ДАР САРГАҲИ ҲОЙИТ БАҲОР АСТ ҲАНЎЗ…

Гузорише гӯё ва аксҳое зебо аз биҳишти гулҳо ё Ҳойити боло, зодгоҳи об ва хонаи моҳтоб, хостгоҳи баланди устод Зафар ва кўҳи муқаддаси пайкараи модар, мазори хомӯши хуфтагон ва биҳишти розҳои ҷовидон.

                          ***

Дар саргаҳи Ҳойит баҳор аст ҳанўз,

Ҳангомаи сабзи рўзгор аст ҳанўз.

Аз накҳати омезаи торону зилол,

Як водии маст дар хумор аст ҳанўз.

Аз ҳар хами кўҳ ҷӯйи шир аст равон,

Оинаи об беғубор аст ҳанўз.

Ҳар шаршара оҳанги Зафар мехонад,

Симфонии савти обшор аст ҳанўз.

Ин ҷо ҳама аркони табиат барпост,

Оҳубара рамзи кӯҳсор аст ҳанӯз.

Бо Пули сирот бояд аз рӯд гузашт.

К-аз Давраи санг барқарор аст ҳануз…

Чун пой гузорам, ки ба зери тали хок,

Як нимаи Ҳойит мазор аст ҳанўз.

Ҳар чашмаи зор то кунун мегиряд,

Захми тани кўҳ ошкор аст ҳанўз.

«Модар ба Қаротигину духтар ба Ҳисор»*,

Гулҳои фироқаш гули хор аст ҳанўз.

В-ин пайкараи баланди рамзи модар,

Чун рамзи ҳаёт пойдор аст ҳанўз…

Қурбони ватан, ки чор фаслаш зебост,

Соли наву барфҳои пор аст ҳанўз!

Гарчанд ба Шаҳритӯс поиз расид,

Дар саргаҳи Ҳойит баҳор аст ҳанўз…

*Аз рубоии машҳури халқӣ

Total Views: 118 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.