кишвар – Устопириён ошно гаштем, ки бо сарварии пири кор ва падари бузургвори хонадон Устопир Устопириён дар он ҳузур доштанд. Таборе аз паҳлавонони асили тоҷик, ки бо суннатҳои баланди маънавӣ, арзишҳои волои фарҳангӣ, оини поки ҷавонмардӣ, рӯҳияи ноби миллӣ ва ифтихороти баланди касбӣ бисёр устувор бофта шудааст…

…Рўзи пас аз мусобиқот ҳама ба тамошои саргаҳи Масчоҳи боло, ба оромгоҳи “Аълами оламиён” рафтем, ки санги сиёҳи машҳур ҳамонҷост. Дар ин макони муқаддас сангест, ки аз қадим мардуми Масчоҳ ва меҳмони ин диёр талош мекунанд онро аз ҷой ҷунбонанд ва ё аз замин бардоранд ва ба ин тариқ қувваи худро озмоянд.

Ин санги сиёҳи сурмаӣ бо шакли хурмаӣ дар назари аввал на чандон бузург менамояд, аммо нисбат ба сангҳои оддӣ бисёр суфтаву вазнинтар аст. Вазни холиси он ҳудуди 105-107 кг гуфта мешавад, ки барои санги ин ҳаҷм ғайриоддист…

Баъзе огоҳон сабаби вазни фавқулодда зиёди сангро аз ҷинси табиии оҳану кремний бо зиччии бисёр баланд будани он медонанд, аммо бештари мардум онро порае аз метеорит ё шаҳобсанги осмонӣ мешуморанд, ки асрҳо пеш фуруд омадааст. Суфтагии фавқулоддаи сатҳи онро низ аломати аз боло омадану дар тӯли соиши ҳавою фазо маҳину суда шудани он меҳисобанд.

Ин аст, ки бо ин вазну ин шакл аз замин бардоштани ин санг ба ҳар кас муяссар намешавад. Аз ҷумла, банда бисёр талош карда, бо вуҷуди «ҳайборакаллоҳ»-гўии ҳозирин онро ҳамагӣ чанд сантиметр боло бардоштаму халос. Талошҳои бештари ҳозирин низ ноком ё нотамом мемонд…

Аммо чун ҷаҳонпаҳлавони ҷавон Комроншоҳи Устопириён бо иҷозати падари бузургвор ба санг панҷа андохт, гўё ба майдони мусобиқоти ҷаҳонӣ рафта бошад, аз чанд сўи он часпу талошу оғўш карда, дар ниҳоят тарзи ба даст гирифтани онро ёфт ва онро устувору ором аз замин боло кард. Паҳлавон тамоми нерўи худро дар як нукта гирд оварда, дар ҷаҳиши аввал сангро то миёнаш бурд ва дар зўри дигар қоматашро рост карда, сангро аз болои китфу шонааш ба қафо андохт…

https://www.facebook.com/100040918215563/videos/1314413759027508/

Ва ин амали номумкинро се бор бо қудрати том такрор карду оромона аз майдон берун омад.

Пирони даври мазор гуфтанд, ки албатта гоҳе ба баъзе касон муяссар мешавад, ки ин сангро бардорад, аммо ба ин шева болотар аз худ бардоштаву аз болои китфу шона ба пушт партофтани он ба ҳама муяссар намегардад, зеро илова бар вазни азим, шакли гирда ва сатҳи суфтаву лағжони санг низ дар даст ё бағал нигоҳ доштани онро номумкин мегардонад. Яъне барои бардоштани он илова бар қувваи камар бояд панҷаву бозўи ниҳоят қавӣ низ дошт…

Ва Комроншоҳ онро дошт ва инро тавонист…

Ин манзараи шигифт нишон дод, ки паҳлавонию қаҳрамонии ў асил ва ҳақиқист. Дар ин озмоиш дида шуд, ки қувваи азим, камари паҳлавонӣ ва бозўи сангину панҷаи оҳанини ў як воқеият аст. Бинобар ин, дар куштии касбӣ низ силоҳу такягоҳи аввалини ў ҳамин қувваи тибииву ирсиву зотӣ ва фулоди дасту бозўст. Сипас фанну ҳунар, ки кори тарбияву таҷриба аст…

Бо дидани ин манзара беихтиёр аз дилам гузашт, ки бале, Рустам афсона нест, Рустам тасвир нест, Рустам метавонад бошад, Рустам ҳаст…

ЗОДРЎЗИ ПАҲЛАВОНИ АСИЛИ МИЛЛАТ МУБОРАК БОД!

Total Views: 213 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.