ФУТБОЛИ ВАҲДАТ

Шукӯҳи тозаи футболи тоҷик,

Ҳисоби беҳисоби голи тоҷик,

Шаҳодат дод аз эҳёи тоҷик,

Гувоҳӣ дод аз иқболи тоҷик!


Ҳисоб оғоз шуд аз голи Ваҳдат,

Аз он голи ҳумоюнфоли Ваҳдат.

Тамоми халқро пайваст бо ҳам,

Ки ин футбол буд футболи ваҳдат!


Дурахши ҷавҳари миллат ҳамин аст,

Дуои модари миллат ҳамин аст,

Ба пеш, оре, ба пеш, эй Тоҷикистон!

Шиори Сарвари миллат ҳамин аст!


Кунун исбот шуд, “Мо метавонем!”

Чӣ бозиҳои зебо метавонем!

Агар Рустам бувад дарвозабонаш,

Яқин имрӯзу фардо метавонем!


Шаби шодию бедорӣ муборак,

Тамошоҳои такрорӣ муборак.

Хиёбонҳо пур аз ишқи Ватан шуд,

Ватандорон, ватандорӣ муборак!

Total Views: 21 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.