САФАРБЕКИ СОЛЕҲ ФАРЗОНА БУД

Сафарбеки Солеҳ фарзона буд,

Якоину якрӯю якдона буд.

Ба он фару фарҳангу нуру сафо,

Саросар бузургии шоҳона буд.

Намоде зи оини озодагон,

Намоде зи ҳарфи самимона буд.

Ба пешонааш сабт буд ин сухан,

Ки ӯ душмани банду завлона буд.

Зи тоҷик сад мустанад офарид,

Ки ҳар як нигоҳе далерона буд.

Ба асри нузули камоли ҳунар,

Сутуни нигаҳдори кошона буд.

Чу бар минбари анҷуман медамид,

Ҳама фитнаву шўри фаттона буд.

Ба он ёлу бозуву болову бол,

Ту гўйӣ Сиёвуши афсона буд!

Ба ҳар фарди дардошно хеш буд,

Ба ҳар фарди бедард бегона буд.

Ба гунҷишкакон обу дон мехарид,

Парастори ҳар мурғи белона буд.

Дареғо, ки насли ҷавони Ватан,

Надонанд худ буд ӯ ё набуд?

Ба тасвир як шери ин беша буд,

Ба таҳқиқ як шамъи ин хона буд.

Сафарбеки Солеҳ фарзона буд…

 144 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 124 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.