ОЗАРАХШУ ФАРЗОНА

Зодрӯзи бонуи шеъри аҷам, хоҳари бузургворам Фарзонаи ягона барои ҳамаи ҳаводорони сухани ноб хуҷаста бод.

Бегумон ин хонаводаи шарифи фарҳангӣ чун омезаи мавзуни ширу шакар ва чун тафсири зиндаи шамъу парвона аз падидаҳои нобу мубораки замони мост, ки чун бурҷи баланди маърифат ва чун байти зебои муҳаббат дар таърихи шеъру фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи ҷовидона ёфтааст.

Дар вуҷуди ирфонӣ ҳикмати ҳакимона,

Дар қабои дарвешӣ эътибори шоҳона,

Дар сукути нахлистон наъраҳои мастона,

Дар муҳити якрангӣ беназиру якдона,

Нури дидаи мардум, ҷони хешу бегона,

Рӯҳи зиндаи фарҳанг, рӯшании ҳар хона,

Чеҳрае чунин маъсум, хандаҳои тифлона,

Ҷовидонаи рӯъё, имтидоди афсона,

Ҷуфти Одаму Ҳавво, васли ҷону ҷонона,

Як чаман шукуфойӣ, як дарича шукрона,

Ваҳдати гулобу гул, базми шамъу парвона,

Озарахшу Фарзона, Озарахшу Фарзона!

Total Views: 134 ,