ПАХШИ МУСТАҚИМ

Аз толори гуштии байналмилалии “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе”


Толор мавҷ мезанад аз фарёд,

Суҳробу Рустаму Самаку Фарҳод,

Ҷашни бузурги қудрату истеъдод,

Дар пойтахти мамлакати озод.


“Ҷоми раиси шаҳр” муборак бод!

Номи раиси шаҳр муборак бод!


Толор мавҷ мезанад аз ғайрат,

Бо мавҷи парчами сиву нуҳ давлат,

Авҷи шукӯҳу тантанаву ҳайрат,

Ҷашни бузургвории як миллат.


“Ҷоми раиси шаҳр” муборак бод!

Номи раиси шаҳр муборак бод!


Толор мавҷ мезанад аз табрик,

Эрону Чину Русияву Балтик,

Гӯйӣ, ки қайд мекунам аз наздик,

Ҷашни таваллуди дигари тоҷик.


“Ҷоми раиси шаҳр” муборак бод!

Номи раиси шаҳр муборак бод!

Total Views: 30 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.