ТИЛФОН АҶАЛИ МАН!
(Машқи шеъри ҳаҷвӣ)
Чун ҳамсари ман рӯзу шаб андар бағали ман,
Тилфон аҷали ман.
Маъшуқаи ман, ҳамнафаси ман, асали ман,
Тилфон аҷали ман.
***
Бо ин ҳама таъкид фитодем ба домаш,
Гаштем ғуломаш.
Ку ҳӯши худододаву ақли азали ман?
Тилфон аҷали ман.
***
Мағзу асабам мавҷ гирифтасту хароб аст,
Бисёр азоб аст.
Ин аст яқин иллати феъли дағали ман,
Тилфон аҷали ман.
***
Ҳар кор кунам дасту дилам банд ба тилфон,
Ҳӯшам ҳама бар он.
Бисёр хатарнок шудаст ин касали ман!
Тилфон аҷали ман.
***
Тилфони муосир шуда ҳам муш ва ҳам гӯш,
Ҷосусаки хомӯш,
Дар ҳар қадаму ҳар сухану ҳар амали ман,
Тилфон аҷали ман.
***
Не хилвату не узлату не ишрату не хоб,
Корам ҳама гирдоб.
Ку роҳату ку зиндагии бехалали ман?
Тилфон аҷали ман.
***
Хоҳӣ, ки шавӣ бандаи бадбахт ба тилфон,
Бемору пушаймон.
Обуна шав, обуна шав андар канали ман!
Тилфон аҷали ман.
***
Ҳам мўи сарам рехт ва ҳам мижаи чашмам,
Бисёр ба хашмам,
Аз дидаи бенуру сари тоси кали ман.
Тилфон аҷали ман.
***
Фарёд, ки сармояву вақтам ҳамагӣ мурд,
Тилфон ҳамаро хўрд,
Худкуштани худ нест магар ин ҷадали ман?
Тилфон аҷали ман.
***
Гуфтам, ки аз ин банд раҳо мешавам оё?
Сахт аст, Худоё!
Ноком шуд ин нақшаву «макру ҳиял»-и ман.
Тилфон аҷали ман.
***
Гар бар ту азиз аст пулу вақту тану ҷон,
Бигрез зи тилфон.
Ҳаҷв аст, вале рост бувад ин ғазали ман,
Тилфон аҷали ман.