ШУКРУ ДАРЕҒҲОИ СОЛИ 2021

Ё ДАҲ ПЕШОМАДИ МУСБАТ ВА

ШАШ ПЕШОМАДИ МАНФИИ ОН БАРОИ МАН

Агар бе ҳеҷ шарҳе паҳлӯҳои мусбату манфии соли 2021-ро барои худ баршуморам, манзараи зерине аз ин сол ба тасвир меояд:

ПЕШОМАДҲОИ МУСБАТИ СОЛИ 2021 БАРОИ МАН:

1.Соли 2021 соли оғози кор дар самту шароити наве дар даргоҳи муқаддаси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ОҒОЗИ БОЗГАШТ БА МУҲИТИ АДАБӢ буд, ки умедворам ҳамвор идома ёбад.

2.Ба муносибати 50-солагиям ЧОР КИТОБАМ, аз ҷумла «Дидгоҳи давлатмеҳвар», «Дўст дор зистан» (шеърҳо), «Нурест дар ҷабини Бадахшон» ва «Хатари гурўҳҳои ифротгарои динӣ чист?» (чопи сеюм) ба нашр расид, ки барои як адибу муҳаққиқ дар як сол ДАСТОВРАДИ ҶИДДИСТ.

3.Яке аз муҳимтарин паёмҳои миллию сиёсии худ – «ДИДГОҲИ ДАВЛАТМЕҲВАР»-ро ба шакли назарияи сиёсӣ навиштам, ки ин рисолаи усулманди илмбунёду таҷрибӣ ҳамчун талоши таҳияи нусхаи наҷоти миллӣ ва васияти сиёсии муаллиф тақдими ҷомеа гашт. (Гарчи китоби дастрас танҳо хулосаи матни аввалист, аммо ба хотири фардои ин миллату ин Ватан ХОНДАНИ ОНРО АЗ ҲАР ҲАМВАТАНИ ОГОҲ ИЛТИҶО МЕКАРДАМ.)

4.Дар оғози сол, пас аз анҷоми силсилаи корҳои муштараки илмию тадқиқотӣ дар доираи ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон ва Чин аз тариқи МТС назди Президенти кишвар, бо қарори Шӯрои илмии Академияи фанҳои ҷамъиятии Чин ба банда унвони ифтихории “Доктори илмҳои сиёсӣ” дода шуд.

5.Дар остонаи Наврӯз Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон бандаро ҳамчун «Сиёсатшиноси сол» эълон намуд, ки АЗ ОНҲО СИПОСГУЗОРАМ.

6.Китоби «Дидгоҳи давалатмеҳвар» (Душанбе, «Эр-граф», 2021) аз сўи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бахши асарҳои оммавии сиёсӣ «Китоби сол» интихоб шуд, ки низ ҶОЙИ СИПОСГУЗОРИСТ.

7.Нисбат ба раванду ҳодисаҳои муҳимми кишвар ва минтақа дар доираи манфиатҳои миллию давлатӣ дар шакли мақолаҳо, маводҳо, ёддоштҳо ва шеърҳо ҳудуди ПАНҶОҲ навиштаи расонаӣ доштаам, ки он МАСЪУЛИЯТИ МИЛЛӢ ВА ИМОНИСТ.

8.Дар айни замон, имсол аз баъзе баҳсҳои сиёсии сабук, хашин, эҳсосотӣ ва таҳқиромези фазои маҷозии тоҷикӣ дур шуда, ба таҳқиқу таҳлилҳои бунёдитар дар самти ихтисосҳои худ машғул шудам, ки боиси сарфаи бештари нерўи зеҳнист.

9.Бар хилофи мушкилоти ҷиддии саломатӣ дар се соли пешина (2018-2020), имсол ба ҷуз нафасгириҳои пасазкуруноӣ, асосан САЛОМАТИИ НАЗОРАТШУДА ДОШТАМ, ки ҷойи шукри азим аст.

10.Дар ин соли 30-солагии истиқлоли кишвар барои банда, ки солҳо ба таҳлилу назариясозии ин масъалаҳо машғул будам, шахсан ДИДАНИ ИН МАРҲИЛАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ СИЁСИИ МИЛЛАТ ҲАМЧУН ОРМОНИ ТАЪРИХӢ БИСЁР МУҲИМ БУД, ки ҷойи шукр аст.

                                                              ***

ПЕШОМАДҲОИ МАНФИИ СОЛИ 2021 БАРОИ МАН:

1.Ба сари тоҷикони он сӯи Ому ФОҶЕАИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ ВА ТАЪРИХӢ омад ва бинобар воқеиятҳои минтақа барояшон кори ҷиддие карда натавонистем, ки ин ҳолат барои банда ҳамчун ташвиқгару муҳаққиқи деринаи мавзўъ ДАР САТҲИ ШАХСӢ низ зарбаи ҷиддии отифӣ ворид намуд. Худо шоҳид аст, он қадар отифӣ шуда будам, ки ду моҳ барои Панҷшер шабҳо нахобидам ва ХУДОВАНД НИГОҲБОНАШОН БОД!

2.ТАҒЙИРИ НОГУЗИРИ СОҲА ВА ФАЪОЛИЯТИ КАСБӢ, ки дар он беш аз 25 сол таҳсилу таҷриба доштам ва вуҷуду ҳаётам бо он сиришта шуда буд, ҷойи дареғ дошт.

3.Табуи ғайрирасмие барои ҳузурам дар баъзе шабакаҳо ва донишгоҳҳо имсол низ идома ёфт.

4.Аз ДАРГОҲИ БАРОЯМ МУҚАДДАС – Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки ҳудуди 17 соли охир он ҷо будам, ғайриинтизор берун гузошта шудам, ки низ дареғ аст.

5.Имсол дар пайи мушкилоти рӯҳию молии банда, баъзе атрофиёнам, ки такяву умеди зиёде ба онҳо доштам, РОҲИ ХУДРО ПЕШ ГИРИФТАНД, ки ҷойи сабақ ва низ ҷойи афсус аст.

6.Гарчи куруно соли пеш ба хайр анҷомид, аммо ТАНГИИ НАФАСРО ба ҷой гузошт, ки ҳамчунон гоҳ-гоҳ мефишорад…

                                                           ***

Аммо, тавре мебинем, ХУШБАХТОНА, комёбиҳои соли 2021 барои банда нисбат ба нокомиҳои он БЕШТАР БУДААНД.

Аз ин рў, метавон гуфт, ки ин сол бо ҳама гардишу печидагиҳояш бароям СОЛИ ХУБЕ буд ва хоса ҳамчун СОЛИ 50-СОЛАГИИ УМР ва нуктаи бозандешии гузаштаву оянда, мавқеи фардию шаҳрвандӣ, самти илмию эҷодӣ ва хатти ҳаракати ҷамъиятии бандаро барои солҳои баъдӣ то ҷойе рўшан сохт.

Умедворам соли 2022 барои ман ва МАРДУМУ КИШВАРИ АЗИЗАМ соле боз некӯтару пурбортар ояд.

СОЛИ НАВИ ҲАМАИ ДЎСТОН НИЗ ХУҶАСТАВУ РЎШАН БОД!   

Total Views: 187 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.