МАРДИ ТОҶИК, ЗАНИ ТОҶИК

Чи гуна аст ё чи гуна бояд бошад?

(Аз китоби “Маниши тоҷикӣ”)


… Як марди асили тоҷик аз маҷмуаи хислату сифатҳои бартару шоистае бархурдор аст, ки он хосаи мардони озодаву сарбаланд мебошад. Марди тоҷик дар арзишҳои баланди ахлоқи миллӣ ва оини ҷавонмардӣ тарбият ёфта, номардиву пастиро барои худ нангу хиҷолат мешуморад.

Ў, пеш аз ҳама ғаюру ҷасур, бошарафу бономус, пурзуру тавоно, чусту чолок ва саршор аз нангу ғурур мебошад. Насабу рамзҳои таърихии марди тоҷик ҳамеша шаҳсавор, камонкаш, пилтан, кўҳпайкар, гўргир, шермард, палангинапўш, рўйинатан, паҳлавон, баҳодур будааст. Ў чун бурҷҳои ин сарзамин устувор, чун рўдҳои ин сарзамин пуршўр, чун уқобони ин сарзамин тезбину тезчангол аст…

Дар баробари ин, марди тоҷик неку нексиришт, поку хушахлоқ, одилу боинсоф ва ғамхору меҳрубон мебошад. Чун осмони ин диёр баланд ва чун чашмаҳои ин Ватан софу беғубор. Ў пуштибони ҳақиқату адолат буда, ҳаргиз ба ҳаққи дигарон таҷовуз намекунад, ҳаром намехўрад, ба заифон зулму зуроварӣ намекунад. Ў озодаманиш ва душмани тамаллуқу ғуломию бардагист.

Тоҷик пайванди мардонагиву адолатро ҳануз аз абармарди фарҳангу адаби худ устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ таълим гирифтааст, ки фармуда буд:

Гар ба сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Аз кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Ин олитарин таърифу тасаввур аз мардиву мардонагист, ки дар зеҳни ҳар тоҷики асил рехта ва дар гўши он овехтааст.

Як марди тоҷик чун фарзанди миллиати озодаву ашрофӣ ҳамеша илм, дониш, ихтисос, биниш ва маҳорати баланд дорад, зеро тоҷик ҳаргиз ҷоҳил, нодон, бесавод ва иртиҷоӣ нест. Ў аз илму фанни замони худ огоҳ буда, ҳушёрии миллию сиёсӣ дорад.

Як марди тоҷик ҷони худро бо ҷони Ватан пайванд дониста, ҳимояи марзу буми Ватан, шарафу номусу арзишҳои миллӣ ва манфиати давлату миллаташро вазифаи муқаддаси худ медонад. Ватандорӣ на танҳо арзишу ҷаҳонбинӣ, балки манфиату рисолату ифтихори шахсиву номусиву ҳаётии ҳар марди тоҷик аст.

Як марди ҳақиқии тоҷик ҳаргиз нисбат ба занон беэҳтиромӣ намекунад, занро озор намедиҳад, занро ҳимоя мекунад, ҷойгоҳи модар, хоҳар, ҳамсари худ ва ҳар зани дигарро дуруст дарк ва эҳтиром менамояд.

Барои касби ҷойгоҳи шоиста ва сифатҳои боистаи як марди озода, ҳар ҷавони тоҷик илму фарҳанги худро пайваста такмил медиҳад, китоб мехонад, донишу маънавияти худро ҳамарўза меафзояд, одоби худро тозаву назорат мекунад, ҷисму ҷони худро пайваста сайқал медиҳад. Марди огоҳи тоҷик дар ин роҳ барнома дорад, низом дорад, талош мекунад, варзиш дорад, ба танбаливу коҳиливу ҷоҳилии худу атрофиёни худ тан намедиҳад. Балки коҳиливу ҷоҳилиро барои худ нангу шармандагӣ медонад.

Фарҳанги чандҳазорсола ба марди тоҷик ҳаминро талқин кардааст, фарҳанги чандҳазорсола ўро чунин тарбият кардааст.

Пас, дуруд ба мардони асили тоҷик, дуруд ба ҷавонмардони шоистаи тоҷик!

Зиндаву поянда бод ин сатҳу ин ахлоқи шоиста!

Зиндаву поянда бод ин арзишҳои муқаддаси инсонсоз!

                                                              ***

Ва зани тоҷик низ як бонуви шоиставу вораста буда, аз болотарин сифатҳои инсониву табииву ахлоқӣ бархурдор аст. Ў олиҳаи ҳусну ҷамол, нексиришту некхисол ва дорои рўзгору хонаводаи ҳалол аст. Зани тоҷик дар тамоми таърихи ҳастии миллат бо ахлоқи ҳамида, иффату покдоманӣ, шарму ҳаё, садоқату вафодорӣ ва талошу фидокорӣ шинохта шудааст. Ў бадӣ, бадахлоқӣ, хиёнат, беназокатӣ, беадолатӣ ва бераҳмиро ҳаргиз раво намедорад. Ў ин падидаҳои шумро маҳкум мекунад, муҳиташро аз онҳо пок медорад.

Модари тоҷик намунаи олии меҳрубонӣ, қадрдонӣ, дўстдорӣ ва арзишҳои баланди миллию инсонист. Модари тоҷик чароғи хонадон, устураи ҷовидон, фариштаи осмон ва роҳати ҷон аст. Дастҳои ў саршор аз баракат, дастурхони ў покиза, таъоми ў хушмаза, дуои ў мустаҷоб аст. Ҳар модари асили тоҷик фарзандашро ҳатман дар ахлоқи баланди башарӣ, ҳувияти баланди миллӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ тарбият менамояд. Ҳеҷ модари асили тоҷик ба ин рисолати азаливу ҳаётии худ хиёнат намекунад. Ба ин маъно модари тоҷик модарватан аст.

Ба сухани Низомӣ:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Зани тоҷик ҳамеша оқилу доно, соҳиби саводу огоҳӣ, маърифату маҳоратҳои олӣ ва ҳунарҳои нафис мебошад. Ў ҳаргиз фаромўш намекунад, ки ҷоҳиливу бесаводӣ ва коҳиливу беҳунарӣ ўро заиф, хор, вобаста ва муҳтоҷ месозад. Ў ҳаргиз фаромўш намекунад, ки донишу саводи баланди зани тоҷик зомини озодагиву сарбаландии худи ў ва тарбияти сазовори фарзандони ўст.

Зани тоҷик намоде аз ғайрату ҷасорату маҳорату ватандорист. Ў аз табори Фариштамоҳи оқилу доно, Шаҳризодаи хирадманд, Гурдофариди далер, Зебуннисои камонвар ва Маликабонуи ботадбир аст. Зани тоҷик ифтихори миллат, бузургвори миллат, нигоҳдори миллат аст.

Пас, дуруду сипос бар зани тоҷик!

Зиндаву поянда бод ин вуҷудии ҳарири қудсиву муборак!

Total Views: 27 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.