СиёсатХабарҳоШеър

АЙНӢ ВА ДАВЛАТ: СОЛИ 1937

Бо рӯҳи пурифтихор давлат гуфтам,

Дар хилвату ошкор давлат гуфтам.

Ҳарчанд ҳазор бор дидам ҷабраш,

Ман боз ҳазор бор давлат гуфтам.

                       ***

Ман ҷилди шиносномаро мебӯсам,

Ҳар сафҳаи «Шоҳнома»-ро мебусам.

Чун бинвисам калимаи «давлат»-ро,

Аз шиддати меҳр хомаро мебӯсам.

                      ***

Гар дарк шавад китоби давлатмеҳвар,

Андешаву тарҳи ноби давлатмеҳвар.

Ин халқи ҳазорпора миллат гардад,

Дар сояи офтоби давлатмеҳвар.

                     ***

Кофӣ набувад шиори давлатдорӣ,

Дарёб низоми кори давлатдорӣ.

Аз зинаи устувори миллатсозӣ,

То мактаби пойдори давлатдорӣ.

                     ***

Ҳарчанд, ки хайрхоҳи давлат будам,

Ҳарчанд чароғи роҳи давлат будам.

Аз рӯи сиёҳи чанд мансабдоре,

Дар рӯйхати сиёҳи давлат будам.

                     ***

Некахтару некфол давлат дорам,

Пирӯзу хуҷастабол давлат дорам.

Армони ҳазорсолаам ҳосил шуд,

Ман баъди ҳазор сол давлат дорам.

                                   Душанбе, 2017

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *