ГАР ДАРК ШАВАД КИТОБИ ДАВЛАТМЕҲВАР…
Дар ҳошияи имрӯз аз сӯи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон “Китоби сол” эълон шудани китоби “ДИДГОҲИ ДАВЛАТМЕҲВАР” (Душанбе, нашриёти “Эр-граф”, 2021)
Маҷмуаи “Дидгоҳи давлатмеҳвар”,
Тарҳест ба шоҳроҳи давлатмеҳвар.
Давлат гарави бақои миллат бошад,
Бар меҳвари истилоҳи давлатмеҳвар.
***
Кофӣ набувад шиори давлатдорӣ,
Дарёб низоми кори давлатдорӣ.
Вақт аст, ки миллати сиёсӣ гардем,
Дар мактаби устувори давлатдорӣ.
***
Гар дарк шавад китоби давлатмеҳвар,
Андешаву тарҳи ноби давлатмеҳвар.
Ин халқи ҳазорпора миллат гардад,
Дар сояи офтоби давлатмеҳвар.
***
Некахтару некфол давлат дорам,
Пирӯзу хуҷастабол давлат дорам.
Армони ҳазорсолаам ҳосил шуд,
Ман баъди ҳазор сол давлат дорам!
153 – Мақоларо хонданд, 1 – Имрӯз хонданд