ЧАРО ИМСОЛ «СОЛИ ФИЛ» НЕСТ?

ЧАРО ИМСОЛ «СОЛИ ФИЛ» НЕСТ?

Рисолаи кӯтоҳе дар сабки ом ва барои хониши ором андар муаммои андозагирии замон ва ҷустуҷӯи оғози он

                                                        ***

ВУРУД

Бо фарорасии соли нави тақвимӣ ва расидани мавҷи табрикҳои самимӣ, пеши инсони андешаманд ин пурсиш бори дигар зинда мешавад, ки оё дар ҳақиқат имсол соли 2022-юм аст ва оё дар ҳақиқат ин ҳафта соли наве оғоз шудааст? Мо онро чӣ гуна ҳисоб кардаем ва чӣ гуна маҳз ба рақами «2022» расидаем? Чаро имсол соли 2023 ё соли 2500 ё соли 10000-ум ё соли миллионум нест? Фурӯ рафтан дар ин мавзӯъ нуктаҳои бисёр ҷолиберо дар муаммои андозагирии замон ё дарёфти вақт аз сӯи  инсон боз мекунад.

Ин буд, ки дар ин рӯзҳо мулоҳизоте атрофи муаммои андозагирии замон, моҳияти шартии моҳу солҳои тақвимӣ, ҷустуҷӯи «оғози офариниш», «решаи тоҷикӣ»-и тақвими мелодӣ, фалсафаи «соли фил», «расми тоҷикӣ» будани ороиши арча, рӯзи таваллуди Исо набудани 1-уми январ, ба таври аҷиб нопадид шудани 10 рӯзи таърих, дақиқтарин тақвими ҷаҳонро сохтани тоҷикон, сирри аслии Наврӯз, сабаби соли 7530 будани имсол ва ғ. рӯи саҳифа омад. Ва низ дар боби он, ки чӣ тавр «инқилоб Эронро ба 1180 сол қафо бурд» ва чӣ тавр, баръакси он, гурӯҳи «Толибон» Афғонистонро якбора ба 44 сол пеш мебарад»?

Агар вақти Шумо низ имкон диҳад, метавонем дар ин самт бо ҳам чанд саҳифа биандешем. Ва агар худ ҳамаи инро медонем, ки ҳатман медонем, шояд ҳамчун руҷӯе завқиву маърифатӣ барои фарзандону шогирдонамон муфид барояд. Ва шояд ин навишта барои таҳияи як филми мустанади маърифтӣ низ ба кор ояд…

                                                       ***

  1. «ОҒОЗИ ОФАРИНИШИ ҶАҲОН» КАДОМ СОЛ АСТ?

Маҷрои замон ҳамчу дарёи дамон бе ҳеҷ парвое ба буду набуди инсон ҳамчунон ҷорист. Низоми устувори кайҳон ва дурахши дури ахтарон ва гардиши мавзуни сайёрагон ва тағйири манзуми рӯзу шабон новобаста аз дарку муносибати инсон ҳамчунон барҷост. Ва мафҳуми бузурги ВАҚТ низ ҳамчун султони мутлақи паҳнаи ҷаҳон ё гунаи шаффофу муқтадире аз зуҳури Офаридагори он, байни ду қутби бемунтаҳои «азал» ва «абад» равон аст. Ва ин ҳама танзиму иқтидору аҷоибу асрор пеши чашми ҳайрони башар ва берун аз имкони тасарруфи ӯ чун тамошогаҳи роз бехалал мечархад. Чуноне ки Рӯдакии бузургвор ишорат дошт: 

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирду гардон аст,

Ҳамеша то бувад оийн-ш, гирдгардон буд.

 

Ва аммо тамоми моҷарову муаммои сарбастаи инсон дар баробари вақт ва замон аз он оғоз мегирад, ки башар ҳаргиз ба тамошо қаноат накарда, пайваста талош доштааст, ки моҳияти вақтро дарёбад, оғозу анҷоми замонро шиносад, бар маҷрои он тасарруф кунад, «султони вақт» бошад ва ё ҳадди ақалл, вақтро андозагирӣ ва ба суди худ танзим намояд. Ва ин офаридагори тавонои худро дар хидмати худ дошта бошад, мисли он, ки кӯдак аз изну лутфи падар гоҳе бар шонаи ӯ савор шуда, пиндорад, ки ӯро саворӣ кардааст…

Албатта, худи низоми табиати гардон ва сайри муназзами ҷирмҳову ҷисмҳои он қонунмандиву фосилаҳои муайян ва возеҳи замониеро ифода мекунад, ки бо таваҷҷуҳ бар он башар метавонад порчаҳои дақиқи вақтро дар тӯли замон мушоҳида ва андозагирӣ намояд. Масалан, худи дар фосилаи муайяни замонӣ иваз шудани рӯзу шаб ё ҳаракати мавзуни сояи ашё дар тӯли рӯз кофист, ки аввалин ченакҳои андозагирии вақтро дар даст дошта бошем. Чуноне, ки пирамардони Дарвоз аз ҳаракати сояи як дарахти анҷир фарорасии вақти намозҳоро бисёр дақиқ дармеёбанд…

Аммо башари акнун мутамаддину санъатию рақамӣ дигар бо чунин аломатҳо қонеъ нагашта, дар кори ҳисоби вақт ва андозагирии замон ба донишу меъёрҳои олии дақиқтар аз сониясанҷиву заргарӣ расидааст. Вале мушкилаи асосӣ дар он аст, ки давраи мавҷудияти инсон дар баробари бемунтаҳоии замон як лаҳза ё порчаи бисёр кӯтоҳ буда, башар ҳаргиз оғозу анҷоми замонро намедонад ва барояш ҳеҷ рӯшан нест, ки ҳисоби калони замонро аз куҷо сар кунад.

Ин аст, ки барои аз даст надодани сарриштаи ҳисобу китоби замон, илова бар ченакҳои ибтидоии табиат, инсон низ дар баррасии замон як силсила ченаку меъёрҳои худро кашф ва таъйин намудааст, ки муҳимтарини онҳо солшуморӣ ва гоҳнома ё ҳамон тақвим аст. Маҳз ихтироъ ва истифодаи ТАҚВИМ ё календар имкон додааст, ки инсон ҳам тӯли таъриху замон ва ҳам дурнамои вақтро андозагирӣ намуда, фаъолияти худро дар қиёс бо он арзёбӣ ё барномарезӣ намояд.

Гузашта аз баҳси фалсафию каломӣ дар боби азалӣ ё абадӣ будан ё набудани ҷаҳон ва замон, инсон бо ҳама бузургии худ дар ҳақиқат аз лаҳзаи оғози замон ба таври сабтшуда огоҳ нест. Мафҳумҳои «оғози офариниш», «ибтидои хилқат», «таркиши аввал», «падид омадан аз модда» ва ғайраҳо, низ, чӣ дар маънои илмӣ ва чӣ дар маънои динию фалсафии худ, бо вуҷуди ишорат ба як нуктаи дури ибтидо, замони дақиқи ин «оғоз»-ро ҳаргиз сабт ё ифода намекунанд. Дар ин талош муаллифони тақвими масеҳии византии соли 988 ибтидои солшумории худро аз «оғози офариниши ҷаҳон» гирифта, онро ба соли 5508-уми то мелод қарор додаанд ва рӯшан аст, ки ин талош низ нокому ҷаҳон басе қадимтар аз ин сол аст. Дар ин боб илми башар ҳамон аст, ки «буд набуд, Будгор буд…», аммо ҳанӯз то он нарасидааст, ки оғози он кай буд. Ҳамон гуна, ки фармудаанд:

Мо зи оғозу зи анҷоми ҷаҳон бехабарем,

Аввалу охири ин кӯҳнакитоб уфтодаст…

Аз ин рӯ, имрӯз метавон бе ҳеҷ шубҳае миёни майдони замон истоду эълон кард, ки шояд имсол соли 5000-ум ё 10 000-ум ё 50 000-ум, соли 100000-ум ё 1000 000 000-ум ё бештар аст. Ин фарзияҳо дар бораи умри замон метавонанд ҳам дуруст ва ҳам нодуруст бароянд, ҳамон гуна, ки ҳеҷ далеле надорем, ки имсол дар чархи табиат ва дар тӯли таърих соли 2022-юм бошад)))…

2.«СОЛИ ФИЛ» ЧИ ТАВР ҲИСОБ МЕШАВАД?

Ин аст, ки дар тӯли таърих ҳар қавму қабила ва ҳар фарҳангу тамаддун вобаста ба сатҳи ҷаҳоншиносӣ ё навъи ҷаҳонбинии ақлию эҳсосии худ ҳисоби вақтро бо аломате, рӯйдоде ё ҳодисаи табиие вобаста намуда, барои худ оғози вақтшумориро муқаррар кардааст. Он «нуктаи сифр»-и вақт ё оғози замоншуморӣ, ки моҳияти комилан шартӣ дорад, назди ҳар қавму фарҳангу тамаддун метавонад дар асоси ҳодисаҳои оддитарин ё рӯйдодҳои печидатар интихоб шуда бошад. Ба масал, ҳангоми кӯдакии мо вақте кампирҳо аз таърихи хатти барқи деҳа мегуфтанд, дар зеҳнашон бисёр оддӣ сабт буд, ки «барқ ба умри Худойдод омадагӣ аст». Яъне, дар деҳаи мо ҳамон соле, ки амакам Худойдод таваллуд шуда будааст, хатти барқ кашидаанд. Ҳамин тавр, як ҳодиса шартан бо ҳодисаи дар зеҳнашон муҳимтаре вобастагӣ дода шуда, ҳамчун нуктаи оғози шумориши таърихи барқрасонии ин деҳа қабул шуда буд… Агар Шумо низ лаҳзае чашм пӯшед, шояд дар зиндагӣ ё зодгоҳи Шумо низ таърихе ба ҳодисае алоқаманд карда шудаву миёни мардум тибқи он шуморида мешавад. Мисли «мо панҷ сол пас аз заминҷунбии Ҳоит ба ин ҷо кӯчидем» дар баъзе деҳаҳои минтақаи Рашт ва ғ.

Арабҳои Макка низ то расидани ислом замонро гоҳо аз рӯи чунин ҳодисаҳо ҳисоб мекарданд ва машҳуртарини онҳо «ҳодисаи фил» аст, ки мазмуни омӯзандаи он дар сураи «Фил»-и Қуръони карим ёдрас шудааст. Тибқи сарчашмаҳо, мухтасари «ҳодисаи фил» чунин аст, ки ҳудудан соли 570-уми мелодӣ, шоҳи Ҳабашистон бо номи Абраҳа бо филҳои бузурги ҷангӣ ба Макка ҳуҷум овард ва чун наздики Каъба расид, аз осмон сангрезаҳои сӯзон бар сараш фурӯ рехтанд ва лашкараш муталошӣ шуд. Ин ҳодиса, ки ҳудуди 40 сол пеш аз зуҳури ислом рух додааст, назди арабҳои Макка чунон муассир ва муҳим буд, ки пас аз он таърих ва замонро аз ҳамин «соли фил» ё «ъому-л-фил» ҳисоб карданд. Масалан, дар сарчашмаҳо омадааст, ки Паёмбари ислом (с) маҳз дар соли якуми фил таваллуд шудааст, фалон ҷанг дар соли чандуми фил рух додааст ва ғ. Ин мисол низ ишорати дигаре ба нисбиву шартӣ будани тақвиму ҳисобҳои замон аст.

Албатта роҳҳои дигари ба падида, аломат ва давраҳои густардатаре номгузорӣ ва андозагирӣ кардани замон машҳуранд, ки мафҳумҳои ошнои «асри санг», «асри биринҷӣ», «асри яхбандон» ва ғайра аз он баромадаанд. Аммо ин мафҳумҳо низ «нуктаи оғоз»-и замонро ба таври мушахахс ифода намекунанд…

3.ЧАРО МУСУЛМОНОН ДАҲ НАМУДИ СОЛШУМОРӢ ДОРАНД?

Аммо дар кори вақтшумориву тақвимсозии башар бештарин таъсирро маҳз дину бовару идеологияҳо ва пешвою паёмбарони онҳо гузоштаанд, ки пайравонашон оғози солшумориро мувофиқи замони таваллуд, зуҳур (беъсат), ҳиҷрат, марг ё дигар ҳодисаҳои зиндагии онҳо муқаррар мекарданд. Чунин иқдомҳо сипас аз сӯи қудратҳо ва сиёсатҳо ҳимоят ёфта, дар ҳавзаи нуфӯзи онҳо ба солшумории расмӣ ва тақвимҳои ҳатмӣ табдил шудаанд. Дар боби нақши давлатҳо дар ихтирои тақвимҳо зикри ҳамин нукта кофист, ки нахустин тақвимҳои Рими қадим маҳз бо мақсади танзими ҷадвали гирдоварии боҷу хироҷ аз мардум аз сӯи андозчинон таҳия шудаанд, ки сипас ба «модари тақвимҳо» бадал гаштанд.

Вале тақвимсозӣ ба номи динҳову паёмбарон низ ба мушкилаи башар дар ҳисобгирии замон нуқта нагузошт, балки бисёрию бешумори худи дину оинҳо мавзуъро боз ҳам печидатар сохта буд. Зеро, агар фарзро бар ин гузорем, ки пайравони ҳар дину оин оғози солшумории худро аз таваллуди паёмбари худ гиранд, пас ҳудуди 24 000 тақвиму солшумории мухталиф пеш меомад. Албатта, на ҳамаи паёмбарон соҳибқавму соҳибкитоб будаанд, аммо агар ҳатто ба номи ниме аз онҳо ё даҳяки онҳо тақвим сохта мешуд, башар боз ҳам солшумориву тақвимҳои бисёр зиёде медошту байни онҳо саргум мемонд. Агар инро низ афзоем, ки бахше аз тақвимҳо на аз таваллуди паёмбарон, балки аз зуҳур, ҳиҷрат ё марги онҳо оғоз шудаанд, шумори солшуморию тақвимҳо боз ҳам меафзуд…

Дар тақвияти дарки ин ҳолат метавон ёдовар шуд, ки танҳо худи мусулмонон, ки ҳудудан чоряки башари имрӯзанд, илова бар солшумориҳои миллию суннатии худ ва тақвимҳои иқтибосии шарқию ғарбӣ, боз даҳҳо намуди солшумории исломии худро доранд ва истифода мекунанд. Албатта, машҳуртарин низоми солшумории мусулмонон солшумории ҳиҷрист, ки дар он сароғози ҳисоби таърих аз соли «ҳиҷрат» ё сафари ногузири Паёмбари ислом ва ёронаш аз шаҳри Макка ба шаҳри Мадина муайян шудааст. Тибқи тақвими мелодӣ, ин ҳодиса ба соли 622-юм рост меояд ва он ҳамчун соли оғози аксари солшумориҳои исломист. Аммо солшумории «ҳиҷрӣ» дар навбати худ ба «ҳиҷрии шамсӣ» ва «ҳиҷрии қамарӣ» тақсим шудааст, ки то имрӯз дар кишварҳои гуногуни мусулмоннишин ҳамзамон корбурд дорад.

Дар равиши «ҳиҷрии шамсӣ» оғози солшуморӣ аз соли «ҳиҷрат» (баробар бо 622-и мелодӣ) гирифта мешавад, аммо ҳисоби рӯзу моҳҳои сол мувофиқи низоми офтобӣ (дар арабӣ «шамс»), яъне мувофиқи гардиши замин бар даври офтоб муайян гаштааст. Дар он соли пурраи 365,3 рӯза ҳосил мешавад ва рӯзи оғоз ва рӯзҳои оддии сол тағйир намеёбанд. Аммо дар равиши «ҳиҷрии қамарӣ» гарчӣ оғози солшуморӣ аз соли «ҳиҷрат» гирифта мешавад, аммо ҳисоби рӯзу моҳҳои сол мувофиқи низоми моҳтоб (дар арабӣ «қамар»), яъне мувофиқи гардиши моҳ бар даври замин муайян гаштааст. Дар натиҷа, соли «қамарӣ» ҳар сол нисбат ба гардиши воқеии сол дар табиат 10-11 рӯз камтар омада, соли 354,2 рӯза ҳосил мешавад. Бинобар ин, дар солшумории «ҳиҷрии қамарӣ» ҳам рӯзи оғози ҳар сол ва ҳам рӯзҳои одии он дар муқоиса бо тақвими «шамсӣ» тағйир меёбанд. Масалан, агар имсол соли нав аз 1-уми январ сар шавад, соли оянда он метавонад 11-рӯз қафотар рафта, ба  20-уми декабр рост ояд, соли баъдӣ шояд ба 9-уми декабр…

Сабаби ҳар сол тағйир ёфтани вақти моҳи рамазон, айёми сафари ҳаҷ ё вақти идҳои мусулмонӣ низ дар ҳамин аст, ки онро бо усули «қамарӣ» ҳисоб мекунанд. Ҳамсолони мо шояд ёд доранд, ки як вақтҳо рамазон дар тобистон омада буду як вақтҳои дигар дар чиллаи зимистон. Ҳамин тавр, соли қамарӣ тақрибан дар 33 сол як бор такрор шуда, аз ҳисоби кӯтоҳии худ аз соли шамсӣ як сол пештар меравад. Дар 100 сол ин фарқият 3 солро ташкил мекунад. Бинобар ин, шахсе, ки ба солшумории шамсӣ 100 сола бошад, ба солшумории қамарӣ ҳудуди 103 сола мешавад. Дар ҳоле, ки он шахси хушбахти 100 сола ҳатман дар як синну соли мушаххас қарор дорад, аммо тақвимҳои гуногун метавонад чунин тафсирҳо кунанд, ки ин низ аз аҷоиботи солшуморист…

Вақти ба ҳисоби соли мелодӣ баргардондани соли қамарӣ низ илова бар ҷамъ кардани 622 сол, бояд он тафовутҳои 3-соларо, ки дар ҳар 100 сол ҳосил мешаванд, дар назар гирем.

Аммо солшумориҳои исломӣ бо шамсию қамарӣ хулоса намешаванд. Вақти сафарҳо ба Либиёи замони Муаммар Қаззофӣ шоҳид будам, ки дар ин кишвар навъе «тақвими набавӣ»-ро истифода мекарданд, ки он аз назари ҳисоби ҷараёни вақт моҳиятан солшумории қамарӣ буд (тибқи гардиши моҳ), аммо сароғози таърихро на аз ҳиҷрат, балки аз реҳлат, яъне соли вафоти Пайғамбари ислом мегирифт. Соли 2001 он ҷо ҳамагӣ соли 1369 буд.

Ё Афғонистони ҳамсояи мо феълан солшумории ҳиҷрии шамсиро истифода менамояд, аммо бо тафовут аз моҳшумории маъмули эронӣ (яздигурдӣ) чун «фарвардин», «урдибиҳишт», «хурдод», «тир», «мурдод» ва ғ…, моҳҳои маҳаллии суннатие чун «ҳамал», «савр», «ҷавзо», «саратон», «асад» ва ғ… ва ғайраро ба кор мегирад.

Ба гунае, ки буд:

Ибтидои ҳамал зи Наврӯз аст,

Ёд гираш, ки сивуяк рӯз аст.

(Бо вуҷуди аз расмият рафтан, чунин моҳҳо дар солшумориҳои суннатии мардуми тоҷик низ ҳанӯз истифода мешаванд: моҳи ҳамал, моҳи ҳуд, моҳи асад. Мисли шеърҳои «Алифбо»-ии кудакони мо – «Борони ҳамал,/Бар мӯям амал…» ё «Дар моҳи асад, олу мепазад…» ва ғ.)

Ҳамин тавр, ҳоло на танҳо дар сатҳи ҷаҳон, балки дар дохили худи «ҷаҳони ислом» ва ҳатто дар худи ҳавзаи «се кишвари форсизабон» низ рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо аз ҳамдигар комилан фарқ дошта, замон бо тақвиму рақаму номҳои гуногун ҳисоб карда мешавад. Масалан, ҳамин рӯзе, ки банда ин ёддошти аллакай тӯлониро менависам, дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми моҳи январи соли 2022, дар Афғонистон рӯзи 12-уми моҳи ҷаддии соли 1400 (ҳиҷрии хуршедӣ бо моҳҳои суннатии маҳаллӣ), дар низоми коргузории «Толибон» дар Афғонистон рӯзи 28-уми моҳи ҷамодию-л-аввали соли 1443 (ба ҳиҷрии қамарӣ) ва дар Эрон рӯзи 12-уми моҳи дайи соли 1400 (ба ҳиҷрии хуршедӣ) мебошад. Инак туро ҳамзабонию ҳамфарҳангӣ…)))

Барои маълумот метавон афзуд, ки имрӯз беш аз 300 намуди тақвиму солшумориҳо мавҷуданд, ки машҳуртарини онҳо гоҳшуморҳои григорянӣ, юлианӣ, ҳиҷрӣ (шамсӣ ва қамарӣ), буддоӣ, римӣ, тибетӣ, ҳиндӣ, яҳудӣ, арманӣ, юнонӣ ва ғ. мебошанд. Боз ҳам барои мисол, ҳамин солеро, ки мо тибқи тақвими исавии григориянӣ соли 2022 медонем, ҳамзамон тибқи тақвими яҳудӣ соли 5782, тибқи тақвими ҳиҷрии қамарӣ соли 1443, тибқи тақвими чинӣ соли 4719, тибқи тақвими юлиании калисои русӣ соли 7530, тибқи тақвими ҳиҷрии шамсӣ соли 1400 ва ғайра мебошад. Илова бар ин, аксари ин солҳо дар вақтҳои гуногуни соли хуршедӣ ё тропикӣ оғоз шуда, аз назари аввалу охири сол ҳам бо ҳам тамоман мутобиқат намекунанд.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки низоми табиии вақт дар табиат ҳама ҷо собит асту замон дар ҳама ҷо ҳамон як замон… 

(Албатта, дар бораи андозагирии вазн, дарозӣ, масоҳат, ҳарорат ва ғайра низ диду таҷрибаву ченаку низомҳои ҳисоби башарӣ бисёр гуногун аст, ки он низ барои завқмандону ҷустуҷӯгарон баҳсе бисёр ҷолиб мебуд. Он ҷо низ метавон дид, ки ҳама чиз дар ҳама ҷои ҷаҳон ба ин содагӣ бо метру километру сантиметру милиметр ё бо гарму килограм чен карда намешавад. Мушкили бузурги ин ченакҳои барои мо бисёр оддишударо пас яз як хариди муфассал дар бозори меваи Пекин ё Кобул метавон бисёр дақиқ дарк кард. Ё вақте дар як фурӯшгоҳи Амрико андозаи пироҳане бо 12 низоми андозагирӣ нишон дода шуда бошад ва Шумо дунболи мушовирони он гардед, ки андозаи 40-уми аврупоӣ чанд мешавад…)

4. МАФҲУМИ «СОЛШУМОРИИ МЕЛОДӢ» ЧИСТ?

Тавре омад, дар талошҳои башар барои тасаллут бар замон ва танзими вақт динҳо ва таълимоти гуногуни ақидатӣ таъсири зиёде доштаанд ва таърихро бо номи худу паёмбарони худ танзим кардаанд. Аз ҷумла, пайравони дини насронӣ (масеҳӣ) дар асрҳои миёна оғози солшуморӣ ва тақвимро аз соли таваллуди пайғамбарашон Ҳазрати Исо қарор дода, тамоми таърихи ҳастӣ ва башарро ба ду давраи «то таваллуди Исо» ва «пас аз таваллуди Исо» тақсим намудаанд. Дар ин тақвими онҳо Исо чун нуктаи ҳисоб дар меҳвари таърих қарор гирифта, замон ё то Исо ва ё пас аз Исо дониста шудааст. Аз сабабе, ки дар арабию тоҷикӣ ба мафҳуми таваллуд «мелод» низ гуфта мешавад, аз чунин тартиби солшуморӣ мафҳуми «мелодӣ» ё «солшумории мелодӣ» ба вуҷуд омад. Яъне солшуморие, ки аз соли мелодии пайғамбар Исои Масеҳ оғоз мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба сифати «Масеҳ» (масҳкунанда, ба воситаи соиши даст зиндакунандаи мурдагон) доштани ҳазрати Исо, дар забони мо мафҳуми солшумории «масеҳӣ» низ пайдо шуд.

Ва ин ҳам аз аҷоиботи фарҳангу забони мост, ки дар он пайравони ҳазрати Исоро бо чандин истилоҳи комилан гуногун ифода мекунанд, ки ҳар яке тобиши хоса дошта, машҳуртаринашон «масеҳӣ», «исавӣ», «насронӣ» (шакли ҷамъаш «насоро»), «салибӣ», «тарсо» ва инак ҳатто «христианӣ» ва ғ. мебошад. Аз ин рӯ, мафҳумҳое чун солшумориҳои «мелодӣ», «исавӣ», «масеҳӣ», «насронӣ» ва ғ. дар ин маврид ҳаммаъно мебошанд.

Ба сухани Мағмуми Дарвозӣ:

Моҳи кишвари русӣ,

Рӯ ба ҷониби мо кун,

Ё биё мусулмон шав,

Ё маро насоро кун….

5.ОЁ ДАВРАИ «ТО МЕЛОД» НИЗ ТАЪРИХ ВА ЗАМОНИ МОСТ?

Гузашта аз ин, пайравони ҳазрати Исо мелоди ӯро на танҳо чун оғози шумориши нави замон, балки чун меъёри ҳисобгирии замонҳои гузашта низ муқаррар карданд. Яъне ҳар чизе, ки то мелоди ӯ будааст, акнун аз соли якуми мелодӣ баръакс ё чаппа ҳисоб мешавад, ки ин «роҳи ҳалл» худ ба як мушкилаи дигари таърихнигорию таърихомӯзӣ табдил шуд. Ҳамин тавр, барои ҳисоби замонҳои гузашта мафҳуми боз ҳам шартии «пеш аз мелод» ба вуҷуд омад. Ин мафҳум тамоми таърихи миллионсолаҳои ҷаҳон ва ҳазорсолаҳои башарро ба он сӯи ин хатти сурх андохта, мафҳуми «пеш аз мелод»-ро ҳамчун ифодагари ҷаҳони куҳани қабл аз зуҳури масеҳият фарз мекунад. Дар ин тартиби нав тӯли ҳодисаҳо, умри одамон, даври ҳокимияти низомҳо ва ғ. бояд баръакс ҳисоб карда шавад. Масалан: Искандари Мақдунӣ аз соли 356 то соли 323-юми «пеш аз мелод» зиндагӣ кардааст, ки рақами соли таваллудаш бузургтар аз рақами соли маргаш мешавад. Империяи Ҳахоманишиён асрҳои аз 6 то 4-и «пеш аз мелод» ҳукумат доштаанд, ки он ҳам ҳисоби маъкус аст. Шумориши комилан шартие, ки на танҳо ба воқеияти замон, балки ба ақл низ чандон рост намеомад…

Мафҳуми дигаре, ки дар натиҷаи чунин шумориши исомеҳвари таърих дар илму забони мо низ ҷорӣ шуд, ибораи «замони мо» ё «давраи мо» мебошад. Решаи ибора низ ҳамон аст, ки масеҳиён таърихи башариро ба давраи то Масеҳ ва баъди Масеҳ тақсим карда, давраи пас аз мелоди ӯро «даврони мо» (дар англисӣ «Common Era» ё CE, дар русӣ «наша Эра» ё Н.Э.) ва давраи то мелоди Масеҳро «то даврони мо» номиданд, ки ба тоҷикӣ низ омадааст. Бинобар ин масеҳиён агар чизеро дар ҳудуди чор ҳазор сол пештар аз имрӯз ифода кунанд, истилоҳи ду ҳазор сол пеш «аз замони мо»-ро истифода менамоянд. Яъне, чор ҳазор сол аз ҷамъ кардани ду ҳазор соли «мелодӣ» ва ду ҳазор соли «пеш аз мелод» ҳосил мешавад.

Ин аст, ки бо пайравӣ аз ҳамон «мо»-и ибораи «замони мо», ки барои ғарбиёну масеҳиён дар ҳақиқат мафҳуми худӣ дорад, таърихнависони тоҷик низ дар китобҳояшон ҳодисаҳои пеш аз мелоди Исоро «пеш аз замони мо» ва пас аз онро «дар замони мо» менависанд. Сирфан динасос будани ин мафҳум дар он низ ифода мешуд, ки дар қомусҳои даврони Шӯравӣ аксаран онро на дар шакли «замони мо», балки дар шакли «давраи Масеҳият» («христианская эра», хр.э. ва «давраи пеш аз Масеҳият» («до христианской эры», до хр.э.) ифода мекарданд. Дар матнҳои англисӣ низ ба ҷои истилоҳи «пеш аз мелод» ҳамзамон шакли динмазмуни «ВС» ё «Before Christ» («Пеш аз Исо» ё «Пеш аз масеҳият») низ корбурд дорад.

Албатта, ҳоло дар илму фарҳанги мо ин истилоҳ мафҳуми динию тамаддунии худро пурра аз даст дода, сирфан ҳамчун ченаки андозагирии замон аз «нуктаи сифр»-и солшуморӣ ба ду тараф истифода мегардад. Ё ақаллан, ин «мо» назди мо ба маънои «мо – башари муосир», фаҳмида мешавад. Ё ҳазор сол пеш аз оғози солшумории имрӯзаи мо…

6.МУАММОИ «РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ ИСО» ДАР ЧИСТ?

Дар талоши андозагирии беҳтари замон ва танзими беҳтари вақт, соли 1582 дар Аврупо ислоҳоти амиқи тақвимӣ амалӣ шуда, тақвими нави «григорианӣ» ҷорӣ карда шуд. Он бар асоси тақвими қадими юлианӣ ва ба ривояте бар асоси «тақвими ҷалолӣ» аз тарафи Папаи Рум Григорийи XIII ҷорӣ шудааст, ки ба номи ҳамин папа машҳур аст. (Албатта дар забони тоҷикӣ ба ҷойи истилоҳи «григориянӣ» ин солшумориро «григорӣ» гуфтан дурусттару беҳтару равонтар мебуд.) Ин тақвим нахустин низоме буд, ки бо гузашти ҳудуди 600 сол аз таваллуди Исо оғози солшумориро аз соли фарзии таваллуди ӯ ва оғози солро аз рӯзи 1-уми январ қарор дод. Дар тақвими масеҳии византӣ, ки аз соли 988 истифода дошт, солшуморӣ аз соли якуми «оғози офариниши ҷаҳон» ҳисоб карда мешуд.

Фарқияти тақвими нави григориянӣ аз тақвими юлиании соли 45-уми пеш аз мелод дар он буд, ки тақвими нав соли хуршедиро маҳз 365,2425 рӯз гирифта, тӯли солро бо гаштани пурраи замин бар даври офтоб ё соли тропикӣ мутобиқ намуд. Зеро дар тақвими юлианӣ сол кӯтоҳтар буда, дар 128 сол як рӯз қафо мемонд, ки дар тӯли истифодааш ҳамагӣ ҳудуди 10 рӯз аз ҳолати табиии сол қафо монда буд. Он вақт барои мувофиқ шудани тақвим бо табиат (бо низоми гардиши замин бар даври офтоб), калисои масеҳӣ ба иқдоми нодире даст зада, якбора 10 рӯзро аз замон «ихтисор» карда, «ба таърих илова намуд» ва фардои рӯзи 4-уми октябри соли 1582-ро на 5-уми октябр, балки 15 октябр ҳисоб кард. (Ин ҳодисаи таърихии «10 рӯз ихтисор кардани замон» низ то чӣ ҳад шартӣ ва сунъӣ будани тақвимҳо нисбат ба замон ва табиати воқеиро нишон медиҳад.)

Гарчи бар низоми офтобӣ такя кардани тақвими григориянӣ онро хеле такмил карда буд, аммо дар рӯзи 1-уми январ қарор додани оғози Соли нав дар ин тақвим боис шуд, ки ин солшуморӣ ба тағйироти фаслҳои сол ва ҷобаҷоии бурҷҳои табиию нуҷумии сол умуман мувофиқ набошад. Аз ҷумла, моҳҳои он бо фаслҳои табии сол мутобиқат намекарданд, ки ин мушкилаи ин тақвим то имрӯз идома дорад.

Аммо илова бар ин, гарчӣ солшумории григориянӣ «мелодӣ» ва «масеҳӣ» дониста мешавад, аммо дар ин масъалаҳо низ дар даруни худ баҳсҳои ҷиддие дорад. Зеро, аввалан, аксари моҳҳои он ба ному эҳтироми худоёни бостонии Руму Юнон номгузорӣ шуда, баъзе аз онҳо аз рақамҳои юнонию лотинӣ гирифта шудаанд. Ному маънои ягон моҳи ин солшумории «масеҳӣ» дар асоси номи шахсиятҳо ё мафҳуму арзишҳои динӣ масеҳӣ сохта нашудааст.

Сониян, агар оғози ин солшуморӣ шартан аз соли таваллуди ҳазрати Исо, ҳамчун соли шартии «сифр» қабул шуда бошад, дар асл на дар назди дин ва на дар назди илм соли таваллуди Исо қатъан маълум ва мушаххас нест. Худи сарчашмаҳои қадиму муосири динии масеҳӣ ва манбаъҳои илмии ғарбӣ дар ин боб баҳсҳои васеъ дошта, соли таваллуди ӯро дар вариантҳои гуногун байни солҳои «12-уми то мелод» то соли «6-уми пас аз мелод» нишон додаанд. Ин ба он маъност, ки худи оғози солшумории нави григориянӣ ва интихоби соли «сифр» дар он эҳтимоли аз 1 то 18 сол иштибоҳ будан дорад. 

Севум, агар оғози солшуморӣ дар ин тақвим «мелоди Исо» интихоб шуда бошад ва ба ҳамин сабаб «мелодӣ» номида шавад, аммо оғози худи солҳо дар он, яъне аз рӯзи 1-уми моҳи январ сар шудани соли тақвимӣ ба тавалуди Исо ягон муносибат надорад. Балки рӯзи 1-уми январ ҳамчун рӯзи якуми сол садҳо сол пеш аз таваллуди Исо дар Руми қадим маъмул буда, онро соли 45-уми пеш аз мелод, яъне дақиқан 45 сол пеш аз таваллуд шудани ҳазрати Исо, императори машҳури Рум Юлий Сезар (солҳои 100-44 то мелод) ҳангоми ҷорӣ намудани тақвими худ, ки ҳамчун «тақвими юлианӣ» (дурусттараш – «ҷулиёнӣ») машҳур аст, муқаррар ва расмӣ карда буд. Табиист, ки вақте римиҳо дар тақвими навашон санаи 1-уми январро ҳамчун рӯзи оғози соли нав қабул карданд, аз худи Исо ва омадани ӯ, ки ним аср баъдтар рух дод, ҳеч хабаре надоштанд. Аз ин рӯ, як санаи динии масеҳӣ ё Соли нави масеҳӣ донистани якуми январ асоси илмӣ ва таърихӣ надорад. 

Чорум, дар сарчашмаҳои динӣ ва таърихии масеҳиён худи рӯзи таваллуди Исо низ мавзӯи баҳснок буда, фарзияҳои хаттӣ дар ин бора танҳо аз замони ду аср пас аз зиндагии ӯ дастрас мебошанд. Агар мазмуни онҳоро хулоса кунем, дар ин сарчашмаҳо рӯзи таваллуди Исо на ба 1-уми январ, балки аксаран ба рӯзи 25-уми моҳи декабр рост меояд. Ин ба он маъност, ки рӯзи 1-уми январ аз назари худи сарчашмаҳои исавӣ ҳам рӯзи таваллуди Исо ҳисоб намешавад.

Панҷум, гарчӣ дар тақвими григориянӣ соли тақрибии таваллуди Исо ҳамчун оғози солшуморӣ қабул гаштааст, аммо рӯзи таваллуди Исо ҳамчун рӯзи саршавии сол ё Соли нав муайян нагаштааст. Баръакси ин, дар натиҷаи қабули ин тақвим, рӯзи таваллуди Исои Масеҳ ё ҷашни мелоди ӯ («Cristmas» ё «Рождество») акнун ба 25-уми декабр, яъне 6 рӯз пеш аз рӯзи оғози Соли нав рост меояд. Пайравони равияҳои католикӣ ва протестантии дини насронӣ, ки аксарияти мутлақи масеҳиёни ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва тақвими григориянии соли 1582-ро пазируфтаанд, рӯзи таваллуди Исоро маҳз ҳамин рӯз ҷашн мегиранд. Аммо мутобиқи тақвими юлианӣ, ки хусусан калисои православии русӣ то имрӯз аз он даст накашидааст, ҷашни Мелоди Масеҳ ё Рождество рӯзи 7-уми январ таҷлил мешавад. Калисои арманӣ онро ҳанӯз рӯзи 6-уми январ меҳисобад. 7-уми январ низ ҳамон 25-уми декабр бо ҳисоби тақвими нав аст. (Тавофути 13 рӯз байни 25-уми декабр то 7-уми январ дар натиҷаи вақти ислоҳот аз тақвим «ихтисор» шудани 10 рӯз дар соли 1582 ва низ пайдо шудани камомади 3 рӯзи дигар дар тақвими юлианӣ то асри бистум ҳосил гаштааст.) 

Ҳолати шашуме, ки аз назари худи масеҳиён рӯзи таваллуди Исо набудани 1-уми январ ё Соли навро нишон медиҳад, ҳудуди ҳазор сол пас аз таваллуди Исо дар соли 988 аз тарафи худи онҳо қабул шудани тақвими византӣ аст, ки дар он оғози соли нав на 1-уми январ, балки 1-уми сентябр муқаррар шуда буд ва рӯзи таваллуди Исо ҳамоно 7-уми январ (25-уми декабр) ҳисоб мешуд. Танҳо пас аз қабули тақвими григориянӣ дар соли 1582 оғози сол дубора ба 1-уми январи юлианӣ оварда шуд. Дар Русия низ тибқи тақвими византӣ то фармони машҳури Петр дар соли 1699 оғози соли нав 1-уми сентябр буд ва танҳо аз он сол 1-уми январ ҳисоб шуд. (Тавре омад, яке аз вижагиҳои беназири тақвими византӣ истифодаи мафҳуми «оғози офариниши ҷаҳон» буда, онро ба соли 5508-уми пеш аз таваллуди Исо баробар медонист. Аз ин рӯ, тибқи он тақвими машҳури таърихӣ, имсол соли 7530 аз «оғози офариниши ҷаҳон» аст. Пас метавонем соли 7530-ро низ ба ҳамдигар табрик гӯем.)))

Ҳолати ҳафтуми тасдиқкунандаи ин андеша, сарнавишти «Соли нав» дар худи Русия аст. Зеро дар таърихи он соли нав дар давраҳои гуногун 22-уми декабр (мутобиқ бо шаби Ялдо), 22-юми март (мутобиқ бо Наврӯз), 1-уми сентябр (тибқи тақвими византӣ), 1-уми январь (тибқи ислоҳоти Пётри 1-ум ва ғайра ҷашн гирифта мешуд. Ҳоло ҳам калисои православии рус оғози солро аз рӯзи 1-уми сентябр мешуморад ва ҷашни Мелоди Масеҳро рӯзи 7-уми январ медонад.

Ҳамин тавр, дар ягон ҳолат рӯзи таваллуди Исо ба рӯзи 1-уми январ рост намеояд ва оғози Соли нав дар ин рӯз ба маънои зодрӯзи Исо фаҳмида намешавад.

 

7.ТАҚВИМИ ТУРКМАНБОШӢ КУҶО ШУД?

Русияи подшоҳӣ зери таъсири калисои православӣ тақвими григорияниро то охир напазируфта, аз тақвими византӣ ва сипас  юлианӣ истифода мекард, аммо дар замони Петри якум барои «ҳамоҳангӣ бо халқҳои аврупоӣ» оғози солшуморӣ дар ин кишвар низ тибқи тақвими юлианӣ «аз соли таваллуди Исо» муайян карда шуд. Ҳамин тавр, дар Русия ҳолати нави тақвими юлианӣ (қадимӣ) бо оғози солшумории масеҳӣ ва саршавии сол дар 1-уми январ ба вуҷуд омад. Аммо чун русҳо ислоҳоти григорияниро қабул надоштанд, соли онҳо аз солҳои аврупоиён ҳамоно 12 рӯз қафотар меистод, ки ин ҳолат кори солшумориро дар ҷаҳон боз ҳам печидатар намуд. (Ин 12 рӯз аз ҷамъ кардани 10 рӯзи ихтисоршуда ва 2 рӯзи то он замон ҳосилшуда аз камбуди тақвими юлианӣ ҳосил мешавад.)

Солшумории григориянии масеҳӣ дар Русия танҳо дар замони Шӯравӣ аз оғози соли 1918 қабул гашт, ки дар ин ислоҳот низ бо ихтисори 13 рӯз аз замон, ба таърих 13 рӯз «илова» шуд: бо як қарори ҳукуматӣ пас аз рӯзи 31-уми январи соли 1918 якбора рӯзи 14-уми феврали соли 1918 ҳисоб карда шуд.

Ҳатто худи таърихи воқеии муҳимтарин иди давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ – ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр дар 25-уми октябри соли 1917 – дар натиҷаи ислоҳот амалан дар 7-уми ноябр монд ва маҳз пас аз ин ибораву шиори бисёр ҷолиби «7-уми ноябр – рӯзи пирӯзии Инқилоби Октябр!…» ба вуҷуд омад. Бо қарори ҳукуматӣ он ҳамоно тибқи «равиши куҳна» ҷашн гирифта мешуд. Ва ин яке аз саволҳои маъмули солҳои мактабии мо буд, ки «Чаро Инқилоби Октябр дар моҳи ноябр ғалаба кардааст?» Ва танҳо на ҳамаи муаллимон аз сабаби он огоҳ буданд…

Аммо зодрӯзи Исо, ки бояд акнун дар Русия низ ба 25-уми декабр мегузашт, ҳамон тавр дар рӯзи 7-уми январ боқӣ монд, зеро калисои православӣ аз тақвими пешина даст накашид. Албатта, сипас ҷашни Мелоди Масеҳ ҳамчун ҷашни динӣ дар ҳудуди Шӯравӣ то миёнаи солҳои 30-юми асри ХХ мамнуъ шуд. Дар айни замон, рӯзи 1-уми январ аз тарафи давлати Шӯравӣ ҳамчун рӯзи Соли нави «комилан дунявӣ» роиҷ гашт, ки ба таври васеъ ҷашн гирифта мешуд. (Ин ҳолат низ ду мафҳуми ҷудогона будани «Соли нав» ва «Мелоди Масеҳ»-ро нишон медиҳад.)

Дар пайи ин ислоҳоти вақт дар Русия мафҳуми ҷолиби дигаре чун «Соли нави кӯҳна» («старый Новый год») ба вуҷуд омад. Сабаби ин ҳолат дар он буд, ки пас аз 13 рӯз ихтисор шудани замон тибқи тақвими григориянӣ, рӯзи Соли нав ё 1-уми январ низ амалан 13 рӯз пеш омад. Аммо дар тақвими юлианӣ он ҳамоно дар ҷойи худ истода, акнун дар муқоиса бо солшумори навворидшуда, ба рӯзи 13-уми январ рост меояд. Дар тақвими пешина боқӣ мондани калисои рус низ ин таърихиро устувортар нигоҳ дошт. Бинобар ин, ҳоло баъзе аз аҳолии муҳофизакори Русия илова бар ҷашни Соли нави расмӣ дар рӯзи 1-уми январ, рӯзи 13-уми январи ҳар сол (шаби 13-ум ба 14-ум) «Соли нави кӯҳна»-ро низ ба таври ғайрирасмӣ ҷашн мегиранд.   

Роҳбарони Инқилоби бузурги Фаронса (1799) низ пас аз пирӯзӣ барои «тасаллут бар замон» ва гузоштани сароғози нави солшуморӣ талош карда буданд. Бо ин мақсад, онҳо солшумории навро аз соли 1792, ки рӯзи эълони Ҷумҳурии Фаронса буд, оғоз ниҳоданд. Аммо пас аз ҳудуди 15 соли истифода, ин солшуморӣ, ки намунаи тақвимсозиҳои сиёсӣ ва идеологӣ буд, канор гузошта шуд.

Зикри тақвими Муаммар Қаззофӣ дар Либия, ки аз соли 2001 ҷорӣ гашт, пештар гузашт. Аммо дар минтақаи мо низ дар Туркманистони замони Сафармурод Ниёзов талоши сиёсии танзими вақт анҷом шуда буд. Соли 2002 «Туркменбошӣ» тақвимеро ҷорӣ намуд, ки он бар асоси солшумории григориянӣ танзим ёфта, аммо номи рӯзҳои ҳафта ва моҳҳои сол дар он ба номи худи президент, модараш ва баъзе наздиконаш ва низ, бо номи баъзе қаҳрамону рамзҳои ин кишвар гузошта шуда буданд. Пас аз вафоти ӯ президенти нави Туркманистон соли 2012 ин тақвимро барҳам дод ва солшуморӣ ба ҳолати пешинааш баргашт.

Ҳамаи чунин ислоҳоту дасткориҳо дар танзими замон низ ба моҳияти шартӣ ва сунъии солшумориҳо ишора мекунад. 

8.ЧӢ ТАВР ГУРӮҲИ «ТОЛИБОН» АФҒОНИСТОНРО 44 СОЛ БА ПЕШ МЕБАРАД?

Дасткорӣ ва танзими сунъии вақту замонро дар даруни ҳавзаи тамаддунии худи мо низ дидан мумкин аст. Масалан, 4-уми марти соли 1976 шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ оғози солшумории ин кишварро аз ҳиҷрии хуршедӣ ба «гоҳномаи шоҳаншоҳӣ» иваз намуд, ки оғози он аз соли тоҷгузории шоҳи ҳахоманишиён Куруши Кабир дар соли 559-уми то мелоди Исо муқаррар карда шуд. Ҳамин тавр, дар он сол дар Эрон якбора аз соли 1355-и ҳиҷрии хуршедӣ ба соли 2535-и шоҳаншоҳӣ гузашта, якбора 1180 сол «ба пеш рафтанд». Аммо бо пирӯзии инқилоби исломӣ ва омадани низоми динӣ дар соли 1979-уми мелодӣ, тақвими Эрон дубора ба солшумории ҳиҷрии шамсӣ баргашт, ки тибқи он ҳоло дар ин кишвар охирҳои соли 1400-ум аст. Яъне пас аз инқилоб солшумории Эрон якбора боз ба 1180 сол қафо рафт.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ то имрӯз солшумории ҳиҷрии шамсӣ, аммо бо моҳшумории суннатӣ (бурҷҳои дувоздаҳгонаи фалакӣ) истифода мешавад, ки тибқи он ҳоло соли 1400 аст. Аммо гурӯҳи «Толибон», ки ҳоло қудратро гирифтааст, фармон дода, ки аз оғози соли нав дар Наврӯзи имсол ин кишвар бояд ба солшумории ҳиҷрии қамарӣ гузарад. Ҳамин тавр, сол дар Афғонистон якбора аз 1400 ба 1444 гузашта, ин кишвар якбора 44 сол ба пеш меравад, зеро дар солшумории ҳиҷрии қамарӣ то охири имсол соли 1444 фаро мерасад. Бо вуҷуди чунин ҷаҳишу пешрафт, ин кишвар нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки солшумории масеҳии мелодиро истифода мекунанд ва дар соли 2022 қарор доранд, боз ҳам беш аз 500 сол қафотар қарор гирифта аст.)))

9.ЧАРО ИМСОЛ ҲАМ ГОВ ВА ҲАМ ПАЛАНГ АСТ?

Муаммои дигаре дар масъалаи тақвиму андозагирии вақт омезиш ёфтани солҳои тақвими расмии григориянӣ ва солҳои солшумории суннатии «мучал» аст. Ҳайвонотномаи мучал, ки ҳар солро бо ному сифати ҳайвоне вобаста мекунад, дар фарҳанги мо дар ниҳоят ба солшумории хуршедӣ мутобиқ гаштааст. Яъне ҳар соли мучалӣ, чун соли гов, соли паланг, соли харгӯш ва ғ. низ аз 21-уми март оғоз меёбад. Дар натиҷа, 2 моҳу 20 рӯзи охири ҳар соли мучалӣ амалан ба соли нави мелодӣ мегузарад ва шахсоне, ки таваллудашон дар тақвими масеҳӣ аз 1-уми январ то 20-уми март аст, соли мучалияшон ба соли ҷории тақвимӣ рост намеояд.

Масалан, агарчи соли 2022 соли паланг ҳисоб шавад, соли мучалии ҳамаи таваллудшудагони ин сол паланг нест. Балки фақат соли касоне, ки пас аз 20-уми марти имсол таваллуд шаванд, паланг буда, то 20-уми марти соли 2022 соли мучалии ҳамаи навзодон ҳануз «гов» мебошад, зеро «думи дарози гов» аз соли 2021 ҳанӯз то Наврӯзи имсол ҷорист. Аммо ҳоло мардум ва хоса ҷавонон ин ду солро қариб тавъам гирифта, ба таври оддӣ мегӯянд, ки агар таваллуди кас соли 2022 бошад, пас солаш паланг аст. Табрикоти солинавии дӯстон ба «соли паланг» низ ҳамин ҳолатро нишон медиҳанд.

Дар кори фолу ояндабинии суннатӣ аз тариқи фолномаву солномаҳо (гороскопҳо) низ ҳоло ҳамин мушкила мушоҳида мешавад. Зеро ҳисоби суннатии бурҷҳои астрономии сол низ ба тақсими моҳҳо ва фаслҳои сол дар тақвими солшумории григориянӣ умуман дуруст намеоянд… Ин нуктаҳо низ аз аҷоиботи вақтшиносию солшумориҳои мост…

10. ЧӢ ТАВР ТОҶИКОН ДАҚИҚТАРИН ТАҚВИМИ ҶАҲОНРО СОХТАНД?

Дар илми «тақвимшиносӣ» аслест, ки «муҳимтарин шарти дурустии тақвим дақиқ будани он аст». Ниёгони мо, ки дар кори муҳосибаи дақиқи вақт таҷрибаву пешинаи бисёр тӯлонӣ доштанд, дар даврони исломӣ низ талошҳои ҷиддии сохтани тақвимҳои дақиқро қатъ накарданд. Бузургтарин намунаи чунин амал таҳияи «тақвими ҷалолӣ» буд, ки соли 1079-уми мелодӣ аз тарафи гурӯҳи олимон бо роҳбарии риёзидону ситорашиноси машҳур ҳаким Умари Хайём танзим шудааст ва то имрӯз аз дақиқтарин солшумориҳои башарӣ ба ҳисоб меравад. Хайём ва ҳамкоронаш бар хилофи тақвими дар он замон маъмули қамарӣ, ки бар гардиши моҳ асос дошт, вақтро бар асоси гардиши замин бар даври хуршед муҳосиба карда, тақвими хуршедӣ (офтобӣ) тартиб доданд. Тавре омад, мушкили солшумории қамарӣ (моҳ) дар он буд, ки ба сабаби камии рӯзҳо дар моҳ, ҳар сол 10-11 рӯз камомад дошта, тӯли сол ҳамагӣ 354,3 рӯзро ташкил мекард ва сабт кардани рӯзи дақиқи ҳодисаҳо ва, аз ҷумла рӯзи оғози соли нав мушкил буд. (Тибқи «шикоят»-и салҷуқиёни ҳоким, ин ҳолат, яъне тағйир ёфтани вақти моҳҳо дар тақвими ҳиҷрии қамарӣ, ҳатто ба риояту татбиқи ҷадвали ҷамъоварии боҷу хироҷ аз мардум низ халал ворид мекардааст).

Аз ин рӯ, Хайём бо равишҳои илмӣ лаҳзаи оғози гардиши нави замин дар баробарии шабу рӯзи баҳорӣ, яъне лаҳзаи фарорасии Наврӯзро ҳисоб ва дақиқ карда, тақвимашро дар асоси он  сохт. Дар ин раванд ӯ иштибоҳи солшумории шамсии иронии яздигурдиро низ муайян кард, ки то он замон аз соли табиӣ 18 рӯз қафо монда буд. Аз ин рӯ, дар тақвими Хайём соату рӯзи Наврӯз ба таври тағйирнаёбанда муқаррар карда шуд, ки то имрӯз меъёр аст. Ба гуфтаи олимон ин тақвим ба ҳадде дақиқ аст, ки танҳо дар даҳ ҳазор сол(!) метавонад 1 рӯз кам орад. (Вусъати азими дониши риёзию нуҷумӣ ва табиию фалсафии Умари Хайём дар боби табиат ва Наврӯзро метавон дар китоби «Наврӯзнома»-и ӯ мушоҳида намуд.)

Албатта, бинобар тақозои арзишии он замон ва низоми Салҷуқиён, Хайём низ оғози солшумории худро аз ҳиҷрати Паёмбар (соли 622-юми мелодӣ) қарор дода, навъе солшумории «ҳиҷрии шамсӣ»-ро таҳия намуд. Дар он низоми солшуморӣ илмию офтобӣ, тақсими моҳҳо бо равиши бостонии эронӣ, аммо нуктаи оғози солшуморӣ динию ҳиҷрӣ буд. Аз сабабе, ки тақвим дар даврони Султон Ҷалолиддин Маликшоҳи Салҷуқӣ (1072-1092) сохта шуд, онро «тақвими ҷалолӣ» ном ниҳоданд.

Саъдии Шерозӣ дар муқаддимаи «Гулистон» аз истифодаи ин тақвим дарак дода, зикр кардааст, ки ба навиштани китобаш дар «аввали урдибиҳиштмоҳи ҷалолӣ» оғоз кардааст:

Аввали урдибиҳиштмоҳи ҷалолӣ,

Булбули шӯрида бар манобири қузбон.

Бар гули сурх аз нам уфтода лаолӣ,

Ҳамчун арақ бар узори шоҳиди ғузбон.

11. «РЕШАИ ТОҶИКӢ»-И «СОЛИ НАВИ МАСЕҲӢ» АЗ КУҶОСТ?

 Як нуктаи ҷолиб дар таърихи тақвими хуршедии Умари Хайём ин аст, ки тибқи шаҳодати баъзе сарчашмаҳо ҳангоми ислоҳоти тақвимӣ дар Аврупо, ки соли 1582 аз сӯи Папаи Рим – Григорийи XIII ҷорӣ шуд, маҳз ҳамин низоми дақиқшудаи хуршедии «тақвими ҷалолӣ» бар асос гирифта шудааст. Ба ин маънӣ, солшумории имрӯзаи григории Аврупо ҷавҳари тоҷикӣ низ дорад. Ин тақвим Наврӯз ва оғози соли астрономӣ ё табииро низ ҳамчун ҳолати баробарии баҳорӣ (эътидол) эътироф намудааст. Албатта, истифодаи мустақими «тақвими ҷалолӣ» дар раванди таҳияи тақвими григории имрӯзаро бештар манбаъҳои эронию тоҷикӣ таъкид кардаанд, ки дар он бояд пажӯҳиши бештар шавад. Аз ҷумла дар китобҳои адабиёти тоҷики мактаби миёна дар мавзӯи «Умари Хайём» ин маълумот дарҷ шудааст…

Чун сухан аз баъзе «решаҳои тоҷикӣ»-и «соли нави мелодӣ» рафт, зикри ин нукта низ ниҳоят ҷолиб аст, ки арчаи солинавӣ ва ороиши он  низ як унсури барои фарҳанги мо бегона набудааст. Дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз дар фарҳанги бостонии мо ҳамчун рамзи сабзиву хуррамӣ ва истодагарӣ дар баробари гармову сармо ҷойгоҳи махсус дошта, ба гунаҳои гуногун ситоиш ва гиромидошт мешуданд. Хоса дарахти сарв, ки зеботарини сӯзанбаргҳост, яке аз дарахтони рамзӣ ва бисёр сутудашудаи фарҳанги мо ҳам дар даврони бостон ва ҳам дар даврони исломист.

Гарчи имрӯз он суннату боварҳо аз байн рафтаанд, аммо тасвирҳои боқимонда дар деворҳои харобаҳои шаҳрҳои бостонии мо нишон медиҳад, ки ҳатто ороиши ҷашнии арча дар фарҳанги пешини мо амре роиҷ будааст. Аз ҷумла, дар боқимондаҳои деворҳои Тахти Ҷамшед чандин намуди солиммондаи тасвири дарахтони сӯзанбарги ороста ва муносибати одамон бо он дида мешаванд. Миёни онҳо хусусан ҳаккокии сангие аз тасвири арчаи баланди ороишшуда бисёр машҳур аст, ки ба мавҷудияти ин суннат дар аҳди Ҳахоманишиҳо ишорат мекунад.

Илова бар ин, дар лавҳаҳои наққошӣ, гулдузӣ ва сӯзаниҳои аз қадим бозмондаи мардумони ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон тасвири дарахти арчаи ороишшуда хеле маъмул аст. Хусусан, дар нақши қолинҳо ва зардевориҳои дастбофту дастдӯзи он давраҳо, тасвири сарв ё арчаи ороста яке аз унсурҳои марказист, ки дар илми этнография то ҷое  омӯхта шудааст. (Чандин акси зебо аз тасвири ин дарахтони ороста бар сангу девору қолину зардевориҳои бостонӣ ба ин ёддошт замима шуд, ки дидани он тасаввуру маънии бештарро дар ин бора ба зеҳн мерасонад.)

Баъзе муҳаққиқон, аз ҷумла муаллифони рус ва тоҷик низ анъанаи дар оғози сол аз кӯҳ ба шаҳру деҳа овардан ва ороиш додани дарахти сӯзанбарг ё арчаро яке аз унсурҳои бостонии солинавӣ ё наврӯзии ориёиён ва тоҷикон донистаанд. Дар баъзе манбаъҳо ҳатто тарз ва манзараи аз тарафи ниёгони мо истифода ва ороиш шудани дарахтон ва хусусан, дарахтони сабзи сӯзанбарг дар рӯзҳои наврӯзӣ тасвир шудааст. Этнографи машҳури рус Д.К.Зеленин (1878-1954) зимни таҳқиқи фарҳангу ривоёти бостонӣ ҳатто эпизоди дар он замонҳо дар аввали баҳор бо баданҳои поку шуста барои овардани арчаи сабз аз деҳа ба кӯҳ рафтани ҷавонон, дар деҳа пешвоз гирифтани арча, дар хона интизори ҳадяҳои солинавии мардон нишастани занон ва болои арчаи сабз пошидани шириниҳоро ба таври муфассал ба тасвир гирифтааст, ки ниҳоят ҷолиб аст.

Аммо баръакси ин, гузоштану ороиши арча дар Аврупо дар таърихи барвақтии масеҳият умуман роиҷ набуда, асосан дар ду-се садсолаи охир фарогир шудаааст. Ҷолибтар аз ин, дар Русияи подшоҳӣ, ки як кишвари иртиҷоии масеҳӣ ҳисоб мешуд, гузоштану ороиши арча дар соли нав аз тарафи калисо ҳатто расман то даврони шӯравӣ мамнуъ буд. «Синоди муқаддас»-и Рус  арча ва ороиши онро як «унсури бегонаи воридотӣ ва хурофотӣ» ҳукм карда, то соли 1917 дар мактабу мадрасаҳо гузоштану ороиши онро шадидан иҷозат намедод. Тасаввур кунед, ки агар арча дар соли нав унсури масеҳӣ мебуд, чи тавр калисои масеҳӣ худаш онро «бидъату хурофот» эълон намуда, барои пайравонаш қатъиян манъ мекард? Ин ҳолат низ дақиқан нишон медиҳад, ки арча ва ороиши ҷашнии он усулан на унсури масеҳӣ ва на унсурӣ ғарбист. Баръакс, ин ҳолат андешаи баъзе муҳаққиқон дар бораи аз фарҳанги бостонии мо ба фарҳанги ғарбиён гузаштани ин унсурро тақвият мекунад.

Албатта, дар даврони исломӣ, ки иду анъанаҳои нав ҷорӣ шуданд,  арча ва ороиши он ҳамчун унсури рамзии сабзиву хуррамии солинавӣ аз урф берун шуда, дар фарҳанги маросимии мо дигар асосан мушоҳида намешуд. Баъзе тобишҳои арҷгузорӣ ба чунин дарахтон дар мисоли эҳтироми мардум ба арчаҳои бисёрсолаи мазорҳо ҳанӯз боқист, ки онро метавон дар мисоли мавзеи рамзии Арчамазор, болотар аз истироҳатгоҳи Хоҷа-Оби гарм мушоҳида намуд. Албатта, бештари мазорҳо ва дарахтони гиромии онҳо, ки дар садсолаҳои охир шакл гирифта бошанд, асосан тафсиру мазмуни динии исломӣ доранд.  Манзараи зебо, вале моҳиятан хурофотии латтабандии рангорангу рӯғанрезии «дарахтони муқаддас», ки дар аксари чунин зиёратгоҳҳо диданист, низ шабоҳати зиёде ба бастани овезаҳо бар шохи арча ва аз он «кушодани орзуҳои кӯдакон» дорад, ки албатта дуввумӣ низ ҳеҷ бунёди эътиқодӣ надошта, як амали бозигуна барои хушии атфол аст.

(Ва аммо бардоште наҷибу зебо аз дарахтони латтабандии мазор дар ин рубоии зебои устод Бозор диданиву шуниданист:

Олучаи латтадор буд модари ман,

Қишлоқии хоксор буд модари ман.

Яъне, ки бузургвор буд модари ман,

Дар зиндагияш мазор буд модари ман...)

Бинобар ин, арчаву арчагузории имрӯзаи мо ва анъанаҳои муҷаллаи ҷашну ороиши он дар сад соли охир аз ҷомеаҳои ғарбӣ дубора вориди фарҳанги мо гашта, ба анъанаи роиҷ табдил меёбад. Албатта ин арча давоми мустақими он арчаи мо ва ин анъана идомаи зиндаву бевоситаи он анъанаи бостонии мо нест. Аммо дар ин мавзӯъ назди мо ин ду нукта муҳим аст, ки аввалан, арчаву ороиши идонаи он дар оғози соли нав рабте ба дину эътиқоди масеҳӣ надорад ва сониян, ин унсур дар замони бостон дар фарҳанги ниёгони худи мо низ ҷой доштааст, ки моҳиятан бегона нест. Аз ин рӯ, нигоҳи мо ба арчаи зебои ороставу чароғон, ё дақиқтараш ба бозгашти зеботари арча, метавонад сирфан ҳамчун муносибат ба як асари ҳунарӣ, унсури зебоӣ, василаи дилхушии кӯдакону наврасон, рамзи сарсабзӣ ва омехта бо чошние аз муҳаббату эҳсоси худӣ шакл бигирад. Ин ҷо на барои парастиши эътиқодӣ, на барои накӯҳиши интиқодӣ ва на барои идеологӣ намудани чунин мавзӯи зебо ҷойе намемонад.  

11.СИРРИ АСОСИИ НАВРӮЗ ДАР ЧИСТ?

Ҳамин тавр, агар ба баҳси аслии ёддошт баргардем, худи ҳамзамон ва дар канори ҳам вуҷуд доштан ва истифода шудани тақвиму солшумориҳои бисёр гуногун низ ба ҳамин шартӣ ва сунъӣ будани онҳо ишорат мекунад. То ҷое, ки ҳеҷ кафолате нест, ки имрӯз кадом рӯзи кадом моҳи кадом соли кадом солшуморист…

Аммо муҳимтарин ҳақиқате, ки моҳияти шартӣ доштани ин солшумориҳоро нишон медиҳад, худи воқеиятҳои табиат аст. Зеро дар оғоз ё дар шаби фарорасии ин солҳои нави динӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва расмӣ, дар худи табиат ҳеҷ ҳодисаи ғайриоддӣ ё таҳаввули муҳимме рӯй намедиҳад. На шаби дарозтарин ё кӯтоҳтарин, на оғози гардиши нави офтоб ё моҳ ва ё баробарии шабу рӯз ва ғ. ба аксари ин «оғоз»-ҳои тақвимӣ рост намеоянд…

Ва аммо чун сухан аз Наврӯз низ гузашт, бояд гуфт, ки дар миёни ин даҳҳо тақвиму солшумориҳои башарӣ, маҳз Наврӯз яке аз дақиқтарин нуктаҳои оғози сол буда, на танҳо рӯз, балки соат, дақиқа ва лаҳзаи оғози як даври нави гардиши заминро дар низоми хуршедӣ (манзумаи шамсӣ) ифода мекунад. Тафовути асосӣ ва ё бузургии Наврӯз аз тақвимҳои дигар дар он аст, ки он ба ҳеҷ гуна ақида, дин, сиёсат, қудрат ё идеология бунёд наёфта, маҳз дар асоси равиши комилан илмии ҳисоб кардани қонунмандиҳои табиат ва гардиши вақт муайян карда шудааст. Аз ин рӯ, Наврӯз, пеш аз ҳама илм аст, илми дақиқ, илми табиию риёзӣ. Ва он фарҳангу тамаддуну фалсафаю дину арзишу ҳувияти бузурге, ки баъдан бар меҳвари Наврӯз шакл гирифтааст, дар баробари маҳзи илм ва маҳзи табиат будани худи Наврӯз дуввумдараҷа аст.

Ба ибораи дигар, аз миёни ин оғозҳои солшуморию ин солҳои нави бешумор, Наврӯз рӯзи соли навест, ки дар ҳақиқат дар он рӯз дар табиат гардиши воқеии табиӣ рух медиҳад: шаб ва рӯз аз назари тӯли вақт бо ҳам дақиқан баробар шуда, лаҳзаи «эътидоли табиат» фаро мерасад ва аз он лаҳза рӯз нисбат ба шаб дарозтар шуданро оғоз мекунад. Он лаҳза на танҳо пирӯзии рӯз бар шаб, пирӯзии рӯшанӣ бар торикӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ ё пирӯзии зиндагӣ бар марг аст, балки ба ҳисоби дақиқтарини нуҷумию табиӣ низ поёни як гардиши комили замон ва оғози даври нави як гардиши пурраи дигар аст. Гардише, ки дар тӯли давраи он тамоми лаҳзаҳо, марҳилаҳо, фаслҳо ва таҳаввулоти зотию табии табиат як бор бо назми устувор такрор ёфта, дақиқан пас аз як сол боз ба ҳамин «нуктаи сифр»-и байни анҷом ва оғоз ё ба лаҳзаи эътидоли табиат бармегардад. Бинобар ин, Наврӯз фаротар аз ихтиёру қудрати башар ё берун аз муқаррароти ин ё он дину сиёсату идеология буда, инкори он инкори илм, ақл ва табиат мебошад. Яъне Наврӯзро инсон наофаридааст ва ё ба таври шартӣ ҳамчун оғози соли нав муқаррар накардааст, балки наврӯз худ дар табиат оғози соли нави табиист ва хидмати инсон ба Наврӯз фақат ҳамин аст, ки онро дарк карда ва шинохтааст.

Бинобар ин, агар лаҳзае баҳси илмию табиии андозагирии вақтро канор гузошта, ба ин мавзӯъ аз нигоҳи миллию тамаддунӣ нигарем, Наврӯз як арзиш, як сарват ва як ифтихори миллии мост. Ба он маъно, ки дар ҷаҳони солшумориҳои бешумори идеологию сиёсию шартию сунъӣ, доштани чунин солшумории илмии табиӣ нишонагари қудрати зеҳнӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва собиқаи тӯлонии тамаддунии як миллат мебошад. Аз ин рӯ, агар дониши илмӣ, иттилооти таърихӣ ва дидгоҳи арзишию миллии мо дар боби Наврӯз ба ҳам оянд, ҳеҷ баҳсе дар бораи ҷойгоҳи он боқӣ намемонад.

Бо ин васф, дар сатҳи СММ эътироф гаштан ва мақоми ҷашни байналмилалӣ ёфтани Наврӯз бешубҳа тантанаи як ҳақиқати илмӣ, як асолати фарҳангӣ ва як адолати таърихист:

Ҳумоюн бодат имсолу ҳам сол,

Муборак бодат имрӯзу ҳам рӯз!

12.ҲУКМУ ҚУРБИ ТАҚВИМИ ҶОРӢ ЧИСТ?

Аммо агар дар ниҳояти гуфтор дар боби қурбу ҳукми тақвими григориянии расмии худ низ гӯем, он ҳам акнун яке аз мукаммалтарин тақвимҳои башарӣ буда, бо рушди илмҳои табиию риёзӣ борҳо ислоҳу  дақиқкорӣ шуда, то ҳадди имкон ба қонунмандиҳои ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ дар манзумаи шамсӣ (системаи офтобӣ) ва таъсирпазирии замин аз ин гардиш мутобиқ гардонида шудааст. Ба ҳисоби коршиносон, ин тақвим акнун дар 3500 сол ҳамагӣ як рӯз камбуд меорад, ки он сатҳи олии дақиқи ҳисоб мешавад.

Албатта, олимони соҳа нисбати он низ эродҳои ҷиддии тахассусии худро дошта, борҳо талош намудаанд, ки ба таҳияи тақвими беҳтаре ноил шаванд. Аз ҷумла, дар солҳои 60-уми асри ХХ баҳси таҳияи «тақвими фарогиру собит», ки «аввалу охири сол ва рӯзҳои он ҳеҷ тағйир наёбанду ба ҳар рӯзи моҳу сол ҳамеша як рӯзи ҳафта рост ояд» то сатҳи СММ низ расида буданд, ки пас аз нишасту ройзаниҳои гуногун мавқуф гузошта шудаанд. Дар умум, имрӯз ин тақвим аз доштаҳои нақд ва арзишманди башарӣ дар ин самт аст.

Аз ин рӯ, гарчӣ оғози ин солшуморӣ ва аввалу охири моҳҳо ва бурҷҳо дар он вазъияти таҳаввулоти воқеии табиат ва андозагириҳои илмбунёди вақт дар фарҳанг ва тамаддуни бостонии худи моро фаро намегирад, аммо дар амалияи зиндагии имрӯза ҳамчун як чорчӯби пазируфта ва дақиқшудаи вақтшуморӣ роиҷ мебошад. Илова бар ин, ҳоло аксарияти кулли кишварҳои ҷаҳон маҳз ба тақвими григориянӣ гузашта, он чанд кишвари боқимонда низ онро дар канори тақвимҳои худ ногузир ба таври ҳамзамон (параллелӣ) истифода менамоянд. Муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон ва кори шабакаҳои моливу иттилоотии байналмилалӣ низ асосан бо ҳамин тақвим танзим мегардад, ки ҳузури мустақим ё паралелӣ дар ҳавзаи он барои кишварҳои дар ҳоли рушд хеле муҳим аст.

Бо назардошти ин ҳолат ва зарурат, ҳоло тамоми кишварҳои мусулмоннишин, ба ҷуз Афғонистон ва Эрон, низ ба таври расмӣ ба тақвими мелодӣ гузаштаанд, ки намунаи охирини он расмият ёфтани ин тақвим дар Арабистони Саъудӣ дар соли 2016 аст. Солҳои охир баъзе кишварҳои мусулмоннишин ҳатто рӯзҳои истироҳатии анъанавии ҳафтаро низ ба ин тақвим мутобиқ менамоянд, зеро дар ҳолати рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа будани истироҳат дар ин кишварҳо ва рӯзҳои шанбе ва якшанбе будани он дар кишварҳои дигар, низоми иртиботӣ ва муомилоти бонкию молиявии байналмилалӣ ва ғ. ҳудуди чор рӯзи ҳафта халали ҷиддӣ меёбад. Бо ин мақсад дар аксари ин кишварҳо рӯзҳои истироҳат аз «панҷшанбе-ҷумъа» ба «ҷумъа-шанбе» гузаронида шуда, дар кишвраҳое чун Покистон, Туркия ва ғ. истироҳат дар рӯзҳои шанбе-якшанбе муайян шудааст. Уламои исломии ин кишварҳо низ ба ин ислоҳоти вақт муносибати муътадил доштанд. Умуман, ин корбурди  фарогири кориву фаннӣ тақвими мелодии григорияниро аз тобишу моҳияти аввалияи динию масеҳӣ хориҷ намуда, сирфан ба як низом ё механизми муносиби ҳамагонӣ ва байналмилалии танзиму андозагирии оддии замон аз тарафи инсон табдил додааст.

Ин аст, ки дар ин ёддошт сухан аз зарурат доштан ё надоштан ё хубиву бадии ин тақвим нарафта, мулоҳизаҳои боло дар бораи муаммои андозагирии замон аз тарафи инсон ва моҳияти шартиву бисёрвариантии тақвиму солшумориҳои башарӣ як андешаронии солинавӣ дар ин мавзӯи ҷолиб аст, ки пеш аз ҳама таъйиноти завқӣ, таълимӣ ва маърифатию иттилоотӣ (информативӣ) дорад. Хусусан, ин баҳси завқию маърифатӣ ба мавзӯъҳои сиёсию идеологии «дуруст будан ё нодуруст будани Соли нав» ё «гуноҳ ё савоб будани арча», ки солҳои охир гоҳо ба таври сунъӣ барафрухтаву ғоз дода мешавад, ҳеҷ рабте надорад. Дар боби он баҳсҳо ҳамин зикр кофист, ки онҳо аз назари илмиву динӣ бисёр муҳим ва аз назари фарҳангию ҷамъиятӣ чандон созанда нестанд…

Бале, тавре зикр шуд, агар тамаддуни бостонии худи мо ҳамчунон пайбарҷо мебуд ва мо имрӯз тавони таъйини меъёру низоми ҳисоби замонро дар ҳавзаҳои васеътари ҷуғрофию тамаддунӣ медоштем, барои ин кор низомҳои мукаммали солшумории худ ва, пеш аз ҳама, низоми илмбунёди устуворе чун Наврӯз ва солшумории офтобиро доштему ниёзе ба иқтибосу воридоти он намебуд. Аммо чун ҳоло, ки дар асри густардагии арзишҳои тамаддунҳои бартари ҳазорсолаи ҷорӣ ба сар мебарем ва тақвими расмии мо ва аксари кулли башари имрӯза ҳамин тақвими байналмилалӣ ва ҷаҳонишудаи григориянист, пас бе ҳассосияти хосе ҳисобу сарҳисоби замон ва танзими вақтро дар доираи он ба таври бисёр оддӣ пеш барем. То ҷое, ки аз замони равон беш аз ин канор намонем…

ХОТИМА

Ин навиштаи тӯлёфтаро мехостам бо се нуктаи кутоҳ хулоса кунам:

Аввал, шакке нест, ки донистани ин маълумот ва таваҷҷуҳ ба ин мулоҳизаҳо барои афзоиши донишу ҷаҳонбинию иттилооти ҳар инсони муосири хушзавқу озода басе муҳим аст. Гарчӣ дар диди аввал ин ёддошт матне оганда аз маълумоти умумӣ намояд, лек худи банда солҳо муштоқ будам, ки дар ин мавзӯи ҷолиб чизи муназзамро дар сабки оммавии осон ва бо забони тоҷикии равон пайдо кардаву бихонам. Чун чунин чиз дастрас набуд, ногузир имрӯз нишастаму худам онро офаридам, то агар мо надоштем, дигарон дошта бошанд. Ва табиист, ки дар канори маълумоти муфид дар ин навишта паёму андешаву арзишҳои зиёде низ канори ҳам чида шудаанд, ки бегумон дарку дарёфти он дар боло рафтани эҳсосоти мусбати арзишӣ, ифтихори миллӣ ва эътимоди тамаддунии мо ва фарзандони мо низ басе муфид хоҳад буд.

Дуюм, аммо агар аз баҳси афлок то ба сатҳи зиндагии шахсии инсон поин оем, дар ин ҷаҳони ҳукмронии тақвимҳои сунъию шартии сиёсию идеологӣ барои ҳар яки мо бисёр муҳимтар аст, ки пайванди зиндаи худро бо табиати зинда, бо набзи замону макон, бо гардиши воқеии замин ва бо вақти воқеӣ дарёбем ва нигоҳ дорем. Яъне бо ҳар лаҳзаву дақиқаву соату рӯз, бо ҳар ҳафтаву моҳу фаслу сол, бо зарфияту хушиҳои ин оҳангу таҳаввули нотакрор пайваставу ҳамоҳанг бошем. Зеро дар асл чандон муҳим нест, ки имсол кадом сол ва тибқи кадом солшуморист ва оғозу далели он чист, балки басе муҳимтар аст, ки дар ин рӯзу ҳафтаву моҳу соле, ки «истода менамояду чун тир меравад», инсони мушаххас хушу саломату осудаву озоду озода бошад. Бар меҳвари эътимоди худ, дар канори азизони худ, дар муҳити арзишу хостаҳои худ ва дар хонаи гарму сарзамини азизи худ…    

Сеюм, аммо барои тасаллут бар набзи замон ва дарёфти қудрати танзими он барои як инсон ва хоса барои як ҷавон, басе муҳимтар аст, ки вақти худро дуруст барномарезӣ кунад, сарҳисоби кори худро дуруст дарёбад, вақташро, яъне умрашро дуруст истифода намояд. Зеро танҳо сармояе, ки мо дар ихтиёр дорем, ҳамин вақт ё умри мост. Ва пирӯзу комёб касест, ки дар тақвими шартии зиндагӣ худи вақти ҳақиқиро ҳисоб кардаву қиммати онро дарёфта ва дуруст ба кор бурда бошад. Ба сухани устод Лоиқ:

Эй хуш он кас, ки дар ин радду бадал,

Ҷӯяду ёбад ҳисоби зиндагӣ!

Соли наврасидаи ҳамаи Шумо тибқи ҳамаи тақвимҳо гиромӣ ва муборак бод!   

Total Views: 1344 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.