ЧАРО ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ МУҲИМ АСТ?

Шарҳи сиёсатшиносии 6 аҳаммияти он дар низоми давлатдорӣ барои коргузорону коршиносон

Дар даҳ соли охир шояд бори аввал аст, ки дар шунидани Паём ширкат надорам. Аммо пас аз солҳои ҳузур дар ин самт, зарур мешуморам, ки барои дарки дуруст ва давлатмеҳвари ҷойгоҳ, назария ва амалияи паёми роҳбари як давлат дар як ҷомеа, ин маводи равишию тахассусиро ба миён гузорам.

Хоса дар остонаи ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фардои дигар дар назар аст, хондани ороми ин матлаб дар рӯзи якшанбе барои дӯстону мутахассисон холӣ аз аҳаммият намебуд.

***

Яке аз аломату атрибутҳои муҳимми низоми давлатдории муосири мо ироа шудани Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз диди давлатдорӣ ва дидгоҳи давлатмеҳварӣ, Паёмҳои солонаи роҳбари давлат як суханронии одӣ набуда, барои низоми сиёсӣ ва идории давлат аҳаммияти хоссаи рамзӣ ва амалӣ дорад. Ин аст, ки Паём мавриди таваҷҷуҳи васеътарини доираҳои сиёсию иттилоотии дохилӣ ва хориҷи қарор гирифта, паҳлуҳои гуногуни он мавзӯи таҳлилу тафсир қарор мегиранд.

Аммо дар баробари таваҷҷуҳ ба мазмуни Паёмҳо, ки дар ҷомеаи мо роиҷ аст, ҷойгоҳи худи ин амал ва ҳуҷҷат дар низоми давлатдорӣ ва фалсафаи муносибати ҷомеа бо он ҳанӯз ба таври зарурӣ таҳлилу омӯхта нашудааст. Аз ин рӯ, гуфтори зерин масъалаи мазкурро аз нигоҳи давлатмеҳвар баррасӣ намуда, муқаддимаеро барои дарки дурусти ҷойгоҳи Паёмҳои роҳбари давлат дар низоми давлатдорӣ ва қиёси он бо намунаи Тоҷикистон пешкаш менамояд.

Дар тӯли гуфтор ҳамзамон бо ин саволҳо посух дода мешавад, ки чаро Паёми роҳбари давлат рамзи истиқлолияти давлатист? Чаро он дар вазъияти тантанавӣ ироа мешавад? Оё роҳбарони давлатҳо ба Паёми Президенти мо таваҷҷуҳ доранд? Сохтори Паём чӣ гуна шакл мегирад? Мантиқи он чӣ тавр чида шудааст? Чаро Паёмро «санади роҳнамо» мегӯянд? Умуман, қудрат ва сирри Паём дар чист?

***

Вожаи “паём” ба маънои сухан ё мазумнест, ки касе барои касе мегӯяд ё мерасонад ва бештар ба маънои хабар, пайғом, мужда, нома, даъват ва огоҳӣ истифода мешавад. Аз ҷумла, дар калимаи машҳури “паёмбар” решаи “паём” маҳз ба ҳамин маънои сухан ва хабари фиристодашуда аз касе барои касе истифода ёфтааст. Яъне Паёмбар ба маънои шахси оварандаву расонандаи паём ё сухани Худованд барои башарият аст.

Аммо дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдории муосир Паёми роҳбари давлат ба маънои истилоҳӣ истифода шуда, суханронии марҳалавӣ ва барномавии роҳбари як давлат дар муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, вазъият ва рушду дастоварду фаъолияти давлат ё амалкарди нерӯи роҳбарикунандаи давлат дар марҳалаи муайян ва ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳалаи баъдиро ифода мекунад.

Дар он маъмулан, маҷмӯи дидгоҳҳои ҷорӣ ва дурбурдии роҳбари давлат дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайра ифода меёбанд. Он ҳамчун муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ ва дар айни замон, усулию самтмуайянкунандаи роҳбари давлат маъмулан, бо тартибу ташрифоти махсус дар назди мардум ё намояндагони мардумӣ ироа шуда, талабот ё рӯйдоди муҳимми давлатию сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

Албатта, маънои истилоҳии давлатию коргузории “Паём” дар асл аз ҳамон маънои аслию луғавии он чандон дур нест, зеро ба ибораи сода, Паёми ҳар роҳбари давлат дар амал ҳамон сухан, ҳарф, гуфтанӣ ва барномаест, ки ӯ мехоҳад барои мардуми худ ё барои ҷомеаи дохиливу хориҷӣ расонад. Аммо бинобар мақоми сиёсии роҳбари давлат ва моҳияти расмӣ ва муайянкунадагии ин сухану муроҷиати ӯ, Паёми роҳбари давлат аҳаммияти махсуси ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ, консептуалӣ ва байналмилалӣ касб карда, дар мақоме фаротар аз як сухану суханронии маъмулӣ қарор мегирад. Аз ин ҷиҳат, “Паёми Президент” санади расмии давлатист, ки мақоми расмии ҳуқуқӣ ва барои ниҳодҳои давлатӣ моҳияти роҳнамоӣ дорад.

***

Барои дарки аҳаммият ва моҳияти Паёми роҳбарони давлатҳо дар низоми сиёсӣ ва идории давлатдории муосир ва шиносоӣ бо баъзе хусусиятҳои асосии Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳ намуд:

АҲАММИЯТИ ЯКУМИ ПАЁМ:

Паёми роҳбари ҳар давлат, пеш аз ҳама, моҳияти маълумотию ҳисоботӣ дорад. Ба воситаи Паём роҳбари давлат дар бораи вазъияти ҷории кишвар ва фаъолияти худ ва ҳамкоронаш (командааш) дар марҳалаи муайян маълумоту ҳисобот дода, бурду бохти давлат ва худро назди ҷомеа ба миён мегузорад.

Давраи ҳисоботии Паём метавонад сол ё марҳалаи муайяни рушд ё таърихро дар бар гирад ва чунин бахши ҳисоботӣ дар шакли ҷудогона ва ё зимни таҳлилу баррасии саҳаҳои алоҳидаи ҳаёти кишвар дар ҳамаи Паёмҳои солонаи роҳбари давлат дида мешаванд. Моддаи 70-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз “Дар бораи вазъи кишвар” ба маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот додани Президентро пешбинӣ мекунад. Дар ин бахш маъмулан, бо як занҷири таҳлилию мантиқӣ нишон дода мешавад, ки вазъияти аввалия (1) ва вазифаи гузошташуда (2) чӣ буданд, кори анҷомшуда (3) ва натиҷаи ҳосилшуда (4) чист, мушкилу масъалаи боқимонда (5) кадом аст, вазифаи ҳадафии баъдӣ (6) ва супориши нав (7) дар ин самт чист.

Ба таври мисол, дар бахши оғозии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни соли 2016 дастоврадҳои кишвар дар 25 соли истиқлол таҳлилу баррасӣ гаштаанд, зеро он дар соли 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ироа шуда буд. Ё дар оғози Паём барои соли 2020 бурду бохти ҳафт соли охири фаъолияти ҳукумат таҳлил шудааст, зеро он навъе ҷамъбасти муҳлати навбатии ҳафтсолаи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузориш аз сатҳи иҷрои барномаҳои интихоботии соли 2013-ро баён мекард. Бахши ҳисоботии Паёми соли 2021 бештар ба натиҷагирӣ аз соли душвори 2020 ва муаррифии иқдому дастовардҳои ҳукумат дар мубориза бо бемории вогири “Ковид-19” оғоз гашт.

Дар низоми солими давлатдорӣ, хусусияти ҳисоботии Паёмҳои роҳбарони давлат моҳиятан ду нуктаи муҳимро ифода мекунад:

1.Ҳисоботдиҳанда будани роҳбарияти давлат дар назди мардум.

Масалан, дар низоми давлатдории Тоҷикистон, нишасти якҷояи палатаҳои Маҷлиси Олии кишвар, ки дар он намояндагони бевоситаи мардумӣ (вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ) ва намояндагони расмии минтақаҳои кишвар (аъзои Маҷлиси миллӣ МО ҶТ) иштирок мекунанд, маҳз намояндагӣ ва ҳузури мардуми кишварро ифода мекунад. Ба ин восита, ҳисобот дар бораи фаъолияти роҳбарияти кишвар дар марҳалаи муайян маҳз дар назди мардум ироа шуда, маҳз аз тарафи мардум қабул мешавад. Ҳамчун ба “мардум” муроҷиат шудан ба вакилон ва аъзои Маҷлиси Олии ҶТ танҳо маънои рамзӣ надорад, балки аз назари ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ низ дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз Парламенти кишвар ниҳоди босалоҳияти намоянда аз халқи кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар канори вакилон ва аъзои Маҷлиси Олӣ, иштироки фаъолони ҷомеа, намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ, намояндагони ташкилотҳои эҷодӣ, аҳли фарҳангу зиё ва ғайра дар шунидани Паём аҳаммият ва ҳатмияти ҳуқуқӣ надорад, зеро Паёми Президент расман маҳз ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мешавад ва номи расмии ин ҳуҷҷат низ “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Аммо чунин иштироки васеи меҳмонон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз назари сиёсӣ муҳим буда, ҳам ба худи ин ҳуҷҷати давлатӣ ва ҳам ба маросиму ташрифоти ироаи он шукӯҳу машрӯъияту мардумияти иловагӣ мебахшад.

2. Моҳияти демократӣ доштани низоми идорӣ.

Ҳисоботдиҳандагии солонаи Роҳбари кишвар дар назди мардум (ба воситаи Паём дар ҳузури намояндагони мардум) яке аз нишонаҳои муҳимтарини низоми мардумсолорист, ки ба ин восита роҳбарияти ҳар кишвар фаъолияти худро ба доварии мардум мегузорад. Бинобар ин, барои ироаи чунин паёми ҳисоботӣ роҳбари давлат ва командаи ҳамкоронаш моҳҳо омодагӣ мебинанд, то аз ин ҳисобот бо муваффақият бароянд. Дар ин раванди мураккабу тӯлонӣ ҳар хулосаву тезис, ҳар рақаму натиҷа, ҳар вазифаю пешниҳод ва ҳатто ҳар калимаю ибора ба таври ҷиддӣ санҷидаву суфта мешаванд. Ин раванд барои роҳбарияти кишварҳо ба ҳадде муҳим ва мураккаб аст, ки масалан, дар Федератсияи Русия пас аз ироаи бомуваффақияти Паёми солонаи Президент, ба аъзои гурӯҳи таҳлиливу корӣ ба таври расмӣ унвону мукофотҳои баланди давлатии “За активное участие в подготовке Послания Президента Российской Федерации Федеральному Собранию” дода мешавад, ки дар тарҷумаи ҳолу рӯйхати ифтихороти онҳо дидан мумкин аст.

Аммо ин ҳолат, ки дар амалияи сиёсии ин ё он кишвар, вакилони мардумӣ дар баррасию қабули Паёми Президент фаъол ё ғайрифаъоланд, ба замон ё макони муайян вобастагӣ дошта, ҳаргиз аҳаммияти моҳиятии ин механизми ҳисоботдиҳандагии демократиро дар низоми давлатдорӣ коҳиш намедиҳад, зеро ин ҷо сухан дар бораи тарзи кори амалии худи ин механизм меравад.

АҲАММИЯТИ ДУЮМИ ПАЁМ:

Паёми солонаи роҳбарони давлатҳо аҳаммияти бисёр муҳимми сиёсӣ ва рамзӣ дошта, худи ҳастии давлатии миллат ва истиқлолияти сиёсии давлатро ифода мекунад. Новобаста аз чигунагии мазмуни сиёсату барномаҳои Паём, худи аз тарафи роҳбарияти як кишвар мустақилона муайян ва озодона эълон шудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, моделу тарзи давлатдорӣ, низоми арзишҳои интихобшуда ва тарзу марҳалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳз маънои худмуайянкунии давлатӣ ё истиқлолияти сиёсии кишварро дорад. Яъне худи Паём додани роҳбари давлат хосси давлатҳои мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузории худро худашон мустақилона муайян мекунад.

Аз ин рӯ, дар кишвари мо низ худи ҳамасола ироа шудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аломатҳо ва атрибутҳои асосии истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Агар сарнавишти таърихии миллати тоҷикро пеши назар орем, худи ҳодисаи имрӯз мустақилона Паём додан, яъне мустақилона муайян кардани сарнавишти худ, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии гузаштагони мо дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Ин ҷанбаи Паём ҳамчун санади давлатӣ ва набзи давлатдорӣ бисёр муҳим мебошад.

Аз ин нуқтаи назар низ ташрифоти махсуси давлатӣ доштани маросими ироаи Паём, ҷалби намояндагони фаъоли ҷомеа дар маросими шунидани он ва як навъ ҳолати идонаву тантанавӣ гирифтани худи ин рӯйдод маҳз аз назари ба маънои рамз ё тантанаи Истиқлолияти давлатӣ фаҳмида шудани он муҳим мебошад. Ба ин маъно, ҳар Паёми солонаи Роҳбари давлат як таъкид ба худсолории миллӣ ва як ҷашни истиқлолият аст.

Ин ҷо низ, новобаста аз мазмуни Паём, ки метавонад ҳолат ё сиёсати хоссеро дар замони муайян ифода кунад, аҳаммияти сиёсӣ ва рамзии он ҳамчун аломати истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад.

АҲАММИЯТИ СЕЮМИ ПАЁМ:

Паёми солона ё марҳалавии роҳбари як давлат аҳаммияти бисёр муҳимми байналмилалӣ низ дорад. Он дар асл сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, роҳи интихобкардаи кишвар, тавозун ё гароиши геополитикӣ, марҳалаҳои тайнамудаи он, низоми арзишҳову ормонҳо ва мушкилоту комёбиҳои кишварро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Илова бар ин, дар бахши махсуси Паём нигоҳи кишвар ба равнадҳои асосии байналмилалӣ, мавқеи давлат нисбат ба онҳо ва умуман, моҳияти сиёсати хориҷии кишвар ва муносибати он бо созмону кишварҳои муайян нишон дода мешавад. Ин ҳолат Паёмро ба як санади дорои аҳаммияти дипломатӣ ва фаромиллӣ табдил мекунад.

Таҳлили матнҳо нишон медиҳад, ки Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста ин бахшу унсурҳои муҳимро дар бар мегиранд. Роҳбари давлат маъмулан, дар Паёми худ равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро ба таври муфассал арзёбӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро дар ин мавридҳо нишон медиҳад. Гарчи аз назари сохторӣ бахши “хориҷӣ” маъмулан, дар қисмати поёнии Паём ироа мешавад, аммо вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон он метавонад дар Паём ҳолати барҷаста ва таъкидшуда низ гирад. Масалан, Паём барои соли 2018 (аз 22 декабри соли 2017) маҳз аз таҳлилу баррарсии васеи вазъияти ҳассоси минтақавӣ ва байналмилалӣ, шиддати марҳалаи нави “ҷанги сард”, шарҳи мавқеи Тоҷикистон нисбат ба равнадҳои ҷаҳонӣ ва эълони авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар дар шароити пешомада оғоз шуд.

Ин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Паёми роҳбарони давлатҳо, аз ҷумла ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи махсус дода, матни онро бо диққат меомӯзад. Касоне, ки бо низоми кори давлатӣ ва муносибатҳои хориҷӣ ошноянд, ин таваҷҷуҳи берунӣ бо Паёмро хуб медонанд, аммо барои касони берун аз ин мавзӯъ чунин таъкид гоҳе муболиға менамояд. Масалан, соле пеш шоири шинохтаи тоҷик Ато Мирхоҷа дар аҳаммияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шеъре суруда буд, ки бо сатри “Паёмашро кунад таҳлил Путин” оғоз гашта, дар он аз таваҷҷуҳи махсуси кишварҳо ва роҳбарони хориҷӣ ба ин санад гуфта мешуд.

Баъзе дӯстон дар шабакаю расонаҳо ин расми маъмултарини муносибатҳои байнидавлатиро ситоишу мадҳия пиндошта, онро ҳатто ба мазоҳ кашиданд, ки “наход роҳбарону марказҳои муҳимми минтақавию ҷаҳонӣ ба Паёми роҳбари кишвари мо чунин таваҷҷуҳ дошта бошанд?!”

Албатта, шеър пеш аз ҳама, асари бадеист ва ба он бояд чун асари адабию бадеӣ нигарист, аммо ҳамчун яке аз собиқадорони бахши таҳлилу ташаккули сиёсати хориҷӣ метавонам бигӯям, ки ин шеър маҳз воқеияти ҳамин масъаларо ифода кардааст, зеро, тибқи маъмул, давлатҳо паёмҳои солонаи роҳбарони давлатҳои ҳамсоя, шарик ё рақиби худро бо диққат пайгирӣ ва таҳлил мекунад. Масалан, ҳамаи сафоратҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври табиӣ вазифадоранд, ки мазмуни Паёми солонаи роҳбари кишвари мизбонро таҳлил карда, ба роҳбарияти давлати худ фиристанд. Дар ин кор, илова бар ташхиси самту интихобу авлавиятҳои кишвари мизбон, онҳо хусусан ба ин нуктаҳо таваҷҷуҳ мекунанд, ки роҳбари давлати мизбон дар бораи давлати онҳо ё дар ин ё он масъалаи минатқавию байналмилалии мавриди назари онҳо чӣ мавқеъ гирифтааст, ба кадом самти ҳамгароӣ ё геополитикӣ тамоюли ошкор ё ниҳон нишон додааст ва ғайра. Аз таҷриба, қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳатто ба чунин ҳолат, ки дар Паём номи кадоме аз онҳо аввал ё дувум меояд ва чанд сатри Паём ба онҳо бахшида мешавад, ҳассосият нишон медиҳанд.

Тӯли солҳои роҳбарии бахши сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар мулоқоти зиёди роҳбарияти Марказ бо ҳайату сафирони хориҷӣ ширкат доштем, ки аксари онҳо дар бораи маъно ва ишораи ин ё он нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савол мегузоштанд. Шояд соли 2014 буд, ки дар чунин мулоқоте сафири кишвари Эрон аз директори Марказ мустақиман пурсид, ки аз худи “марказ” савол омадааст, ки чаро дар Паёми имсолаи роҳбарияти Шумо номи кишвари мо зикр нашуд… Яъне кишварҳои минтақа ва қудратҳои байналмилалӣ Паёмҳои Роҳбари давлати Тоҷикистонро ба таври ҷиддӣ омӯхтаву хулосабарорӣ мекунанд.

Дар айни замон, маъмул аст, ки сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа низ Паёмҳои солонаи роҳбарони кишвари мизбони худро омӯхта, ба таври расмӣ дар бораи моҳияти асосии он ба Душанбе гузориш медиҳанд, зеро барои мо низ донистани мавқеъ ва хатти ҳаракати кишварҳои хориҷӣ муҳим аст. Илова бар ин, марказҳои таҳлилию стратегии ҳар кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, паёмҳои солонаву марҳалавии роҳбарони давлатҳои мавриди таваҷҷуҳи худро ба таври ҷиддӣ омӯхта, ба роҳбарияти олӣ маводи таҳлилӣ ва хулосаву пешниҳодҳо ироа мекунанд. Дар замони он кор мо ҳамасола ин корро анҷом медодем.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аҳаммияти махсуси байналмилалӣ дошта, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми ҷаҳонӣ ва мавқеъ ва муносибати мо ба равандҳои байналмилалиро ифода мекунад. Бинобар ин, ҳар нуктае, ки дар Паём ироа мешавад, на танҳо аз назари таъсиру корбурди дохилӣ, балки аз назари тарзи фаҳмишу қабули берунӣ низ бисёр санҷидаву озмуда мебошад, то ки ба манфиатҳои миллӣ ва тавозунҳои минтақавию байналмилалӣ халал эҷод нашавад. Дар он ҳеҷ ибора ё мавқеъ бе тааммулу ҳадафи муайян гуфта ё нагуфта намешавад. Аз ин назар, ҳар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як мавқеъ ва як санади сиёсӣ ва дипломатӣ низ мебошад.

АҲАММИЯТИ ЧОРУМИ ПАЁМ:

Паёми солонаи Роҳбари ҳар давлат ҳамчунин, аз аҳаммияти хосси консептуалӣ ва дурнамоӣ бархӯрдор аст, зеро маҳз дар он хатти ояндаи ҳаракати кишвар, ҳадафҳои стратегии он, арзишҳои аслӣ ва барномаҳои асосии рушди сиёсию иқтисодию иҷтимоии он ба таври возеҳу дастрас баён ва муаррифӣ мешаванд. Ин ҷанбаи Паём, пеш аз ҳама, ду нуктаро равшан мекунад:

1.Дар айни замон, ин ҷанбаи Паём худи чорчӯбҳо ва уфуқҳои ҳаркатро мушаххас карда, нишон медиҳад, ки фаъолияти роҳбарияти давлат ё ҳукумат як фаъолияти самтдор, ҳадафманд, даврабандишуда ва мантиқӣ мебошад.

2.Барои шунаванда, шаҳрванд, хизматчии давлатӣ, пажӯҳишгар, фаъоли сиёсӣ ё намояндаи хориҷӣ маълум мегардад, ки давлат ва сиёсати давлатӣ чӣ тавр ва ба кадом самт ҳаракат хоҳад кард.

Аз ин назар, матни Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мутолиа ва дарки хатти ҳаракат ва самти рушди сиёсию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он аҳаммияти махсус доранд. Дар он ҳамасола авлавиятҳо ва самтҳои асосии ҳаракат ва низ ҳадафҳои асосии давлат, на танҳо барои соли оянда, балки барои марҳалаҳои томми баъдӣ ифода мегарданд ва хатти стратегии ҳаракати давлат эълон мешавад.

Масалан, дар Паёми соли 2019 эълон гашт, ки саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар пазируфта мешавад. Дар Паём ҳамчунин, барномаи аз модели рушди кишоварзию саноатӣ ба модели саноатию кишварзӣ тағйир намудани модели рушди кишвар эълон шуд. Се ҳадафи дигари стратегии Тоҷикисон низ дар паёмҳои солҳои пешин муайян ва эълон гашта буданд ва ҳамасола дар Паём сатҳи пешрафт дар масири дастрасӣ ба онҳо шарҳ дода мешаванд. Барномаҳои калоне чун “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва ғайра низ маҳз дар Паёмҳои эълон ё шарҳ шудаанд.

Ин хусусияти чорчӯбӣ ва сарчашмавии Паём на танҳо барои дарки умумии самти ҳаракат аз тарафи ҷомеа, балки барои пажӯҳишгарону коршиносон низ бисёр муҳим аст, зеро чунин сарчашмаҳое, ки самтҳо, авлавиятҳо ва марҳалаҳои рушди як давлатро ба таври мушаххас баён кунад, на ҳамеша дастрасанд. Ва ҳеҷ санади дигаре хатти умумии ҳаракати консептуалӣ ва стратегии давлатро ба таври зинда, муфассал ва марҳала ба марҳала дар сатҳи паёмҳои солонаи роҳбари давлат ифода намекунад.

АҲАММИЯТИ ПАНҶУМИ ПАЁМ:

Дар низоми идоракунии давлатӣ аҳаммияти барномавӣ ва кории Паёми солонаи роҳбари давлат низ хеле муҳим аст, зеро дар он ҳамасола идеяҳои асосии сиёсию иҷтимоӣ, ҳадафу вазифаҳои соҳавӣ ва нақшаву чорабиниҳои муҳимми сатҳи миллӣ муайян гашта, қадамҳои мушаххас барои табиқи он пешбинӣ мешаванд. Бо ин хусусияти худ, Паём моҳиятан, барои вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию эҷодӣ ва ғайра барномаи амалии фаъолият дар марҳалаи муайянро мушахахс мекунад. Онҳо дар тӯли сол барномаҳои амалии худро бо муҳтаво ва нишондодҳои Паём мутобиқ карда, барои татбиқи он барномарезӣ ва талош менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми солонаи Президенти кишвар илова бар роҳнамоиҳои умумӣ, барои самту соҳаҳо ва вазорату идораҳои мушаххаси кишвар меъёру вазифаҳои бисёр мушаххас низ гузошта мешаванд. Ҳамчунин, яке аз падидаҳои ҷолиби диққат дар амалияи давлатдории мо ин аст, ки гоҳе бевосита дар худи зимни ироаи Паём раванди бевоситаи сиёсатэҷодкунӣ ва идоракуни зиндаи низоми идории кишвар мушоҳида мегардад. Яъне гоҳе аз тарафи Роҳбари давлат бевосита дар худи рафти ироаи Паём ба вазорату идораҳо ё ба мақомоту масъулони мушаххаси давлатӣ супоришҳои мушаххасу қатъӣ барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда дода мешаванд. Агар баъзе аз ин масъалаҳо дар матни Паём қаблан ҷой шуда бошанд, зимни ироаи оммавии он Роҳбари давлат худ роҳҳои ҳалли амалии ин масъаларо шарҳ дода, дар бораи иҷрои он супоришҳои шифоҳӣ медиҳад. Аз ин рӯ, илова бар матни расмии навишташуда, бахши таъкиду супоришҳои шифоҳии суханронии ӯ дар маросими ироаи Паём низ хеле муҳим мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар амалияи идории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пурра амалӣ шудани ҳадафҳо, барномаҳо ва меъёрҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда ва супоришҳои иловагии зимни ироаи он гузошташуда, ҳамасола пас аз қироати расмии Паём, нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи он таҳия шуда, он ҳамчун санади расмии давлатӣ бо имзои дахлдор ба идораву муассисаҳо дастрас мегардад. Дар нақша тамоми чорабиниҳои мушахахс дар партави Паём, вазорату идораву ташкилотҳои масъули татбиқи он, замони дақиқи татбиқ ва дар сурати лозим, сарчашмаи таъмини татбиқи он нишон дода мешаванд. Ин санади расмии давлатӣ ҳатмияти иҷроии бандҳои Паёмро таъмин менамояд.

Ба ин восита, Паёми Президент авлавиятҳои корӣ, самтҳои асосӣ ва чорчӯбии фаъолияти ниҳодҳои давлатиро дар тӯли сол ба тартиби муайян дароварда, дар фаъолияти онҳо ҳадафмандӣ ва ҳамоҳангии дақиқро ба вуҷуд меорад. Ин равиши суфташуда на танҳо коргузорӣ, балки натиҷагирии фаъолиятҳоро низ ба назми муайяне меоварад ва корҳои анҷомшударо қобили арзёбӣ мекунад.

Равиши таҳияи Нақшаи чорабиниҳои мушаххас барои татбиқи бандҳои Паём ва иҷрову назорату ҳисобот дар доираи он аз назари коргузорӣ низ бисёр муассир аст, зеро барномаҳои калони давлатӣ гоҳе муҳлату чорчӯбҳои васеи миёнмуддат ва дарозмуддатеро пеш мегузоранд, ки дар фосилаи байни онҳо ниҳодҳои давлатӣ метавонанд ба фориғболӣ рӯбарӯ шаванд, ки ҳоло то замони ҳисобот панҷ ё даҳ соли дигар боқист. Аммо нақшаи фарогири татбиқ ва андозагирии фаъолият бо равиши “Аз Паём то Паём” имконият медиҳад, ки фаъолияту натиҷаҳо марҳала ба марҳала ба таври зиндаву пайваста арзёбӣ шаванд.

Бинобар ин, агар дар роҳе ё хиёбоне шиору навиштаҷоте чун “Паём–роҳнамои фаъолияти мо” овезон бошад, он танҳо ҷанбаи таблиғотӣ надорад, зеро аз назари амалӣ низ дар ҳақиқат, Паём навъе роҳнамо ва дастури усулии корӣ барои бахшҳои гуногуни ҷомеа ва хусусан, ниҳодҳои давлатӣ, мебошад.

АҲАММИЯТИ ШАШУМИ ПАЁМ:

Паёми солонаи Роҳбари давлат аҳаммият ва таъсири махсуси идеологӣ низ дорад. Ин ҳолат ҳам дар мақому мазмуни худи Паём ва ҳам дар истифодаи он дар фаъолияти арзишию идеологии ниҳодҳои давлатӣ дар атрофи Паём ифода меёбад. Бо пешниҳоди идеяҳо, арзишҳо ва барномаҳои асосӣ, Паём шохисҳо ва рӯҳияи фазои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва иттилоотии солро амалан таъйин мекунад ва дар тӯли сол масъулони бахши идеологӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, созмонҳои сиёсӣ ва расонаҳои иттилоотӣ фазои умумии ҷомеаро дар атрофи ғояву арзишҳои ироашуда дар Паём шакл медиҳанд.

Аз ин нуқтаи назар, Паём навъе хусусияти меъёрсозӣ ё муайян кардани самтгирӣ ё “установка”-и арзишию идеологиро низ дорад. Яъне дар раванди сиёсатгузории дохилӣ, Паём ва чорабинию маъракаҳои шарҳи он фурсати бисёр муносиберо барои дастгоҳи сиёсию идеологии давлатӣ фароҳам меоварад, то арзишҳо ва дастовардҳои асосии низоми сиёсиро миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ таблиғ ва устувор гардонад. Зеро Паём навъе натиҷагирии марҳалаи гузашта ва вазифагузорӣ барои марҳалаи ояндаро ироа карда, дар он ғояҳои асосии сол пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин, дар он барои қишрҳои гуногуни ҷомеа иқдому имтиёзҳои гуногун пешбинӣ мегарданд, ки куллияти Паёмро ба ҷузъияти ҳаёти шахсии шаҳрванд мепайвандад. Агар дастгоҳи таблиғиву идеологии давлат қавӣ бошад, метавонад дар партави Паём таваҷҷуҳ ва муттаҳидии мардумро дар атрофи сиёсати давлатӣ боз ҳам устувор гардонад. Иҷрои ин кор ва сатҳи баҳрабардории судманд аз ин фурсати кори идеологию фаҳмондадиҳӣ ба тавоноии блоки сиёсию идеологии ҳукуматҳо вобастагӣ дорад.

Чунин хусусияти фазосозии Паёмро метавон дар мисоли Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушоҳида намуд. Аз ҷумла, солҳои охир дар ин Паёмҳо эълон шудани тарҳҳое чун соли оила, соли ҷавонон, соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, соли рушди деҳот, сол ва сипас бистсолаи рушди фанҳои дақиқ, озмунҳои маърифатию ватандӯстона ва ғайра таваҷҷуҳи махсуси ҷомеа ва фазои иттилоотиро ба ин масъалаҳо ҷалб намуда, боиси дар ин самтҳо амалӣ шудани иқдому фаъолиятҳои васеъ гашт. Чунин таваҷҷуҳи фарогир на танҳо худи маърифати ҷомеа дар мавриди ин масъалаҳоро тағйир медиҳад, балки аз назари амалӣ низ чунин таъкид, масъалагузорӣ ва авлавиятбахшӣ дар Паём боиси такони махсус ва рушди чунин соҳаҳои муайяни осебпазири ҷомеа мегардад.

***

ХУЛОСА, нуктаҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдорӣ Паёми солонаи роҳбарони давлатҳо ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам аз назари мазмуну таъйинот ҳодисаи муҳимми сиёсӣ ва санади муҳимми муайянкунандаи давлатӣ ҳисоб шуда, аҳаммияти махсуси сиёсию давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузорӣ дорад.

Дар сурати татбиқи дурусти ташаббусу супоришу бандҳои он, ҳар Паёми солонаи Роҳбари давлат метавонад қадам ва такони наве дар масири рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа ва давлат бошад. Ин аст, ки дар раванди сиёсӣ ва амалияи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз миёни суханрониҳои гуногуни Роҳбари давлат дар тӯли сол, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии рушди кишвар ҷойгоҳи махсус дошта, ба шарҳу ташвиқу татбиқи он аҳаммияти махсус дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.