САТҲИ ГУЛРУХСОР

Ёддоште дар зодрӯзи шоираи миллат

…”зеҳни насли мо ба чизе камтар аз Гулрухсор қаноат намекунад, чизе камтар аз Гулрухсорро эътироф намекунад…”

Дар таъриху адабиёту муҳиту андешаи муосири мо бону Гулрухсори Сафӣ танҳо як зан ё як шоира нест. Балки Гулрухсор худ як шоҳкор, як асари нодир, як нигораи арзишманд ва як сатҳест, ки зани тоҷик дар камолу ҷамол, дар маърифату огоҳӣ, дар ҳувияту ватандорӣ ва дар озодагию растагорӣ онро метавонад меъёр бигирад. Худро ба он сатҳ бикашад, ба он тарҳ бирезад, ба он рўҳия бисозад.

Агар бихоҳем, ки як бонуи ворастаи элитарии тоҷикро бо ҳама маънову сифоташ тасаввур кунем, ки дар ҷавҳару вуҷуду симои ў ҳам зан бошаду ҳам отифа бошаду ҳам шахсият бошаду ҳам маърифат бошаду ҳам ҷамъият бошаду ҳам миллат, пеш аз ҳама симои ГУЛРУХСОР пеши назар меояд.

Ў дили як миллат, набзи як эҳё, гули як фарҳанг ва меваи як тамаддун аст. Ӯ оташи як ҷасорат ва забони як рисолат аст.

Зуҳури ӯ як кушоиш ва омадани ӯ як эъломия буд:

“Ман омадам, ки ҷилваи нози ҳунар кунам,

Бо килки шуъла қиссаи шаб мухтасар кунам!”

Дар заминаи истеъдоди зотӣ, тарбияти миллӣ ва пойдевори арзишию тамаддунии шахс, чунин чеҳраҳои хоссаи миллию ҷамъиятию фарошахсиятиро маҳз як шароити хоссаи таърихию фарҳангию сиёсию иҷтимоиву иқтисодӣ ташаккул медиҳад ва фақат дар он сатҳ ин сатҳ ҳосил мешавад.

Ба ин маъно, Гулрухсор рўҳи як марҳилаи томми набарди фарҳангию таърихии миллат, муҳсули як асри вусъату миқёсҳои бузург ва сатҳи биниши як абарқудрат аст. Ва чунон вусъате бояд, то чунин миқёсе ба даст ояд.

Бо зуҳури худ, бо парвозу сарнавишти худ, бо барқу шўру вулқони худ, бо саҳнаву андешаву будани худ Гулрухсор як намуна сохт, як фарҳанг офарид, як меъёр шуд, як инқилоб кард. Дар ин достон ҳамагон диданд, ки чи гуна метавон аз барқи кўҳистон хуршеди тобон сиришт, аз оташаки лола машъали миллӣ афрӯхт.

Ў на танҳо номи Гулрухсоро миллӣ кард, балки сабки Гулрухсоро ҳамагонӣ намуд, дарди Гулрухсоро умумимиллӣ сохт. Бо таъсири ў дар муҳити занони тоҷик насле шакл гирифт, ки забонаш, шеъраш, андешааш, арзишҳояш, ҳатто овозу қироату либосаш гулрухсорӣ буд ва ҳаст…

Аммо муҳимтар аз ин, гарчӣ ў ба сатҳи фаромиллӣ, ба сатҳи империя, ба сатҳи байналмилалӣ баромад, аммо дар ҳамаи ҳолатҳо, дар ҳамаи мансабҳо, дар ҳамаи саҳнаву сиёсатҳо миллӣ монд, тоҷикӣ монд, миллат гуфт, тоҷик гуфт, чавҳар гуфт, асолат гуФт, “Шоҳнома” гуфт, забон гуфт, фарҳанг гуфт, эҳё гуфт. Нишон дод, ки чи гуна метавон баланд буду миллӣ буд, модерн буду миллӣ буд, муосир буду тоҷикӣ буд, ҷаҳонӣ буду миллӣ буд, вазиру вакил буду миллӣ буд, рўшан буду миллӣ буд.

«Дур рафтам, то туро наздик бинам,

Аз ту рафтам, то даме бо ту нишинам,

Тоҷикистон!»

Ин аст, ки ў садои миллат, парчами бедории миллӣ, машъалаи рўҳи миллӣ шуд. Яқинан, мо дар таърихи навини фарҳанги худ бонуи дигаре бо ин дурахшу ин рўшаниву ин корнома ёд надорем.

Ин аст, ки падида ё феномени Гулрухсор чун падидаи милливу муосир дар шеър, дар забон, дар ишқ, дар рафтор фарогир шуд, бозтавлид шуд. Аммо афсус, ки бозтавлиди умумимиллии фикрӣ ва иҷтимоии ин сатҳ ва ин падида муяссар нагашт. Бо шикасти як равнади миллию таърихӣ дар панҷаҳои оҳанини ҷанг арзишҳои элитарӣ бештар ба ҳошия рафт, сатҳи умумии фарҳангии ҷомеа суқут кард…

Ва ӯ ин дардро низ суруд:

“Охирин ҷанге, ки тоҷик метавонад кард андар ҳифзи худ,

Ҷанг бо фарҳанги бефарҳанг хоҳад буд!”

Аммо як воқеият ин аст, ки чун дар солҳои наврасию ҷавонии мо, дар марҳилаи ташаккули завқу бинишу фаҳмиши мо тандису улгуи зани озодаву огоҳу соҳибминбару соҳибмаърифату ватандору миллатдори тоҷик Гулрухсор буд, зеҳни насли мо, нигоҳи насли мо ба ҳамин сатҳ одат гирифтааст.

Аз ин рў, зеҳни насли мо то имрўз ба чизе камтар аз Гулрухсор қаноат намекунад, чизе камтар аз Гулрухсорро эътироф намекунад. Балки дар пазируфтани сатҳе поинтар аз ў мушкил дорад. Дар ин самт чизе поинтар аз ӯро бар он таҳмил кардан мушкил аст…

Ин ҳақиқатро шояд бисёре аз ҳамнаслони мо эҳсос намоянд.

Ва ниҳоят, ҳам боиси ифтихор ва ҳам ҷойи таҳсину ҳайрат аст, ки ин шаҳбонуи фарҳангу адабтёти миллат то ҳануз он ҷойгоҳро нигоҳ дошт ва аз он сатҳ поин наомад ва меъёрро нашикаст.

Ҳолате, ки иззат бо шахсият ва истиқлоли миллӣ бо истиқлоли шахсӣ ба ҳам меоянд:

“Чист истиқлол, иззат доштан!”

Ҳеҷ ҳошияву маломат ин нурро тира накард, ҳеҷ инзивою гўша ўро кўҳна накард, на ба зоҳир, на ба ботин, на ба гуфтор, на ба андеша, на ба ҷойгоҳ…

То имрӯз ҳамон қудрату ҳамон гузашт:

“Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,

Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ!”

То ҷое, ки имрўз низ, бе ҳеҷ мақому мансаб, бе ҳеҷ расмияту ҷамъият боз ҳам улгуст, боз ҳам меъёр аст, боз ҳам бонуи аввали фарҳангу адаби миллат аст, боз ҳам маҳбуби умум аст… Ва то ҳаст чунин хоҳад буд.

«Ҳар киро санге ба чанг уфтад, маро гирад нишон,

Зинда бодо пайкари обод дар вайронагӣ!»

Хуҷаста ва ҷовид бод гули ҳамешабаҳори шеъру фарҳангу рўҳи миллии мо.

Total Views: 197 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.