«АГАР РАҲНАМО ОППОЗИТСИЯ ШАВАД…»

Ёддоште дар зодрӯзи устод Сайфулло Сафаров

     Унвони баланди «устод» гоҳо танҳо барои расмияту эҳтиром истифода мешавад, вале гоҳо ин калима маънои зиндаву воқеӣ мегирад. Аз ин рў, вақте банда ин унвонро нисбати Сайфулло Сафаров истифода мекунам, он ба маънои воқеӣ корбурд меёбад.

     Албатта С.Сафаров ба ман ягон соат дарс нагуфтааст, аммо бояд эътироф намоям, ки насиҳату раҳнамоиҳои эшон аз чандин ҷиҳат боиси рўшан гаштани идомаи роҳи ҳаётии банда шудааст. Агар умр вафо кунад, мехостам дар бораи шахсият ва нақши қаҳрамононаи устод ёддошти мукаммале нависам, аммо бинобар ҳолати феълии худам, ҳоло танҳо ду-се нуктаи кўтоҳи таҷрибӣ меорам, ки мавқеи миллатдӯстонаву давлатмеҳвари устодро бисёр рўшан нишон медиҳанд.

«Дар кӯча радикал мешавӣ…»

     Соли 2005 ман аз Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтаву шояд ду-се моҳ бекор будам. Чун дар он солҳо чун муҳаққиқи ҷавон дар расонаҳо ва маҳфилу конфронсҳо басе фаъол будам, устод С.Сафаров шахсияту зарфияти маро хуб мешинохтанд. Аз ин рӯ, вақте аз Дастгоҳ рафтани маро шуниданд, фавран чунин масъала гузоштанд: «Гӯш кун, дар кӯча будани ту бароят хатарнок аст. Одам дар кӯча радикал мешавад. Вақте ки одам аз система берун мемонад, вақте ки аз раванд берун мемонад, аз моҳияти асосии сиёсати давлатӣ бехабар мешавад, зери таъсири расонаҳо мемонад, хашину ҳошиявию ифротӣ мешавад. Бинобар ин, ту бояд дар низоми сиёсӣ кор кунӣ, вагарна ҳайф мешавӣ…»

     Бо ҳамин маслиҳат маро маҷбурранг ба Маркази тадқиқоти стратегӣ гирифтанду мо «дар система мондем». Шодравон Суҳроб Шарипов, ки дар Дастгоҳ дӯст ва ҳамкорамон буду ба тозагӣ директори Маркази стратегӣ шуда буд, «беҳтарин фикр!» гуфта, бо ҳамон озодагии худ зуд фармони қабули маро содир кард.

        Инак ҳудуди 16 сол аст, ки ин ҷо кор мекунаму ба «ветеран»-и ин марказ табдил шудаам… Аммо ҳамин машварати устод тамоми роҳи минбаъдии зиндагии маро дигар сохт….

«Агар Раҳнамо оппозитсия шавад….»

      Дар тӯли 16 соли кор дар Марказ чанд бор кўшиши аз кор рондани ман низ сурат гирифта буд ва 90 дарсади ин «ташаббусҳо» танҳо дар заминаи ғараз ё ҳасади шахсии баъзе шахсони алоҳида дар он солҳо пеш меомад.

       Аммо вақте масъала доғ мешуд ва бояд қарор қабул мешуд ва дигар ҳеҷ далели ҳуқуқию корию инсонӣ намегузашт, устод С.Сафаров мисли як вулқон фаввора зада бо як «аргумент»-и қотеъ вориди баҳс мешуданд, ки «Эй бародарон, медонед агар мо ӯро ҷавоб диҳем чӣ мешавад? Оппозитсия ӯро дар ҳол ба худ ҷалб мекунад, ташкилотҳои хориҷӣ ўро дар як рўз мегиранд. Он вақт медонед чӣ мешавад? Агар Раҳнамо оппозитсия шавад, оппозитсяи соҳиби идеолог мешвад… Мо бо кадом ақл чунин одамро ҷавоб медиҳем. Охир ин зарба ба манфиати давлат мешавад… »

Дар муқобили ин «аргумент»-и устод ташаббскорон дигар далеле надоштанд….

      Ин ҷо сухан аз он намеравад, ки он таҳлилу «аргумент»-и устод дар бораи нақшу аҳаммияти ман дуруст буд ё не. Мо ҳаргиз чунин даъвое надорем, ҳаргиз! Балки сухан дар бораи он меравад, ки устод С.Сафаров дар тамоми мавридҳо давлатӣ фикр мекард, ҳама масъалаҳоро аз зовияи манфиати давлат медид… Ҳатто дар чунин масъалаи ҷузъи чунин диди усулӣ дошт.

     Ҳамин тавр, дар ин, ки Раҳнамо то имрўз «оппозитсия нашудааст» ва мавқеи давлатмеҳвариро пеш гирифтааст, аз ҷумла нақши маслиҳату роҳнамоиҳои устодонаи С.Сафаров бузург аст.

   Аммо дар ин 16 сол ин раванд ба гунае ташаккул ёфт, ки ҷаҳонбинии давлатмеҳвари банда шакл гирифту дигар оппозитсия шудани банда моҳиятан номумкин гашт, балки акнун банда худ ҳазорон нафарро ба раванди умумимиллӣ ва сиёсати давлатӣ пайванд дода, аз «оппозитсия шудан» бозмедорам. Ва метавон гуфт, ки ҳамаи ин навъе идомаи нақшу хидмати устод С.Сафаров аст.

Ман боз ҳазор бор давлат гуфтам…

     Гарчӣ устод мавқеи давлатӣ ва ватанмеҳварӣ доштанд, аммо муносибати ҳамаи мансабдорони он солҳо бо эшон ҳамвор набуд. Вале эшон ин мушкилро ҳамчун диди худи ҳамон шахсон медиданд, на мавқеи давлат ё ҳукумат. Бинобар ин, гоҳо сарзанишҳо низ мешуниданду аммо боз ҳам мавқеи давлатмеҳвар ва ҳимояи манфиатҳои давлатро идома медоданд.

     Боре миёни шеърҳои банда шеъри «Айнӣ ва давлат»-ро хонда, бисёр ба ваҷд омаданд, ки «он чизе ки лозим буд ёфтам, зеро ин шеър сарнавишти ҳар як давлатдўст, вазъияти ҳар як фарди миллатдўстро ифода кардааст». Ва ду банди аввали ин шеърро барои гузоштан дар ҷилди китобашон интихоб карданд, ба ин маънӣ, ки ин ду банд мухтасари идея ва сарнавишти ман аст.

     Бегумон, дар ин интихоб тамоми бузургӣ ва фоҷеаи Сайфулло Сафаров ҳамзамон таҷаллӣ меёфтанд…

    Бо табрики дигарбораи устоди азиз, шакли комили ин шеърро мегузорам, ки гарчи бардоште аз сарнавишти устод Айнист, аммо ишорате ба вазъияту сарнавишти аксари шахсиятҳои соҳибфикру миллатдўст низ дорад.

АЙНӢ ВА ДАВЛАТ

Бо рўҳи пурифтихор давлат гуфтам,

Дар хилвату ошкор давлат гуфтам,

Гарчанд ҳазор бор дидам ҷабраш,

Ман боз ҳазор бор давлат гуфтам.

Ман ҷилди шиносномаро мебўсам,

Ҳар сафҳаи «Шоҳнома»-ро мебўсам,

Чун бинвисам калимаи «давлат»-ро,

Аз шиддати меҳр хомаро мебўсам.

Ҳарчанд, ки хайрхоҳи давлат будам,

Ҳарчанд чароғи роҳи давлат будам,

Аз рўйи сиёҳи чанд мансабдоре,

Дар «рўйхати сиёҳ»-и давлат будам.

Некахтару некфол давлат дорам,

Пуршавкату пурҷалол давлат дорам,

Армони ҳазорсолаам ҳосил шуд,

Ман баъди ҳазор сол давлат дорам!

Ҳамеша сарбаланду осуда бошед, устоди соҳиби тафаккури давлатӣ!