АМНИЯТИ МИЛЛӢ ЧИСТ?

(Ёддоште дар Рӯзи амнияти миллӣ)

Бо шодбоши Рӯзи кормандони соҳаи амнияти миллӣ, таърифи мафҳуми “таъмини амнияти миллӣ”-ро аз китоби фаромӯшшудаи «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе, «Ирфон», 2010.- 298 с.) хидмати дӯстон мегузорам.

Ин таърифи 12 соли пеш имрӯз шояд каме сода намояд, аммо он аз аввалин таърифҳои миллии амнияти миллии давлати миллии мост. Ва худи он китоб низ нахустин китоби миллӣ дар боби амнияти миллӣ буд.

***

«… Ба хотири он, ки сухан устувор ояд, онро аз ҷустуҷӯи таърифи дурусти мафҳуми калидии ин матлаб, яъне мафҳуми «амнияти миллӣ» оғоз менамоем. …

… Дар шароити давлатдории миллӣ, худи «давлати миллӣ» асли аввал ба ҳисоб рафта, фаҳму таърифи дурусти тамоми мафҳумҳои дигар бояд дар мутобиқат бо фаҳми дурусти мафҳуми давлати миллӣ дода шаванд.

Аз ин рӯ, пас аз ошноӣ бо таърифу фаҳмишҳои гуногуни амнияти миллӣ, ки дар санаду консепсияҳои меъёрӣ ва адабиёти илмии дохилию хориҷӣ фаровон аст, ба хулосае расидам, ки фаҳму таърифи амнияти миллии давлати миллии мустақили тоҷикон бояд тарҷумаю тақлиди таърифҳо ва дидгоҳҳои бегона набуда, бар пояи устувори илмию назарӣ(1), бар асоси воқеъбинии сиёсию амалӣ(2), дар заминаи воқеияти таърихию фарҳангию тамаддунии миллати тоҷик(3), дар чорчӯби манфиатҳои воқеии миллӣ(4) ва дар посухи ниёзҳои моддию маънавии он(5) ташаккул ёфта бошад.

Маҳз чунин фаҳми ҷомеу воқеъбинонаи мафҳуми амнияти миллӣ ҳифзу бақову рушди ин миллатро кафолат медиҳад. Яъне, дар шароити давлати миллӣ маҳз таърифи миллӣ ва фаҳмиши миллии мафҳуми «амнияти миллӣ» метавонад посухгӯи манфиатҳои миллии кишвари мо бошад.

Аз ин рӯ, дар таърифи муаллифии банда, дар шароити давлатдории миллӣ зери мафҳуми таъмини амнияти миллӣ бояд, пеш аз ҳама, ҳифз шудан ва дар амният қарор доштани худи миллат ҳамчун ташаккули мустақили этникию фарҳангӣ(1) ва худи давлати миллӣ ҳамчун воҳиди мустақили ҳудудию сиёсию арзишӣ(2), шинохту ҳифзи арзишҳои аслии тамаддунии миллӣ(3) ва нишондиҳандаҳои миқдориву сифатии миллат(4) ва ҳамчунин, шинохти дурусти таҳдиду хатарҳои дохилию хориҷӣ ба ин ниҳодҳову арзишҳо(5) ва таъмини шароити воқеии бақо ва рушди ин ниҳоду арзишҳо(6) ва ниҳоят, дар ихтиёр доштани ниҳодҳо ва абзорҳои зеҳнӣ ва моддии анҷоми чунин фаъолият(7) фаҳмида шавад.

Агар ин таърифро шарҳу бозкушоӣ кунем, он аз ҳафт банди муҳимм иборат аст, ки ҳар яки он ба маънои зерин омадааст:

1.Ҳифзи худи миллат ҳамчун ташаккули мустақили этникию фарҳангӣ.

Яъне, аввалин, муҳиммтарин ва олитарин вазифаи амнияти миллӣ ҳифзи худи миллат аст ва тамоми зервазифаҳои дигаре, ки дар идома зикр мешаванд, барои иҷрои ин вазифаи аслӣ дар назар гирифта шудаанд. Ин ҳифз, чуноне, ки шарҳ хоҳад шуд, ҳам ҳифзи биологӣ (вуҷудӣ) ва ҳам ҳифзи фарҳангию ҳуввиятии (арзишии) миллатро дар назар дорад, зеро вуҷуди миллат фақат дар сурати ҳифз ва ҷамъ будани ҳар дуи ин ду унсур боқӣ мемонад.

2.Ҳифзи давлати миллӣ ҳамчун воҳиди мустақили ҳудудию сиёсию арзишӣ.Ташкили давлати миллӣ нишонгари олитарин сатҳи камоли як миллат буда, дар замони муосир муҳиммтарин абзор, кафолат, ва механизми таъмини бақо ва рушди ҳар миллат аст. Аз ин рӯ, дар мафҳуми амнияти миллӣ «ҳифзи давлати миллӣ» пас аз ҳифзи худи миллат масъалаи муҳимтарин ба ҳисоб рафта, он ҳамчун роҳи асосии тазмини (гарантияи) ҳифзи миллат шинохта мешавад. Ҳифзи давлати миллӣ худ ба се поя устувор аст, ки ҳар яке аҳаммияти усулӣ дорад:

– Ҳифзи ҳудудии давлати миллӣ:

Ҳудуд, ҷуғрофиё ё сарзамин барои тамоми давлатҳои миллӣ ҷузъи муқаддасот ба ҳисоб рафта, маҳз сарзамин ҳамчун зарфи табиӣ ва маънавии бақо ва рушди ҳар миллат, як рукни аслии ҳастӣ, ташаккул ва рушди онро ташкил медиҳад.

– Ҳифзи сиёсии давлати миллӣ:

Яъне, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва худсолории сиёсии давлат ва мавҷудияти он ҳамчун воҳиди мустақил ва комилҳуқуқи фазои муносибатҳои байналмилалӣ. Ин яке аз масъалаҳои усулиест, ки барои бисёр миллатҳои ҷаҳон муяссар намешавад ва аз ин рӯ, миллатҳое, ки ба он даст ёфтаанд, бояд ҳифзи онро вазифаи ҳаётии худ донанд.

-Ҳифзи ҳуввиятӣ ё арзишии давлати миИлова бар ҳифзи ҳудуд ва истиқлоли давлати миллӣ, ҳифзи миллият ва моҳияти миллии давлати миллӣ низ як масъалаи усулист. Тавре дар таърифи боло омада буд, давлати миллӣ, ки олитарин ниҳоди таъсиснамудаи миллат аст, бояд дар ҳифз ва рушди фарҳанг, ҳуввият, арзишҳо ва муқаддасоти худи ин миллат талош дошта бошад. Агар «давлати миллӣ» ба тахриби ҳуввияти миллии як миллат, аз байн бурдани арзишу муқаддасоти он миллат ва таблиғу ҷорӣ намудани арзишҳои барои он миллат бегона машғул бошад, он дигар давлати миллии он миллат нест.

3.Шинохт ва ҳифзи арзишҳои аслии тамаддунии миллӣ.

Ин мафҳуми калидиро метавон ба сатҳи назарӣ ва амалӣ тақсим намуд. Саволи сатҳи назарӣ ин аст, ки худи арзишҳои аслӣ ва муқаддасоти тамаддунии миллати мо кадоманд? Ин масъала дар ҳуввият ва воқеияти миллии мо ҳалли худро асрҳо боз пайдо намудааст, вале дар асри гузашта, ба сабаби аз арзишҳои фарҳангу тамаддуни миллӣ дур гаштани бахше аз қишрҳои ҷомеа имрӯз ин масъала дар доираҳои фикрию сиёсӣ ҳамоно баҳснок боқӣ мемонад. Имрӯз, дар ҷомеаи мо гоҳо мушоҳида мешавад, ки доираҳои яксӯяи миллигаро, ғарбгаро ва дингаро ҳар яке арзишҳои алоҳидаи таркиби ҳуввияти миллиро муҳиммтар аз дастаи дигари арзишҳои миллӣ мешуморанд ва ин баҳс ҳамоно идома дорад…

Вале, маҷмӯаи арзишҳои фарҳангию тамаддунии миллии мо, ки мавзӯи ҳимоят қарор мегиранд, бояд аз воқеияти таърихӣ ва имрӯзии миллат ва ҷомеа гирифта шаванд. Аз ин назар, дар ин таъриф зери мафҳуми арзишҳои аслии миллӣ арзишҳои усулие чун ҳуввияти таърихиву фарҳангии миллат, захираи маънавии миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, ифтихороти миллӣ, забони миллӣ, дине, ки афроди миллат аз он пайравӣ мекунад, расму оинҳо ва санъату ҳунари миллӣ, рӯҳияи ватандӯстии мардум ва ғайра дар назар гирифта шудааст. Сатҳи амалии ин мафҳум, яъне ҳифзи арзишҳои аслии миллӣ, фақат дар сурати шинохту ташхиси дурусти ин арзишҳо имконпазир аст.

4.Шинохту ҳифзи нишондиҳандаҳои миқдориву сифатии миллат.

Зери ин мафҳум нишондиҳандаҳое чун теъдоди умумии аҳолӣ, таркиби синнӣ, ҷинсӣ, этникӣ ва шуғлии он, вазъи генофонди миллӣ ва сиҳҳатии омма, сатҳи худшиносии миллӣ, сатҳи саводи умумӣ ва тахассусии афроди миллат, навъи ахлоқу рафтори ҷамъиятии шаҳрвандон, сатҳи зиндагии иҷтимоиву иқтисодии мардум ва ғайра дар назар гирифта мешавад, ки ҳамагӣ мавзӯи амнияти миллӣ мебошанд. Дар ин масъала низ бояд аввал шинохти вазъи воқеии ин нишондиҳандаҳо сурат гирад, то ислоҳу ҳифзи воқеии онҳо имконпазир гардад.

5.Шинохти дурусти таҳдиду хатарҳои дохилию хориҷӣ ба ин ниҳодҳову арзишҳо.

Вақте ниҳодҳо ва арзишҳо ва нишондиҳандаҳои аслии мавриди ҳимоя, ё ба ибораи дигар, вақте мавзӯи амнияти миллӣ, мушаххас мешавад, шинохти таҳдиду хатарҳо ба онҳо низ имконпазир мегардад. Бо ин мантиқ, ҳар омилу падидаю раванде, ки чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷ, ба ҳастии ин ниҳоду арзишҳо, яъне ба худи миллат, давлати миллӣ, ҳуввияти миллӣ, арзишҳои аслии миллӣ, ифтихороти миллӣ, нишондиҳандаҳои миқдорию сифатии миллат ва ғайра таъсири манфӣ мерасонад ва ё монеи ҳифзу рушди онҳо мешавад, таҳдиду хатар ба амнияти миллӣ ба ҳисоб меояд. Мафҳуми хатар ба маънои сатҳи ҷиддишуда ва амалишавандаи таҳдид мебошад.

6.Таъмини шароити воқеии бақо ва рушди ин ниҳоду арзишҳо.

Вазифаи амнияти миллӣ фақат бо шинохту ҳифзи ниҳодҳову арзишҳои миллӣ хулоса намешавад, бакли фароҳам овардани шароити бақо ва рушди онҳоро низ дар бар мегирад. Яъне, дар баробари ҳифз, бояд барои рушди арзишҳои асосии миллие чун ҳуввияти миллӣ, худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ, забон, дин, урфу одатҳои нек, санъату ҳунари миллӣ ва таъмини сатҳи зиндагии шарафмандона барои афроди миллат шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

7.Дар ихтиёр доштани ниҳодҳо ва абзорҳои зеҳнӣ ва моддии анҷоми чунин фаъолият.

Яъне, миллат ва давлати миллӣ бояд ниҳодҳои зарурие чун ҳукумат, шӯрои амният, бунёдҳои пешрафтаи зеҳнию илмию таҳлилӣ, ниҳодҳои босалоҳияти амниятӣ ва қудратиро дар ихтиёр дошта бошад, то ҳадафҳои асосии амнияти миллиро таъмин намояд. Ва барои ҳифзи сазовори амнияти миллӣ ин ниҳодҳо бояд бо биниши баланди миллию сиёсӣ, дониши амиқи тахассусии соҳавӣ, шароити олии меҳнативу хидматӣ ва абзору технологияи пешрафтаи зарурӣ таъмин бошанд.

Ҳамин тавр, вақте дар бораи амнияти миллӣ сухан меравад, ин мафҳуми калидӣ бояд дар чунин таърифи васеъ ва маънои фарогири худ фаҳмида ва дар назар гирифта шавад.

Ва ниҳоят, дар шарҳи ин таъриф бояд афзуд, ки амнияти миллӣ як мафҳуми исто ё статикӣ набуда, як падидаи пӯё ё динамикӣ мебошад. Яъне, амният фақат таъмини субот ва ё беҳаракатии ҷомеа нест, то «чизе аз ҷояш наҷунбад», балки амният ба он маъност, ки ҷомеа дар айни зиндаву пурхурӯш ва озоду рушдкунанда буданаш дар амну осудагӣ қарор дошта бошад; амнияти миллӣ вақте таъмин аст, ки афроди миллат дар айни таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, дар айни пайравии озод аз арзишу муқаддасоти миллии худ ва дар айни доштани зиндагии сазовори моддию маънавӣ дар амну осудагӣ қарор дошта бошанд. Яъне, амният дар айни озодӣ, амният дар айни ҳаракат, амният дар айни рушд… Пас, амнияту осудагӣ на ҳамчун падидаи мустақил, балки ҳамчун шароите барои ҳифзу рушди миллат аҳаммият пайдо мекунад. Яъне амнияти миллӣ худ як ҳадаф нест, балки амнияти миллӣ як шароити ҳатмию ҳаётӣ барои ҳифз ва рушди як миллат аст…»

***

Ҳамчун давлати миллии мустакил таъсис ёфтани Тоҷикистон худи мафҳуми амнияти миллӣ, омилҳои таҳдидкунанда ба он ва омилҳои ҳифзи онро низ дигар намудааст. Акнун на ҳамаи чизҳое, ки барои амнияти Шӯравӣ «хатар» буданд ва ниҳоди амниятии Шӯравӣ онро бояд таъқибу пешгирӣ менамуд, барои давлати миллии Тоҷикистон хатар ба ҳисоб меояд. Ҳатто баръакс, баъзе арзишҳое, ки дар замони Шӯравӣ барои низоми Шӯравӣ таҳдид ва хатар ба ҳисоб меомад, имрӯз арзишҳои олитарин ва пояҳои суботу амнияти кишвари мо ба шумор мераванд. Масалан, худи андешаи давлати миллии тоҷикон ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар он замон аз тарафи ниҳодҳои амниятии Шӯравӣ ҳамчун таҳдиде ба амнияти он кишвар маҳкум мешуд, вале имрӯз яке аз вазифаҳои аслии дастгоҳи амниятии Тоҷикистони мустақил маҳз ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ё агар дар давраи Шӯравӣ тарғиби забон ва дигар арзишҳои миллии мо ҳамчун миллатгароӣ ва ҷудоихоҳӣ баҳо меёфт, имрӯз ин арзишҳо пояҳои ваҳдат ва амнияти ҷомеаи моро ташкил медиҳанд.

Хулоса, дар даврони истиқлолият, дар шароити давлати миллӣ ва авлавияти арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, ҳам мафҳуми амнияти миллӣ, ҳам нишондиҳандаҳои амният, ҳам омилҳои амният ва ҳам роҳҳои ҳифзи он комилан тағйир ёфтаанд. Акнун ниҳоди амнияти миллии мо, аз назари моҳиятию таъйинотӣ, пеш аз ҳама масъули ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои давлатӣ, миллӣ ва фардии худи мардуми Тоҷикистон аст…»

Total Views: 252 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.