РӮЗАДОРЕМУ РИШВА МЕГИРЕМ…

Бо салому эҳтиром,

Шеъре ҳиҷоиву иҷтимоӣ барои рӯзи якшанбе

Фақр шуд мушкили асосии мо,

Ҳосили ҷаҳлу носипосии мо.

Инак, он кўчии биёбонзод,

Таън дорад ба бепалосии мо.

Пештар соҳиби ҷаҳон будем,

Ку ҳамон ҳиммати ҳамосии мо?

Пештар хосаи милал будем,

Ҳайфи омию ҳайфи хосии мо.

Ҳоҷиҷаллобу ҳоҷиқаллобем,

Алҳазар аз вуҷуди осии мо.

Рўзадорему ришва мегирем,

Аҷаб аз дину диншиносии мо!

Дар маҳал дидаем меҳанро,

Қавм – дипломи ихтисосии мо!

Тӯдаи мардикори мадракдор,

Ҳосили илми иқтибосии мо.

Нанг, эй омили раҳоии мо,

Илм, эй чораи халосии мо!

Тарси дарки ҳақиқати олам,

Метапад дар дили ҳаросии мо…

 200 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 188 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.