БУҲРОНИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА СУОЛҲО АЗ САРНАВИШТИ МИНТАҚА

« …агар омадани ҳукумати «Толибон» дар Афғонистон «дастовардҳои 20 соли охир»-ро аз байн бурда бошад, дар Тоҷикистон бологирии тафаккури ифротгароӣ дар ҷомеа метавонад дастовардҳои 100 соли охирро зери хатар гузорад.»https://www.ozodi.org/a/31625905.html

***

Таҳаввулоте, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Афғонистон рух дод, бо маҷмуаи пайомадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, арзишӣ ва амниятии худ оғози шаклгирии вазъияти нави сиёсӣ ва геополитикӣ дар минтақа гашт. Рӯи кор омадани гурӯҳи ифротгарои «Толибон» танҳо ғалабаи як гурӯҳи сиёсӣ дар Афғонистон набуда, ҷобаҷоии як силсила манфиатҳо ва тағйири тавозуни қудрату таъсиргузориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологӣ дар минтақаро ифода мекунад. Ҳамин тавр, мо дар муҳити Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бо манзараи нави сиёсӣ ва геополитикие рӯбарӯ ҳастем, ки аз вазъияти то 15-уми августи соли 2021 ба таври ҷиддӣ фарқ дорад.

Вазъияти навин, пеш аз ҳама дар атрофи мафҳуми «терроризм» ва сатҳу шаклу ҳудуди муносибат ё мубориза бо ин падида саволҳои ҷиддиеро ба миён гузошт. Ба ин восита, на танҳо дар фаҳми умумию иттилоотӣ ва иродаи сиёсӣ, балки дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва равишҳои амалии ин самт низ саволу муаммоҳои бузурге эҷод шуданд.

Гарчӣ гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ҳамеша аз сӯи қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ дастгирӣ ва истифодаи абзорӣ мешуданд, аммо то имрӯз ҳадди ақалл, дар сатҳи дастгоҳи мафҳумӣ, иродаю чорчӯбҳои сиёсӣ, муносибати арзишӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ меъёру мувофиқатҳои усулие вуҷуд доштанд, ки муносибати кишварҳо ва созмонҳо бо ифротгароӣ ва терроризмро мушаххас ва танзим менамуданд. Хусусан, дар сатҳи ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳо ҳаҷми бузурги санаду қарордодҳои ҷиддӣ ба имзо расида буданд, ки дар назди кишварҳо ҳудуду ӯҳдадориҳои ҷиддиеро дар муносибат ва мубориза бо ин падидаҳо мегузоштанд.

Дар рӯйхатҳои муштараки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, СПАД ва ғ. номи мушаххаси ташкилотҳои ифротгарою террористӣ сабт шуда буданд, ки ҳама гуна ҳамкорӣ бо онҳоро номумкин месохт. Хоса пас аз оғози амалиёти васеи «Эътилофи зиддитеррористӣ» дар Афғонистон дар соли 2001 ва муштаракан шикаст додани ДОИШ дар Ховари Миёна дар соли 2015, иродаи сиёсии расмию ҷамъии ҷаҳонӣ дар инкори терроризм ва мубориза бо он ифода меёфт. Дар ин низоми ҳуқуқию иродаи сиёсӣ гурӯҳи «Толибон» низ бе ҳеҷ шакке гурӯҳи террористӣ эълону эътироф шуда, дар садри рӯйхатҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва кишварии гурӯҳҳои террористӣ қарор дошт, ки ин руйхат ҳамагуна ҳамкорӣ бо чунин гурӯҳҳоро манъ мекунад. Номи роҳбарони толибон, аз ҷумла 17 нафар аз аъзои ҳукумати имрӯзаашон, низ дар чунин рӯйхатҳо буданд ва имрӯз низ ҳастанд.

Бо оғози ҳамкориҳои расмию ошкори давлатҳо бо гурӯҳи манъшудаи «Толибон», ки ҳанӯз хеле пештар аз 15-уми август оғоз гашта буд, рахнаёбии дастгоҳи мафҳумӣ ва низоми ҳуқуқии мубориза бо терроризм оғоз гашта, бо эътирофи ғайрирасмии онҳо ва вусъатёбии ҳамкориҳо бо ин гурӯҳ пас аз 15-уми август, иродаи сиёсии ҷаҳонӣ дар ин самт низ асосан шикаст хӯрд.

Акнун дар рӯзномаи «мубориза бо терроризм» дубора ин саволҳои усулӣ ва амалӣ истодаанд, ки:

-«гурӯҳи террористӣ» чист ва аз рӯи кадом аломатҳо онро “террористӣ” донистан мумкин аст?

-ҳудуди мубориза бо терроризм то куҷост ва дар кадом ҳолат бояд бо он мубориза ва дар кадом ҳолат бояд бо он ҳамкорӣ намуд?

-оё агар як гурӯҳи террористӣ дар кишваре ё минтақае ғалаба кунад, дигар он гурӯҳи террористӣ нест?

-оё бо гурӯҳи террористӣ ҳамкорӣ кардани давлатҳо дигар ҳукми «ҳамкорӣ бо терроризм» ва маҳкумияти байналхалқӣ надорад?

-оё қарордодҳои байналхалқии мубориза бо терроризм ва рӯйхатҳои муштараки байналмилалӣ ва минтақавии гурӯҳҳои террористӣ дигар эътибор надоранд?

-оё ташкилотҳои минтақавие чун СҲШ, СПАД ва ғайра, ки мубориза бо терроризм ва гурӯҳҳои террористиро вазифаи меҳварии худ медонистанд, пас аз ҳамкории наздики аъзои аршадашон бо гурӯҳи расман террористӣ бо буҳрони шадиди дарунӣ ва таъйинотӣ рӯбарӯ нестанд?

-оё шарикони стратегие, ки дар пайи манфиатҳои худ бо гурӯҳи расман террористӣ ҳамкориҳои васеи амалӣ ба роҳ мондаанд, минбаъд низ «шарикони боэътимод дар мубориза бо терроризм» ба ҳисоб мераванд?

-оё акнун меъёру қонунгузориҳои байналмилалӣ дар бахшҳои дигар, масалан мубориза бо маводи мухаддир, одамрабоӣ, пулшуӣ ва ғ. қурб доранд ва ё бо ҳамин мантиқи нав, агар дар кишваре «мафиёи маводи мухаддир» ғалаба кунад, он низ расмияту эътироф меёбад?

-ё оё моҳияти ҷаҳон ва сиёсат ва геополитика аз аввал чунин буду мо бо навпоии худ ба тааҳҳуду бозиҳои он самимона бовар доштем?

Ва ғ. …

Албатта ҳамаи ин саволҳо ҷавоби нисбии худро доштанд ва дар матни ҳуқуқи байналмилалӣ ҳанӯз ҳам ҷавоби худро доранд. Аммо рафтори кишварҳои минтақаву ҷаҳон пас аз 15-уми август ин ҷавобҳоро бештар ба саволҳо табдил кард.

Таҳаввули мафҳумию тафсирии вазъият дар ин самт ба ҳадде амиқ аст, ки ҳатто қурбу аҳаммияти маҷмуаи бузурги коркардҳои илмию зеҳнию коршиносии ҳазорон муҳаққиқу муаллифу таҳлилгару марказҳои таҳлилӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон низ якбора зери саволи бузург рафтааст, ки оё ин ҳама кору таҳқиқу мавод зарур будааст ва дуруст будааст ва натиҷае доштааст?

Чи гуна пас аз ин ҳама зеҳнсозию муҳитсозию арзишофарии зиддитеррористӣ, ҷаҳони сиёсӣ ва фазои байналмилалӣ якбора дар баробари “вазъияти нав” таслим шуд ва амалан тамоми боварҳо, меъёрҳо ва арзишҳоро бар пойи «воқеият» рехт?

Вале ҷанбаи амалии ин таҳаввули зеҳнӣ боз ҳам ҷиддитар буда, коркарди муносибат бо вазъияти навинро бисёр мушкил гардонидаст. Дар фазои нави фурӯрехтагии меъёрӣ интихоби мавқеъ на танҳо барои коршиносон, балки барои худи дастгоҳи сиёсии кишварҳо низ бисёр мушкил шудааст.

Масалан, то имрӯз дар амалияи байналмилалӣ мафҳуми «кишвари ҳамкор бо терроризм» роиҷ буд, ки тибқи он масалан, ИМА баъзе кишварҳо, аз ҷумла Эрон ва Сурияро ба чунин рӯйхат дароварда, солҳои дароз нисбати онҳо бо ҳамин ҷурм таҳримҳои шадиди сиёсию иқтисодӣ муқаррар карда буд. Агар ин меъёр ҳанӯз барҷой бошад, имрӯз аксари ҳамсояҳо ва шарикони моро метавон бе ягон шубҳа ба ҳамон рӯйхати «кишварҳои ҳамкор бо терроризм» ворид намуд, ки бояд мавриди таҳримҳо қарор гиранд?

Оё мулоқоти расмии мақомоти олии расмии як кишвар бо роҳбарони гурӯҳи террористӣ ва ё сафари расмии протоколии ҳайати расмии гурӯҳи террористӣ ба як кишвар дигар «ҳамкорӣ бо терроризм» ҳисоб намешавад?

Бо ин тавзеҳ, ки ин ҷо сухан на танҳо дар бораи ахлоқи сиёсӣ ё арзишҳои сиёсӣ ва тамаддунӣ, балки дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба бо гурӯҳе меравад, ки то ҳамин лаҳза ҳам дар рӯйхати СММ, ҳам дар рӯйхатҳои созмонҳои минтақавӣ ва ҳам дар қарордодҳову қонунгузориҳои худи ин кишварҳо расман ҳамчун гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст ва ҳануз ҳадди аққал, аз ин рӯйхатҳо расман хориҷ карда нашудааст.

Масалан, оё метавон аз болои ин кишварҳо ҳамчун кишварҳои «ҳамкор бо терроризм» ба «додгоҳи байналмилалӣ» (мафҳуми дигари дар ҳоли таҳаввул ва фурӯпошӣ) шикоят намуд?

Таҷрибаи мавқеъгирии Тоҷикистон нисбат ба буҳрони ахири Афғонистон нишон дод, ки имрӯз ҳатто бовар кардан ва амал намудан ба меъёрҳои расман пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин самт то ҷое хатарнок низ гаштааст. Оё метавон тасаввур кард, ки имрӯз баъзе ҳамсоя ва хусусан, баъзе шарики стратегии мо танҳо барои риояти ҳуқуқу меъёрҳои байналмилалӣ дар ин самт, яъне ҳамкорӣ накардани Тоҷикистон бо гурӯҳи террористӣ аз мо амиқан ранҷидаанд?

Ба таври ошкортар, оё метавон тасаввур кард, ки ҳамин кишвраҳое, ки бо мо даҳҳо қарордод дар боби мубориза бо терроризм ва, аз ҷумла мубориза бо гурӯҳи «Толибон» доранд ва моро ба ин кор таъкиду ташвиқ мекарданд, ҳоло барои эътироф накардани терроризм ва ҳамкорӣ накардан бо гурӯҳи мушаххаси расман ва амалан террористӣ аз мо бисёр нороҳат буда, моро ҳамчун халалдоркунандаи нақшаҳои манфиатии худ ба ҳар тариқ зери фишор қарор медиҳанд?

Оё метавон тасаввур кард, ки дар се-чор моҳи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба хотири пойбанд мондан ба меъёрҳои пазируфтаи байналмилаӣ дар самти мубориза бо терроризм ва танҳо ба хотири эътироф накардани гурӯҳи расман террористӣ қариб дар инзивои байналмилалӣ қарор мегирифт?

Ҳамин тавр, вазъияти пешомада муаммоҳои зиёдеро ба миён овард, ки дар онҳо саволҳо нисбат ба ҷавобҳо хеле бештаранд. Дар умум, ин вазъият ҳам низоми меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва ҳам фазои арзишӣ ва иродаи сиёсии ҷаҳонӣ дар ин самтро бо буҳрон ва чолиши бузург рӯбарӯ кардааст. Вазъияти нав ниқоби зебову фиребои тазвирро, ки бо номҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, мубориза бо терроризм, ҳуқуқи башар ва ғайра истифода мешуд, аз чеҳраи манфиатҳо ва воқеиятҳо бардошт. Акунун кишварҳои «муборизакунанда бо терроризм» барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи расман террористӣ дар мусобиқа буда, ҳар яке ба шеваи хоси худ худро бо ин «воқеият» мепайвандад ва «тамос барқарор мекунад»…

Табиист, дар чунин ҳолати печидаю номушаххас ҳифзу идомаи як сиёсат ва мавқеи устувор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бисёр мушкил ва гарон хоҳад буд. Зеро аксари кишварҳои минтақа бар хилофи уҳдадориҳои қарордодии худ, манфиатҳои махсуси худро дар авлавият қарор дода, бо таҳдиди ошкори террористӣ муомилаи ошкори манфиатӣ намуданд. Қудратҳои бузургтар Афғонистон ва минтақаро ба коми гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ партофта, амалан ба амнияти минтақа ва кишварҳои он, аз ҷумла ба амнияту манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хиёнат намуданд…

Бо омӯзиши умқу миқёси ин таҳаввулот, пешбинӣ мешавад, ки ҳолатҳое чун буҳрони мафҳумӣ ва бемеъёрии ҳуқуқӣ дар муносибат бо терроризм ва халалёфтагии тавозуни манфиатҳо дар минтақа ҳадди ақалл то панҷсолаи дигар идома ёфта, вазъияти сиёсӣ ва амниятии минтақа ҳамоно шикананда ва осебпазир боқӣ мемонад. Ин аст, ки кишварҳои минтақа бояд барои озмоишу тааммулу тадбирҳои бунёдии миёнмуддат ва дарозмуддат омода бошанд.

Дар сурати давом ёфтани ин ҳолат ва истиқрори ҳокимияти «Толибон» дар Афғонистон, ин «воқеият» ба як омил ва улгуи доимии таъсиргузор бар вазъияти сиёсӣ, амниятӣ, иттилоотӣ ва идеологии минтақа табдил мешавад. Он шабаҳи ифротгароиро дар тамоми Осиёи Марказию Ҷанубӣ тақвият дода, ба дидгоҳҳо ва доираҳои ифротӣ дар кишварҳои атроф рӯҳу боварии бисёр ҷиддӣ мебахшад. Таъсири он барои минтақаи мо, албатта бо миқёсу иқтидори хеле маҳдудтар, чизе шабеҳ ба таъсири инқилоби исломии Эрон (1979) бар фаъолшавии муҳити дингароии сиёсӣ ва доираҳои мазҳабӣ дар Ховари Миёна хоҳад буд.

Ин таъсир дар умум аҳолии минтақаро ба маънои мусбати он исломитару диндортар намекунад, балки имони иттилоотиро густариш дода, боварҳои диниро сиёситар ва бархурдҳои динию иҷтимоиро хашинтар месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин таъсир беш аз ҳар кишвари дигар осебпазир буда, дар ин раванд маҷмуаи манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ ва дар маҷмуъ, арзишҳо ва шеваи муосири зиндагӣ дар он бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мегарданд. Ин хатар фаротар аз «эҳтимоли ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ ба марзҳо» буда, метавонад ифротишавии босуръати тафаккури қишрҳои муайяни аҳолӣ дар дохил ва ҳатто бартариёбии ин тафаккур дар сатҳи умумии ҷомеаро дар бар гирад. Хоса дар шароити муосиру муассир набудани дастгоҳи идеологии давлатӣ таъсири ин таҳдид боз бештар хоҳад буд.

Ба ибораи бисёр рӯшантар, агар омадани ҳукумати «Толибон» дар Афғонистон «дастовардҳои 20 соли охир»-ро аз байн бурда бошад, дар Тоҷикистон бологирии тафаккури ифротгароӣ дар ҷомеа метавонад дастовардҳои 100 соли охирро зери хатар гузорад.

Умуман, бартариёбии тафаккури ифротгароӣ на танҳо маҷмуаи арзишҳо ва манфитаҳо, балки худи ҳастии миллии тоҷикон ва давлатдории миллии тоҷиконро бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ менамояд…

Дар нисбати Тоҷикистон ду омили дигар низ хатари зикршуда ба арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллию дунявиро дучанд месозад:

  • аввалан, агар ифротгароии динии муосири Ховари Миёна бо миллигароии тунди арабӣ ва ё ифротгароии толибонӣ бо насионализми ифротии паштунӣ омезишу ҳамсӯӣ наздик дошта бошад, аксари далелҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароии динии тоҷикӣ асосан бар асоси таъсирпазирии идеологии берунӣ ва худбохтагии миллӣ ташаккул ёфтааст;
  • дуввум, пас аз гузор аз марҳилаи душвору тӯлонии фақри амиқу хушунати фарогир ва наёфтани корбурди иҷтимоӣ, ки хоси давони низоҳост, қишри зиёии боқимондаи мо низ асосан дилсарду ҳошиявию сиёсатгурез буда, чуноне, ки аз фазои фикрию иттилоотӣ пайдост, ҳисси зиндаю фаъоли масъулияти сиёсӣ, амниятӣ, миллӣ ва давлатдорӣ зоҳир намекунад. Чунин қишри зиёӣ бо ин нишондиҳандаҳо дар рӯбарӯи буҳронҳо нақши сипари фикрии миллиро надошта, худ метавонад ба осонӣ қурбонии мошинаи пуриқтидору пурдаҳшати ифротгароӣ шавад.

Хулоса, вазъияти навин кишварҳои минтақаро, ки солҳои охир тамоми имкону талошашон барои пешгирии «инқилобҳои ранга» равона шуда буд, акнун бо хатари мудҳиштари «инқилоби сиёҳ» рӯбарӯ намудааст. Рӯзи сиёҳе, ки ҳатто метавонад зери тамошои шарикони стратегӣ ва «воқеият»-ро эътироф намудани онҳо сурат гирад. Чуноне, ки дар он сӯи Ому…

Ин ҳолат аз ҳукуматҳои огоҳ тақозо дорад, ки бе таъхири бештар маҳз пояҳои дохилии машруияти худро қавӣ сохта, муносибати худро бо маҷмуаи масъалаҳо ва мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва арзишии ҷомеа ба таври ҷиддӣ тағйир дода, бо коҳиши фосила бо мардум, пойдории идеологӣ, равонӣ ва иҷтимоии низоми сиёсии худро дар дохил таъмин намоянд. Вазъияти навин бознигарӣ ва такмили паргматикии сиёсати хориҷиро низ тақозо мекунад, ки он мавзӯи ҳассоси ҷудогона аст. Ва таббист, ки чунин кор дар самти сиёсати дохиливу хориҷӣ ҳам ба нигоҳи нави воқеъбинона ва ҳам ба тими кории огоҳу босалоҳияту воқеънигар ниёз дорад.

Албатта, дар дурнамои миёнмӯҳлат аз батни ин буҳрони мафҳумию амалии муносибат бо амният ва терроризм дар минтақа, низому маҷмуаи фаҳму меъёрҳои нави муайянкунандаи вазъият ва қоидаҳои нави рафтор ва муносибати байналмилалӣ шакл мегиранд, ки дар он низ низоъ, терроризм ва андешаҳои ифротӣ ҳатман инкор хоҳанд шуд. Бинобар ин, бо назардошти осепбазирию таъсирпазирияшон, вазифаи асосии кишварҳои минтақа дар ин марҳилаи ҳассос эмин мондан аз густариши беназмӣ ба ҳудуди худ ва солим берун омадан аз ин гузаргоҳи буҳронист.

Ва пурсиши марказии ин раванд ҳамин хоҳад буд, ки «ҷаҳон», «ҷомеаи байналмилалӣ» ё кишвари доираҳои таъсиргузори он чи чизро интихоб мекунанд: меъёру арзишу тамаддуну ҳуқуқҳоро ё манфиату «воқеият» ва эътирофу ҳамзистӣ бо ғалабаи амалии толибон ва толибонҳоро? Ҳоло бошад ҳам илм, ҳам ҳуқуқ, ҳам сиёсат, ҳам арзишҳо, ҳам идеология ва ҳам худи башар дар андешаи раҳоӣ аз ин бумбаст ва дар буҳрону интизорӣ дармондааст. Дар ин номуайянии умумӣ сарнавишти арзишҳо, таҷрибаҳо, ҷомеаҳо ва низомҳои сиёсии пасошӯравии минтақа низ вориди марҳилаи нави саволҳову чолишу норӯшаниҳо гаштааст…

Total Views: 123 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.