ШОИРИ МАЪНӢ ВА МАЪНИИ ШОИР

Бо салому эҳтиром,

Ин ҳафта шахсияти саропо адабию маънавию фарҳангӣ, дӯст ва устоди бузургвори мо Муҳамамдҷони Холиқ зодрӯз доштанд. Чун барги сабзи табрикӣ бар пешгоҳи эшон нақди ҷашнӣ ва меҳрномаеро, ки дар 70-солагии устод барои рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» навишта будам, пешкаши дӯстон менамоям. Бовар дорам, ки ошноӣ бо шеъру шахсияти устоди кайҳонбинишу дарёдонишу фариштаманиш барои ҳар яки мо муфид хоҳад буд.


Дар ин рӯзҳои тирамоҳон, ки боғҳо заррину меваҳо ширинанд, шоири пуркору нависандаи некӯнигор, муҳаққиқи адабию ходими илмӣ, узви собиқадори Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон устод Муҳаммадҷони Холиқ ба сини мубораки ҳафтод расиданд. Қуллаи ҳафтод барои шахсияти эҷодӣ авҷи камол аст, чун маҳз дар ҳамин синни фархунда таҷриба ба тадбир, эҳсос ба идрок ва ақл ба хирад табдил мешавад. Ин аст, ки аҳли фазилату маънӣ ҳарчи бузургсолтар шаванд, боз солортару гиромитар мегарданд…

Дар остонаи чунин рӯзи хуҷаста ба осори пурбори устод Муҳаммадҷони Холиқ назаре меафканем, то ҳам мову ҳам хонандаи азиз аз ин ганҷи азим баҳрае бурда бошем. Албатта, устод муаллифи чандин китоби бузургҳаҷму амиқмазмунанд ва муаррифии осору афкори эшон ба солҳо пажӯҳишу нигориш ниёз дорад. Аз ин рӯ, ин ҷо фақат китоби зебои «Таҳорати дарё»-ро варақ зада, дар доираи ҳамин як асар чанд мулоҳизаи мухтасар пешкаш мешавад:

Оби дарёро агар натвон кашид,

Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.

Варақгардони китоби «Таҳорати дарё» нишон медиҳад, ки шинохти шеъри Муҳаммади Холиқро бояд аз шинохти мафҳуми «дарё» оғоз кард. Дарё, ки рамзе аз таровату шодобӣ, талошу беқарорӣ, покиву порсоӣ, асрору рамуз ва ниҳоят, исёну тӯфон аст, ҳамчун тасвири меҳварии шеъри ӯ саросари ашъорашро фаро гирифтааст. Чун ба унвони як хонандаи шеър маҷмӯаи ашъори М.Холиқ «Таҳорати дарё»-ро ба даст гирифтам, аввал гумон буд, ки ҳаҷми бузурги ин китоб шояд боиси хастагӣ шавад. Вале чун ба ин байтҳо расидам, дигар натавонистам онро раҳо созам, то он ки саропо хонда бошам:

Бараҳнагӣ чӣ бипӯшам ба домане, ки надорам,

Чароғи шӯълакашам, оҳи равғане, ки надорам.

Зи ҳойю ҳой гузаштам, зи дасту пой гузаштам,

Ниҳода бори гуноҳам ба гардане, ки надорам.

Ба ранги ойна сурат гирифтаам зи таҳайюр,

Куҷо равам зи хаёлат, ба рафтане, ки надорам…

Ва бо мутолиаи ин маҷмӯа дарёфтам, ки дур аз минбару унвонҳо шеъреву шоире рӯидаву расида, ки шинохти он ба рӯи мо водии тозае аз ҳунару зебоӣ ва мазмуну маъниро боз мекунад.

Нуктаи нахуст ин, ки М.Холиқ як шоири маънипарвар аст ва шеъри ӯ пеш аз ҳар чизи дигар бори мазмун мекашад. Аз ин нигоҳ ӯ вориси ростини бузургони шеъри форсист, зеро адабиёти форсӣ бо ҳама баландии санъату ҳунар, пеш аз ҳама адабиёти маънипарвар ва маъниофар будааст. Ва ин хоссияти ҷавҳарии як адабиёти асил аст. Агар ба мисол, дар сабки гузаштаи нақди шӯравӣ чунин суол гузорем, ки «қаҳрамони асосӣ»-и «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно кист, бояд посух дод, ки «қаҳрамони асосӣ» ва паёми меҳварии ин асар худи маънӣ ва маънавият аст.

Ин аст, ки аз рӯи мисраъҳои М.Холиқ бе андешаву тафаккур гузаштан имкон надорад. Маънии шеъри ӯ «фикри тунд» мехоҳад ва чун хонанда бо кашфи пардаҳои тасвиру сухан ба умқи он фурӯ меравад, ӯро беихтиёр эҳсоси гуворои дарки нуктаи тоза ва дарёфти ҷанбаи навине аз ҳастии моддию маънавӣ фаро мегирад. Фазое, ки дар он будем, ҳастем, зистем, вале аз камтааммулӣ аз он шинохт надоштем:

Ранги хаёли худ гир, чун хома бар варақ рав,

Дорӣ зи нанг номе, аз ҳар ҷабин арақ рав.

Норафта як дам аз худ, натвон ба худ расидан,

Дар ҳар нафас гузаштан бар хештан сабақ рав.

Ва худ низ ба ин ҷанбаи шеъраш ишорат дорад:

Аҳли маънӣ мерасад бар фаҳми мо,

Мо ба сатри пур зи маънӣ волаем.

Нуктаи дуввум ин аст, ки шеъри М.Холиқ эътиқодгаро ва маърифатмеҳвар аст. Ин вижагӣ низ осори ӯро бо шеъри асили форсӣ пайванди амиқ мезанад, зеро адабиёти бузурги форсӣ ҳамвора тавҳидгаро ва эътиқодмеҳвар будааст. Хусусан, пас аз як давраи мадиде, ки шеъри тоҷик аз решаҳои асили маънавии худ фосила гирифта, баъзе аз суннатҳои ростини худро бохт, ашъори маънавиятгаро чун сурудаҳои М.Холиқ қобили истиқбол ва таваҷҷуҳи хоссаанд. Ва рӯй овардан ба чунин шеъри маънавии инсонсоз аз нигоҳи зарурати ислоҳи фурӯрехтагиҳои маънавии имрӯзи ҷомеаи мо низ басе судманд хоҳад буд:

Маънии ашъори ман набвад тиҳӣ аз сири ғайб,

Фикри пинҳонам чу гул аз бӯ ба сар дастор дошт.

Вале дидгоҳи эътиқодии М.Холиқ соддаву тақлидӣ нест. Ӯ ба ҷаҳони ҳастӣ ва низоми офариниш бо чашми огоҳ нигариста, бо нигоҳе фалсафию ирфонӣ ва бо забони қавию муассир ба шарҳи мақоми инсон ва нисбати ӯ бо рубубияти Офаридагораш мепардозад:

Мо ғойиб аз ҳузурем маҳви ҷамоли мутлақ,

Яктои ҷовидон Ӯ, мо эҳтимоли мутлақ.

Бо офтобу маҳтоб ҳамзоду ҳамнасаб кист?

Сад мояи вуҷуд Ӯ, мо як мисоли мутлақ.

Ё мисоле дигар, ки моро ба умқи дарёфтҳои ирфонӣ ва таровишҳои имонии ӯ роҳнамун мегардад:

Ирфонгарои ояи раббонии худем,

Маънигудози мисраи имонии худем.

Бар хуни худ чу лола нишастем доғ-доғ,

Ҳайратгари ду чашми ҳаросонии худем.

Ва нуктаи саввум ҷанбаи ахлоқии шеъри М.Холиқ аст. Ӯ, ки худ ҳамчун чеҳрае мардумӣ дар матни ҷомеа қарор дошта, аз халқ бурун ва аз мардум канор нест, ҳамарӯза зиндагиро аз нигоҳи тоза бозмеёбад. Ва дармеёбад, ки дар тангнои зиндагии пурмушкила ва дар саҳнаи рӯзгори печидасомон ҳамин ишқ, табассум, сафо, дӯстдорӣ ва дардошноӣ метавонад пуле бошад, ки бо он аз худ ва аз ҳам бигзарем:

Дӯстон, дардошноӣ дардро кам мекунад,

Дардманде хуфта бошад, бар сари бистар расед.

Оқилу фарзона бошад бо фурӯтан ҳамнафас,

Дӯстон, оинасон бар қадри хокистар расед.

Ё:

Хоки вуҷуд чист, ки бар Кибриё барем.

Бегонагӣ чӣ буд, ки бар ошно барем.

Вале чун шеър бе ҳунару тасвиру тахайюл шеър намебуд, ҳоло бояд нигарем, ки ин ҷанбаи ашъори М.Холиқ дар чӣ поя аст. Албатта, наметавон инкор кард, ки дар осори ӯ «бори мазмун» ғолиб аст, вале тахайюлу зебоию тасвирҳои ҳариру парниёнӣ низ пой дар пои маънӣ қарор доранд. Ва ҳамин таровати тасвиру ҳунар нуктаи дигарест дар муаррифии шеъри М.Холиқ. Ӯ дар ҷустану офардану парвардани маъниҳои тоза то он ҷой пурталош аст, ки дар назари аввал гӯё бо забону мантиқи дигаре сухан мегӯяд, вале андаке тааммул моро ба он мазмуни нуҳуфта ва он «маънии муҳтамал» раҳнамун мегардад:

Нест осон баркушудан уқда аз маънии мавҷ,

Шарҳ кардан нест осон ҳарфи нобиншастаро.

Аз ин рӯ, сазост, ки ба чанд намунаи соддаву тасвирӣ аз зебоии сухани ӯ таваҷҷуҳ намоем:

Чашмони нурборат чашми булури хуршед,

Хатти нафиси рӯят нуре зи нури хуршед.

Дар баҳри орзӯям моҳии зар туӣ, ту,

Гирам туро зи дарё рӯзе ба тӯри хуршед.

***

Қалами дасти кӣ тасвиргари рӯи ту буд,

Ки халоиқ ҳама хамгаштаи абрӯи ту буд.

Ва нуктаи ниҳоӣ дар шинохти шеъри М.Холиқ нигоҳу паноҳи ӯ ба Бедил аст. Бале, Бедил ҳамчун нуктаи авҷи сухани маънипарвар инак садсолаҳост, ки аҳли маъниро ба водии асрору рамузи хеш мехонад ва бо вуҷуди он, ки пайравӣ аз ӯ дар нақди адабии садаи охир басе накӯҳиш шудааст, шохаҳои ихлосу ниёзи қаламкашон ба сӯи ӯ ҳамоно дар рӯиш аст. Ва ҳатто инак дар шеъри форсии Ирон асри Бедил фаро расида, саршинохтатарин қаламкашони иронӣ дар мактаби ӯ шеър мегӯянд. Аз ин рӯ, ин ки бахше аз ашъори М.Холиқ бедилона суруда шудааст, низ падидае ҷиддӣ ва табиист.

Пухт аз огаҳиям донаи хом,

Хушкмағзӣ накунад фаҳми тарам.

Бандаи Бедилу дил дар кафи даст,

Огаҳ аз ҳастиву аз шӯру шарам.

Вале аз бедилонаҳои ӯ пайдост, ки М.Холиқ дар ҷодаи Бедил як муқаллиди суханчину иборасоз нест. Ӯ мазмуну тасвирҳои баланди бедилиро бо завқу диди зарифи худ дарёфта, онро дар ҷаҳони ботинии худ бозофаринӣ мекунад. То ҷое, ки дар онҳо нафаси гарми Бедил ҳамоно эҳсос мешавад, вале бегумон, таровати диди муаллиф низ таҷаллӣ ёфтааст:

Дар тарозуи хирад бори ҷаҳолат мекашам,

Аз чунин номаҳрамиҳоям хиҷолат мекашам.

***

Сояро иззати беш аст зи аҷз,

Хории мо чӣ қадар бехор аст.

***

Чун соя рӯи шонаи анқо нишастаем,

Ғофил зи рози умри фиребо нишастаем.

Чун эътимод нест ба ин маҳфили хаёл,

Шамъему сар шикаста ба якпо нишастаем.

***

«Фурсати нози ҳубоб он ҳама нест»

То ба бедор зи хоб он ҳама нест.

Оҳ эй марг, муаммои абад,

Ба саволи ту ҷавоб он ҳама нест.

Ва бардошти ман аз маҷмӯаи «Таҳорати дарё» ин шуд, ки шеъри Муҳаммадҷони Холиқ шеъре амиқ буда, маънии устувор, паёми созанда ва ҳунари парвардаро дар ҳам овардааст. Он бо беҳтарин суннатҳои асили шеъри оламгири форсӣ чун маънипарварӣ, имонмеҳварӣ, инсонсозӣ, зарфияту зарофат ва ҳунари воло сахт пайваст буда, шахси шоирро ҳамчун инсони асолатманду худшинохта ва огоҳ аз ҳуввияти милливу фарҳангӣ муаррифӣ менамояд.

Дар зиндагиномаи устод М.Холиқ хондам, ки даҳсолаҳои тӯлоние дафтардору девоннишину соҳибмақом будааст, ва зиҳӣ марде, ки баландиҳои мансаб варо паст наоварда ва сифоти дарёиашро хушк насохта… Ва чун меандешем, ки дарё дар шеъри М.Холиқ кист, дармеёбем, ки дарё худи ӯст… Дарёе, ки софии булураш аз ҳар байт медурахшад ва гавҳари маънияш аз ҳар мавҷ метаровад. Бегумон, дарё тасвире аз шахсияти дарёии худи устод Муҳаммадҷони Холиқ аст.

Бо эҳтирому шодбош, Абдуллоҳи Раҳнамо

Total Views: 182 ,