АКСИ ЯГОНАИ МОДАРАМ

Пас аз солҳо муяссар шуд, ки сурати раҳматии модарамро пайдо кунам, ки тақрибан аввали соли 1977 дар сабзазори пеши хонаамон гирифта шудааст. Дар он банда 6 ё 7 сола буда, аз самти чапи сурат, рост истодаам. Ва ин акси ягонаи кӯдакии ман низ ҳаст. Ва ба гуфтаи апаам, он пироҳану шалвори маро модарам худаш бо мошинаи дастияш дӯхта будааст.

Чунин аксҳоро дар солҳои 70уми асри пешин суратгирони сайёре мегирифтанд, ки гоҳ-гоҳ ба деҳаҳо омада, мардумро ва оилаҳоро сурат гирифта, пас аз ягон моҳ чоп карда меоварданд. Аз баски дар он солҳо занони деҳот аз сари ҳаё қариб ҳеҷ вақт сурат намегирифтанд, аз модарамон танҳо ҳамин акси ёдгорӣ расидааст. Ва аз сабабе, ки бисёр бармаҳал, дар синни 44 солагӣ аз дунё рафтаанд, акси дигаре намондааст…

Аз ин ру, дар Рӯзи модарон, чун азизтарин тасвиру хотира ва чун рамзе аз хумору пазмонӣ онро рӯи саҳифа мегузорам.

(Сурати дуюм, мани мӯйсафеди имрӯза, барои қиёс.)

РӮЗИ МОДАР ГИРОМӢ БОД!

Total Views: 22 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.