ГУЗАРЕ АЗ ГУЛГАШТҲОИ ПОЙТАХТ

Мардуми озодаи шаҳри ман аз ҷинси гул аст,

Рўй гул, абрўй гул, рухсор гул, дидор гул…

РӮЗИ ПОЙТАХТ ВА ФАСЛИ ГУЛПӮШИЮ ГУЛРЕЗИИ ДУШАНБЕИ АЗИЗ МУБОРАК БОД!

Ёди гулгаште, ки чидам аз гули рухсор гул,

Ёсуман гул, настаран гул, ноз гул, бехор гул.

Чашм рўшан, моҳ рўшан, зиндагӣ атри баҳор,

Осмон гул, остон гул, шаҳр гул, бозор гул.

Ҷилваи нози ҷамоли кист растохези ҳусн?

Сарв гул, шамшод гул, товус гул, рафтор гул.

Фасли меъроҷи парасту, соати эҳсоси боғ,

Об гул, оина гул, даргоҳ гул, девор гул.

Мардуми озодаи шаҳри ман аз ҷинси гул аст,

Рўй гул, абрўй гул, рухсор гул, дидор гул.

Гул ба дасту гул ба домон, гул ба мижгон, гул ба сар,

Дар булури ҳар табассум мешавад такрор гул.

Бар дари масҷид расидам хирмани гул медамид,

Саҷда гул, саҷҷода гул, тасбеҳ гул, дастор гул.

Исавӣ гул, мусавӣ гул, габру тарсо гулфурўш,

Оташи дайри муғон гул, хонаи хаммор гул.

Ҳолиё бархез, то «гул гуфтаву гул бишнавем»*,

Мавҷ гул, фаввора гул, сармаст гул, саршор гул.

Бояд аз авҷи ҷунуни ин хиёбонҳо гузашт,

Ҳарф гул, андеша гул, ашъор гул, осор гул.

 14 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 2 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Пайгирӣ кунед

Facebook Youtube