БИСЁР АЛҲАЗАР
Бо салому эҳтиром,
Як ғазали иҷтимоиву ғаноии куруноӣ
***
Аз фитнаи сиёсати маккор алҳазар,
Аз гардиши замонаи ғаддор алҳазар.
Нури хирад ба зулмати дерина раҳ наёфт,
Аз сахтии таассуби девор алҳазар.
Ёрон ба рӯи хеш ниқобе кашидаанд,
Аз гуфтугӯю маҷлису дидор алҳазар.
Доғи тамаъ каромати аҳли зиё шикаст,
Аз пайравони ин раҳу рафтор алҳазар.
Аз олими рисолафурӯши ватанфурӯш,
В-аз ҷилди намкашидаи осор алҳазар.
Аз шайхи минбаре, ки намозаш сиёсат аст,
Аз печ-печи саллаи ин мор алҳазар.
Гўянд ними ҷомеа ҷосус гаштааст,
Оре, зи кори мардуми бекор алҳазар.
Ҳар лаҳза фитнаи наву ҳар бор доми нав,
Ҳар лаҳза алқиёмату ҳар бор алҳазар.
Чархи фалак ба коми касе ҷовидон нагашт,
Аз гардиши пиёлаи саршор алҳазар.
Аз дуди оташи дили мардум канор бош,
Аз дуди оташи дили афгор алҳазар.
Дилбар ҳамон бувад, ки дилеро даво кунад,
Аз ёри бевафои дилозор алҳазар.
Гарчанд дарди ишқ ҳадисест дилпазир,
Аз мавҷхези турраи таррор алҳазар.
Моро ҷамоли дӯст биҳишт аст, Раҳнамо,
Аз миннати биҳишти ту зинҳор алҳазар.
Эй кош, шамъи шоми сиёҳи шумо шавам,
Аз ҳарфи бенатиҷаи бисёр алҳазар…