КУҲИСТОНИ ТОҶИК:

БУРҶИ НОМУС Ё ПАНОҲГОҲИ МИЛЛӢ

Дирӯз лавҳеро дар боби деҳаи тоҷикӣ гузоштам, ки истиқболи шоиста дошт. Аммо чун имрӯз РӮЗИ ҶАҲОНИИ КӮҲ аст, лавҳи дигареро аз китоби “МАНИШИ ТОҶИКӢ” меорам, ки ҷойгоҳ, бузургӣ, хидмат ва қадосати куҳистони тоҷикро сутудааст.

РӮЗИ ҶАҲОНИИ КӮҲ БАРОИ МАРДУМИ КИШВАРИ КУҲИСТОНӢ ГИРОМӢ БОД.

***

Мардуми тоҷик дорад ошён дар кӯҳсор,

Кӯҳ бар ҳастии ӯ умре асар бинмудааст.

Маънии тоҷик бошад мардумони тоҷдор,

Кӯҳсори хешро ӯ тоҷи сар бинмудааст.

Куҳистони тоҷик, ки акнун 93% аз сарзаминашро фаро гирифтааст, бахши муҳимме аз зиндагӣ ва рукни устуворе аз асолату ҳувияти ӯ мебошад. Зеро куҳистони тоҷик, барои тоҷик, барои сарнавишти тоҷик, барои ҳувияти тоҷик ва барои бақои тоҷик маънои басе фаротар аз сангу кӯҳу кӯҳсорро дорад.

Куҳистон барои тоҷик ва дар фарҳанги тоҷик, пеш аз ҳама рамзи шукӯҳ, баландӣ, устуворӣ ва покию пойдорист. Ҳар қуллаи баланди кӯҳ ва ҳар бурҷи бовиқори он назди тоҷик рамзи ғурур, номус ва сарбаландист. Кӯҳистон устоди номуси тоҷик, пойгоҳи нанги тоҷик ва такягоҳи мадори тоҷик аст.

Ин аст, ки дар фарҳанги тоҷик байни истодагии кӯҳу устувории рӯҳ паванди зинда побарҷост.

Ин аст, ки дар зиндагии тоҷик байни кӯҳи баланду рӯҳи баланд пайванди зинда ҷорист.

Чу мо парвардаи кӯҳи баландем,

Ба мо пастӣ намезебад, бародар!

Дар канори ин, куҳистон барои тоҷик ҳамеша марзи номус, девори амният ва паноҳгоҳи наҷот будааст. Дар рӯзҳое, ки шаҳру водиҳои тоҷик аз даст рафтанд, дар замоне, ки қасру кушку тахту тоҷи тоҷик суқут кард, дар давроне, ки мулкҳои ҳамвору беҳудуди тоҷик ишғолу зеру забар шуд, маҳз тангнои кӯҳистон чун дижи тасхирнопазири тоҷик макони сарпаноҳ ва сабаби наҷоти ӯ гашт.

Дар давраҳое, ки мулкаш торумор шуд, тоҷик фарҳангашро, мактабашро, китобашро, сарваташро, худашро ва ҷонашро ба паноҳи куҳистон супорид.

Ин аст, ки куҳистони тоҷик сангари охирини ватандорию устувории тоҷик буду чунин мемонад.

Ин аст, ки куҳистони тоҷик саросар пур аз мазори шаҳидону қаҳрамонони ватандорист. Ҳар хам, ҳар печ, ҳар пушта, ҳар дара ва ҳар деҳаи кӯҳистони тоҷик чандин мазору шаҳиду авлиёву хонақо дорад. Ин аст, ки ҳар санги куҳистони тоҷик ё аз саре ё аз сангаре бар ҷой мондааст…

Ва низ, кӯҳистон барои тоҷик ганҷури дастнораси асолати миллӣ ва муҳити бақои арзишҳои асилист. Маҳз дар куҳистон сифатҳои ҳамидаи мардуми тоҷик ҳанӯз побарҷост.

Ин ҷо маконест, ки ҳанӯз қувваю қудрату ҷасорату мардонагӣ, ғайрату номусу ҷавонмардӣ, имону ахлоқу ҳаёву эҳтиром, муҳаббату имдоду эҳсону меҳмондӯстӣ ба гунаи поку покиза ҳифз шудаанд.

Куҳистони баланд ҳатто ҳайкалу пайкару симои тоҷикро аз омезишу дасткориҳо эмин дошта, ӯро дар ҳамон шаклу сурату ҳайате, ки Офаридагор офарида буд, нигоҳ доштааст.

Аз ин рӯ, ҳар боре, ки аз ҷабри замону дасти сиёсат асолату ҳувияти тоҷикон дар шаҳру водиҳо халал ёбад, боз куҳистони тоҷик онро ислоҳ ва барқарор менамояд.

Аз ин рӯ, ҳар боре, ки аз ҷабри замону таҷовузи сиёсат ахлоқу арзишҳои номусиву асили тоҷикӣ дар шаҳру водиҳо зангор гиранд, боз рӯдҳои зулоли куҳистони тоҷик онро мешӯянду барқарор менамояд.

Аз ин назар, куҳистон ганҷинаи асолат ва захираи генофонди миллии тоҷикон низ ба ҳисоб меравад.

Ва дар ниҳоят, куҳистон ганҷинаи сарвати миллии тоҷик аст, ки иқтидори миллӣ ва мояи зиндагии ӯро таъмин мекунад.

Тамоми пиряху лозурҳои азиме, ки Тоҷикистон бо он менозад ва назму иқлими минтақа бар он вобаста аст, маҳз дар ҳамин куҳистон маҳфузанд.

Тамоми обҳои зулоле, ки тоҷикро зинда ва сарзамини ӯро шодоб нигоҳ медоранд, маҳз аз куҳистон сарчашма мегиранд.

Тамоми дарёҳое, ки барои ҳар хонадон барқу нуру рӯшноӣ меоранд, аз дили муҳаббати ҳамин куҳистон ҷорӣ мешаванд.

Тамоми гулу гиёҳи шифобахше, ки ҳафт пушти тоҷик аз он дармон ёфтааст, маҳз дар доманаҳои меҳри ҳамин куҳистон мерӯянд.

Тамоми ганҷу зару захираҳои табиие, ки фардои тоҷик ва Тоҷикистон ба он такя мезанад, маҳз дар замири ҳамин куҳистон нуҳуфтаанд.

Ҳамин тавр, куҳистон тоҷикро ҳифз мекунад, ҳимоя мекунад, сер мекунад, шодоб месозад, зиндаву пойдор нигоҳ медорад.

Ҳамин тавр, куҳистон барои тоҷик мафҳуми бузургу муқаддас буда, ҳар тоҷики асил нисбат ба он эҳтирому муҳаббати хоса дорад.

Ин аст, ки тоҷик пайваста ба кӯҳистон меравад, дар он саёҳат мекунад, онро зиёрат мекунад, ба он ишқ меварзад, аз он нерӯ мегирад.

Ин аст, ки тоҷик куҳистони худро дӯст медорад, мепарастад, ҳифз мекунад, гиромӣ медорад.

Ин аст, ки тоҷик куҳистонро модари худ мешуморад, зеро тоҷик фарзанди ҷигарбанди куҳистон аст. Ҳатто тоҷики шаҳрнишин ҳам бо шири синаи куҳистон бузург мешавад ва аз обҳои ҷории куҳистон қад мекашад.

Ин аст, ки кӯҳ барои тоҷик мавҷуди зинда аст, тоҷик бо кӯҳ гуфтугӯ мекунад, тоҷик бо кӯҳ роз мегӯяд, тоҷик ба кӯҳ такя мекунад.

Ин аст, ки куҳистони тоҷик момоҷавобак дорад, акси садо медиҳад.

Ин аст, ки аксари кӯҳҳои тоҷик ному хосиятҳои башарӣ доранд.

Ин аст, ки аксари кӯҳҳои тоҷик ному унвонҳои муқаддас доранд ва чун хоҷаву ҳазрату бузургу бобову бибию отаву авлиё ёд мешаванд.

Ин аст, ки тоҷик ҳаргиз нахли тари куҳистонро намебурад, то рӯҳи кӯҳ озурда нашавад ва хушксолию ҷавонмаргӣ пеш наояд. Зеро қонуни куҳистони тоҷик тарбуриро бо сарбурӣ баробар эълон намудаааст.

Ин аст, ки тоҷик ҳатто санги куҳистонро ба пой намезанад, то рӯҳи куҳистон озурда нашавад ва дар пояш сангкӯба надамад.

Пас поянда бод куҳистони балан, бурҷу айвону остони баланди тоҷик!

Пас зинда бод куҳистони баланд, ошёни баланди тоҷик!

Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,

Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор!

Total Views: 288 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.