НОМАЕ БА ҲАЗРАТИ ИҚБОЛ
АЗ МОВАРОИ 100 СОЛ
Шабе бигристам бо рӯҳи Иқбол,
Ки аз он рӯзгорон рафта сад сол:
Ҳамон мулло, ҳамон сўфӣ, ҳамон шайх,
Ҳамон ғафлат, ҳамон хорӣ, ҳамон ҳол.
***
Ба мулло бастам аҳди ошноӣ,
Вале уфтод байни мо ҷудоӣ.
Муроди ман Худои аззу ҷалл буд,
Муроди ҳазрати мулло худоӣ.
***
Чу аз ёди висоли ёр мастам,
Чӣ сон оини муллоро парастам?
Аз он бесуннату бемазҳабам хонд,
Ки ман аз хони кас локӣ набастам.
***
Зиҳӣ муфтӣ, ки фатворо фурўшад,
Зиҳӣ шайхе, ки тақворо фурўшад.
Аҷаб гарм аст бозори хиёнат,
Зиҳӣ мулло, ки муллоро фурўшад.
***
Маро бо аҳли мазҳаб арз бошад,
Ки шояд гуфтани он қарз бошад.
Ҳамон рише, ки аз суннат ниҳодӣ,
Ба дасти шона додан фарз бошад.
***
Ҳама мулло ба мулло дар хилоф аст,
Ба даври Каъбаи худ дар тавоф аст.
Чу аз ваҳдат сухан гуфтам ба пешаш,
Бигуфто мазҳаби мо ихтилоф аст.
***
Ту мегўйӣ мусалмон бешумор аст,
Ҳазор андар ҳазор андар ҳазор аст.
Намегўйӣ, ки аз фақру ҷаҳолат,
Ҳама вобаставу маҳруму хор аст.
***
Миёни эҳтиёҷу фақру ҳирмон,
Намерўяд гиёҳи ишқу имон.
Зи дини Мустафо бӯе набурда,
Агар бо ҷаҳл дарсозад мусалмон.
***
Мусалмоне, ки ахлоқаш накӯ нест,
Зи нури Мустафо чизе дар ӯ нест.
Агар дарёи дониш гашта бошад,
Варо дар маҳфили мо обрў нест.
***
Варо дар маҳфили мо обурӯ нест….