СИЁСАТШИНОСИ СОҲИБНАЗАР ВА ДАВЛАТМЕҲВАР (Мулоҳизаҳо дар бораи аҳамият ва хусусиятҳои осор ва дидгоҳи давлатмеҳварии Абдуллоҳи Раҳнамо)

Сайфулло Сафаров, Раиси Ассотсиатсияи
миллии сиёсатшиносони ҶТ,н.и.ф.,профессор

Чанд руз пеш, яъне 10 марти соли 2021 аз ҳамкорони азиз огоҳ шудем, ки яке аз шахсони намоёни ватани азизамон ба синни 50 расида ва чун қонуни танзим маҳдудиятҳои худро дорад, барои ҷашни камолоташ хостем чанд мулоҳизаи хешро барои ҳамватанони азиз нисбати ин олими ҷуянда, ин шоири хушзавқу ориф, ин сиёсатшиносу сиёсатмадори варзида ва як инсони поку беозор, падари меҳрубону хуштарбия, шавҳари ормонии хонуми худ, ташаббускори соҳаи маориф, муассиси як литсейи сирф миллӣ ва дар ҷумҳурӣ намунавӣ, соҳиби фарзандони хоксору донишманду ғолибони озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сафҳаи коғази сафед нақшбандӣ намоем, то миллати мо аз овозаҳои дуруғи дар ҳаққи ӯ бофтаву тофта халос шаванд ва чеҳраи фарзанди ватандӯсту давлатмеҳвари худро шиносанд. Дар омади сухан ба дасти мо китоби ҷашнии Абдуллоҳ ҳам расид, ки давоми мақоларо беҳтараш ба он андешаҳои илмиву оммавии давлатмеҳварии ӯ бахшем чун китоб ба назарам натиҷаи талошҳои чандинсолаи ӯст.

50 сол зистан бо андешаҳои зебо, пурмазмун ва аз ҷиҳати назариявӣ асоснок осон нест, вақте ки онҳоро наметавонӣ ба баҳс кашӣ. Вақте, ки ҳар лаҳза душманонат намехоҳанд, ки номат ба некӣ барояд. Ин андешаҳо мағзро азоб медиҳанд ва мехоҳанд ба берун бароянду дар саҳнаи илм ҷавлон намоянд. Абдуллоҳи Раҳнамо, ки чанд рӯз пеш ба панҷоҳи камолоти хеш пой монд, аз ҷумлаи чунин шахсиятҳоест, ки андешаҳояш пурмағзу асосноканд, вале барои ифодаи онҳо шароити хос зарур буд. Аз оҳанги навиштаҳои ӯ ба ҳар ҳол чунин бармеояд…

Дар ин мақола чанд андешаи худро пиромуни пастиву баландиҳои ҳаёти ин марди наҷиб, ориф ва ва сиёсатшиноси варзида ва муаллифи китоби “Дидгоҳи давлатмеҳвар” гуфтанием.

Ҳаргоҳ сари тақдири давлати ҷавонамон, истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз андеша меронам, пеш аз ҳама номи Эмомалӣ Раҳмон сарсупурдаи миллату давлати инсонпарварамон, шахсияти сатҳи олӣ, ҷоннисори ин миллати кӯҳанбунёду имрӯз пешрафтаю дар ҷаҳон машҳур пеши назар меояду садҳо пайравони он кас, ки ба хотири ояндаи миллат тайоранд ҷони худро қурбон кунанд ба назар меояд. Яке аз чунин ҷавонмардони ватандӯст, миллатпарвар ва давлатмеҳвар Абдуллоҳи Раҳнамо мебошанд, ки дар задухурдҳои сиёсӣ бо рақибони сиёсии давлат обу тоб ёфта, чун як сиёсатшиноси мустақил, вале давлатмеҳвар ба камол расидааст. Бо Абдулло дар Гуфтушуниди тоҷикон дар шаҳри Маскав шинос шуда будам, ки дар истироҳатгоҳи Думаи давлатии Россия баргузор мегашт ва мо ду нафар шодравон Тағай Раҳмон аз Шӯрои амният ва ман аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон асосан бо мавқеи давлатиамон фарқ мекардем,чунки мувофиқи қоидаи он Муколима ҳеҷ кас ҳақ надошт аз номи давлату ҳизб сухан кунад,балки бояд маҳз мавқеи шаҳрвандии худро мегуфт. Ин қоида барои паст кардани шиддати зиддиятҳои тарафҳои мухолиф хеле муҳим арзёбӣ мешуд. Ва шояд дар Тоҷикистон ягона майдони баҳс буд, ки рӯзноманнигорони ватанӣ ва хориҷӣ ба он иҷозаи вуруд надоштанд. Иштирокдорон низ ҳақи ба берун бурдани натиҷаҳои баҳс ва мавқеи якдигарро надоштанд. Ҳамчунин шарҳ додани мавқеи якдигар мамнуъ буд. Умуман, як падидаи аҷибе буд, ки барои тарбияи як насли сиёсатмадорон хизмати як донишгоҳро кардааст. Ва ҳар касе,ки пойбанди ишқи ватан буд дар он ҷо самимона сухан мегуфт ва аз ҳеҷ гуна хулосабарории нодурусти тарафе ҳарос надошт. Он ҷо ҳар кас андешаи худро бояд мегуфт ва касе ҳақ надошт мавқеи ҳизбе, созмоне ё идораеро ҳифз намояд. Ҳар кадом мавқеи хоси худро доштанд, вале маҷмӯан дар мавқеъҳои мустақил ё мухолифини давлат буданд. Абдуллоҳ низ дар ин ҳайат иштирокчӣ буд ва ман эҳсос кардам, ки хеле ҷавони ҳасос ва таҳлилгари хуб аст. Чун ҷойи кораш ёрдамчии Муовини аввали Сарвазир буд аз ӯ хоҳиш кардам, ки дар сафи мо давлатиҳо бошад. Масъалаҳоро аз назари таҳкими давлати миллӣ баррасӣ намояд. Ин барои тезтар ба сулҳу амният расидани ватанамон омили таъсиргузоре хоҳад буд. Чун бо чунин андешрониҳо берун аз системаи миллӣ ва давлатӣ будан мушкилсоз аст ва имконияти созандагии андешаҳоро маҳдуд мекунад, онҳоро ба харобкорӣ самт медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир бар зарари ҳам давлату ҳам миллат аст. Бигузор бо мавқеи худ бошӣ дар ин гуфтушунид, вале на дар мавқеъи душманӣ. Албатта баҳсҳои мо шояд як китоб шавад, вале мегузорем он таърихро ва рӯй меорем ба тавсифи шахсияти эшон ва ба хусус андешаҳои дар китоб омада. Чун давраи камолоташ сар омада ва қадам ба 50 солагӣ гузоштааст, ман наметавонам аз самимияту ҷавонмардиву сиёсатшиносии ӯ ҳарф назанам. Боз ҳам баъди аз вазифа рафтани муовини якуми Сарвазир дигар ӯро ба ҳеҷ ҷой рафтан намонда дар ним баст ба кор гирифтам (ин вақт ӯ дар Донишгоҳи миллӣ ҳам дарс медод) ва як шароити озоди корӣ барояш муҳайё ҳам кардам то рисолаи номзадиашро ҳимоя кунад. Бо шодравон Суҳроб Шарипов монеаҳои сари роҳашро яктарафа намудем. Профессор Гулаҳмад Зокиров роҳбари илмиаш буд ва ӯ номзади илми сиёсатшиносӣ шуд. Дар Маркази стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ тадқиқоти вижаро оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин анҷом медод ва чанд китобашро ҳам зери назарам ба нашр расонид. Новобаста аз фарқияти мавқеъҳоямон хеле марди таҳаммулпазир буд ва садҳо эродҳоро бе қилу қол ислоҳ мекард, вале буданд ҷойҳое, ки бо шарҳу эзоҳаш ман ҳам розӣ мешудам.

Агар ба таҳлили мавқеи сиёсӣ, мақоми илмӣ ва натиҷаи фаъолияти А.Раҳнамо пардозем дар тӯли 30 соли истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон дар самти миллатсозӣ, ташаккули мактаби давлатдорӣ ва эҳёи тафаккури миллӣ таҷрибаи калони назариявӣ ва амалӣ ҳосил шудааст, ки он натиҷаи заҳмати пайвастаи роҳбарияти давлат, нерӯҳои сиёсӣ ва аҳли илму зиёиёни мамлакат мебошад. Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла шароит фароҳам овард, ки имрӯз насли мутахассисону коршиносони босалоҳияте ташаккул ёфта, барои ташаккули идеяи миллӣ ва тафаккури давлатӣ заминаи устувор гузоранд. Миёни андешамандон ва рӯшанфикроне, ки дар ин солҳо хизматҳои шоёни таҳсинро оид ба рушди дидгоҳи давлатмеҳвар ва ташаккули тафаккури давлатӣ анҷом дода, осори арзишмандеро таълиф намудаанд, ном ва ҷойгоҳи сиёсатшиноси шинохтаи кишвар Абдуллоҳи Раҳнамо вижагиҳое дорад. Таҳлили муҳтавои асарҳои сершумори ӯ нишон медиҳад, ки дар меҳвари онҳо, пеш аз ҳама мафҳатҳои давлат, миллат, ватан, дини мубини ислом, ваҳдат, субот, тафаккури давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва ғайра қарор доранд. Қисми асосии осори ӯ, новобаста аз мавзӯъ ё шакли таълиф, маҳз дар атрофи ин мафҳумҳо эҷод шудаанд.

Албатта, мувзӯъҳои ватандӯстона, миллӣ ва ваҳдатгароёна яке аз масъалаҳои муҳимтарине ҳастанд, ки доираҳои васеи сиёсию ҷамъиятӣ ва эҷодию иттилоотии мо ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Аммо фарқияти асосии мавқеъ ва осори Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин самт он аст, ки ӯ ба ин масъалаҳо нигоҳи илмию таҳлилӣ ва консептуалӣ дошта, дар навиштаҳояш дастгоҳи мафҳумӣ ва методологияи илмии ин дидгоҳҳоро шарҳ ва танзим менамояд. Ба ибораи дигар, А.Раҳнамо на танҳо як ватандӯст ва ё таблиғгари афкори ватандӯстонаву давлатмеҳварона, балки як назарияпардози имрӯзаи ин мавзӯъ мебошад. Ӯ дар ин самт сабку назарияи худро ташаккул додааст, ки бо номи «консепсияи давлатмеҳварӣ» ё «дидгоҳи давлатмеҳвар» метавон ӯро муаррифӣ кард. Абдулло Раҳнамо дар китоби худ «Дидгоҳи давлатмеҳвар», ки тоза ба чоп расидааст, сабаби ба чунин тарз ташаккул ёфтани назарияи худро дар чунин омилҳо мебинад:

«Яке аз омилҳои махсусияти хос ёфтани ин навиштаҳо дар он аст, ки сарнавишти печидаи муаллиф ба гунае ташаккул ёфт, ки дар як умри кутоҳ ҳам мактаби фикрии шӯравӣ (1), ҳам рӯҳи ворастаи даврони бозсозӣ (2), ҳам мавҷи муборизаҳои миллии истиқлолхоҳӣ (3), ҳам дарди ҷонсӯзи муҳоҷират (4), ҳам оташу даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ (5), ҳам тамомии раванди музокироту сулҳи тоҷикон (6), ҳам марҳалаи ваҳдатсозию барқарории баъдиҷангӣ (7), ҳам хӯшачинии муҳити адабӣ (8), ҳам ҳузури огоҳона дар доираҳои динӣ (9), ҳам фаъолияти масъулона дар равандҳои дунявӣ (10), ҳам таҳсилу зиндагӣ дар ҷомеаҳои анъанавии шарқӣ (11), ҳам таҳсилу таҷриба дар ҷомеаҳои муосири ғарбӣ (12), ҳам мактаби хидмат дар дастгоҳи марказии давлатӣ (13), ҳам мутолиаи осори фикрии худию берунӣ (14), ҳам марҳалаи тӯлонии пажӯҳишгарии майдонӣ (15), ҳам таҷрибаи ғании майдони таблиғотӣ (16), ҳам собиқаи ҳузуру робитаҳои васеи хориҷӣ (17), ҳам инзивонишинии дифоӣ (18) ва ғайраро бевосита гузаштаву ҷамъбасту таҷрибаи зиндаи ин фаслу самтҳоро бо равиши илмию (1), ҷавҳари ватанию (2) дидгоҳи миллию (3) мавқеи давлатмеҳварӣ (4) даромехтам. Ин имкону таҷрибаи нодире, ки фарогирию синтези мавзуни он дар зиндагӣ насиби муаллиф гашт, рӯйи сифату мазмуни ин осор таъсири бисёр доштааст, ки хонандаи огоҳ ва босалоҳият онро ҳатман дармеёбад. Бинобар ин, ин навиштаҳо маҳсули қалами як муҳаққиқи китобию дафтарию интернетӣ набуда, балки ҳосили таҷрибаи зиндаи бисёрҷанбаӣ ва мураккаби як инсони печидасарнавиштест, ки тамоми ин марҳалаҳоро шахсан гузаштаву ин хулосаҳоро шахсан нигоштаву гузоштааст».

Аз корҳои ҷамъиятии ӯ, ки аз дастгирии ман бархурдор буд ва ҳамаи вазирони маориф ва илми Тоҷикистон ҳам онроо дастгирӣ кардаанд, таъсиси як литсейи хусусии сирф миллӣ буд, ки ҳоло дар кишварамон камназир буда мардуми зиёде ба он боварӣ ва эътиқоди хос доранд. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 15 сол бо ӯ ҳамкорӣ доштам ва ӯро хеле хуб омӯхтам. Гарчанде ӯ ба ҳеҷ кас кор надорад, вале рақибону душманони рӯиросташ кам нестанд ва аз дохилу хориҷ ба ӯ ҳуҷумҳои пай дар пай мекунанд. Ҳар вақте, ки ӯ ягон маводи давлатпарварона менависад, ӯро зери борони тӯҳмату ғайбатҳо мегузоранд. Ӯ ҳам, ки чун ҳар як эҷодкор дили дардманде дорад як вақти муайян зери таъсири чунин ҳуҷумҳо мемонад, вале мо ҳамкорон боз ҳам ӯро намемонем, ки дар чунин эҳсосоти кушанда ғарқ гардад. Аслан давлати Тоҷикистон ва намояндагони беҳтарини зиёиёни кишвар ҳама вақт ӯро дастгирӣ кардаанд ва хоҳанд кард. Ва ин хислати соф тоҷикии мо буд, ки миллати мо соҳиби чунин фарзандони бузург дар ҳама соҳаҳо гаштааст.

Албатта Абдуллои Раҳнаморо ҳоло ҳам ӯро дастгирӣ мекунем ва ин ҷо низ аз зарурати чунин як шахси андешаманд барои миллату давлати тоҷикон сухан хоҳем гуфт. Чун мутаасифона зиёиёни миллии мо ягона нестанд ва ба ҷараёнҳои фикрии харобкор тақсим шудаанд, ки ягонагии миллатро зери суол мебаранд, майдони эҷодиёти якдигарро танг мекунанд, якдигарро бераҳмона мехоянду таҳқир мекунанд. маҷбурем оиди роҳҳои табобати ин маризии иҷтимоӣ баҳсе дошта бошем. Барои мо ин хеле дарднок аст, вале баҳс бо ин гуруҳҳо хеле бесамар аст чун дидгоҳҳои сиёсиву мазҳабии онҳо гуногун аст. Ҳар кадом қалъае дорад ва аз он ҷо ба сӯи ҳама тир мепаронад ва худро беҳтарин ва огоҳтарин мерган ҳисоб мекунад. Аз ин сабаб дар назди сиёсатшиносон вазифаи хеле муҳим- ба ҳам овардани онҳо ва мутаҳидона миллатсозу давлатсоз намудани онҳо меистад. Ҳамчун муаллифи назарияи давлатмеҳварӣ Абдулло Раҳнаморо, ки гуруҳҳои зиёде дар муқобилаш меистанд, ба сифати муовини хеш дар Анҷумани (расман Ассотсиатсияи) миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон пазируфтаам, ки бо хатми КОВИД-19 фаъолиятҳои хешро бештар хоҳем кард. Аз ҳамкасбонӣ гиромӣ хоҳиш дорем,ки ба мо бипайванданд ва моро дар майдони миллатсозиву давлатмеҳварӣ ҳамқадаму ҳамсаф бошанд. Ва мо ба ҷуз аз ба ҳам овардани андешамандони сиёсии кишвар ҳеҷ ҳадафи дигар нахоҳем дошт.

А.Раҳнамо як шахсияти аз илму назария ороставу пероста аст – шоири шинохта, ғолиби озмуни беҳтарин шеъри сол, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва мудири Шӯъбаи робитаҳои адабии ин даргоҳи муқаддас низ мебошад.

Ба назарам дар соли вазнинтарин барои Тоҷикистон, ҷаҳон ва худи А.Раҳнамо, ки бемории КОВИД 19 хеле ранҷаш дод, тавонист бо тамоми қувва бо ин балои охирзамон муқовимат намояд. Роҳбарияти кишвар низ нисбати наҷоти ҳаёти ӯ заҳмати андаке накашиданд то ӯ боз ба назди фарзандонаш ба ойилаи худ, наздиконаш ва дӯстонаш чун шахси солим баргардад ва эҷодиёти худро давом диҳад.

Роҳбарияти Анҷумани сиёсатшиносон андешае дорад, ки барои чунин ҷониссориаш ӯро сиёсатшиноси беҳтарини соли 2020 эълон намоем. Албатта бо сабаби аввалин шахси соҳиби ин ҷоизашаванда ӯ рӯйхати таърихии онро сарварӣ хоҳад намуд, ки ин аз эҳтирому эътирофи ҷомеаи Тоҷикистон бархурдор будани ӯ гувоҳӣ медиҳад. Албатта бо омӯхтани андешаи дигар сиёсатшиносон ва ҳато шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мо таҳлил кардем ва дидем дар комментҳои мардумӣ ӯ ҳамчун як устоди касби худ, чун як таҳлилгари шинохта, чун як ватандӯсти ҳақиқӣ, чун шоири варзида, чун шахси таҳаммулгаро ва ҳушманд баҳогзорӣ мешавад. Боварӣ дорем донишмандони мӯҳтарами соҳаи сиёсатшиносӣ моро дастгирӣ менамоянд ва мо аввалин бор чунин ташаббуси ҳавасмандгардониро дар амал татбиқ хоҳем кард. Ин мақола дар ин самт албатта ишорае хоҳад буд то мардум донанд, ки то кадом дараҷа осори Абдулоҳи Раҳнамо дар илми сиёсатшиносӣ қадру манзалат дорад.

Аз баррасии маҷмӯи навиштаҳои А.Раҳнамо бармеояд, ки ин дидгоҳи ӯ дар тӯли солҳои зиёд дар асоси донишҳои назариявӣ ва таҷрибаи амалии сиёсӣ ва идорӣ шакл гирифта, марҳила ба марҳила дар китобу мақолаҳои муаллиф ифода ёфтаанд. Аз ҷумла, силсилаи китобҳое чун “Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ” (2012), “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (2009), “Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» (2010) «Мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ» (2013), «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии мавзӯъ» (2015), «Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар чист?» (2015) ва ниҳоят, китоби махсуси бахшида ба ин мавзӯъ – “Дидгоҳи давлатмеҳвар” (2021) марҳилаҳои ташаккули ин назарияро ба таври возеҳ нишон медиҳанд.

Тавре худи муаллиф дар асари номбурда меорад, «дидгоҳи давлатмеҳвар сатҳи андеша ва навъи мавқеъгирии ҷамъиятӣ ё сиёсиест, ки шаҳрванди дорои он дар раванди фаъолияти фикрию ҷамъиятии худ ҳифзу устувории давлатро ҳамчун ниҳоди асосӣ(1) ва ҳифзи манфиатҳои олии миллию давлатиро ҳамчун арзиши асосӣ(2) дар авлавият қарор медиҳад. Он сатҳест, ки инсон нақши ҳаётӣ, танзимгари давлатро дарк намуда, бо вуҷуди доштани манфиатҳои муайяни шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, сиёсӣ, минтақавӣ, моддӣ ва арзишӣ, онҳоро ҳаргиз аз ҷойгоҳу устувории давлат ва манфиатҳои милливу давлатӣ боло намегузорад. Яъне ҳифзу устувории давлат ва ҳифзи манфиатҳои олии миллию давлатӣ марзи муқаддас ё хатти сурхест, ки дар фаъолияти ҷамъиятию сиёсии шаҳрванд дахлнопазирии он дар ҳар сурат нигоҳ дошта мешавад.» Шарҳи муфассали дастгоҳи мафҳумӣ, ҷанбаҳои назариявӣ ва корбурдии ин дидгоҳ нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат он на танҳо арзиши баланди илмию назариявӣ, балки аҳаммияти махсуси сиёсӣ ва амалӣ низ дорад.

Аз таҳлили маҷмӯи мавқеъ, назар ва андешаҳои Абдуллоҳи Раҳнамо дар масъалаҳои муҳимме чун баррасии пайвастаи мафҳумҳои тафаккури давлатӣ, мактаби давлатдорӣ, идеяи миллӣ, мавқеи миллӣ, давлатмеҳварӣ, манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва ғ. ба ин натиҷа расидан мумкин аст, ки фаъолияти илмию таҳлилӣ ва мавқеи ҷамъиятии ӯ чанд ҷанбаи хоси худро дорад:

Якум, масъулиятшиносии давлатдоронаи як зиёии миллӣ. 30 соли даврони истиқлоли давлатӣ даҳҳо сиёсатмадорони варзидаву пуртаҷрибаро рӯйи саҳна овард ва ҳазорон ходимони давлатиро ба камол расонид. Агар ҳар яке аз онҳо таҷрибаҳои андӯхта ва нигоҳи хулосашудаи худро дар умури давлату шинохти сиёсат ба қалам диҳанд, осори гаронбаҳое барои наслҳои ҷавонтар ба мерос хоҳад монд. Аз ин рӯ, навиштаҳои пайвастаи Абдуллоҳи Раҳнаморо оид ба дидгоҳи давлатмеҳварӣ метавон натиҷаи дарки ҳамин гуна эҳсоси гузоштани нақши худ дар таъмини меросияти наслии хизмати давлатӣ ва рушди тафаккури давлатмеҳвар миёни хизматчиёни давлатӣи имрӯза ва наслҳои оянда номид.Ба ин восита, осори А.Раҳнамо рӯҳияи замони муосир, мактаби давлатдории муосири тоҷикон, таҷриба ва мушкилоти ин давронро ба таври илмӣ ҷамъбаст намуда, барои наслҳои оянда сарчашмаи арзишманди фикрӣ ва таърихӣ меофарад. Ин худ як хизмати бузурги як зиёӣи миллӣ барои наслҳои оянда мебошад.

Дуюм, хусусияти воқеъбинона ва таҷрибашуда доштани дидгоҳҳо. Хусусияти дигари афкори Абдуллоҳи Раҳнамо дар масъалаҳои миллӣ ва давлатдорӣ дар он зоҳир мешавад, ки онҳо на андешаҳои китобию тахайюлии як нафар, балки маҳсули фаъолияти чандинсолаи хизмати давлатӣ ва андешаҳои ҷамъбастшудаи як мутахассиси огоҳи равандҳои сиёсати давлатӣ мебошад, ки таълиф ва пешкаш намуданашро масъулияти давлатдоронаи худ шумурдааст.

Муҳимтар аз ин, ӯ тавонистааст, ки дар таълифоташ таҷрибаи худро бо равиши илмӣ, ҷавҳари ватанӣ ва дидгоҳи миллию мавқеи давлатмеҳварӣ бо муваффақият таҳлил намояд. Ин имкону таҷрибаи нодир рӯйи сифату мазмуни ҳамаи навиштаҳои ӯ таъсири бисёр хосса дорад, ки ҳар як нафрае, ки аз осори ӯ огоҳӣ дорад, ин ҷиҳатро дар онҳо ҳатман дармеёбад. Бинобар ин, афкори сиёсии ӯ оид ба мактаби давлатдории миллӣ, тафаккури давлатӣ, диди давлатмеҳварӣ ва ғайра маҳсули таҷрибаи зинда ва бисёрҷанбаи муаллиф аст, ки марҳилаҳои зиёдеро паси сар кардаву ба хулосаҳои устувор расидааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, агар консепсияи «дидгоҳи давлатмеҳвар»-и Абдуллоҳи Раҳнамо ҳамчун меҳвари тарғиби тафаккури миллӣ, матни сиёсӣ ва иншои ватандорӣ миёни наслҳои ҷавону хизматчиёни давлатӣ ташвиқ ва истифода шавад, ҳар ҷавони ватандӯсту ватандор аз он барои худ паёму сабақҳои арзишманде хоҳад бардошт.

Сеюм, эҷоди сабк ва мактаби худ дар сиёсатшиносии амалии ватанӣ. То имрӯз аз ҷониби сиёсатшиносони ватанӣ оид ба масоили зиёди сиёсатшиносӣ асарҳо иншо шудаанд, вале аксари онҳо дар заминаи таълимию дарсӣ таълиф гашта, масоили амалии давлатдории муосири миллӣ дар онҳо ба таври бисёр фишурда пешкаш мегарданд. Зеро талаботи маводи таълимӣ имкон намедиҳад, ки ба таври мукаммал масоили ҷории давлатдорӣ таҳлилу тафсир шаванд. Қисмати дигари чунин таълифот рисолаҳои номзадию докторӣ мебошанд, ки онҳо бештар дар доираҳои академикӣ маълум буда, дастраси оммаи васеи мардум нашудаанд. Ҳамин тавр, он нақше, ки як таҳқиқоти илмӣ ва сиёсатшиносии ватанӣ бояд дар ташаккули афкори созандаи ватанӣ иҷро намояд, бо чунин сабабҳои айнию зеҳнӣ пурра амалӣ намешавад.

Дар таҷрибаи эҷодию афкори сиёсии А.Раҳнамо ҳолатҳои болозикр истисно мебошанд. Яъне онҳо таълифоти фародонишгоҳӣ ва «матни зиндаи сиёсӣ» ва дорои аҳамияти амалӣ буда, бешубҳа дар ташккули сиёсатшиносии амалӣ нақши созгору арзишманд доранд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки дар сиёсатшиносии амалии муосири тоҷик А.Раҳнамо на танҳо мавқеи худ, балки сабку услуб, забону мантиқ ва дидгоҳи илмию методологияи хоси худро дорад.

Чорум, пайванди афкору осор бо замон. Дар матни воқеиятҳои замон ва ҷаҳон иншо шудани осори А.Раҳнамо ба онҳо ҷозибаи хос медиҳанд. Албатта илм ва эҷод бояд ҳамин гуна бошад, вале баъзан таҳлилгарон ё аз ҳад зиёд ба таҳлили назария ё таърих пардохта, амалияи зиндагӣ, заруратҳои ҷомеа ва дурнамои рушди давлатро қариб фаромӯш мекунанд ва ё аз ҳад зиёд ба баррасии мавзуъҳои глобалию байналхалқӣ саргарм мешаванд, ки равандҳои дохилии давлатро нодида мегиранд. Дар натиҷа, он вазифа ва рисолате, ки дар назди илму таҳлил барои роҳнамоии ҷомеаи воқеӣ гузошта шудааст, амалӣ нашуда мемонад ва миёни илму амал, таҳлилу воқеият фосила ба вуҷуд меояд.

Баръакси ин ҳолат, А.Раҳнамо ҳамеша дар навиштаҳояш мекӯшад, ки ҳамин пайвандии илму амал, фарзияву воқеият ва гузаштаву оянда ба таври ҷиддӣ ҳифз шавад. Ин ҷиҳатро, аз ҷумла дар чанд китобу рисолаҳои солҳои охири ӯ, ки бевосита ба таҳлили равандҳои давлатдорию давлатсозӣ ва талқини тафаккури давлатмеҳвар бахшида шудаанд, дидан мумкин аст. Аз ҷумла, китоби «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ӯ, ки соли 2010 аз тарафи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расида буд, замоне таълиф шуд, ки дар муҳити динии кишвар ҳассосиятҳое аз нигоҳи амниятӣ ба вуҷуд омада буданд ва ниёзи воқеӣ ба чунин як китоби таҳлилие ҷой дошт, то дар пояи манфиатҳои давлат муносибатҳои ислому амниятро шарҳ ва ба чаҳорчӯби муносибатҳои ин ду падида дар Тоҷикистон баҳои коршиносона диҳад. Ба навиштани рисолаи «Мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ» А.Раҳнамо замоне пардохт, ки дар Тоҷикистон раванди тақсими падидаҳои ҳаёт ба «динӣ» ва «дунявӣ» гардиши нав пайдо намуд ва бовар ба чунин таҷзия таҳдиди ҷиддие ба ваҳдати миллӣ буд. Бинобар ин, яке аз паёмҳои ин рисолаи Раҳнамо «гузаштан аз мавқеи «яке аз тарафҳои низоъ» ва баромадан ба мавқеи миллӣ ва расидан ба «нигоҳи давлатдорона» буд. Чунин шахсиятҳои миллатдӯст ва ватанпарвар дар кишвар зиёданд, ки аз мавқеъҳои гурӯҳию мазҳабию,сиёсӣ ба мавқеъи давлатмеҳварӣ гузаштаанд ва имрӯз гули сари сабади зиёиёни миллатдӯсти мо мебошанд. Профессорон Абдунабӣ Сатторов, Халифабобо Ҳамидов, Шарофиддин Имомов ва даҳҳо дигарон намунаи беҳтарини миллатдӯсти ва ватанпарвариро нишон дода дилсофона ба хизмати ватан пардохтанд. Буданд қисме ҳам, ки гарчанде ба ватан зараре нарасонданд, вале нони муллоими дигар кишварҳоро аз нони қоқи ватан афзал донистанд ва солҳои дароз барои давлату миллати худ ҳеҷ хизмате накарданд. Боз ҳастанд он қисме,ки ҳар рӯз ба ватану кишвари хеш сангандозӣ мекунанду аз ҷиноятҳои хеш ҳарос доранду ба давлату миллату мазҳаби хеш мутаасифона назари нек надоранд. Шояд ин кори онҳо муваққатӣ бошад чун шоири бузурги рус Сергей Есенин, ки худ пириро надида буд,вале ин дардро хеле зебо ва шоирона ифода кардааст:

Дар ҷавонӣ ватан надорад кас,
Ватан аз пирӣ мешавад оғоз.

Имрӯз низ мавзӯи мазкур аҳамияти худро гум накардааст. Зарур аст, ки нирӯҳои фикрӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии мо дар масъалаҳои усулии миллӣ, дар мавриди арзишҳои аслии фарҳангию эътиқодию сиёсӣ, дар масъалаҳои аслии давлатдорӣ ва дар мавзӯъҳои стратегии рушди ҷомеа мавқеи муштараки давлатмеҳвар дошта бошанд.

Дар ин ҷо боз як андешае пеши назар меояд, ки А.Раҳнамо дар низоъшиносии миллӣ низ саҳми сазовор мегузорад ва бо далелҳои раднопазир мавҷудияти низоъҳои фикриро дар ҷомеа равшан мекунад ва роҳҳои бурунрафт аз онҳоро низ нишон медиҳад.

Рисолаи дигари муаллиф, ки соли 2015 дар матни воқеият, зарурати ҷомеа ва бо назардошти рушди тафаккури миллӣ рӯйи кор омад, китоби «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии мавзӯъ» буд. Он яке аз аввалин таълифотест, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» зарурати ниҳоди Пешвои миллиро барои миллату давлат аз нигоҳи илмӣ ва зарурати давлатдорӣ бо далелҳои мантиқӣ ва мисолҳои равшан асоснок намуд. Ин аст, ки матни рисолаи мазкур дар муддати кӯтоҳ ба забонҳои гуногуни хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва ғ. тарҷума ва нашр шуд.

Панҷум, мавқеи фаъолу ватандӯстонаи шаҳрвандӣ. Дар баробари пардохтан ба таълифу нашри осори илмию таҳлилии давлатмеҳвар, А.Раҳнамо мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ низ дорад. Ин масъала аз он ҷиҳат муҳим аст, ки имрӯз ниёз ва зарурати таблиғи дидгоҳи давлатмеҳвар на танҳо аз тариқи таълифи китобҳо, балки дар фазои иттилоотию маҷозӣ низ бештар шудааст, зеро солҳои охир дар ВАО-и электронӣ ва чопӣ, аз ҷумла сомонаҳои интернетӣ, телевизион ва радиоҳои дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба давлат ва кишварамон як ҷанги иттилоотии густурда давом дорад. Дар ин набарди иттилоотӣ А.Раҳнамо низ ба хотири изҳори назарҳои худ дар бораи вазъият, раванд ва ҳодисаҳои ҷамъиятию сиёсии кишвар, хусусан ба хотири ҷонибдории қатъӣ аз устувории низоми сиёсии давлатдорӣ, суботу ваҳдату амнияти миллӣ ва ҳимояти ватану манфиатҳои он гоҳо муҳокимаву маломат мешавад. Бо вуҷуди ин, ӯ бо эҳсоси баланди масъулият дар сафи пеши мубориза барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор дорад. Душманони ӯ душманони ғоявианд ва заифу номарданд. Ба гуфтаи шоир ”Душманонам заифу номарданд, Душмани мард орзӯ дорам” Онҳо ба ангезаҳои хаёлии худ банд шуда аз давлатмеҳварии Абдулло, ташаккули шахсити комиле бехабар мондаанд. Ва имрӯз мо бо ин осори гаронбаҳои муаллиф ифтихор мекунем. Давлат низ аз доштани чунин шаҳрванди оқилу доно ва фаъол, соҳибистеъдоду ватанпарвар ифтихор дорад. Ва орзӯ дорем, ки тамоми навиштаҳояшро чамъоварӣ намуда барои хонандаи закӣ пешниҳод менамояд.

Бахши муҳимми таълифоти А.Раҳнамо дар фазои иттилоотӣ ва маҷозии имрӯзро маҳз шарҳу дастгирии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишон додани моҳияти созанда ва ваҳдатофарини сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаҳмонидани аҳаммияти мафҳумҳои калидие чун ваҳдат, истиқлолият, субот, амният, давлатдории миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва ғайра барои омма ташкил мекунанд. Ӯ ҳам бо салоҳияти баланди касбӣ ва ҳам бо рӯҳияи баланди ватандӯстона ин сиёсат ва арзишҳоро ба таври доимӣ ҳимоят менамояд. Чунин мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ ва шаҳрвандии ӯ барои намояндагони қишри фикрию зиёӣ намунаи мусбат мебошад.

Дар маркази диққат қарор додани андешаи миллӣ ва давлатмеҳварӣ яке аз омилҳои асосии муваффақияти Абдуллоҳи Раҳнамо дар доираҳои коршиносӣ ва маъруфияти ӯ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки навиштаҳои А.Раҳнамо дар фазои иттилоотӣ вокуниш, ҷавоб ё шарҳ нестанд, балки ӯ худ офарандаи андеша ва меҳвари фикрӣ буда, назари худро дар масъалаҳои усулӣ ба таври комил ва консептуалӣ баён мекунад ва дигарон дар атрофи назари ӯ вокунишҳо ё шарҳҳои мусбату манфии худро менависанд. Ин ҳам яке аз нишонаҳои соҳибназар ва хабарофар будани муаллиф аст. Бояд гуфт,ки ин ҳунари осон нест ва мантиқи баланди илмӣ ва сиёсӣ доштани шахси хабарофарро талаб мекунад.

Баъди панҷоҳсолагӣ А.Раҳнамо як шеъре дар бораи худаш навишт,ки хеле пандомӯз аст:

Бо ҳиммати худ кишвару таърих бисозем,
То гӯр факат қиссаи Баҳром нагуем.
Аз баҳри тиҷоратшуда Меҳан нафурӯшем,
Аз баҳри сиёсат шуда “ислом” нагӯем

Шашум, аҳаммияти амалии дидгоҳ ва осор. Ҷанбаи дигари андешаҳои сиёсии Раҳнамо оид ба давлатмеҳварӣ ва тафаккури давлатӣ дар он зоҳир мешавад, ки муаллиф ба инъикоси масъала ё мушкилот маҳдуд нашуда, дар навиштаҳои худ ҳамзамон мулоҳизаву пешниҳодҳо ва роҳиҳалҳои созандаро низ манзур менамояд. Масалан, дар охири рисолаи «Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ», ки соли 2012 аз тарафи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расида буд, муаллиф 11 пешниҳод ироа кардааст, ки амалӣ шудани онҳо метавонад барои кишвар бисёр муҳим бошад. Чунин моҳияти корбурдӣ ва бахши хулосаву пешниҳодҳои амалӣ дар аксари навиштаҳои А.Раҳнамо дида мешаванд, ки ин ҳолат арзиши ин осорро хеле баланд мебардорад.

Ба сифати Раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон наметавонам як гурӯҳи сиёсатшиносони хизмат нишондодаро, ки бо китобҳову мақолаҳои ҷиддии илмии хеш илми сиёсатшиносии миллиро ба пой гузоштаанд номбар накунам. Инҳо профессорон Абдураҳмон Муҳаммад Наврӯз, Гулаҳмад Зокиров, Рустам Ҳайдаров, Суҳроб Шарипов, Абдунабӣ Сатторов, Худобердӣ Холиқназаров, Қурбон Расулов, Мусаммир Гулаҳмадов, Аслонов, Акбаршо Искандаров, Шарофиддин Имомов, Абдусамад Самиев, Саидамир Ҷононов, Қосимшо Искандаров, Абдусалом Муҳаббатов, Тағай Раҳмонов, Ҷура Латифов, Раймалӣ Нуриддинов, Ҳомид Саидов, Гузел Майтдинова, Парвиз Маҳмадов, Абулғани Абдулазимов, Хуҷаназар Сафарализода, Шералӣ Ризоён, Шӯҳрат Саидов ва дигарон мебошанд, ки дар замони истиқлолият бо андешаҳои созанда ва баъзан танқидии хеш тавонистанд афкори сиёсии ҷомеаро ташаккул диҳанд ва ҳам илми сиёсатшиносии тоҷикро ба пой монанд.

Албатта фаъолияти ҷамъиятӣ ва осори чопии Абдуллоҳи Раҳнамо хеле васеъ буда, бахшҳои гуногуне чун сиёсатшиносӣ, фарҳанг, маориф, адабиёт, таърих, диншиносӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Аммо дар мисоли таҳлили мухтасари дидгоҳҳои ӯ дар мавзӯъҳои сиёсии давлатдорӣ ва давлатсозӣ метавон дид, ки ҳар мақола ва рисолаи ӯ ба тарҳу шарҳ ё ҳалли як масъалаи ин самт бахшида шудааст. Дар шароити имрӯза ба чунин афкори дорои хусусияти назариявӣ ва амалӣ, дар чунин самти муҳим зарурати шадиди миллӣ ҷой дорад ва месазад, ки нисбати он таваҷҷуҳ ва қадрдонии шоиста зоҳир шавад. Зеро ҳар андешаманди соҳибназари миллат ва ҳар назарияи фикрию созандаи онҳо худ як сарвати миллӣ ба ҳисоб меравад.

Бисёр хуб мешуд, ки бо истифода аз Анҷумани миллии сиёсатшиносон шахсони дар давлат хизматкарда, мушовирон ва ёрдамчиёни президент, кормандони Ҳукумат, дипломатҳо, собиқ раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, вакилони халқи ҳамаи сатҳҳо ба ҳам биёянд ва мо аз таҷрибаи онҳо, андешаҳои созандаи онҳо барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, худшиносии миллӣ, шаклҳои идоракунии давлатдории муосир барои роҳбарияти кишвар барои донишгоҳҳо, барои насли нави сиёсатмадори Тоҷикистон маводҳо, дастурамалҳо, ёддоштҳо омода созем то ин хазинаи бисёр қимматбаҳои миллатро аз даст надиҳем.

Ва боз ҳам бо як порча аз шеъри дар боло иқтибос кардаамон меорем, ки ҳадафи аслии навиштани ин мақоларо ифода мекунад ва ҳамон зарбулмасали машҳурро ба хотир меорад,ки “Ҳар беша гумон мабар, ки холист, Шояд, ки паланге хуфта бошад”. Мо ҳам ба қадри фарзандони ҷоннисори миллат расем онҳоро эҳтиром қоил бошем, андешаҳои бикру шеърҳои нобу навиштаҳои зебои онҳоро тарғиб намоем то рӯҳияи эҷодкориро дар миллат нигоҳ дорем..
Мардони худоро,ки ҷаҳонро написанданд,
Аз бехабарӣ мардуми ноком нагӯем….

Ба муносибати фарорасии 50-солагии ин сиёсатшиноси шинохта ва соҳибназари кишвар, аз номи дӯстон, ҳамкасбон ва ҳамкорони пешинаву имрӯза барои ӯ саломатию муваффақиятҳо орзӯ намуда, боварӣ дорем, ки осори бисёрсоҳавии Абдуллоҳи Раҳнамо ва хусусан, таълифу андешаҳои ӯ оид ба дидгоҳи давлатмеҳвар ва тафаккури давлатӣ ҳамчун бахше аз афкори муосири миллӣ дар амалияи идоракунии сиёсӣ ва дар таърихи андешаи сиёсии халқи тоҷик ҷойгоҳи сазовори худро меёбад. Аз фурсат истифода бурда ҳамаи сиёсатшиносон ва сиёсатмадоронро ба он даъват менамоем,ки дар атрофи Анҷумани миллии сиёсатшиносон муттаҳид шуда дар ба вуҷуд овардани назарияи миллатсозиву давлатмеҳварӣ саҳми сазовор гузоранд.

Total Views: 498 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.