КИТОБИ «ДӮСТ ДОР ЗИСТАН» ва ДУ САРСУХАНИ АРЗИШМАНДИ ОН
Бо салому эҳтиром,
Ин ҳафта дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамои маҷмӯаи нави шеърҳои банда бо номи «ДӮСТ ДОР ЗИСТАН» баргузор шуд.
Дар китоби тоза намунаи шеърҳои давраҳои гуногуни эҷодиёти муаллиф, аз ҷавонию донишҷӯйӣ то ишқу андӯҳ ва аз даврони тасвиргарии лирикӣ то марҳалаи ашъори муосири иҷтимоиву ватансароӣ интихоб гаштаанд, ки ҳар яке рӯҳия ва лаҳзаҳои бисёр мухталифи давраҳои зиндагиро ифода мекунанд.
Маҷмуаи мазкур бо пешсухани арзишманди устод АТО МИРХОҶА ба нашр расидааст, ки дар он мазмуну моҳияти аслии китоб ва раванди таҳаввули шеъри муаллиф дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ ба таври мухтасар ифода ёфтааст.
Аммо чун китоб гулчини ҷашнӣ буда, бахше аз он аз шеърҳои маҷмуаҳои пешин фароҳам шудааст, бисёр зарур донистам, ки бахши аслии пешсухани устоди бузургвор МУЪМИН ҚАНОАТро, ки соли 2014 бар маҷмуаи «Ту дар гуфтан намеойӣ…» навишта буданд, дар ин китоб низ ҳифз намоям.
Ҳамин тавр, маҷмӯа «Дӯст дор зистан» дорои ду сарсухани арзишманд гашт, ки чун дебочаи китоб ба он вазну зевари хоса бахшидаанд.
Аз ин рӯ, ба ҷойи муаррифии ин китоб, мехостам матни ин ду сарсухани бароям бисёр гиромиро гузорам, то аз нури назари лутфи хатопӯши он азизон манзараи китоб рӯшантар бошад.
***
СУХАНЕ ДАР БОРАИ ИН МАҶМУА
Китобе, ки дар даст доред, мунтахаби ашъори яке аз шоирони хуби муосири мо Абдуллоҳи Раҳнамо мебошад, ки ба муносибати 50-солагии муаллиф гулчин ва тадвин шудааст. Он як силсила шеърҳои нави муаллиф ва ҳамчунин, баъзе намунаҳоро аз маҷмӯаҳои пешини ӯ — «Оғози дӯстдорӣ» (2003) ва «Ту дар гуфтан намеойӣ…» (2015) дар бар мегирад.
Абдуллоҳи Раҳнамо барои хонандагони адабиёти муосири тоҷик номи ошно буда, навиштаҳои аввалини ӯро ҳанӯз дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта устод Бозор Собир ва бону Гулрухсор дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Фарҳанг» бо сарсуханҳои дилнишин ба ҷомеа муаррифӣ намуда буданд. Ҳанӯз дар ҳамон солҳо ӯ дар муҳити ҷавонону донишҷӯён ҳамчун шоири ҷавони соҳибистеъдод шуҳрати зиёд ёфта буд ва навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ пайиҳам чоп мешуданд. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои даврони ҷавонии ӯ бо номи «Оғози дӯстдорӣ» соли 2003 бо сарсухани устод Низом Қосим дар нашриёти «Адиб» ба табъ расида буд.
Солҳои баъдӣ низ эҷодиёти назмию насрии Абудуллоҳи Раҳнамо ба таври пайваста дар матбуот ва расонаву шабакаҳои иттилоотӣ нашр мешуданд, ки аксари онҳо дар маҷмӯаи дуюми шеърҳои ӯ бо номи «Ту дар гуфтан намеойӣ…» соли 2015 бо пешгуфтори устоди назми муосири тоҷик Муъмин Қаноат гирдоварӣ гаштаанд.
Дар солҳои охир Абдуллоҳи Раҳнамо бештар чун муҳаққиқи соҳаҳои илмию ҷамъиятӣ ба публитсистикаи сиёсӣ ва таҳияи китобу мақолаҳои илмӣ дар ин самт машғул буд, ки маҳсули ин фаъолияти пурбори ӯ барои ҷомеа ошност. Бо вуҷуди ин, аз маҷмӯаи назару маводе, ки солҳои гузашта ва имрӯз устодони шинохтаи илму сухани кишвар ва муҳаққиқони илми адабиётшиносӣ Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Раҳими Мусалмониён, Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Толиби Луқмон ва дигарон дар бораи шеърҳои Раҳнамо навиштаанд, метавон гуфт, ки сурудаҳои ӯ ҳамоно таваҷҷуҳи ҷиддии аҳли завқу таҳлилу андешаро сӯйи худ мекашад.
Хусусан, истиқболи васеъ ёфтани ашъори имрӯзи Раҳнамо аз тарафи корбарони расонаву шабакаҳои маҷозӣ, ки миёни онҳо аҳли илму адабиёт ва аҳли завқ кам нестанд, нишон медиҳад, ки имрӯз ӯ яке аз шоирони пуркор ва матраҳ дар фазои адабии мо мебошад. Аз ин миён, бахусус силсилаи ашъори иҷтимоӣ ва ватандоронаи ӯ дар солҳои охир, ки мавзӯъҳои муҳим ва мубрами рӯзро дар бар гирифта, ба такмили маърифату таҳкими ҳисси ватандӯстонаи ҷомеа равона шудаанд, боиси такони ҷиддие дар ин самт гаштаанд. Хусусияти асосии ашъори иҷтимоии ӯ дар он аст, ки худи муаллиф ҳамчун мутахассиси илмҳои ҷамъиятӣ ва собиқадори хизмати давлатӣ аз аксари арзишҳои бунёдии ҷомеа ва давлат, масъалаҳои мубрами сиёсию иҷтимоӣ ва таҳдиду чолишҳои мавҷуда дар раванди таърихии таҳкими давлатдорӣ ва истиқлолияти сиёсии кишвар ба хубӣ огоҳ буда, бо як салоҳияти хос дар шеъри худ онҳоро аз мавқеи баланди шаҳрвандӣ ва ватандорӣ ба миён мегузорад.
Аммо ба ин далел, ки дар китоб бахши асосии пешсухани бисёр арзишманди устод Муъмин Қаноат бар маҷмӯаи «Ту дар гуфтан намеойӣ…» ва пешгуфтори кӯтоҳи устод Низом Қосим бар маҷмӯаи «Оғози дӯстдорӣ»-и Раҳнамо оварда шудаанд, назари ин ду саррофи нақди суханро барои арзёбии шеъри ӯ кофӣ дониста, ин ҷо таҳлилу баррасиву намунаоварии ҷузъии ашъори Раҳнаморо пас аз нашри китоб ба мунаққидону муҳаққиқони гиромии соҳаи адабиёт мегузорем.
Танҳо бо иловаи ин нукта, ки чун маҷмӯа хусусияти ҷашнӣ дошта, дар он шеърҳои давраҳои гуногуни эҷодиёти муаллиф, аз ҷавонию донишҷӯйӣ то ишқу андӯҳ ва аз даврони тасвиргарии лирикӣ то марҳалаи ашъори муосири иҷтимоиву ватансароӣ интихоб гаштаанд, ҳар яки онҳо рӯҳия ва лаҳзаҳои бисёр мухталифи давраҳои гуногуни зиндагии муаллифро ифода мекунанд, ки бояд хонанда онро дар назар дошта бошад. Аммо дар як маҷмӯаи ҷашнӣ аҳаммияти чунин интихоб дар он аст, ки он на танҳо ҳунари эҷодӣ, олами тахайюл ва ҷаҳони фикрии муаллиф, балки хатти таҳаввули эҷодиёти ӯ ва марҳалаҳои камолёбии шаклӣ ва мазмунии шеърашро ба хубӣ нишон дода метавонад.
Бо табрики самимонаи панҷоҳумин баҳори умри Абдуллоҳи Раҳнамо, барои ӯ саломативу хушбахтӣ ва дар ҷодаи эҷодӣ комёбиҳои навинро орзу дорем. Бо ин таъкид, ки адабиёти муосир ва ҷомеаи адабпарвари мо аз ин чеҳраи соҳибистеъдоди худ, ки инак, ба синни камоли эҷодӣ мерасад, ҳам дар назми ғаноиву иҷтимоӣ ва ҳам дар насри бадеиву публитсистӣ осору қадамҳои ҷиддиву устуворро интизор аст.
АТО МИРХОҶА
***
НАБЗИ ШЕЪРИ АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО
(Аз пешсухани устоди зиндаёд Муъмин Қаноат бар маҷмӯаи «Ту дар гуфтан намеойӣ…», Душанбе, нашриёти «Бухоро», 2015)
Дастаи шеърҳои Абдуллоҳи Раҳнамо, ки ба дастам расид, ҳаҷман зиёд набуд, аммо бо хондани чанд шеъри аввал дарёфтам, ки маводи ҷиддиеро дар ихтиёр дорам. Ин буд, ки онро то охир хондам ва хушҳолам, ки бо ашъори ӯ ошно шудам. Аввалин чизе, ки ба зеҳнам гузашт, ин буд, ки хушбахтона, гавҳари бузурги адабиёту андешаи мо ҳанӯз шодоб аст ва боз ҳам дар ҷилваҳои тоза ба тоза таҷаллӣ мекунад. Ашъори нави Абдуллоҳи Раҳнамо як таҷаллии тозаи сухан ва хиради азалии мардуми бостонии мост. Чун дар ин ашъор ҳам тозагӯйиҳои шаклӣ ва ҳам тозакориҳои мазмунӣ фаровон аст, пажӯҳиши байт ба байти онро ба мунаққидони адабиёт вогузошта, фақат чанд фикри мухтасари худро дар ин бора баён менамоям.
Шеърҳои Абдуллоҳи Раҳнамо дар адабиёти муосири мо як равияи бисёр ҷиддӣ, яъне шеъри андеша ва тафаккурро эҳё менамоянд. Ин равия нав нест, адабиёти мо ҳамеша андешамеҳвар ва андешапарвар буд. Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро ба номи «Худованди ҷону хирад» оғоз кард. Хирад ҳамеша меҳвари шеъри форсӣ будааст. Аммо дар солҳои охир мо эҳсос менамоем, ки ин ҷанбаи бунёдии адабиёти мо дар шеъри тоҷик заиф мешавад. Метавон гуфт, ки шояд ба аксари шоирони муосири мо барои нигоҳ доштани ин сатҳ на танҳо қудрати забонӣ, балки дониши зарурии адабӣ, таърихӣ, табиӣ ва ҷамъиятӣ низ намерасад. Ин аст, ки гоҳе агар шакли сухани онҳо бо санъатҳои шеърӣ ороста бошад, боз ҳам холигии маънавӣ эҳсос мешавад.
Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо талош дорад, ки маърифат ва маънӣ дар меҳвари сухан қарор гирад ва дар ин самт то ҷое муваффақ шудааст. Зеро худи ӯ пеш аз шоир будан, олим ва муҳаққиқ аст. Ҳамин нукта шояд муҳимтарин дастовард барои худи ӯ ва барои шеъри ӯ бошад, яъне тавозуни сухани равон ва андешаи баланд:
Саҳар чу дафтари маънии ноб во кардам,
Туро зи сабзтарин ёдҳо садо кардам.
Чу тарҳи рӯйи ту дар дидаам намоён шуд,
Ман имшаб аз пари мижгон задан ҳаё кардам.
Зи оби гавҳари имону ақли пуртадбир,
Дар обгинаи тавҳид кимиё кардам.
Миёни дину сиёсат чӣ фитнаҳо мерафт,
Ман ин ду тоифаро бо ҳам ошно кардам.
Агарчи миллату дину ватан тиҷорат шуд,
Ба миллату ватану дини худ вафо кардам…
Хусусияти дигари шеърҳои ӯ моҳияти иҷтимоии онҳост. Имрӯз мо шеъри шиор ва шеъри васфиро бисёр мебинем, аммо Абдуллоҳи Раҳнамо ба ҷомеа бо нигоҳи жарфтар аз ин нигариста, дардҳои моро рӯшан мекушояд. Муҳимтарин ҷанбаи ашъори мунаққидонаи ӯ ин аст, ки Раҳнамо худро аз берун ё аз фосила қарор дода, ҷомеаро ва дигаронро танқид намекунад. Балки ӯ ҳамчун бахше аз ин ҷомеа, аз роҳи нақди ҷиддии худ дардҳои ҷомеаро баён месозад. Ин як ҷасорат, балки як ҳамдиливу некхоҳии бисёр фарзандона ва самимона бо ҷомеаи худ аст… Барои шинохти дурусти ин навъи шеърҳо ба онҳо на аз нигоҳи идеологӣ, балки бояд маҳз аз нигоҳи маърифатӣ ва шаҳрвандӣ нигарист. Он гоҳ ҳар яки мо худро дар он мебинад, дардҳои худро дарёфта даво мебахшад.
Аз назари мавзӯъ низ шеърҳои Абдуллоҳи Раҳнамо дар канори мавзӯъҳои анъанавӣ, як силсила мавзӯъҳо ва масъалаҳои наву тоза дорад. Ё дар бахше аз шеърҳо ӯ ба мавзӯъҳои ҷории адабиёти мо бо нигоҳи комилан тоза менигарад. Мисоли чунин нигоҳи тоза ба мавзӯи ҷориро метавон дар шеъри «Инқилоб» дид. Мавзӯи инқилоб барои адабиёти мо бисёр ошност ва дар шеъри сиёсию иҷтимоии мо истилоҳи инқилоб маъмулан, ба маънои тағйири низоми ҷамъиятию сиёсӣ истифода мешуд, аммо Раҳнамо ба он аз нигоҳи комилан дигар нигариста, дар худи ҳамин мавзӯъ инқилоб мекунад. Паёми асосии ӯ ин аст, ки то замоне, ки мо дар худ, дар тафаккури худ ва дар тарзи зиндагии рӯзмараи худ дигаргунӣ ворид насозем, инқилобе ба мо кумак намекунад:
Инқилоби ҳар яки мо ростии кори мост,
Рӯшании фикри мову дидаи бедори мост,
Дасти поку қалби поку лафзи беозори мост,
Инқилоби ҳар яки мо нанги мову ори мост,
Ҳар яки мо гар ба кори хеш гардад комёб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
Ё мисоли дигари навоварии мавзӯии ӯ дар шеър ворид намудани масъалаҳои давлату давлатдорӣ, тафаккури миллӣ, маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра мебошад. Аммо ӯ ин мавзӯъҳои аз назари адабӣ хушк ва мушкилро бо ҷиддияти тамом баррасӣ намуда, чун дарди амиқ дар қолаби шеъри равон ба миён мегузорад. Масалан, дар «Манзумаи маориф», ки аз назари шаклу услуб низ навоварона аст, чунин мехонем:
Нашояд на марду на зан бе маориф,
Ки натвон дигар зистан бе маориф.
Бузургии мо ҷойгоҳе надорад,
Ба асри ҷаҳонишудан, бе маориф.
Дар ин гирдбоди бузурги ҷаҳонӣ,
Муҳол аст ҳифзи Ватан бе маориф.
Албатта, сартосари ин манзума пур аз маъно, мафҳум ва паёмҳои ҷиддист. Масалан, дар он боз мехонем:
Ҷалоли Фарангу бузургии Мағриб,
Бувад ҳосилу бозтоби маориф.
Агар инқилобе бибояд ватанро,
Бибояд ҳамин инқилоби маориф.
Бахше аз шеърҳои Абдуллоҳи Раҳнаморо метавон «азоби виҷдон» номид. Ин масъала идомаи ҳамон равиши нақди маърифатӣ аст, аммо дар он мушкил ва такопӯи як инсони рӯшанфикр ва дар айни замон масъулиятшиносро мебинем, ки бояд зимни баён ҳамзамон чанд паҳлуи суханро тааммул намояд.
Яъне ӯ гоҳе байни нафсу ақл, гоҳе байни ҳақиқату маслиҳат, гоҳе байни масъулияти фардиву ҷамъиятӣ, байни зарурати ҳифзи виҷдон ва зарурати ҳифзи суботи ҷомеа ва ғайра азоби рӯҳӣ мекашад. Зеро фақат худи гуфтан мақсуд нест, ин низ муҳим аст, ки сухан сӯзанда набошад, балки созанда бошад. Ин ҳолати камоли фикрии як рӯшанфикр аст, ки байни рисолати рӯшангарӣ ва рисолати ҷомеадорӣ бояд ҷамъ созад ва ҳар ду тараф ё ҳар чанд тарафи масъаларо ҳамзамон дар назар гирад.
Дар ниҳоят, чизи дигаре, ки бояд дар мавриди шеърҳои Абдуллоҳи Раҳнамо ба он ишора шавад, рӯҳ ва ҳисси баланди ватандорӣ мебошад. Шояд мавзӯи ватан имрӯз барои хонанда бисёр ошно ва маъмул намояд, зеро тамоми шоирон ба таври табиӣ ба ин мавзӯъ рӯй меоранд. Вале сабабаи таъкиди мо ин аст, ки дар ашъори Раҳнамо ватангӯйиву ватандорӣ дар шакли шиорию тараннумӣ нест. Он дар шакли дарди ватандорӣ ва номуси баландиӣ ватандорӣ зоҳир мешавад:
Чун сарнавишти мардуми ман сахт талх буд,
Бигзаштам аз таронаи шӯхию дилбарӣ.
Бо хуни дил ба лавҳи мазорам навиштаам,
«Огоҳиву тафаккуру номусу боварӣ!»
Аз тарафи дигар, ватандории Абдуллоҳи Раҳнамо дар ашъори тозаи ӯ дар шакли як муҳаббати самимона нисбат ба ҳар гӯшаи ин диёри зебо таҷаллӣ кардааст. Ин ҳолат хусусан, дар силсилаи шеърҳое, ки ӯ ҳамчун хотира аз гӯшаҳои гуногуни ватан сабт намудааст, хуб ҳувайдо мебошад. Масалан, дар шеърҳои «Хотираи Даштиҷум», «Хотираи Карон», «Хотираи Ҳисор», «Хотираи Бадахшон» ва ғайра метавон дид, ки чунин мавзӯи ҷиддиву расмӣ бо чунин самимият ва лутфи сухан баён шудааст.
Бояд эътироф кард, ки вақтҳои охир мо зери мавҷи шеърҳои шиории ватангӯйӣ ин гуна ашъори самимонаи ватандориро қариб гум карда будем. Ин аст, ки ин шеърҳои Абдуллоҳи Раҳнамо барои шеъри имрӯзаи мо як бозёфти некӯ мебошанд. Масалан, нигарем ба байтҳое аз «Хотираи Даштиҷум»:
Устураҳо нуҳуфта дар айёми Даштиҷум,
Таърихҳо ниҳон шуда дар номи Даштиҷум.
Ҷовид дар хаёли фалак нақш бастааст,
Симои Ҷам дар оинаи ҷоми Даштиҷум…
Боди сабо мусаввири фасли шукуфтанаш,
Кабки дарӣ муаллифи пайғоми Даштиҷум…
Ё вақте ӯ дар бораи осмоншаҳри бостонии Карон менависад, аз ин шеър самимияти поки як фарзанди огоҳи миллат дар баробари бозёфти як саҳифаи рӯшан аз таъриху тамаддуни худ саршор мегардад:
Қадри ҳар санг чу фарҳанг гарон аст ин ҷо,
Чашми ҳар хишт чу модар нигарон аст ин ҷо,
Чӣ азиму чӣ қадиму чӣ ҷавон аст ин ҷо,
Ва қадамгоҳи баланди падарон аст ин ҷо,
Осмоншаҳри биҳиштии Карон аст ин ҷо.
Ҳамин тавр, банда ҳаргиз пушаймон нестам, ки шеърҳои наву пешини Абдуллоҳи Раҳнаморо хондам ва чанд соат бо ҷаҳони сухану маъносозии ӯ ошно шудам. Хулосаи ман ин аст, ки ин оғози бисёр хуб аст. Гарчи Абдуллоҳи Раҳнамо бештар ҳамчун муҳаққиқи масоили иҷтимоӣ ва олими сиёсатшинос маъруф буда, ба таври касбӣ машғули шеър нест, аммо сатҳи шеъри ӯ камтар аз шоирони касбӣ намебошад. Агар шеъри ӯ ҷой-ҷойе камомади вазн ва ё қофия дошта бошад, худи баландии мазмун ва ғановати сухан онро бисёр мавзун ҷуброн менамояд.
Аз ин хотир, банда бо камоли самимият ба Абдуллоҳи Раҳнамо ин талошро табрик гуфта, бо дуои нек барояш роҳи сафеду комёбӣ орзу дорам.
МУЪМИН ҚАНОАТ
05.02.2014
591 – Мақоларо хонданд, 1 – Имрӯз хонданд